Parental Engagement Guide_TAJ.pdf

PDF 887 KB Posted

Attached to
Learn Together Activity in Tajikistan
Solicitation number
72011520R00009
Issued by

View the file

Other files

File Type Posted
List of QRP EGRA 2017 schools.xlsx XLSX spreadsheet
Parental Engagement Guide_RUS.pdf PDF
Final Questions Learn Together.docx DOCX document
RWM EGRA Baseline Schools- 2018.05.21.xlsx XLSX spreadsheet
RWM EGRA Mid-line 211 Schools_March7-2019.xlsx XLSX spreadsheet
Booklet for Parents_RUS (2).pdf PDF
Sol_72011520R00009_Amd_0001.pdf PDF
Booklet for Parents_TAJ (1) (1) (2).pdf PDF
FinalESCoMIADSurveySchools.docx DOCX document
Ref 6. 2019-07-18-gpe-results-framework-data_for-tajikistan.pdf PDF
Ref 8. RWM Midline EGRA Report.docx DOCX document
J.3 CA Education IEE amd 1 approved 11_18_2019 Asia 20-007 valid thru FY 2027.pdf PDF
J.5 Branding Implementation Plan template.docx DOCX document
J.6 Marking Plan template.docx DOCX document
Ref 9. Russian Standards Grades 1-4 Reading Competencies QRP_EN.FINAL.pdf PDF
Ref 5. Towards the Design and Implementation of Comprehensive Primary Grade Literacy and Numeracy Programs.pdf PDF
Ref 3. NSED 2021-2030 (final draft) - 20 Jan 2020 EN.docx DOCX document
J.8 Local Compensation Plan Tajikistan.xls XLS spreadsheet
J.10 Outreach and Communication Plan Template.docx DOCX document
J. l Biographical Data Sheet.doc DOC document
Sol_72011520R00009.pdf PDF
J.7 Marking Wording Requirement.docx DOCX document
J.4 Budget Template.xlsx XLSX spreadsheet
Learn Together Cover Letter.pdf PDF
Ref 7. Tajikistan RWM- Final EGRA Baseline Report.docx DOCX document
Ref 4. Tajikistan ESA 310519 - incl bibliography.docx DOCX document
Ref 10. Primary Education Subject Standards English. June 7.2017.docx DOCX document
J.9 Past Performance Information (PPI).docx DOCX document
Show all 28

On GovTribe

Work with this file

  • Download the original file
  • Contacts named in this file
  • Similar government files
  • Ask GovTribe AI about this file

Text version

Душанбе 2019

НАҚШИ

КУМИТАИ ПАДАРУ МОДАР

ДАР РУШДИ ХОНИШИ ХОНАНДАГОНИ

СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Душанбе 2019

НАҚШИ

КУМИТАИ ПАДАРУ МОДАР

ДАР РУШДИ ХОНИШИ ХОНАНДАГОНИ

СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

(Дастури методӣ)

МУНДАРИҶА

Пешгуфтор

§ 1. Ҳамкории муассисаи таълимӣ ва падару модар

§ 2. Моҳияти ҷалби падару модар ба ҷараёни таълиму тарбия

§ 3. Воситаҳои таъмини робитаи муассисаи таълимӣ ва падару модар

§ 4. Чорабиниҳе, ки ба баланд бардоштани малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ мусоидат менамоянд

§ 5. Нақши кумитаи падару модару омӯзгорон дар таҳкими малакаҳои хониш ва идоракунии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

§ 6. Усулҳои таҳкими хониши оилавӣ

Рӯйхати адабиёт

ПЕШГУФТОР

Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури методии мазкурро оид ба стратегияи ҷалби падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд пешниҳод менамояд. Ин мавод роҳҳои беҳтар намудани ҳамкорӣ, тақвияти муносибат ва фаъолиятҳои муштараки муас сисаи таълимӣ ва падару модарро таъмин менамояд.

Дастури методии мазкур барои роҳбарони муас сисаҳои таълимӣ, роҳбарони синф, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва китобдорон пешбинӣ шуда, барои беҳтар намудани нати ҷаҳои хониши хонандагон мусоидат ме ку над. Дастур барои падару модари хонандагон таҳия шуда, тавсияҳои онро бо дигар аъзоёни оила низ, бахусус шахсоне, ки масъулияти таълиму тарбияи кӯдаконро бар душ доранд, пешниҳод мегардад.

Маводи мазкур стратегияҳои гуногун ва машғулият ҳои амалии ҷалби падару модар ва ҳамкории зичи онҳоро ба муасссисаи таълимӣ дар бар мегирад. Бо мақсади таҳкими сатҳи ҷалби падару модар ба ҷараёни хониши хонандагон дар дастури мазкур тавсияҳо пешниҳод мегардад ва хоҳишмандон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд.

Мо итминон дорем, ки дастури мазкур ва маводҳои иловагии хониш, ки аз ҷониби Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» таҳия гаштааст ба муассисаи таълимӣ дастрас гардида барои самаранокии ҳамкориҳо мусоидат меку нанд. Ба шумо муваффақият ва ба хонандагонатон хониши хубу аълоро таманно дорем.

§ 1. ҲАМКОРИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

ВА ПАДАРУ МОДАР

Хонанда меҳвари асосии ҳамкорӣ байни муас сисаи таълимӣ ва падару модар ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи ҳамкорӣ байни падару модар ва муассисаи таълимӣ, натиҷаҳои хониши хонандагон беҳтар мешаванд ва робитаи байни онҳо мустаҳкам мегардад. Муҳимтарин самарае, ки дар натиҷаи ҳамкориҳо амалӣ мешавад масъулияти тарафайнро дар таълиму тарбия ва дарки аҳамияти таълим баланд мебардорад.

Яке аз шаклҳои муҳими ҳамкории байни падару модар ва муассисаи таълимӣ ин иштироки падару модар дар чорабиниҳои муассисаи таълимӣ ва умуман раванди таълиму тарбия мебошад.

Иштироки падару модар дар таълиму тарбия таъмини ҳадафҳои зеринро дар бар мегирад:

~~ Баланд бардоштани дарки масъулияти воли дон дар таълиму тарбияи фарзанд;

~~ Иштирок дар қабули қарорҳо оид ба раванди омӯзиши хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ;

~~ Таъмин намудани робитаи мустаҳкам байни оила ва муассисаи таълимӣ;

~~ Дастгирии дастовардҳои маърифатии хо нан дагон;

~~ Дастгирии ҷараёни таълиму тарбия;

§ 1. Ҳамкории муассисаи таълимӣ ва падару модар

~~ Мунтазам ба муассисаи таълимӣ ташриф овардани падару модар;

~~ Иштирок дар чорабиниҳои берун аз синфӣ дар муассисаи таълимӣ.

Дар таҳкими ҳамкориҳои байни падару модар ва муассисаи таълимӣ директори муассиса нақши асосӣ мебозад. Директори муассиса дар гузаронидани чорабиниҳо бо падару модар, дастгирии роҳбарони синфҳо, ташкили муҳити дӯстона барои падару модар метавонад нақши муассир дошта бошад. Директори муассиса ҳамкориро бо падару модар зери назорат гирифта омӯзгоронро барои ташаббускорӣ ва ҳамко риҳо ҳидоят намояд. Директори муассиса бояд ҳама гуна иқдоми кормандони муассиса ва омӯзгоронро барои ҷалби падару модар дастгирӣ намояд ва барномаи мушаххаси ҷалби падару модарро ба ҷараёни таълиму тарбия дошта бошад.

