Attachment_J.21ABC_Stds_Tajik_Lang_Grade_1.pdf

PDF 2 MB Posted

Attached to
USAID Read With Me project in Tajikistan Federal contract opportunity
Solicitation number
SOL-176-16-000002
Issued by
US Agency for International Development Central Asia Kazakhstan

About this file

Attachment J.21 ABC Standards for Tajik Language Grade 1

View the file

Other files for this federal contract opportunity

Other files attached to USAID Read With Me project in Tajikistan, newest first.
File Type Posted
Attachment_J.15_Mother_Tongue_Content.pdf PDF
Attachment_J.19_Standards_Tajik_Lang_Grade_3.pdf PDF
Attachment_J.16_Mother_Tongue_Competencies.pdf PDF
Attachment_J.13_QRP_TJ_-_Cohort_4_schools.xlsx XLSX spreadsheet
Attachment_J.20_Pilot_Stds_Tajik_Lang_Grade_4.pdf PDF
Attachment_J.18_Standards_Tajik_Lang_Grade_2.pdf PDF
Attachment_J.10_MIADSurveySchools.pdf PDF
RFP_SOL-176-16-000002-01.pdf PDF
Attachment_J.5_Budget_Template.xlsx XLSX spreadsheet
Attachment_J.14_QRP_TJ_Target_schools.xlsx XLSX spreadsheet
Attachment_J.12_QRP_Control_Schools_TJ.xlsx XLSX spreadsheet
Attachment_J.11_MIAD_Schools.xlsx XLSX spreadsheet
Attachment_J.17_Standards_Tajik_Lang_Grade_1.pdf PDF
Attachment_J.8_TJ_Local_Compensation_Plan.xlsx XLSX spreadsheet
Attachment_J.7_Marking_Plan_Template.doc DOC document
Attachment_J.6_Branding_Plan_Template.doc DOC document
SOL-176-16-000002-_Tajikistan_Basic_Education_Read_with_Me.pdf PDF
Attachment_J.4_-_IEE.pdf PDF
Attachment_J.9_Reference_Links.docx DOCX document
Attachment_J.5_Budget_Template.xlsx XLSX spreadsheet
Show all 20

On GovTribe

Work with this file on GovTribe

  • Download the original file
  • Contacts named in this file
  • Similar government files
  • Ask GovTribe AI about this file

Text version

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СТАНДАРТИ

ФАННИ «АЛИФБО»

барои синфи 1

ББК

УДК

Бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз __________ тасдиқ гардидааст.

Дастрасӣ ва таъмини омӯзгорон ба стандарт ва барномаи таълим.

Ҳар як омӯзгори синфи ибтидоӣ бояд як нусхаии ҳуҷҷати мазкурро дошта бошад. Стандарт ва барномаи фанни “Алифбо” тавассути сохтор ва сарчашмаҳои зерин паҳн ва дастраси ҳамагон карда мешаванд:

− нусхаи электронӣ дар шаклҳои PDF ё EPUB дар сомонаи Вазорати маориф ва илм (http://maorif.tj);

− нусхаи электронӣ аз идора ва шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо;

− нусхаи чопӣ дар шакли китобчаҳои алоҳида аз идора ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо;

− салоҳиятҳо ва нишондиҳандаҳои онҳо дар плакатҳои махсус ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз чоп ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод мегарданд.

Агар шумо смартфон ё планшет дошта бошед, метавонед ҳуҷҷати мазкурро дар шакли электронӣ истифода баред.

http://maorif.tj/

Мундариҷа Муқаддима

Стандарти фанни “Алифбо” барои синфи якум

I. Мазмун ва мундариҷаи стандарти фанни “Алифбо”

1.1. Мафҳумҳои асосии фанни “Алифбо”

1.2. Заминаи меъёрии ҳуқуқии стандарти фанни “Алифбо” дар синфи якум

1.3. Соҳаи истифодаи стандарти фанни “Алифбо” дар синфи якум

1.4. Принсипҳои асосии стандарти фанни “Алифбо”

1.5. Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Алифбо”

II. Салоҳиятҳои фанни “Алифбо” барои синфи якум

2.1. Салоҳиятҳои гуфтану гӯш кардан ва хондану навиштан

2.2. Баҳодиҳии салоҳиятҳои хондану навиштан ва гӯш кардану гуфтан

2.3. Салоҳиятҳои тарбиявӣ

2.4. Нишондиҳандаҳои хислатҳо

2.5. Салоҳиятнокии омӯзгорон

III. Ташкили раванди таълими салоҳиятнокӣ аз фанни “Алифбо” барои синфи якум

3.1. Ба хусусиятҳои фардии хонанда диққат додан

3.2. Асосҳои таълими самаранок

3.3. Ташаккули малакаҳои фикрронии дараҷаи баланд

3.4. Алоқаи байнифаннӣ

3.5. Стратегияҳои таълими фанни «Алифбо» дар синфи якум

3.5.1. Таълими малакаҳои гӯш кардану гуфтан

3.5.2. Омӯзиши луғат

3.5.3. Таълими хониши равон ва бурро

3.5.4. Таълими хониши бошуурона

3.5.5. Таълими малакаи навиштан

IV. Арзёбӣ

4.1. Арзёбии салоҳиятҳои хондан

4.2. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи салоҳиятҳои хондан

4.2.1. Санҷидани шинохти ҳарфҳо

4.2.2. Санҷидани хониши калимаҳои шинос

4.2.3. Ба тарзи хониши хонандагон гӯш додан

4.3. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии салоҳиятҳои хондан ............. Error! Bookmark not defined.4

4.3.1.Санҷидани суръати хониш

4.4. Арзёбии салоҳиятҳои навиштан

4.4.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи салоҳиятҳои навиштан.. Error! Bookmark not defined.5

4.4.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии навиштан

4.5. Арзёбии салоҳиятҳои гӯш кардан

4.5.1.Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи гӯш кардан

4.5.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии салоҳиятҳои гӯш кардан

