Booklet for Parents_TAJ (1) (1) (2).pdf
PDF 13 MB Posted
- Attached to
- Learn Together Activity in Tajikistan
- Solicitation number
- 72011520R00009
View the file
Other files
Show all 28
On GovTribe
Work with this file
- Download the original file
- Contacts named in this file
- Similar government files
- Ask GovTribe AI about this file
Text version
Оид ба тақвияти хониши кӯдакон Тавсияҳо барои падару модар
«Тарбияи кӯдакро бояд бо назардошти табиати ӯ ва муҳит анҷом дод. Аз ин рӯ, мақсади тарбия тавсеа ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кӯдак буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зӯри ва танбеҳ амалӣ шавад. Дар асоси гуфтаҳои боло метавон натиҷагирӣ кард, ки нақши хонавода дар тарбияи фарзанд хеле калон аст, зеро волидайн муҳимтарин омили созандаи шахсияти кӯдак маҳсуб меёбанд»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
(Суханронӣ бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»).
Падару модари азиз!
Хониш яке аз омилҳои муҳими инкишофи зеҳнӣ ва маънавии кӯдак мебошад. Барои зиёд намудани шавқу ҳаваси кӯдак ба хониш, кӯмаки падару модар ниҳоят муҳим аст. Аз ин лиҳоз, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани машғулиятҳои хониши оилавӣ бо фарзандон, барои падару модарон ва дигар аъзоёни оила тавсияҳо пешниҳод мегарданд.
Ҳамроҳ бихонед Бо фарзандатон ҳамроҳ хондани афсона ва ё нақл кардани мазмуни он бисёр шавқангез ва муфид мебошад. Ин фаъолият ба рушди зеҳнии кӯдак ва барои муваффақ шуданаш дар дарсҳо, инчунин ба пешрафти ӯ дар таҳсил мусоидат мекунад. Ҳар рӯз ҳади ақал 20 дақиқа бо овози баланд хондани китоби бадеӣ тахаюлот, хотир, маҳорати дуруст баён кардани фикр, малакаҳои гӯш кардан ва захираи луғавии кӯдакро ғанӣ мегардонад.
Хониш эҷодиёт аст Ҳангоми хондан расму тасвирҳои китоб диққати кӯдакро бештар ҷалб мекунанд. Пас аз хондан ҳамроҳи кӯдак ба кашидани расмҳои китоб машғул шавед. Аз фарзандатон хоҳиш намоед, ки фикри худро оид ба расмҳои китоби хондаашон баён кунад.
Ҳамин тавр, шумо дарк мекунед, ки кадом лаҳзаҳо аз ҳикояи хондашуда дар хотираш нақш бастааст ва дар тасаввурот ва хаёлоти эҷодии кӯдак чӣ тағйирот ба амал омаадааст.
Китобхонӣ одати хуб аст
Барои ҳавасманд шудани кӯдак ба хондан, мушоҳидаи китобхонии падару модар шавқи ӯро ҳам ба хондан меафзояд. Хуб мешуд, агар худатон ҳам пайваста китоб мехондед, чун кӯдак хусусияти тақлидкорӣ дорад. Ин гуна мушоҳидакории кӯдак дар ӯ одати мунтазам ва мустақилона хонданро ба вуҷуд меорад.
Нақши шумо муҳим аст Ҳар як падару модар дар таълими фарзанд нақши муҳимро мебозад. Дар фаъолиятҳои ҳаррӯза кӯшиш намоед, ки кӯдакро ба хондан водор намоед. Ҳамроҳи кӯдак хондани чизҳои одӣ, ба мисоли дастури тайёр кардани ягон хӯриш ё кулчақанд, лавҳаю овезаҳои гуногуни кӯча машқ намоед. Вақте ки кӯдак калимаи ношинос ё душвореро нафаҳмид ба ӯ маънояшро фаҳмонед. Ба ин тарз, захираи луғавии кӯдак ғанӣ мегардад.