Таъйин намудани шахси масъул ба сифати ҳамо ҳангсози робита бо падару модар яке аз таҷрибаҳои пешқадам ба ҳисоб меравад. Нақши ин гуна ҳамо ҳангсозро муовини директор оид ба корҳои тарбия низ метавонад иҷро намояд. Ҳамчунин, зарур аст, ки нақшаи ҷалби падару модар таҳия шавад ва тибқи он робитаи байни муассисаи таълимӣ ва падару модар таъмин карда шавад. Мавҷудияти чунин барнома ё нақша имконият медиҳад, ки роҳбарони синфҳо пешакӣ онро ба самъи падару модар расонанд ва дар навбати худ падару модар иштироки худро дар чорабиниҳои мактабӣ дуруст ба нақша гиранд. Ҳамоҳангсози робита бо падару модар вазифаҳои зеринро бояд ба анҷом расонад:

~~ Таҳияи нақшаи ҷалби падару модар ба ҷараёни таълиму тарбия;

~~ Муайян намудани захираҳои зарурӣ барои баргузор намудани чорабиниҳои гуногун бо иштироки падару модар;

~~ Пайваста гузаронидани вохӯриҳо бо роҳ барони синфҳо ва кормандони муассисаи таълимӣ оид ба таъмини робитаи падару модар бо муассисаи таълимӣ;

~~ Назорат аз болои кори омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ барои ҷалби падару модар ҷиҳати беҳшавии малакаҳои хониш ва мусоидат намудан ба ҷалби бештари хонандагон ба хониш.

Дар таъмини ҳамкории байни муассисаи таъ лимӣ ва падару модар роҳбарони синфҳо, омӯз горони синфҳои ибтидоӣ ва шахсони асосӣ ба ҳисоб мераванд. Мувофиқи Низомномаи муассисаи таълимӣ омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ барои иҷрои уҳдадориҳои зерин масъул мебошанд:

~~ Бо падару модар робитаи мусбат ва суҳбатҳои мунтазам дошта бошанд;

~~ Падару модарро оид ба пешрафти таҳсили

§ 1. Ҳамкории муассисаи таълимӣ ва падару модар хонандагон (кӯдакони онҳо) хабардор намоянд;

~~ Дар якҷоягӣ бо падару модар нақшаи мушаххаси кор бо хонандаро таҳия ва амалӣ намоянд;

~~ Барои падару модар дар муассисаи таълимӣ муҳити созгор ба вуҷуд оваранд;

~~ Дар асоси нақшаи муассисаи таълимӣ оид ба ҷалби падару модар чорабиниҳо гузаронанд.

Бо мақсади мусоидат ба ташкили фазои мусоид, роҳбари синф падару модар даъват мекунад, ки дар раванди таълиму тарбия иштирок кунанд. Роҳбари синф тамоюли хонандагон, шароити моддии ҳаёти онҳо, фазои равонӣ дар оила, талаботи падару модар оид ба таълиму тарбия дар мактабу хона, диди онҳо барои дурнамои инкишофи кӯдак ва ғайраро омӯхта, кӯшишҳои донишандӯзӣ ва худшиносии омӯзиши кӯдаконро бояд ҳамоҳанг созад.

Инчунин, роҳбари синф ҷиҳати баланд бар доштани маърифати педагогӣ ва равонии падару модар бо онҳо вохӯриҳо гузаронида, ҳамкорӣ намояд. Шаклҳои кори роҳбари синф бо падару модар чунин буда метавонанд: сӯҳбат, муҳокима, бозии шоҳмот, озмунҳо, экскурсияҳо, корҳои эҷодӣ, фаъолияти бадеӣ, эстетикӣ ва ғайра. Айни замон, нақши асосии роҳбари синф беҳтар намудани малакаҳои омӯзиш, эҳсосот, тафаккури интиқодӣ ва муошират мебошад.

§ 2. МОҲИЯТИ ҶАЛБИ ПАДАРУ МОДАР БА

ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Ҷалби падару модар ба ҷараёни таълиму тарбия маънои иштироки пайваста ва фаъолона дар таълиму тарбияи кӯдакро дорад. Иштирок дар таълиму тар бияи кӯдак на танҳо иштирокро дар чорабиниҳои муассисаи таълимӣ ифода ме на мояд, инчунин маънои онро дорад, ки падару модар дар хона низ ба таҳсили кӯдакони худ кумак мерасонанд. Маса лан, ба онҳо дар иҷрои вазифаи хонагӣ кумак менамоянд, якҷоя китоб мехонанд, матнҳои хондашударо муҳокима мекунанд, ҳамчунин оид ба мушкилоти хонандагон суҳбату машваратҳо менамоянд. Ҷалб ва иштироки падару модар дар таълиму тарбияи хонандагон имко ният медиҳад, ки оид ба мушкилоту талаботи кӯдакон маълумоти бештар пайдо намоянд, бо кӯдакон ва муассисаи таълимӣ робитаи дутарафаю боварибахш барқарор намоянд.

Аз иштироки фаъоли падару модар дар ҷараёни таълиму тарбия хонандагон, худи падару модар, роҳ барони синфҳо, омӯзгорон ва муассисаи таъли мӣ манфиат мегиранд.

Робитаи наздики падару модар бо муассисаи таъ лимӣ имкон медиҳад, ки онҳо оид ба тала бо ти кӯдаки худ, муносибати ӯ бо ҳамсолону ҳамсин фо наш, ҳамчунин оид ба вазъи равонии кӯдак, муш килот ва дастовардҳои ӯ маълумот пайдо кунанд ва ба рушди кӯдакон аҳамияти бештар диҳанд.

§ 2. Моҳияти ҷалби падару модар ба ҷараёни таълиму тарбия

Таҷриба нишон медиҳад, ки бо тақвият ёф тани ҳамкорӣ бо муассисаи таълимӣ, падару модар нисбат ба кӯдакони худ бештар ғамхор мегар данд ва дастовардҳои кӯдакони худро бештар қадр меку нанд. Ҳамчунин, падару модар ҳавасманд мешаванд, ки сатҳи донишу фаҳмиши худро баланд бардоранд ва барои озодона баён намудани фикру мулоҳиза ба кӯдакони худ имкон диҳанд. Падару модар дар рафти иштирок дар ҷараёни таълиму тарбия оид ба фаъолияту вазъи равонии кӯдак бештар маълумот мегиранд ва имкон пайдо мекунанд, ки барои ҳалли мушкилоти кӯдакон сари вақт чораҷӯйӣ намоянд.

Ҷалби падару модар ба ҷараёни таълиму тарбия таъсири мусбӣ мерасонад. Пеш аз ҳама эътибори падару модар ба муассисаи таълимӣ ва коллективи педагогии он меафзояд, нуфузи муассисаи таълимӣ дар байни аҳолӣ зиёд мешавад ва нишондиҳандаҳои давомот ва муваффақияти хонандагон беҳтар меша ванд. Муҳимтарин муваффақияте, ки аз ҷалби падару модар муассисаи таълимӣ ба он соҳиб мешавад, ин дастгирии онҳо мебошад, ки боиси осон шудани идоракунии муассисаи таълимӣ мегардад.

Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва умуман омӯзгорон аз ҷалби самараноки падару модар ба ҷа раёни таълими тарбия метавонанд ба самтҳои зерин таъсири мусбӣ расонад:

~~ Омӯзгор ва роҳбари синф нисбат ба худ ва касбаш эҳтироми дигаронро эҳсос мена мояд ва ин ӯро барои меҳнати пурсамар ҳавасманд мегардонад;

~~ Омӯзгор аз фаъолияти худ ва натиҷаҳои бадастовардааш қаноатманд мегардад;

~~ Омӯзгор имконият пайдо мекунанд, ки усул ҳои фаъолият, таълим ва тарзи муно сиба ти худро ба хонандагон пайваста такмил диҳад;

~~ Робитаи байни омӯзгор (роҳбари синф) ва падару модар таҳким ёфта, зинаҳои хуб тарро ба худ касб менамояд.

Ҷалби падару модар ва иштироки онҳо дар таълиму тарбияи хонандагон ба беҳтар шудани натиҷаҳои таълимии хонандагон дар муассисаи таълимӣ мусоидат мекунад. Бо рушд намудани робитаи муассисаҳои таълимӣ бо падару модар муносибати хонандагон ба таълим ҷиддитар мегардад ва боварии онҳо ба муассисаи таълимию омӯзгорон зиёд мешавад.