4.6. Арзёбии салоҳиятҳои гуфтан

4.6.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи салоҳиятҳои гуфтан

4.6.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии салоҳиятҳои гуфтан

БАРНОМАИ ТАЪЛИМИ ФАННИ «АЛИФБО» БАРОИ СИНФИ ЯКУМ

Нақшаи корӣ аз фанни “Алифбо”

Фасли I. Марҳилаи таълими савод ва инкишофи нутқ

1. Давраи тоалифбо − 20 соат

§ 1. Салом, мактаб! − 2 соат

§ 2. «Алифбо»-китоби аввалини мо. Шиносоӣ бовоситаҳои хатнависӣ−2 соат

§ 3. Мактаб хонаи дуюми мост! Шиносоӣ бо рахҳои дафтар −2 соат

§ 4. Бо қоидаҳои хондан ва навиштан шинос мешавем − 2 соат

§ 5. Зинда бош, эй Ватан! Ҷумла. Хатҳои рости хурд − 2 соат

§ 6. Тоҷикистон воҳаҳои босафо дорадбазеб. Ҷумла. Хатҳои рости калон − 2 соат

§ 7. Мо ҳам қаҳрамон мешавем! Хатҳои чангакшакл − 2 соат

§ 8 Китобҳои шавқовар. Калима. Хатҳои думчадор − 2 соат

§ 9. Дар олами афсона. Ҳиҷо. Хатҳои думчадор− 2 соат

§ 10. Ин садои чист? Садо ва овоз. Овозҳои садонок ва ҳамсадо. Хатҳои доирашакл− 2 соат

Фасли 2. «Давраи алифбо» 130 соат

§ 1. Овоз ва ҳарфи Оо− 2 соат

§ 2. Овоз ва ҳарфи Аа − 2 соат

§ 3. Овоз ва ҳарфи Лл - 2 cоат

§ 4. Овоз ва ҳарфи Нн − 4 соат

§ 5. Овоз ва ҳарфи Мм − 4 соат

§ 6. Овоз ва ҳарфи Рр − 4 соат

§ 7. Овоз ва ҳарфи Шш − 4 соат

§ 8. Овоз ва ҳарфи Хх - 4 соат

§ 9. Овоз ва ҳарфи Уу - 4 соат

§ 10. Овоз ва ҳарфи Ӯӯ - 4 соат

§ 11. Овоз ва ҳарфи Сс - 4 соат

§ 12. Овоз ва ҳарфи Зз - 4 соат

§ 13. Овоз ва ҳарфи Ии - 4 соат

§ 14. Овоз ва ҳарфи Кк - 4 соат

§ 15. Овоз ва ҳарфи Вв - 4 соат

§ 16. Овоз ва ҳарфи Дд - 4 соат

§ 17 . Овоз ва ҳарфи Гг - 4 соат

§ 18. Овоз ва ҳарфи Пп - 4 соат

§ 19. Арзёбии донишҳои хонандагон- 2 соат

§ 20. Овоз ва ҳарфи Тт - 4 соат

§ 21. Овоз ва ҳарфи Бб - 4 соат

§ 22. Овоз ва ҳарфи Ее - 4 соат

§ 23. Овоз ва ҳарфи Фф - 2 соат

§ 24. Овоз ва ҳарфи Ғғ - 4 соат

§ 25. Овоз ва ҳарфи Ққ - 4 соат

§ 26. Овоз ва ҳарфи Чч - 4 соат

§ 27. Овоз ва ҳарфи Ҷҷ - 4 соат

§ 28. Овоз ва ҳарфи Ээ - 2 соат

§ 29. Овоз ва ҳарфи ӣ - 2 соат

§ 30. Овоз ва ҳарфи Ҳҳ - 4 соат

§ 31. Овоз ва ҳарфи Йй -2 соат

§ 32. Овоз ва ҳарфи Ёё - 4 соат

§ 33. Овоз ва ҳарфи Яя - 4 соат

§ 34. Овоз ва ҳарфи Юю - 4 соат

§ 35. Овоз ва ҳарфи Жж - 4 соат

§ 36. Овоз ва ҳарфи ъ - 2 соат

§ 37. Ҷамъбаст ва натиҷагирии давраи алифбо -2 соат

III. ДАВРАИ БАЪДИАЛИФБО (20 соат)

§ 1. Матни «Фирӯз» -2 соат

§ 2. «Ман «Алифбо» мехонам» -1 соат

§ 3. «Китоби хоно»-1 соат

§ 4. «Афлесун ва себ»-2 соат

§ 5. «Муаллим» -2 соат

§ 6. «Мӯри боҳиммат»-2 соат

§ 7. «Модарам» -2 соат

§ 8. «Парчами Тоҷикистон» -2 соат

§ 9. «Мӯрча ва кабӯтар»-2 соат

§ 10. «Зимистон ва Соли нави мелодӣ -2 соат

§ 11. «Гулҳои чаман»-2 соат

Хулоса

Адабиёт

Муқаддима

Соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат эътироф гардида, дар ин самт ҳамасола тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Илова ба бунёди муассисаҳои таълимии нав, таҷдиди инфрасохтор, инчунин ба сифат, мазмуну самарабахшии мундариҷа ва ҷараёни таълим низ таваҷҷуҳи қобили назар зоҳир мегардад. Таҳияи стандарт ва барномаҳои нави таълимӣ метавонанд сатҳу сифати таҳсилоти миёнаи умумиро баланд бардоранд.

Дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф омӯзгорон нақши калидӣ мебозанд.

Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (соли 2015) хеле мушаххас баён гардидааст: “... калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим-омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.

Барои мо – олимон, кормандони соҳаи маориф, мутахассисон ва омӯзгорон ин суханон беҳтарин дастури амаланд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва натиҷабахшии раванди он таҳияи стандартҳои фанниро ба роҳ мондааст, ки Стандарти фанни “Алифбо” барои синфи якум аз ҷумлаи онҳост. Вазорати маориф ва илм натиҷа ва дастовардҳои ислоҳоти соҳаро, ки тайи солҳои охир татбиқ гаштаанд, эътироф карда, дар асоси ба эътибор гирифтани таҷрибаи ҷаҳонӣ стандарт ва барномаҳои навро ҳамчун як ҷузъи таркибии ислоҳоти пурраи мундариҷаи таҳсилот таҳия намудааст.