Муҳити мусоид барои хондан зарур аст
Китобхонӣ бояд дар муҳити ором, равшан ва бароҳат сурат гирад. Дар хона барои китобҳои кӯдакона гӯшае ҷудо кунед ва китобҳои гуногуни ба синну соли фарзандатон мувофиқ ҷамъ намоед. Китобҳоро дар ҷойи ба кӯдак дастрас гузоред, то ки ӯ дар вақти дилхоҳ онро худаш гирифта истифода бурда тавонад.
Мунтазам ба китобхона ташриф биёред
Китобхона барои рушди маънавӣ ва ҷаҳонбинии кӯдак аҳамияти муҳим дорад. То ҳадди имкон кӯшиш намоед бо фарзанди худ ба китобхона зудзуд ташриф биёред. Ба китобхона аъзо шуда, хонандаи доимии он бошед.
Китобхонӣ набояд танбеҳ бошад
Кӯдак бояд бо ҳаловат ва ҳавасмандӣ ба китобхонӣ ҷалб карда шавад. Аз ин рӯ, китобхониро ҳамчун ҷазо ба кӯдак раво набинед ва кӯдакро зери фишор ба хондан маҷбур накунед. Ин гуна муносибат майлу рағбати кӯдакро ба хониш гум мекунонад ва нисбат ба хондан ҳисси бадбинӣ пайдо менамояд. Муҳим он аст, ки хониш дар муҳити дӯстона ва озод сурат гирад.
Пеш аз хоб ҳатман афсона хонед
Вақти худро барои фарзанд дареғ надоред. Хондани афсона ё қисса пеш аз хуфтани кӯдакатон тахаюлоти ӯро ғанӣ гардонда, инчунин фазои хуберо барои хоби ором фароҳам меорад. Кӯшиш намоед, ки афсонаҳои интихобшуда барои хоби ширини фарзандатон мусоидат намоянд.
Бигзор бародару хоҳарон барои хурдтаракон китоб хонанд Аз фарзандони калонтари худ хоҳиш кунед, ки барои додар ё хоҳаракашон китоб бихонанд. Онҳо аз ин боварӣ хурсанд шуда, қобилиятҳои худро намоиш медиҳанд.
Пас аз ин хурдсолон ҳам мехоҳанд ба мисли бародару хоҳари калонии худ китоб бихонанд. Бародару хоҳар барои хурддтаракон намунаи ибрат шуда, онҳоро барои китобхони хуб шудан раҳнамоӣ мекунанд.
Китоб тӯҳфаи беҳтарин аст
Тӯҳфа кардани китоб — ин ҳисси дӯстдорӣ, ғамхорӣ ва эҳтиром ба фарзанди худ мебошад. Бо чунин тӯҳфа рушди зеҳнии фарзанди худро тақвият бахшида, аз майлу рағбати ӯ огоҳ мешавед. Кӯшиш намоед, то китобҳоеро интихоб кунед, ки ба синну соли фарзандатон мувофиқат мекунанд.
Сабрро пеша кунед
Падару модари азиз, шитоб накунед. Шумо мехоҳед, ки кӯдак зуд китобхон шавад, аммо дар асл ин тавр нест. Босабру ботаҳаммул бошед. Кӯшиш кунед, ки аз синни хурдсолӣ дар қалби кӯдак меҳри китобхониро бипарваред. Фарзандро дастгирӣ карда, таъриф намоед, то ба худ бовар кунад ва муваффақият ба даст орад.
Тавсияҳои мазкур бо дастгирии Лоиҳаи Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) «Ҳамроҳ бихонем» барои падару модарон бо мақсади тақвияти хониши кӯдакон таҳия гардидааст.
Хуштар зи китоб дар ҷ аҳон ёре нест, Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гушаи танҳоӣ, Сад роҳат е ҳасту ҳаргиз озоре н ест.
Абдураҳм они Ҷомӣ
«Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад».
ҚҶТ «Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд»
File details come from the government source that posted it. Updated .