§ 2. Моҳияти ҷалби падару модар ба ҷараёни таълиму тарбия

§ 3. ВОСИТАҲОИ ТАЪМИНИ РОБИТАИ

МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ВА ПАДАРУ МОДАР

Мусаллам аст, ки робита байни муассисаи таълимӣ ва падару модар бояд доимӣ ва дутарафа бошад. Пеш аз ҳама, робита байни онҳо барои мубодилаи ахбор хело зарур аст. Восита ва роҳҳои гуногуни таъмини робитаи босамари падару модар ва муассисаи таълимӣ вуҷуд доранд.

Расми 1. Воситаи таъмини робита (ҳамкорӣ) байни падару модар ва муассисаи таълимӣ

Воситаҳои таъмини робита

Барномаҳои мобилии Viber, IMO ё WhatsApp ва дигар месенҷерҳо

Саҳифаи интернетӣ

Тахта барои эълонҳо

Телефони боварӣ

Варақаи таблиғотӣ

Почтаи электронӣ

12 § 3. Воситаҳои таъмини робитаи муассисаи таълимӣ...

Барои таъмини робита бо падару модар муас си саи таълимӣ метавонад дар саҳни муассиса тах таи эълонҳо насб намояд, ки дар он ҳама гуна эълону ахбороти муҳимро ҷой додан имкон дошта бошад. Воситаи дигари таъмини робита байни па дару модар ва муассисаи таълимӣ ин кушодани саҳифаи интернетӣ ё почтаи электронӣ мебошад, ки тавассути он падару модар метавонанд таклифу пешниҳоди худро ба роҳбарияти муассиса расонанд ва муҳимтарин масъалаҳои таҳсилро муҳокима намоянд. Роҳбарони синфҳо (омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ) инчунин метавонанд тавассути телефон ва ё барномаҳои мобилии Viber, IMO ё WhatsApp падару модарро оид ба пешрафт ва мушкилоти хонандагон огоҳ созанд.

Муҳимтарин нуқта дар истифодаи ин гуна воситаҳои робита он аст, ки роҳбарони синфҳо на танҳо бо падару модари хонандагони сустхон, балки бо падару модари хонандагони пешқадам низ бояд суҳбату мулоқотҳо гузаронанд ва оид ба дасто вардҳои ин гуна хонандагон ба падару модари онҳо гуфтугӯ намоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки пешниҳоди маълумоти тоза оид ба дастовардҳои хонандаи пешқадам ба падару модараш боварию роби таи онҳоро ба муассисаи таълимӣ хело мустаҳ кам менамояд.

Барои таъмини робита мубодилаи ахбор байни падару модар ва муассисаи таълимӣ хело зарур аст.

Муассисаи таълимӣ бояд падару модарро оид ба шароити таҳсил, ҷадвалу реҷаи дарсҳо, реҷаи таъ тил ҳо, рӯзҳои ид, меъёрҳои ахлоқию танбеҳ до дани хонандагон, ҳамчунин оид ба тартиби баҳогузорӣ ба донишу малакаҳои хонандагон огоҳ намояд ва пайваста онҳоро бо маълумоти тоза таъмин намоед.

Дар баробари воситаҳои дар боло номбаршуда якчанд роҳҳои маъмулии таъмини робитаи байни падару модар ва муассисаи таълимӣ вуҷуд дорад.

Яке аз чунин роҳҳои таъмини робитаи байни па дару модар ва муассисаи таълимӣ ин фароҳам овар дани фазои мусоид барои ҷалби падару модар ба муассисаи таълимӣ мебошад. Барои ин ҳар як аъзои коллективи педагогӣ ва корманди муассисаи таълимӣ бояд боодобона ва дӯстона бо падару модар муошират намояд. Роҳи дигари таъмини ро би таи байни муассисаи таълимӣ ва падару модар ин ташкил намудани рӯзи дарҳои кӯшод дар рӯзҳои шанбе ё дар охири нимсола мебошад. Рӯзи дарҳои кӯшод имконият медиҳад, ки падару модар бо омӯзгорон ва маъмурияти муассиса суҳбатҳои рӯ ба рӯ гузаронанд.

Роҳи дигари таъмини робитаи муассисаи таъ лимӣ ва падару модар ин мукофотонидан ва ҳавас манд намудани падару модари фаъол мебошад.

Муассисаи таълимӣ дар ҷаласаҳои умумимактабӣ ва дар рӯзҳои ид метавонад падару модари фаъолро бо мукофотҳо сарфароз намояд. Ҳамасола дар ин рӯзҳо муассисаи таълимӣ метавонад ба тарзи шифоҳи ё хаттӣ ба падару модари фаъол миннатдорӣ байён намояд ва саҳми онҳоро дар рушди муассиса ба таври алоҳида қайд намояд. Муассисаи таълимӣ ичунин метавонад диплом ё ҷоизаи «Фаъолтарин па дару модар»ро таъсис диҳад ва онро дар охири ҳар як соли таҳсил ба таври расмӣ ба падару модар супорад.

Албатта роҳҳои таъмини робита бо падару мо дар метавонанд гуногун бошанд ва ҳар як дирек то ри муассисаи таълимӣ ва роҳбари синф вобаста ба малакаҳои худ метавонад аз ин роҳҳо ба таври сама ранок истифода барад ё роҳҳои дигари таъ ми ни робитаи падару модарро бо муассисаи таълимӣ ҷустуҷӯ намояд.

Ҳамаи ин усулҳои номбаршуда метавонанд дар муас сисаҳои таълимии гуногун вобаста ба муҳи та шон истифода шаванд. Яке аз заминаҳои беҳтарине, ки роҳу усулҳои номбаршуда бояд истифода ша ванд, ин вохӯриҳои мунтазами падару модар ва роҳ барони синфҳо мебошад. Дар ин вохӯриҳо роҳ барони синфҳо метавонанд бо падару модар муно сибати мусбат ва самаранокро байни ҳам ба вуҷуд оваранд, ки он метавонад ба беҳтар шудани хониш ва натиҷаҳои таҳсили хонандагон бурда расонад.

Ҷалби падару модар ба ҷараёни таҳсилоти кӯда кон муҳим буда иштироки онҳо дар маҷлисҳои син фӣ зарур ва ҳатмӣ мебошад. Барои ҷалби сама раноки падару модар ба таълиму тарбияи кӯдакон таҳияи як нақшаи мукаммал зарур мебошад.

Иштироки оила дар ҷараёни таълиму тарбия

§ 3. Воситаҳои таъмини робитаи муассисаи таълимӣ...

ва пайваста ҳамкорӣ намудан бо муассисаи таъ ли мӣ баъзан ба мушкили дучор мегардад зеро, як қисми падару модар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қа рор доранд ва қисми дигар ҳанӯз муҳим будани масъала ҳои иштирок дар таълиму тарбияи кӯдакро хуб дарк накардаанд.

Вобаста ба мушкилоте, ки оилаҳо оид ба иштирок дар таълиму тарбияи кӯдакон доранд монеаҳои асосии ҷалби падару модар ба таълиму тарбия ба шаш гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст (ниг. расми 2). Баъзе аз ин монеаҳо дар баъзе муассисаҳои таълимӣ метавонанд

Расми 2. Монеаҳои асосии ҷалби падару модар ба ҷараёни таълиму тарбия

Ҷалб нашудан ба гурӯҳ

Вазъияти душвори иқтисодию иҷтимоии оила

Ҳавасманд набудани падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Монеаҳои асосии ҷалби падару модар дар таълим ва ҳамкорӣ бо муассисаи таълимӣ

Мавқеъи номуайяни падару модар

Маҳдудияти вақт барои ҳамкорӣ бо муассисаи таълимӣ ва раванди таҳсили фарзанд ҷой надошта бошанд. Шояд дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ монеаҳои дигар низ ба мушоҳида расанд.

Барои рафъи ин монеаҳо низ стратегияҳои гуногун вуҷуд дошта метавонанд. Гоҳо бартараф намудани онҳо аз малакаю маҳорати роҳбарони синфҳо ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ сахт вобаста мебошад.