Стандарти фанни “Алифбо” барои синфи якум ҷузъи таркибии силсилаи стандартҳои фанни “Забони модарӣ” дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ аст. Стандарти мазкур дар асоси салоҳият таҳия шуда, талаботи Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумиро ба эътибор мегирад.

Сохтор ва услуби пешниҳоди стандарт тарзе интихоб шудааст, ки паҳлуҳои гуногуни раванди таълими “Алифбо”-ро дар синфи якум фаро мегирад ва ба ин васила фаъолияти омӯзгорро дар ҷараёни банақшагирӣ ва таълиму арзёбӣ осон мегардонад.

Тавре ки таҷрибаи байналмилалӣ ва шароити кунунии Тоҷикистон нишон медиҳад, вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарогирии ҳар чӣ бештари воситаҳои иттилоот (интернет, телевизион ва ғайра) имрӯз танҳо бо дониш мусаллаҳ будан кифоя набуда, дар амал истифодаи донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи иҷтимоишавии ҷавонон ва дастёбӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ба шумор меравад. Ин нуктаи муҳим санги маҳаки стандарти мазкурро ташкил медиҳад.

Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, амалигардонӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию бунёдкориро дошта бошанд. Онҳо бояд шахсони бомаърифати аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ устувор ва кордоне бошанд, ки роҳҳои дастрас кардани ахбор (маълумот)-ро тавассути воситаҳои гуногун интихоб намуда, онро таҳлилу таркиб ва арзёбӣ намуда,масъалаҳои мураккаби олами атрофро дарк кунанд, мушкилиҳои гуногуни таълимию ҳаётиро пешгӯйӣ ва ҳал карда тавонанд, масъулияти худро дар назди оила, аҳли ҷомеа ва кишвар дарк намоянд. Тавре ҳамагон медонанд, барои ташаккули ин сифатҳо маҳз дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.

Барои ноил гаштан ба ин вазифаҳо Вазорати маориф ва илм низоми нави таълимро дар амал татбиқ менамояд, ки он ба ташаккули рушди салоҳиятнокии хонандагон дар истифодаи амалии дониш, малака ва маҳорат мусоидат хоҳад кард.

Натиҷаҳои салоҳиятнокии хонандагон тавассути низоми миллии арзёбӣ санҷида шуда, натиҷаҳои он барои дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим истифода мешавад.

Стандарти мазкур мазмуну мундариҷа, салоҳиятҳо, нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ ва воситаҳои арзёбиро муайян мекунад. Бо татбиқи низоми нави таълим натиҷаҳои таълимии хонанда (салоҳиятнокии ӯ) мақсади асосии санҷишу назорати сифати таҳсилот мегардад.

Бо татбиқи стандартҳои нав на танҳо малакаву маҳорати касбии омӯзгор, балки натиҷаи таълимии хонандагон низ ҳамчун нишондиҳандаи самаранокии раванди таълим шинохта мешавад. Дар низоми нави таълим масъулиятнокии омӯзгорон барои беҳтар гаштани натиҷаҳои таълимии хонандагон ба маротиб зиёд мегардад.

Дар ҷараёни татбиқи маҷмӯи стандартҳо ва барномаҳои фаннӣ омӯзгор шахси калидӣ аст. Аз ин рӯ, самаранокии татбиқи стандартҳои нав ва ҷараёнҳои ислоҳот маҳз ба дарки масъулият, ташаббусу эҷодкорӣ ва маҳорату малакаи омӯзгорон вобаста мебошад.

Масъулияти омӯзгор дар ин ҷараён хеле зиёд буда, ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирад:

− ба роҳ мондани таълим дар асоси стандартҳои нав ва барномаи фан;

− муҳокимаи масъалаҳои умдатарини татбиқи ислоҳот бо ҳамкорон;

− муҳокимаи мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар ҳамкорӣ бо мудирияти муассисаи таълимӣ ва идораву шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия;

− таҳияи маводи иловагии таълимӣ ва истифодаи онҳо дар раванди таълим бо ҳамкорон.

Табиист, ки дар марҳалаи ибтидоӣ масъалаҳои зиёд пайдо мегарданд, ки ба истифодаи стандартҳо, барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии нав алоқаманданд. Аммо мо бовар дорем, ки батадриҷ, бо роҳи фароҳам сохтани имкониятҳои хуби иштирок дар марҳалаи татбиқи ин ислоҳот дар сатҳи мамлакат омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ пурра омода хоҳанд шуд.

Вазорати маориф ва илм ҳамаи омӯзгорон, сарварони муассисаҳои таълимӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои маориф ва тамоми кормандони соҳаи маорифи ҷумҳуриро барои татбиқи ислоҳоти мазкур, ки самаранокӣ ва сифати таълимро барои хонандагон – фарзандони мо таъмин мекунад, даъват менамояд.

Стандарти фанни “Алифбо” барои синфи якум

I. Мазмун ва мундариҷаи стандарти фанни “Алифбо” барои синфи якум

1.1. Мафҳумҳои асосии стандарти фанни “Алифбо”

Арзёбӣ – ҷараёни ҷамъоварии маълумот барои баҳодиҳӣ. Навъ ва воситаҳои гуногуни ташкили ҷараёни арзёбӣ вуҷуд доранд. Он барои муайян кардани дараҷаи дастовардҳои таълимии хонандагон имкон медиҳад. Маълумоте, ки тавассути арзёбӣ ҷамъ оварда мешавад ҳам ба шахсони алоҳида ва ҳам ба муассисаҳои соҳа зарур аст.

Маълумоти аз арзёбӣ ба даст омадаро ба тарзи мухталиф ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ, шахсони алоҳида, волидон, хонандагон ва омӯзгорон истифода бурда метавонанд.

Баҳодиҳӣ–ҷараёни натиҷагирӣ оид ба дараҷаи мувофиқати дониш, салоҳият, малака ва маҳорати хонанда ба талаботи муқарраркардаи стандарти фаннӣ. Баҳодиҳӣ имкон медиҳад, ки дараҷаи азхудкунии салоҳиятҳо муайян карда шавад.

Дидактика – соҳаи илми педагогика, ки ба омӯхтани асосҳои назариявии таҳсилот, муайян намудани қонуният, принсипҳои таълим, мазмуни таҳсилот, шаклу усули таълим ва назорати раванди таълим машғул аст.

Иттиҳодияи методӣ – яке аз шаклҳои ташкили кори методӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадам ва такмили ихтисоси муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.

Кори лоиҳавӣ – машғулияти мустақилонаи гурӯҳи хонандагон буда, берун аз дарс таҳия карда мешавад. Он дар асоси маълумот ва донишу малакаи ҳосилкардаи хонандагон дар марҳилаи муайяни таълим гузаронида мешавад.

Лавҳи дарсхона – «тахтаи синф»; лавҳ –ҳар чизи сатҳаш паҳни сангӣ, чӯбӣ ва филизӣ ва ғайра, ки ба рӯйи он хат менависанд ё нақшу нигор мекашанд.

Мақсади таълим– банақшагирии пешакии натиҷаҳоифаъолияти таълим, натиҷаҳои чашмдошт.

Малака – қудрат ва тавоноӣ дар иҷрои коре, ки дар натиҷаи машқу тамрин дар табиати инсон пайдо мешавад.

Маҳорат – фаъолияте, ки дар инсон дар натиҷаи таълим ва такрори бисёркарата ҳосил шуда, баъд ба раванди бошуурона табдил меёбад ва инсон минбаъд ҳар як кори худро дониста иҷро мекунад; моҳирӣ, устодӣ, забардастӣ, ҳунармандӣва ғайра маҳорат аст.

Машқ – фаъолияти пай дар пайбарои ба даст овардани малака, маҳорат ва салоҳият Метод (юн. methodos-роҳ, тapз, усул, восита, назария, таълимот) - усули назариявӣ ва амалии донистани воқеият; маҷмӯи амалиёт; ташкили бонизоми фаъолияти одамон дар ҳалли масъалаҳои гузошташуда аст.

Меъёр – нишонае, ки дар асоси он баҳодиҳӣ, муайянкунӣ ё таснифи чизе анҷом дода мешавад.

Нақшаи таълим – ҳуҷҷатест, ки омӯзиши фанҳои таълимӣва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд.

Низоми таълими ба ташаккули шахсияти хонанда нигаронидашуда – низоми таълиме, ки дар он қобилияти фардӣ ва таҷрибаи қаблии хонанда ҳамчун меҳвар (тири асосӣ) барои омӯзиши минбаъда заминаи асосӣ нигаронидашудааст.

Нишондиҳанда –нишодиҳандаҳо маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳое мебошанд, ки аз ноил шудан ба салоҳиятҳо дарак медиҳанд.

Портфолио – аз калимаи итолиёӣ, маънояш ҳуҷҷатҳо, ҳуҷҷатҳои мутахассис аст.

Портфолиои хонанда – ҷамъоварии мақсадноки корҳои хонанда, ки саъйу кӯшиши ӯро ҳангоми иҷрои корҳо, пешрафт ва дастовардҳои (муваффақиятҳо)-и ӯро аз рӯи як ё якчанд фан нишон медиҳанд.

Принсип – қоидаҳои асосии таълим, ки мазмун, шаклҳои ташкилӣ ва усули таълимро дар алоқамандӣ бо мақсадҳои умумии тарбия ва меъёрҳои раванди таълим муайян менамояд.

Раванди таълим – раванди мaқcaднок ва муташаккилонаи ҳосил намудани дониш, маҳорат ва малакаҳост.

Роҳнамои фаннӣ барои татбиқи стандартҳо – роҳнамои омӯзгор оид ба татбиқи стандартҳо маводи иловагии методӣ мебошад. Он тавсияҳо ва намунаҳоро оид ба тарзи ташкили ҷараёни таълим фаро гирифта, ба омӯзгор дар самти ташаккули салоҳиятнокии хонандагон ёрӣ мерасонад.

Савод – маҳорати кор кардан бо маълумот, аз ҷумла маҳорати иҷрои амалҳои зарурии риёзӣ, дарки иттилоотии маводи чопӣ, адабиёти илмӣ, инчунин маҳорату малакаи навиштан, омӯхтанидониш аз матни шифоҳию хаттӣ.

Саводнокӣ – яке аз нишонаҳои саводнокии шахс. Мувофиқи шарҳи ЮНЕСКО шахсе, ки хондан, навиштан ва мазмуни ягон матни одиро баён карда метавонад, саводнок аст.

Салоҳият – маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде, ки ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешаванд.

Стандарти фаннӣ – санадест, ки дар он меъёри дониш, малака, маҳорати хонандагон, мазмуну муҳтавои фаннӣ, методикаи таълими фан, роҳу усули самаранок истифода бурдани вақти ба омӯзиши фан ҷудогардида ва талабот ба тарзи санҷиши дониш аз фан ифода гардидааст.

Стратегия – роҳу усули ноил гардидан ба мақсад. Роҳ (усул)-и алтернативӣ (ҷойгузин), интихоб, таҳия ва татбиқи барномаро дар назар дорад.

Таҳлил – яке аз усули таълим, ки тавассути он омӯзгору хонандагон маводи омӯхташавандаро ба қисмҳои асосӣ ҷудо карда, хусусиятҳои ҳар яки онро дар алоҳидагӣ баррасӣ мекунанд.

1.2. Заминаи меъёрии ҳуқуқии стандарти фанни “Алифбо” дар синфи якум Стандарти фанни «Алифбо» барои хонадагони синфи 1 дар асоси Конститутсия

(Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва сархати 6, банди 7-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2014, №145 тасдик шудааст, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таҳия гардида, минбаъд барои расонидани ёрии таълимию методӣ барои омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст.