Умдатарин монеа барои ҷалби падару модар ба ҷараёни таълиму тарбия ин норасоии вақт ва серкор будани падару модар мебошад, ки аз ин сабаб онҳо наметавонанд дар чорабиниҳои мактабӣ иштирок намоянд. Аксарияти падару модар дар деҳот ба корҳои саҳроӣ банданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Барои рафъи ин гуна монеаҳо чораҳои зерин бояд андешида шавад:

~~ Роҳбарони синф нақшаи (ҷадвали) вохӯ ри ҳо бо падару модарро тавре бояд тар тиб диҳад, ки бештари онҳо имконият пайдо намоянду дар вохӯриҳо иштирок кунанд.

Вақти вохӯриҳо бо падару модар тавре бояд муқаррар карда шавад, ки онҳо ақаллан дар як сол ду маротиба дар чунин вохӯриҳо иштирок карда тавонанд;

~~ Агар падару модар дар муҳоҷирати меҳ натӣ қарор дошта бошанд, пас дигар аъзои хонаводаи хонандагон, аз қабили бобою бибӣ, бародару хоҳар ё амаку тағои онҳоро ба вохурӣ даъват шаванд.

Дар бисёр ҳолатҳо барои роҳбарони синфҳо ва омӯзгорон мавқеи падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакон номуайян мебошад. Ҳарчанд баъзе аз падару модар таҳсилкарда мебошанду дар соҳаи фаъолияти худ соҳибэҳтироманд, ҳангоми тарбияи кӯдак аз кадом усулҳо истифода бурдан ё роҳҳои ҳалли мушкилоти равонию таълимии кӯдаконашонро намедонанд. Баъзе аз падару модар ба қобилятҳои худ боварӣ надоранд ва гумон мекунанд, ки ба беҳтар шудани маҳорати хониши кӯдаконашон мусоидат карда наметавонанд. Барои баъзе падару модар мушкилоти забонӣ низ метавонанд ҷой дошта бошад. Масалан баъзе падару модар забони давлатӣ ё забони русиро нағз намедонанд ва ин чиз монеаи ҷалби онҳо дар таълиму тарбия мегардад.

Илова бар ин баъзе падару модар қонуну қоидаҳои муассисаи таълимӣ ва иштирок дар фаъолиятҳои онро намедонанд. Барои рафъи ин монеа роҳбари синф ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ бояд:

~~ Ба падару модар маълумот оид ба таҳсилоти фарзандашон ба забони модарии ӯ пеш ни ҳод намоянд ва дар сурати зарурат бо забони барои падару модар фаҳмо бо онҳо вохӯриҳо гузаронанд;

~~ Дар бораи қонуну қоидаҳо ва талаботҳои муассисаи таълимӣ ба падару модар тариқи варақаҳои иттилотӣ, кӯдакон ё ҷаласаю вохӯриҳо ахборот диҳанд;

~~ Байни падару модар пурсиш гузаронида муайян намоянд, ки онҳо ба кадом шакли дастгирӣ ниёз доранд ва кадом намуди муоширатро меписанданд;

~~ Аз психологи муассисаи таълимӣ ва ё омӯзгорони ботаҷриба дархост кунанд, ки бо чунин падару модар суҳбат намуда, ба онҳо маслиҳат диҳанд;

~~ Агар хонанда дар муассисаи таълимӣ пайваста мушкилот эҷод намояд падару модари ӯ ба мушкилоти равонӣ мета вонанд рӯ ба рӯ ша ванд. Ташриф овардан ба муассисаи таъ лимӣ барои онҳо хело мушкил аст. Чу нин падару модар фикр мекунанд, ки дар муас сисаи таълимӣ онҳоро гуфту гузор ҳои номат луб бо роҳбарияти муассиса инти зор аст, бино бар ҳамин аз иштирок дар чораби ниҳои мак та бӣ канорагирӣ мена моянд. Барои рафъи ин гуна монеаҳо муас сисаи таълимӣ бояд:

~» Падару модарро пайваста таклиф на моед, ки дар вақти барояшон қулай ба муас сисаи таълимӣ ташриф биёранд;

~» Дар ҷаласаҳо ба кормандони муасси са ҳои таълимӣ пайваста моҳияти ҷалби па дару модарро фаҳмонед ва ба онҳо усул ҳои муоширатро омӯзонед;

~» Бо падару модар на танҳо дар бораи муш килоти кӯдаконашон, балки дар бо раи муваффақиятҳои онҳо низ суҳбат на му дан зарур аст.

Баъзе аз падару модар нисбати таҳсили кӯдако нашон хело бетафовутанд ва шавқу ҳаваси иштирок дар ҷараёни таълиму тарбияи онҳоро на доранд. Ак сари онҳо масъулияти таълиму тарбияи фарз андо нашонро бар души муассисаҳои таълимӣ вогузор менамоянд ва барои ин худро уҳдадор на ме шу мо ранд. Барои ин роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва роҳбарони синфҳо бояд:

~~ Бештар ба падару модаре мулоқот кунанд, ки дар раванди таҳсили фарзандонашон ва дар чорабиниҳои мактабӣ иштирок наме кунанд;

~~ Аз ҳама бештар, роҳбарони синфҳо бояд чунин падару модарро бо ахбори нав оид ба дастовардҳои фарзандашон таъмин намоянд;

~~ Роҳбарони синфҳо ва муассисаи таълимӣ муш килоти чунин оилаҳо ва падару модарро бояд омӯзанд ва сабабҳои мушаххасси ишти рок накардани онҳоро дар таҳсилоти фар зандон муайян намоянд. Дар сурати ҷой доштани имконият ба чунин оилаҳо ва падару модар машварат диҳанд ва онҳоро ба фаъолиятҳои муассисаи таълимӣ ҷалб намоянд.

Яке аз монеаҳои бузурги ҷалби падару модар ба ҷараёни таълиму тарбияи хонандагон ин вазъи ногувори иҷтимоию иқтисодии оилаҳо мебошад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки оилаҳое, ки мушкилоти ка лони иқтисодию иҷтимоӣ доранад ҳамеша аз ҳам корӣ бо муассисаи таълимӣ худашонро канор меги ранд. Хусусан оилаҳои камбизоат вазифаи асосии худро дар таъмини талаботи ҳаррӯзаи аъзоёни оила мебинанд ва имконияти камтари иштирок дар чорабиниҳои мактабиро доранд.

Онҳо масъулияти таълиму тарбияи фарзандашонро бештар ба муассисаи таълимӣ вогузор менамоянд.

Баъзе аз оилаҳои танҳо ва модарони серфарзанд бинобар зиёд будани корҳои хоҷагӣ ва машғул будан ба нигоҳубини кӯдакони хурдсол имконияти иштирок дар чорабиниҳои мактабиро надоранд ва ҷалби онҳо ба ҷараёни таълиму тарбия хело мушкил аст. Дар ин сурат муассисаи таълимӣ метавонад оид ба барномаҳои гуногуни таблиғотӣ маълумот омода намуда, байни ин гуна падару модар тарғиб намояд. Ҳамчунин, барои фаро гирифтани чунин модарон, кормандони муассисаи таълимӣ бояд ба оилаҳои онҳо ташриф оварда, ба онҳо дар бораи фарзандашон мушаххасан ва дар бораи муассисаи таълимӣ умуман маълумот диҳанд.

Дар маҷмӯъ монеаҳо барои ҷалби падару модар ба ҷараёни таълиму тарбияи хонандагон метавонанд гуногун бошанд ва омӯзишу гурӯҳбандии онҳо барои банақшагирии кор бо падару модар хело зарур мебошад.

§ 4. ЧОРАБИНИЕ, КИ БА БАЛАНД

БАРДОШТАНИ МАЛАКАҲОИ ХОНИШИ

ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

МУСОИДАТ МЕНАМОЯНД

Дар китобхонаи муассисаҳои таълимии китобҳои кӯдаконаи зиёде мавҷуд ҳаст. Роҳбарони синфҳо бояд падару модарро бо ин китобҳо шинос намуда, аз онҳо хоҳиш намоянд, ки ҳамроҳи бачаҳо аз ки тоб хонаи муассиса китобҳоро гирифта хонанд.

Муассисаи таълимӣ тавассути ҷалби падару мо дар метавонанд барои зиёд намудани шавқу рағ бати хонандагон ба хониш фаъолиятҳо ва чораби ниҳои зиёд гузаронад. Чорабиниҳо ва фаъолиятҳо пеш ниҳодшуда сарфи чандон маблағи зиёд ва захи раҳои моддиро бояд тақозо нанамоянд ва онҳо бояд дар муассисаи таълимӣ гузаронда шаванд.

Барои ноил шудан ба муваффақиятҳои зарур аст, ки гузаронидани ҳар як чорабинӣ дуруст ба нақша гирифта шаваду падару модари хонандагон дар татбиқи онҳо ҷалб карда шаванд.

1. Маҳфили хониш Қабл аз ҳама роҳбарони синф дар якҷоягӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ сохтор ва тартиби фаъолияти «Маҳфили хониш»ро муайян намуда Низом номаи онро созанд ва онро роҳбарияти муасси саи таълимӣ тасдиқ намояд. Сипас оид ба мақсаду ма ром, сохтор ва тартиби фаъолияти «Маҳфили хониш» ба падару модар маълумот пешниҳод намоянд. Ин

22 § 4. Чорабиниҳо ва фаъолиятҳое, ки ба баланд бардоштани...

гуна маълумотро метавонед дар маҷлиси падару модар ба самъи онҳо расонанд, ё метавонанд дар тахтаи эълонҳо ва ё саҳифаи интернетии муассисаи таълимӣ онро ҷой диҳанд.

Дар «Маҳфили хониш» зарурати пайваста иш тирок намудани ҳамаи падару модар вуҷуд надорад, вале онҳо бояд дар бораи он огоҳӣ дошта бошанд.

Кӯшиш намоед, ки падару модари ҳар як хонанда дар давоми сол як ё ду маротиба ба ҷамъомадҳои «Маҳ фили хониш» ҷалб карда шаванд. Ба онҳо расонед, ки дар вақти дилхоҳашон метавонанд дар маҳ филҳои хониш омада иштирок намоянд.

Ҷамъома ди хониш дар доираи «Маҳфили хониш» ду ма ротиба дар як моҳ бояд ташкил карда шавад.

«Маҳ фили хониш» бояд дар доираи барномаи асосӣ (соатҳои хониши беруназсинфӣ) ташкил гардида, ҷадвали баргузории онҳо барои ҳамаи падару модар маълум бошад.

Барои хониш дар маҳфил омӯзгор мавод ва китобҳоро пешакӣ интихоб намояд. Бештар маводу китоб ҳоеро интихоб намоед, ки аз ҷониби Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» ба китобхонаи муассисаи таълимӣ тақдим карда шудаанд, чунки онҳо ба синну соли хонандагон мувофиқ карда шудаанд.

Дар маҳфил хонишро дар шакли бозӣ ташкил намоед. Хониши мавод бояд ҳам аз ҷониби падару модар ва ҳам аз ҷониби хонандагон сурат гирад.

Муҳимтарин қисмати ин гуна чорабинӣ муҳокимаи якҷояи хониш ва маводи хондашуда бояд бошад.

Чӣ тавре, ки дар дарсҳо таҳлили матн гузаронида мешавад, дар «Маҳфили хониш» низ матнҳои хондашуда бояд таҳлил карда шаванд. Омӯзгорро зарур аст, ки тартиби хонишро нишон диҳад ва ба падару модар фаҳмонад, ки барои хубтар фаҳ ми дани матн ба хонандагон чи гуна саволҳо диҳанд.

Масалан, падару модар метавонанд аз хонада хоҳиш намоянд, ки дигар шакли анҷом ёфтани қиссаро фикр кунанд, ё сабабҳои ба ӯ маъқул шудани қахрамони қиссаро фаҳмонида диҳанд. Ҳам чу нин, метавонанд аз хонанда пурсанд, ки ка дом хислатҳои қаҳрамони матн ба ӯ маъқул шу данд ва агар хонанда ба ҷои ин қахрамон мешуд чӣ гуна рафтор менамуд.

2. Озмуни хониш Баргузор намудани озмунҳои гуногуни хониш бо иштироки падару модар яке аз роҳҳои ҳавасманд намудани хонандагон ба китобхонӣ мебошад. Ин гу на озмунҳоро метавон дар як сол як ё ду маротиба бар гузор намуд. Озмуни хониш барои робитаи наз дик байни падарону модар бо омӯзгорон ва хонан да гон мусоидат менамояд. Ҳамчунин иштирок дар чу нин озмунҳо имконият медиҳад, ки падару модар оид ба малакаҳои хониши фарзандонашон маълумот пай до намоянд. Озмунҳои хонишро метавон барои як синф байни аъзоёни «Маҳфили хонандагон» ё байни ҳа маи хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир намуд.

3. Ташвиқи хониш Хонишро байни хонандагон метавон бо роҳҳои гуногун ташвиқ намуд. Яке аз роҳҳои ташвиқи хониш ин ташкил намудани тахтаи ташвиқотии хониш мебошад, ки онро дар саҳни муассисаи таъ ли мӣ метавон овезон намуд. Дар ин тахтаи ташвиқӣ гуф таҳои шоирону нависандагони бузургро дар бораи хониш метавон ҷой дод. Ҳамчунин, дар до ло ни муассисаи таълимӣ ё синфхонаҳо метавон шиору овезаҳои гуногуни тарғибкунандаи хонишро навишт ё расми ҳолатҳои гуногуни хониши хонан дагони муассисаи таълимиро овезон намуд.

4. Баргузор намудани намоиши кори хонан дагон.

Тавассути баргузор намудани намоиши натиҷаи кори хонандагон муассисаи таълимӣ ба падару модар дастовардҳо ва муваффақиятҳои фарзандони онҳо ва коллективи педагогиро нишон медиҳад. Барои ин набояд танҳо медалу грамотаҳои хонандагони аъло хон, балки расмҳо, шеъру китобҳо ва дигар дасто вардҳои хонандагони дигарро низ бояд ба намоиш гузошт. Ин гуна намоишҳо метавонанд мавзӯӣ бошанд, яъне танҳо ба як мавзӯъ бахшида шуда бошанд ва ё метавонанд мавзӯи умумӣ дошта бошанд. Ҳангоми баргузор намудани чунин намоишҳо ҳатман падару модарро даъват намоед, ё чунин намоишҳоро рӯзҳое ташкил намоед, ки маҷлисҳои падару модар дар ҳамон рӯз баргузор мегардад.

5. Ҳафтаи хониш Як ҳафтаи муайянро ҳафтаи хониш эълон намоед ва ҳар рӯз барои мактаббачагон давоми 15 дақиқа вақ ти хониш ҷӯдо намоед. Дар ин гуна чорабиниҳо

§ 4. Чорабиниҳо ва фаъолиятҳое, ки ба баланд бардоштани...

бояд тамоми омӯзгорон ва роҳбарияти муассисаи таъ ли мӣ иштирок намоянд. Ба самъи падару модар расо нед, ки давоми як ҳафта ҳар рӯз баъд аз анҷоми дарс кӯдакон ба миқдори 1015 дақиқа ба хониш банд мешаванд ва падару модар дар хона бояд аз фар зан донашон мазмуни матнҳои хондаашонро пурсанд.

6. Дарси хониши беруназсинфӣ Аз байни падару модар нафареро пайдо намоед, ки ихтиёран як дарси беруназсинфии хонишро гуза ронад. Ба ӯ усулҳои дарсгузариеро нишон диҳед, ки он ҳоро Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» пешниҳод наму дааст ва донишу малакаи иловагиро талаб намекунанд.