1.3. Соҳаи истифодаи стандарти фанни “Алифбо”

Доираи татбиқи стандарти фанни “Алифбо”хеле васеъ аст. Истифодабарандагони бевоситаи стандартҳо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ буда, дар марҳалаи банақшагирӣ, таълим ва арзёбии салоҳиятнокии хонандагон онро ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ истифода мебаранд. Инчунин мутахассисони зинаи таҳсилоти ибтидоии муассисаҳои дахлдори соҳаи маориф, ки барои расонидани ёрии таълимию методӣ масъуланд, бобати банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо дар самти расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони зинаи таҳсилоти ибтидоӣ стандарти мазкурро истифода мебаранд.

Стандарти мазкур дар донишгоҳ ва коллеҷҳои омӯзгорӣ ҳамчун ҳуҷҷати асосии муайянкунандаи мундариҷаи барномаи таълимии курси методикаи таълими фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ истифода мешавад.

Донишкада ва марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, махсусан шуъба - кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ омӯзиши стандарти мазкурро дар курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ташкил мекунанд.

Минбаъд арзёбии салоҳиятҳои (дониш, малака ва маҳорати) хонандагони синфи якум дар асоси талаботи стандарти мазкур ба роҳ монда мешавад. Саволу масъалаҳои санҷишии нимсола, солона ва аз синф ба синф гузаронӣ дар асоси салоҳиятҳои дар стандарт ва барномаи таълим муқарраршуда таҳия карда мешаванд.

1.4. Принсипҳои асосии стандарти фанни “Алифбо” барои синфи якум

Стандарти фанни “Алифбо” барои синфи якум дар асоси принсипҳои таълимии зерин таҳия шудааст:

− баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;

− қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

− ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ;

− дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун;

− бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс;

− муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;

− ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ;

− ягонагии фазои маърифатию фарҳангӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ;

− ҷанбаи инсондӯстӣ, демократӣ ва давлатию ҷамъиятии идоракунии соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;

− раванди муттасили таҳсил;

− ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;

− пайдарҳамии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;

− ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот.

− ба қобилияти фардии хонанда диққат додан.Равандитаълим дар асоси дониш, малака ва маҳорати базавӣ (асосӣ)-и хонанда ба роҳ монда шуда, бояд талаботи маърифатии ӯро қонеъ намояд. Қобилияти хонандагон дар иҷрои фаъолиятҳои таълимӣ ва дар заминаи он такмил додани малакаву маҳорати онҳо бояд ба эътибор гирифташавад.

Ҳар як хонанда ба дарс бо дараҷаҳои гуногуни салоҳият меояд. Аз ин лиҳоз, омӯзгор бояд қобилияти муайян кардани сатҳи салоҳиятнокии хонандаро дошта бошад.

Омӯзгор барои ташаккули натиҷаҳои таълими ҳар як хонанда аз лиҳози касбӣ ва ахлоқӣ низ масъул аст.

Таълим ҳамеша самаранок мегардад, агар хонандагон:

o дар заминаи дониш ва малакаи базавиашон таълим гиранд;

o мақсаду вазифаҳои таълимии гузошташударо дарк кунанд ва онҳоро иҷро карда тавонанд;

o раванди азхудкунии маводи таълим барои онҳо шавқовар ва ҷолиб бошад;

o барои азхудкунии маводи нави таълим ё малакаи нав ба хонандагон имконияти мувофиқи машқ кардан дода шавад;

o ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда барои таълим масъул бошанд;

o омӯзгорон усулҳои гуногуни таълимро ба мақсади таҳким ва мустаҳкам гардонидани донишу малакаи нав истифода баранд;

o ба хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои таълимӣ ва ташаккули малака имконияти ҳамкорӣ дода шавад;

o раванди таълим ба “чӣ тавр фикр кардан” равона гардад, на ба “оид ба чӣ фикр кардан”;

o ҳама оид ба ҷиҳатҳои суст ва қавии донишу малакаашон ростқавл бошанд;

o нокомӣ дар ҷараёни таълим ҳамчун қисми таркибии он шинохта шавад.

− ба эътибор гирифтани гуногунзеҳнии хонандагон.Баъзе хонандагон тавассути амалан иҷро намудан кореро аз худ мекунанд ва баъзеи онҳо тавассути мушоҳида дониш мегиранд. Ба баъзеи хонандагон машғулияти серҳаракат, ба дигарон бошад, баръакс, оромӣ барои таълим гирифтан мусоидат мекунад.

Омӯзгор бояд ба ҳама новобаста аз рӯйи хислат баробар диққат диҳад, ёрӣ расонад ва мувофиқи шавқу завқашон фаъолият таҳия намояд.

− ҷанбаи башардӯстӣ доштани раванди таълим.Вазифаи омӯзгор танҳо аз додани дониш ва аз бар кунонидани салоҳиятҳо иборат нест. Ӯ барои фароҳам овардани фазои мусоиди таълим, ҳамкорию ҳамдигарфаҳмӣ низ масъул аст.

− инкишофи арзишҳо. Стандарти мазкур дар баробари салоҳиятҳои таълимӣ инкишофи арзишҳоро ба роҳ мемонад. Ин арзишҳо на танҳо барои аз худ кардани салоҳиятҳои таълимӣ, балки барои тарбияи шаъну шарафи шаҳрвандӣ низ заруранд.

− алоқамандии таълим бо ҳаёт.Стандартҳои нав ташаккули дониш, малакаву маҳоратҳои барои имрӯз ва ояндаи Тоҷикистон заруриро таъмин намуда, таълимро ҳамчун раванди омӯзиш дар тӯли ҳаёт таъкид мекунанд. Низоми нави таълим низ бо мақсади мутобиқ сохтани натиҷаҳои таълим ба талаботи ҳаёт равона мегардад. Яъне дар натиҷаи таълим хонанда дониш, малака ва маҳораташро дар амал барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ истифода мебарад.