7. Табодули таҷриба Аз байни падару модар нафареро пайдо намоед, ки омода бошад ба муассисаи таълимӣ омода байни хонандагон оид ба таҷрибаи худ нақл намояд. Хуб меша вад агар ӯ дар бораи касби худ ва моҳияти хони шу усулҳои тақвияти хониш бо хонандагон суҳбати озод намояд. Ҳамчунин, омӯзгор метавонад ба синф одамони таҷрибадор, соҳибкасб ва обрӯмандро даъват намуда, суҳбати озоди онҳоро бо хонандагон ташкил намояд. Ин гуна суҳбатҳои озод ва ташвиқи онҳо барои хониш ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ метавонанд таъсири мусбӣ расонанд ва ҳавасмандии онҳоро дар ин ҷода зиёд намоянд.

8. Дарси кушод барои падару модар Аксарияти падару модар усулҳои хониши якҷоя бо кӯ да кон ро намедонанд, бинобар ҳамин роҳбарони синф ва омӯз горонро зарур аст, ки ин гуна усулҳоро ба падару модар омӯ зонанд. Барои омӯзонидани падару модар ташкил наму дани дарсҳои кушод хело муфид мебошад. Дар ин дарсҳо омӯз горон усулҳои фаъоли таълим ва нави таҳкимбахшандаи хониш ро, ки аз Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» омӯхтаанд, ба падару модар нишон медиҳанд. Ҳамчунин, ба онҳо барои ташкил намудани хониши китобҳо дар хона тавсияҳои методӣ медиҳанд.

9. Хондани китобчаи тавсияҳо барои падару модар

Дар замони муосир саҳми падару модар дар дастгиирии кӯдакон ҳангоми таҳсил ва хониш хеле зарур аст. Инчунин, барномаи таълимӣ низ тақозо мекунад, ки падару модар бояд барои кӯдаконе, ки то синни мактабӣ ва дар синфҳои ибтидоӣ мехонанд диқ қати махсус диҳанд. Барои боз ҳам хубтару беҳтар бо ин тавсияҳо шинос шудан аз тарафи Лои ҳаи «Ҳамроҳ бихонем» китобчаи тавсияҳо барои па дару модар омода гардидааст, ки дар ин самт ба онҳо дар бисёр масъалаҳои вобаста ба хониш бо фарзандашон равшанӣ меандозад. Роҳбарони синф метавонанд чунини китобчаро барои падару мо дари хонандагонаш барои дастгирии хониши фар зан до на шон пешкаш намоянд.

10. Тавсияҳо оид ба аҳмияти хониш Илова ба ин роҳбарони синф, метавонанд оид ба аҳмияти хониш дар оила бо фарзандони то синни мактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ барои огоҳии бештар нисбат ба хониш тавсияҳои гуногун пешниҳод намоянд. Барои мисол Шумо метавонанд тавсияҳои ба монанди дар зер омада, ки аз тарафи Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» ба тариқи филмҳои кӯтоҳмуддат ба навор гирифта шудааст, пешниҳод намоед:

Аз фарзандони калонтари худ хоҳиш кунед, ки барои додар ё хоҳаракашон китоб бихонанд. Онҳо аз ин боварӣ хур санд шуда, қобилиятҳи худро намоиш медиҳанд.

Пас аз ин хурдсолон ҳам мехоҳанд ба мисли бародару хоҳари калонии худ китоб бихонанд. Бародару хоҳар барои хурдтаракон намунаи ибрат шуда, онҳоро барои китобхони хуб шудан раҳнамоӣ мекунанд.

(доир ба мавзӯъи “Ёварони китобхон”)

Барои ҳавасманд шудани кӯдак ба хондан, мушоҳидаи китобхонии падару модар шавқи ӯро ҳам ба хондан меаф зояд. Хуб мешуд, агар худатон ҳам пайваста китоб мехондед, чун кӯдак хусусияти тақлидкорӣ дорад. Ин гуна мушоҳидакории кӯдак дар ӯ одати мунтазам ва мустақилона хонданро ба вуҷуд меорад.

(доир ба мавзӯъи “Китобхонӣ одати хуб аст”)

Кӯдак бояд бо ҳаловат ва ҳавасмандӣ ба китобхонӣ ҷалб карда шавад. Аз ин рӯ, китобхониро ҳамчун ҷазо ба кӯдак раво набинед ва кӯдакро зери фишор ба хон дан маҷбур накунед. Ин гуна муносибат майлу рағ бати кӯдакро ба хониш гум мекунонад ва нисбат ба хондан ҳисси бадбинӣ пайдо менамояд. Муҳим он аст, ки хониш дар муҳити дӯстона ва озод сурат гирад.

(доир ба мавзӯъи “Китобхонӣ набояд танбеҳ бошад”)

Китоб барои рушди маънавӣ ва ҷаҳонбинии кӯдак аҳа мияти муҳим дорад. То ҳадди имкон кӯшиш намоед бо фар занди худ ба китобхона ва мағозаи китоб зуд зуд ташриф биёред.

(доир ба мавзӯъи “Ба китобхона ва мағозаи китоб ташриф биеред”)

Китобхонӣ бояд дар муҳити ором, равшан ва бароҳат сурат гирад. Дар хона барои китобҳои кӯдакона гӯшае ҷудо кунед ва китобҳои гуногуни ба синну соли фарзандатон мувофиқ ҷамъ намоед. Китобҳоро дар ҷойи ба кӯдак дастрас гузоред, то ки ӯ дар вақти дилхоҳ онро худаш гирифта истифода бурда тавонад.

(доир ба мавзӯъи “Барои хондан муҳити мусоид зарур аст”)

Падару модар ба фарзандони худ новобаста ба ҷинс, духтар ва ё писар, бояд муносибати якхела дошта бошанд. Барои ҳам писар ва ҳам духтар шароит ва имтиёзҳои баробар фароҳам оваред. Духтарон низ ба саводнокӣ ва таълим ниёз доранд, зеро ки дар оянда модар мешаванд. Модари босавод фарзанди бо илму фарҳангро тарбия мекунад.

(доир ба мавзӯъи “Хондан барои духтарон низ зарур аст”)

Ҳар як падару модар дар таълими фарзанд нақши муҳимро мебозанд. Дар фаъолияти ҳар рӯза кушиш намоед, ки кӯдакро ба хондан водор намоед. Ҳамроҳи кӯдак хондани чизҳои одӣ, ба мисоли лавҳаю овезаҳои гуногун машқ намоед. Ин маҳорату малакаи хониши кӯдакро рушд медиҳад.

(доир ба мавзӯъи “Нақши шумо муҳим аст”)

Хондани китоб яке аз муҳимтарин ва баландтарин фар ҳанги ҳар як халқ ва миллат мебошад. Халқи мо аз қа дим китобдору китобхон буд ва ин анъанаро бояд ҳифз карда, идома бидиҳем. Дар ҳама мавридҳо ку шиш намоем оид ба аҳамияти китоб ва китобхонӣ сӯҳ бат намоем.

(доир ба мавзӯъи “Китоб сарчашмаи дониш аст”)

§ 5. НАҚШИ КУМИТАИ ПАДАРУ МОДАРУ

ОМӮЗГОРОН ДАР ТАҲКИМИ

МАЛАКАҲОИ ХОНИШ ВА ИДОРАКУНИИ

МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

Мувофиқи банди 4и моддаи 41и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» Кумитаи па дару модару омӯзгорон метавонад дар ташаккул до дани раванди таълиму тарбия ва назорати он саҳм бигирад. Яке аз чунин самтҳои иштирок дар раван ди таълиму тарбия ин таҳким бахшидан ба малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ мебошад.

Кумитаи падару модар ва омӯзгорони муассиса, инчу нин кумитаи падару модари синф барои таҳ ки ми хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ мета во над чорабиниҳои зиёдро амалӣ намоянд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки Кумитаҳои па дару модару омӯзгорон тавассути чорабиниҳои зе рин метавонанд ба таҳкими хониши хонандагон му соидат намоянд:

1. Муаррифӣ намудани таҷрибаҳои оилавӣ оид ба тақвияти малакаҳои хониш;

2. Ташкил намудани рӯзҳои эҷодии кӯдакон ва падару модари онҳо;

3. Ташкил намудани викторина ва озмунҳои гуногун бо иштироки падару модар;

4. Ташкил намудани маҳфилҳои хониш;

5. Харидории китобҳои бадеӣ барои муас си саҳои таълимӣ;

6. Маблағгузорӣ намудани дилхоҳ чораби ни ҳо, озмунҳо ва маъракаҳои оммавӣ;

7. Ташкил намудани вохӯриҳо бо шоирону на ви сандагон;

8. Ташкил намудани гӯшаҳои китобхонӣ;

9. Гузаронидани мусобиқаи «Китобхони беҳ та рини синф»;

10. Баргузор намудани озмуни «Китобхони беҳ тарини муассисаи таълимӣ»;

11. Ташкил намудани омӯзиш барои падарону модар оид ба таҳкими хониш;

12. Гузаронидани дарсҳои кушод бо иштироки падару модар;

13. Баргузор намудани озмуни расмкашӣ аз рӯи китоби хондашуда;

14. Ташкил намудани саёҳати гурӯҳӣ ба китоб хонаҳо;

15. Таҳлил намудани китобгирӣ ва китобхонии хонан дагон дар китобхонаи муассисаи таълимӣ.

Таҳкими малакаҳои хониш дар синфҳои ибтидоӣ бо кумаки падару модар ва омӯзгорони собиқадор яке аз шаклҳои ғайрианъанавии таҳкими раванди таълиму тарбия мебошад. Ташкили чунин шакли фаъолият аз маҳорати роҳбари синф вобастагии калон дорад. Маҳз роҳбари синф аз кумитаи падару

§ 5. Нақши кумитаи падару модару омӯзгорон дар...

модар ҳамчун нерӯи такондиҳандаи малакаҳои хониши хонандагон бояд истифода кунад. Дар муқоиса бо Кумитаи падару модару омӯзгорони муас сисаи таҳсилоти умумӣ, Кумитаи падару модари синф ба таҳкими хониш бояд бештар ҷалб карда шавад. Кумитаи падару модари синф дар навбати худ ба роҳбари синф дар ташкили чорабиниҳо оид ба таҳкими малакаҳои хониш бояд кумак расонад.

Набояд фаромӯш намуд, ки инкишоф ёфтани фаъо лиятҳои кумитаи падару модари синф аз маҳорати роҳбари синф вобастагии калон дорад ва боиси фаъол шудани аъзоёни кумита мегардад.

§ 6. УСУЛҲОИ ТАҲКИМИ ХОНИШИ ОИЛАВӢ

Роҳбарони синф метавонанд ҳангоми гузаро нидани машғулиятҳо бо падару модар, ҳамчунин ҳангоми баргузор намудани маҷлиси падару модар якчанд усулҳои (машғулиятҳои) таҳкими хонишро дар шароити оила ба онҳо нишон диҳанд. Падару модар мустақилона метавонанд ин усулҳо ё машғулиятҳоро дар хона барои таҳкими хониши фар зан донашон истифода кунанд. Муассисаи таъ лимӣ шарҳи ин усулҳоро метавонад чоп карда дастраси падару модар намояд.

Усулҳо ё машғулиятҳоеро, ки дар ин дастур ба шу мо пешниҳод мегарданд, метавон ба ду қисм ҷудо намуд: барои хонандагони синфҳои 12 ва барои хонандагони синфҳои 34.

I. ТАҲКИМИ ХОНИШИ

ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 12

1. Бо овози баланд матнро хонед. Барои кӯда кон мут тасил, хусусан шабона китоб хонед. Пеш аз хоб хондани қиссаҳои хурд имкон медиҳад, ки кӯ да кон калимаҳои навро зудтар аз худ намоянд.

2. Ҳарфҳо ва калимаҳоро хонед. Ба кӯдакон фаҳмонед, ки ҳама гуна ҳарфҳо ва калима ҳоеро, ки дар атрофи худ мебинанд хо нанд.

Масалан, навиштаҷотҳои дар кӯча мавҷуд бударо ё лавҳаҳои мағозаҳою муас си саҳоро.

§ 6. Усулҳои таҳкими хониш дар хона

3. Шарҳ диҳед. Аз кӯдаки худ хоҳиш намоед, ки дилхоҳ китоби дустдоштаашро гирифта муқо ваи онро хонад, муаллифашро муайян намояд ва расмҳои онро шарҳ диҳад. Донистани ҷи ҳат ҳои гуногуни китоб шавқи хонандаро ба китоб хонию дӯст доштани он зиёд мекунад.

4. Мехонем ва расм мекашем. Баъд аз хондани китоб ё афсона аз кӯдак хоҳиш намоед дар бораи расмҳои китоб фикрашро гӯфта диҳад.

Сипас аз ӯ хоҳиш намоед оид ба матни хонда ё шунидааш расмҳои гуногун кашад.

5. Калимасозӣ. Дар варақчаҳои хурд ҳама ҳарф ҳои алифборо нависед. Аз кӯдак хо ҳиш намоед ягон калимаро интихоб кунад ва шумо аз ҳарф ҳо ин калимаро созед. Баъдан иҷрои аз ҳарфҳо сохтани калимаҳоро ба кӯдак вогузор намоед.

6. Якҷоя тасаввур кардан. Ба кӯдак китоби расм ҳоро пешниҳод намуда аз ӯ хоҳиш намоед, ки ба расм ҳо нигоҳ кунад ва гӯяд, ки сухан дар бо раи кадом ҳодиса меравад.

7. Кӯдакони калонсол хонанд. Аз наврасон хо ҳиш намоед барои кӯдакони хурдсол пеш аз хоб ё вақти холигии онҳо китоб хонанд. Чунин усул завқи кӯдакони калонсолро ба хониш зиёд мекунад ва бо шавқ мехоҳанд вазифаи мураб биро иҷро намоянд.

8. Ба кӯдакон китобҳо туҳфа намоед. Ба кӯда кон туҳфа намудани китобро дар оила атон ба ҳукми анъана дароред. Дар саҳифаи аввали китоб ҳатман чизе барои хотираи кӯдакатон нависед. Баъд аз гузашти солҳо бо истифодаи ин китоб оид ба муносибати хуб, анъанаҳои оилавӣ ва шахсони наздик хотираҳо зинда мешаванд.

9. Барои хондан муҳити мусоид ташкил на мо ед. Дар хона ҷои махсус барои нигоҳ дош тани китобҳо ва хониши онҳо муҳаё на моед. Ҳамеша кӯшиш намоед китобхонаи оила виатонро бой кунед ва вобаста ба хоҳиши кӯда конатон китобҳо харидорӣ намоед.

10. Якҷоя ба китобхона ва мағозаи китоб равед.

Дар якҷоягӣ бо кӯдакон ба китобхонаҳои оммавӣ ё мағозаҳои китоб равед. Ба кӯда кон дар интихоби китоб кумак намоед. Ба китоб хона ва мағозаи китоб ташриф овардан шавқи китобдӯсти ва китобхониро зиёд мекунад.

11. Ёфтани ҳарф. Аз рӯзнома ё маҷала як матн ро интихоб намуда онро ба кӯдак пеш ниҳод намоед. Аз ӯ хоҳиш намоед, ки ба зери ягон ҳарф (масалан ҳарфи б) хат кашад ва ягон ҳарфи дигарро (масалан ҳарфи про) хат занад. Агар ӯ ин вазифаро дуруст иҷро намояд, ҳатман ӯро таъриф намуда ҳавас манд намоед.

II. ТАҲКИМИ ХОНИШИ

ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 34

1. Андеша атрофи филми тасвирӣ. Аз кӯдак хоҳиш намоед, ки қаҳрамони филми тас вирии дӯстдоштаашро ба хотир биёрад ва дар бораи ӯ нақл кунад. Аз кӯдак пурсед, ки агар қаҳрамони дӯстдоштааш дар наздикии онҳо зиндагӣ мекард, ӯ чӣ кор мекард. Ҳамчунин, аз кӯдак пурсед, ки расми қаҳрамони филми тасвирии дӯстдоштаашро тасвир кунад.

2. Ман хабарнигорам. Кӯдакро ба сифати хабарнигор омода намоед ва аз ӯ ҳоҳиш намоед, ки бо ҳар як нафар аъзои оила оид ба ягон воқеа мусоҳиба гузаронад.