− омӯзиш дар тули ҳаёт. Раванди таълим ва инкишоф беохир аст. Шояд барои пурра аз худ кардани баъзе салоҳиятҳо як умр сарф карда шавад ва баъзеашон мумкин аст тамоман аз худ карда нашаванд. Аз ин лиҳоз Низоми таълими салоҳиятнокии хонандагон раванди омӯзишро дар тули ҳаёт тақозо мекунад.

− ташаккули малакаи баланди фикрронӣ.Ҳадафи ниҳоии раванди таълим ташаккули малакаи баланди фикрронӣ мебошад.

− арзёбӣ ба мақсади таълим. Мо бояд мунтазам натиҷаҳои таълимии хонандагонро арзёбӣ намоем, то тавонем усули таълимро тағйир дода, раванди онро самараноктар гардонем.

1.5. Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Алифбо”

Стандарти мазкур ба мақсади татбиқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 таҳия шудааст.

Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Алифбо” дар синфи якум:

− муайян ва муқаррар кардани маҷмӯи салоҳият (меъёри дониш, малака ва маҳорат)-и хонандагони синфи якум аз саводомӯзӣ;

− ба низом даровардани мазмун, мундариҷа ва раванди банақшагирӣ, таълим ва арзёбии фанни “Алифбо”;

− муқаррар намудани доираи мавзӯъҳои бобҳои таълими фанни “Алифбо” мувофиқи талаботи забономӯзӣ ва мувофиқат ба инкишофи синну солии хонандагони синфи якум.

− мазмун, мундариҷа ва фаъолиятҳои таълим барои аз ташаккули салоҳиятнокии равонашуда, байни онҳо робитаи мустаҳкам барқарор гардонида шавад;

− бояд малакаҳои гуногуни фаннӣ ба таври мушаххас ва фарогир пешниҳод гардад. Нишондиҳандаҳои азхудкунии ҳар як салоҳият оварда мешаванд;

− бо вуҷуди фаро гирифтани самтҳои гуногуни таълими фанни “Алифбо”, стандарти мазкур фаъолияти эҷодии омӯзгорро маҳдуд накарда, бояд ӯро барои дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим ҳидоят намояд;

− мазмуну мундариҷа ва миқдори салоҳиятҳо бояд мувофиқи сарбории фан, ки нақшаи таълим муқаррар кардааст, пешниҳод гарданд.

Фанни «Алифбо» барои синфи 1 дар нақшаи таълими асосӣ ҳамчун фанни ҳатмии таълим дар таркиби маҷмуи фанҳои «Филологӣ» ҷойгир шуда, ҳаҷми сарбориихонандагон дар давоми соли таҳсили зинаи ибтидоӣ 170 соатро ташкил медиҳад:

Синф Миқдори ҳафтаҳои соли таҳсил

Миқдори соатҳои ҳафтаина

Миқдори соатҳо дар давоми соли таҳсил

1 17 10 170

Таълими савод заминаи асосии рушди маърифатии шахс ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин давра хонандагон тавассути омӯхтани хондану навиштан қадамҳои аввалро барои саводнок шудан мегузоранд. Сатҳи саводнокӣ дар ин марҳала дар рушду нумӯи маърифатӣ, хештаншиносӣ, ҷаҳонбинӣ ва иҷтимоишавии хонанда нақши асосиромебозад.

Марҳилаи таълими савод ва инкишофи нутқ маҳаки асосии таълим дар мактаб аст.

Самаранокии тамоми ҷараёни таълими синфҳои ибтидоӣ аз дуруст ба роҳ мондани таълими ин марҳала вобаста аст. Зеро дар ин марҳала хонанда барои дарёфти дониш, малака ва маҳорату салоҳиятҳои ҳаётӣ қадамҳои аввалин мегузорад.

Марҳилаи таълими савод ба се давра тақсим мешавад:

1) Давраи тоалифбо (омодагӣ)

2) Давраи алифбо

3) Давраи баъди алифбо

Давраи тоалифбо (омодагӣ) Мазмуни давраи тоалифбо аз унсурҳои зерин иборат аст:

− Шиносоии хонандагон бо мактаб, дарсхона ва ҳамсинфон, шиносоӣ бо қоидаҳои рафтор дар дарсхона ва мактаб.

− Хонандагон бо ашёи хониш шинос мешаванд ва бо онҳо эҳтиёткорона муносибат карданро меомӯзанд.

− Дар баробари ин хонандагон бо китоб ва тарзи истифодаи он, ашёи хатнависӣ, тарзи доштани ручка, гузоштани дафтарро меомӯзанд. Рахҳои дафтар (калон ва хурд)-ро фарқ мекунанд.

− Хонандагон дар ин давра бо унсурҳои нутқ шинос шуда, бо нақшаи ҷумла, калима, ҳиҷо ва овозҳо амалан кор мебаранд. Ба садо ва овозҳои гуногун тақлид мекунанд.

− Унсурҳои асосии ҳарф (хурд, калон, рост, давра, нимдавра, моил, боло, поён, ҳаҷм ва васлшавии ҳарфро дар рахи дафтар машқ мекунанд.

− Тавассути суҳбат аз рӯйи расмҳо захираи луғавии худро ғанӣ гардонда, бо забони адабӣ сухан карданро меомӯзанд.

Давраи алифбо

Давраи алифбо омӯзиши ҳарфҳои алифбои забони тоҷикӣ: хурду калон, чопӣ ва дастнависро пешниҳод мекунад. Хонандагон баробари омӯзиши овозу ҳарфҳо овозҳои садонок ва ҳамсадоро фарқ мекунанд. Омӯзиши ҳарфҳо тавассути методи таҳлили овозӣ ва ҳарфӣ сурат мегирад. Таълими алифбо дар аввал хониши дурусту равони ҳиҷоии калимаҳо, батадриҷ гузаштан ба хониши калимаҳои бутун ва хониши матнҳои хурдро талаб мекунад.