3. Шиносоӣ бо калимаҳои нав. Ҳангоми тамо шои ягон барномаи телевизионӣ ё шуни дани ягон барнома тариқи радио аз кӯдак хоҳиш намоед калимаҳоеро интихоб намояд, ки барои ӯ мазмунашон нофаҳмо аст. Мазмуни ин калимаҳоро ба ӯ фаҳмонед ва бо доштани майл оид ба мазмуни онҳо расмкашӣ намоед.

4. Пешгӯйии воқеа. Барои кӯдак ягон қисса ё китобро бо овози баланд хонед. Ҳангоми хондан яку якбора хонишро қатъ намоед ва аз кӯдак хоҳиш намоед фикрашро дар бораи давоми қисса ё матн баён намояд. Ин имконият медиҳад, ки зеҳни кӯдак инкишоф ёбад ва малакаҳои пешгӯӣ намудани ҳодисаҳоро пайдо намояд.

5. Сохтани калима. Дар варақчаҳои алоҳида ҳарфҳо ро нависед. Аз байни онҳо якчанд ҳарф ро интихоб карда аз кӯдак хоҳиш намоед, ки бо ин ҳарфҳо калимаи бештар созад.

6. Дарки маънои матни хондашуда. Вақте, ки кӯ даки шумо хондани ягон китоб ё матнро ба охир расонид ба ӯ саволҳо диҳед ва ҷавоб ҳояшро бодиққат гӯш кунед. Хело хуб мешуд агар саволҳои шумо бо калимаҳои Кӣ? Чӣ?, Кай? Чаро? сар мешуданд.

7. Ташкил намудани муҳити мусоид барои хон дан. Дар хона ҷои махсус барои нигоҳ дош та ни китобҳо ва хониши онҳо муҳаё намоед. Ҳаме ша кӯшиш намоед китобхонаи оила виатонро бой кунед ва вобаста ба хоҳиши кӯда конатон китобҳо харидорӣ намоед.

8. Ба кӯдакон китобҳо туҳфа намоед. Бо ин усул туҳфа намудани китобро дар оилаатон ба ҳук ми анъана медароред. Дар саҳифаи аввали ки тоб ҳатман чизе барои хотираи кӯдакатон на ви сед. Баъд аз гузашти солҳо бо истифодаи ин китоб оид ба муносибати хуб, анъанаҳои оила вӣ ва шахсони наздик хотираҳо зинда мешаванд.

9. Якҷоя ба китобхона равед. Дар якҷоягӣ бо кӯдакон ба китобхонаҳои оммавӣ ё мағозаҳои китоб равед. Ба кӯдакон дар интихоби китоб кумак намоед. Ба китоб хонии дастаҷамъӣ рафтан бо кӯдакон ҳавас мандии онҳоро барои китоб хондан зиёд мекунад.

10. Бародару хоҳарон барои хурдтаракон китоб хонанд. Аз фарзандони калонтари худ хоҳиш кунед, ки барои додар ё хоҳаракашон китоб бихонанд. Онҳо аз ин боварӣ хурсанд шуда, қобилиятҳои худро намоиш медиҳанд. Пас аз ин хурдсолон ҳам мехоҳанд ба мисли бародару хоҳари калонии худ китоб бихонанд.

Бародару хоҳар барои хурддтаракон намунаи ибрат шуда, онҳоро барои китобхони хуб шудан раҳнамоӣ мекунанд.

11. Навиштани ҳикоя. Ҳангоми хурдани хӯроки шом ё ҳангоме, ки ҳама аъзоёни оила сарҷамъ мешаванд, кӯшиш намоед якҷоя ҳикоя нависед.

Масалан, шумо бо чунин ҷумла навиштани ҳикояро оғоз мекунед: «Имӯз дар ҷангал хирсбачаи малламӯйро дидем….». Ҳар як аъзои оила бо навбат як ҷумлагӣ илова менамоянд ва дар маҷмӯъ як ҳикояи хурдакак навишта мешавад. Сипас аз кӯдакон метавонед хоҳиш намоед баъзе ҷойҳои ин ҳикояро тағир диҳанд ё ба он чизҳои нав ворид намоянд.

12. Ҷустуҷӯи ашёи гумшуда. Ягон ашёи хонаро интихоб намоед ва аз кӯдакон хоҳиш намоед, ки тавассути луқма додан онро ёбанд. Масалан, гугирдро интихоб мекунед ва ба кӯдак оид ба хусусиятҳои он луқма мепартоед. Кӯдак бояд луқмаро гӯш карда ашёи интихобнамудаи шуморо муайян намояд.

13. Навиштани таклифнома. Кӯдакон аслан рӯзи таваллуди худро бесаброна интизор ме ша ванд. Бо истифода аз чунин фурсат ба кӯ да кон иҷозат диҳед, ки барои меҳмонон так лиф нома сохта матни онро худаш нависад.

14. Мактуб ба дӯстон. Ба кӯдакон оид ба дӯс тони хонадонатон, ки дар роҳи дур зиндагӣ меку нанд нақл намоед ва аз онҳо ҳоҳиш намоед, ки ба онҳо мактуб нависанд. Ҳам чунин, ба кӯдакон кумак намоед, ки онро бо нақшҳо ва расму мусаввараҳо зебу зиннат диҳанд.

15. Тамошои якҷояи филмҳои тарбиявӣ. Бо кӯда кон дар якҷоягӣ филмҳои тарбиявиро тамошо кунед ва баъд аз анҷоми тамошои филм муҳтавои онро бо кӯдакон муҳокима намоед.

16. Хариди якҷоя. Ҳангоме, ки ба бозор ё мағоза барои харидории маҳсулот меравед, қаблан дар якҷоягӣ бо кӯдакатон рӯйхати харидро тартиб диҳед ва ба кӯдак имконият диҳед, ки дар харидории маҳсулот иштирок намояд.

Шумо метавонед рӯйхатро ба дасти кӯдак диҳед ва аз ӯ хоҳиш намоед, ки номгӯи онҳоро бо тартиб хонад ва дар ёфтани онҳо ба шумо кумак расонад.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ

САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» — www.parlament.tj

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — www.parlament.tj

3. Дастурамали вазифавии директор, мувовинони директор ва роҳбари синфи муассисаи таҳсилоти умумӣ (бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 окиябри соли 2013 №18/29 тасдиқ шудааст)//Маҷмӯи санадҳои меъёрию ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ. Қисми 1.—Душанбе, 2014.

Саҳ.35-50.

4. Низомномаи иттҳодияҳои методии роҳбарони синф (бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 2013 №20/30 тасдиқ шудааст)//Маҷмӯи санадҳои меъёрию ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ. Қисми 1. —Душанбе, 2014. Саҳ. 13-16.

5. Низомномаи фаъолияти роҳбари синф дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. (Бо қарори Мушовари вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.05.2017 таҳти рақами 7/27 қабул карда шудааст.)

АДАБИЁТИ ИЛМИЮ МЕТОДӢ

1. Қодиров Ш. Ш. Ҷалби иттиҳодияҳои ҷамъиятии мактабӣ дар такмили шаффофияту масъулиятнокии истифодаи буҷети мактаб: дастур барои шунавандагон. — Душанбе, 2012.

НАҚШИ КУМИТАИ ПАДАРУ МОДАР

ДАР РУШДИ ХОНИШИ ХОНАНДАГОНИ

СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури методии мазкур бо Қарори Шӯрои таҳсилот (11.04.2019, №04) тасдиқ шуда, бо дастгирии Лоиҳаи Оҷонсии рушди байналхалқии Амрико

(USAID) «Ҳамроҳ бихонем» ҳамчун роҳнамо барои маъмурият, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумии

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Ба чоп 06.06.2019 имзо шуд. Андозаи 60×80/16. Коғази офсет.

Чопи офсет. Ҷузъи чопӣ 2,5. Адади нашр ... нусха.

Дар матбааи ... ба табъ расидааст.

S.Semyonov Highlight

File details come from the government source that posted it. Updated .