Дар баробари хондан талабагон маҳорати васл кардани ҳарфҳо бо ҳамдигар, ҷудо навиштани калимаҳои ҷумла, рӯйнависи калима ва ҷумлаҳоро аз рӯйи намуна машқ мекунанд. Аз нимаи дуюми омӯзиши алифбо сар карда, хонандагон дар аввали ҷумлаҳо ва номи одамону лақаби ҳайвонҳо навиштани ҳарфи калон ва дар охири ҷумла гузоштани аломати китобатро меомӯзанд. Ҳиссаи калимаҳоро ба сатри дигар мегузаронанд. Аз рӯйи расм суҳбатҳо карда, оид ба ҳарфҳо чистону тезгӯякҳо ва шеърҳои хурдро аз ёд мекунанд.

Давраи баъди алифбо Асоси давраи баъди алифборо хониши равон, шууронаи ҳикоя, афсона, шеър, чистон, машқи навиштани калимаву ҷумлаҳои хурд ташкил медиҳад. Хонандагон аз рӯйи расм ва мазмуни китоб ба саволҳо ҷавоб доданро меомӯзанд. Бо ёрии омӯзгор симоҳои матнро муайян карда, ба гуфтор ва рафтори онҳо баҳо медиҳанд. Дар аввали ҷумла, номи одамон, лақаби ҳайвонот, номи деҳаҳо ва шаҳрҳо ҳарфи калон навиштанро меомӯзанд. Ба саволҳои Кӣ? Чӣ? Чӣ кор мекунад? Чӣ хел? ҷавоб дода, калимаро ба ҳиҷоҳо ҷудо мекунанд.

II. Салоҳиятҳои фанни “Алифбо” Ин фасли стандарти фанни “Алифбо” барои синфи якум хеле муҳим аст. Дар фасли мазкур салоҳиятҳои фани “Алифбо” мувофиқи самтҳои таълим оварда мешаванд.

Салоҳиятҳои ҳамаи фанҳо дорои хусусиятҳои зеринанд:

- аз рӯйи принсипи аз сода ба мураккаб тартиб дода шудаанд. Омӯзгорон метавонанд салоҳиятҳои синфи баъдинаро мушоҳида карда, мутаносибан раванди таълимро аз оғоз то анҷом ба нақша гиранд. Ин муносибати спиралӣ (морпеч)-и татбиқи барномаи таълим мебошад, яъне салоҳиятҳое, ки дар як синф муаррифӣ шудаанд, дар синфҳои минбаъда такмил дода мешаванд. Дар сатҳи ҳар як синф талабот ба салоҳиятнокӣ мураккабтар мегардад.

- мувофиқи самтҳои асосии таълим гурӯҳбандӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз, тартиби пешниҳоди салоҳиятҳо (малака ва маҳоратҳо) ба тартиби маводи китобҳои дарсӣ мувофиқат мекунад.

- хусусияти арзёбӣ дошта, мушоҳида мешаванд ва азхудкунии салоҳиятҳо тавассути нишондиҳандаҳо муайян мегарданд.

- дар таҳияи салоҳиятҳо усули спиралӣ истифода шудааст, яъне омӯзгор барои хонандагон имконияти салоҳиятнок шуданро фароҳам оварда, дар сатҳи синфҳои мибаъда ба хонанда имконияти ташаккули бештар дода мешавад. Ҳамин тавр, хонанда дараҷаи баландтари салоҳиянокиро аз худ карда, ташаккул медиҳад.

2.1. Салоҳиятҳои гуфтану гӯш кардан ва хондану навиштан, Марҳалаи таълими савод Салоҳиятҳои хондан А) Унсурҳои одитарини матнро мешиносад ва истифода мебарад.

Б)Миқдори хеле ками усулҳоро истифода бурда, матнҳои шиноси ҳаҷман хурдро мехонад.

В)Мазмуни ҷумлаҳои содаро, ки калимаҳои шинос (ном, номи ашё ва амалҳои шинос) доранд дарк мекунад.

Г) Хондан ва навиштанро қадр карда, матнҳои хеле хурди содаро мехонад ва менависад.

Салоҳиятҳои навиштан А) Қоидаҳои одитарини хат (навиштан)-ро дар асоси намунаҳо риоя карда, саросема нашуда менависад.

Б) Фикр(ақида, андеша)-и худро дар қолаби ҷумлаҳои кӯтоҳ менависад.

Салҳоҳиятҳои гӯш кардан А) Қоидаҳои одитарини гӯш карданро дар доираи маҳдуди вазъиятҳо риоя мекунад.

Б) Мазмуни сода ва мақсади асосии навъҳои маъмули нутқи шифоҳии ба синну сол мувофиқро муайян мекунад.

Ҳамгироии салоҳиятҳои гуфтану гӯш кардан А) Имконияти баробари гӯш кардану гуфтанро дар шаклҳои хеле содаи нутқи шифоҳӣ истифода мебарад.

Салоҳиятҳои гуфтан А) Дар вазъиятҳои маҳдуд қоидаҳои одитарини сухангӯӣ (маданияти нутқ)-ро риоя мекунад.

Б) Саволҳои одӣ медиҳад ва дар вазъиятҳои маҳдуд дастурҳои одитарин (шифоҳӣ) дода метавонад.

В) Фикру мулоҳизаҳои одиро ба мақсадҳои маҳдуд дар шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ баён мекунад.

2.2. Баҳодиҳии салоҳиятҳои хондану навиштан ва гӯш кардану гуфтан

Синфи 1 Марҳилаи таълими савод ва инкишофи нутқ Хондан

Унсурҳои одитарини матнро мешиносад ва истифода мебарад.

Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:

− муқова, сарварақ ва мундариҷаи китобро нишон диҳад;

− қоидаҳои самти хонданро (аз чап ба рост, аз боло ба поён, аз сатр ба сатри дигар гузаштан) ва саҳифагардонии китобро нишон диҳад;

− ҳарфҳои чопӣ, дастнавис, хурду калонро фарқ кардатавонанд;

− ҳарфро аз овоз фарқ кунад;

− ҳарф, калима, ҷумларо фарқ карда тавонанд;

− мақсади истифодаи ҳарфи калон ва аломатҳои китобатро шарҳ диҳад;

− дарк намояд, ки матн мазмуни муайяни мантиқӣ дорад.

Миқдори хеле ками усулҳоро истифода бурда, матнҳои шиноси ҳаҷман хурдро мехонад.

Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:

− аз ду то чор фонемаро алоқаманд карда,калиматартиб диҳад (масалан, д/а/с/т – даст; л/о/н/а – лона);

− калимаҳои содаи як-дуҳиҷодорро яклухт хонда тавонанд;

− калимаҳои серҳиҷоро ҳиҷоӣ хонда тавонанд;

− ҳангоми хондан мазмун ва калимаҳоро пешгӯйӣ карда тавонанд;

− якҷоя бо аҳли синф ҳамовоз китоб хонад ва якҷоя хонданро машқ кунад;

− ҳангоми хондан нақши расмро барои пурра кардани мазмуни матн шарҳ диҳад;

− навиштаи худ ва расмҳои калимадорро хонад ва нақли кӯтоҳ кунад;

− бо суръати мувофиқ хонда, мазмуни матнро дарк кунад.

Мазмуни ҷумлаҳои содаро, ки калимаҳои шинос (ном, номи ашё ва амалҳои шинос) доранд, дарк мекунад.

Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:

− мазмуни матни содаро бо суханони худ нақл кунад;

− доир ба мазмуни матнҳо ба саволҳои хеле сода ҷавоб гардонад;

− симо (ҳо) ва ашёи матни хеле хурдро муайян созад;

− гуфтору рафтори симоҳои матнҳои хеле хурдро муайян кунад;

− монанди мазмуни ҷумла аз ҳаёт мисол орад.

Хондан ва навиштанро қадр карда, матнҳои хеле хурди содаро мехонад ва менависад.

− мувофиқи хоҳиш дар хондани якҷояи навъҳои гуногуни матн, ба монанди шеър, қофияҳо, пандҳо, ҳикояҳо, рӯйихатҳо, мактубҳо, даъватномаҳо, дастурамалҳо, эълонҳо, намоишҳо, муҳокимаҳо, ҷавобҳо, хулосаҳо иштирок кунад;

− оид ба матнҳои хондааш суҳбат карда, тавассути расмҳои сода муносибати худро баён кунад

− аз рӯйи майлу хоҳиш ва шавқу ҳавас хонад;

− мунтазам ҳарфҳои омӯхтаашро дар воситаҳои гуногун (лавҳаҳо, гӯшаҳо, таблиғотҳо

(реклама) ҷустуҷӯ кунад ва хонад;

− мустақилона берун аз доираи дарсҳо ҳарф, калима ва ҷумлаҳоро нависад;

− аз ҳарф ва ҳиҷоҳои бурида калима тартиб дода тавонад.

Навиштан Қоидаҳои оддитарини хат (навиштан)-ро дар асоси намунаҳо риоя карда, саросема нашуда менависад.

Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:

− қалам/ручкаро дуруст дорад;

− дафтарро дар ҷойи мувофиқ гузорад;

− ҳарфҳоро ба андоза ва баландӣ дуруст нависад;

− ҳарфҳои хурду калонро дуруст нависад;

− ҳангоми навиштан моилии шакли ҳарфро риоя кунад (ба рост таҳти кунҷи 65°);

− қоидаи васлшавии ҳарфҳоро риоя кунад;

− ҳангоми навиштан масофаи байни калимаҳоро риоя кунад;

− аз рӯйи намуна калима ва ҷумлаҳои чопиро бо шакли дастӣнависад;

− баъзе калимаҳоро бе овардани намуна нависад.

Фикр (ақида, андеша)-и худро дар қолаби ҷумлаҳои кӯтоҳ менависад.

− ному насаби худ ва дигар ашёро бе овардани намуна нависад;

− ҷумлаҳоеро, ки худаш эҷод карда, ба омӯзгор гуфтааст, (ва омӯзгор онро навиштааст) руйбардор кунад.

Гӯш кардан Қоидаҳои одитарини гӯш карданро дар доираи маҳдуди вазъиятҳо риоя мекунад.

Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:

− овозҳои забони тоҷикиро аз садоҳои дигар фарқ кунад;

− овозҳоро дар аввал, мобайн ва охири калимаҳои як ва дуҳиҷодор ҷудо кунад;

− калимаҳои содаи маъмулро ба тарзи навишт мувофиқ гузошта тавонанд;

− калимаҳои содаи шиносро навишта тавонанд;

− шеър, чистон, тезгӯякҳоро дуруст такрор кунад;

− суханони омӯзгор ва ҳамсинфонро бодиққат гӯш кунад;

− вобаста ба вазъият пастиву баландӣ ва оҳанги овозашро идора кунад;

− суханони ҳамсуҳбатро бодиққат гӯш карда, ҷавоби мувофиқ диҳад.

Мазмуни сода ва мақсади асосии навъҳои маъмули нутқи шифоҳии ба синну сол мувофиқро муайян мекунад.

Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:

− дастурҳои шифоҳии як-дуамаларо иҷро кунад;

− саволҳои сода фикр карда, ба чунин саволҳо ҷавоб дода тавонанд;

− мазмуни нақли матни/ҳикояи содаи гӯш кардаашро бозгӯйӣ кунад.

Гуфтану гӯш кардан Имконияти баробари гӯш кардану гуфтанро дар шаклҳои хеле содаи нутқи шифоҳӣ истифода мебарад.

Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:

− ба мақсадҳои гуногун (пурсидан, нақли ҳикоя, тасвири ҳодисаҳо ва ғайра) суҳбат кунад;

− хоҳиш кунад, ки ҳикояро ба ӯ хонанд, ё нақл кунанд;

− хоҳиш кунад, ки нақли ӯро гӯш кунанд;

− барои беҳтар шудани нутқи дигарон тавсияҳои содаи шифоҳӣ диҳад (услуби нутқ, тарзи шеърхонӣ ва ғайра);

− гӯяндаро бо мароқ гӯш кунад;

− шеър, чистон ва тезгӯякҳои ба синну сол мувофиқро дар аксари ҳолатҳо дуруст аз ёд гӯяд.

Гуфтан Дар вазъиятҳои маҳдуд қоидаҳои одитарини сухангӯӣ (маданияти нутқ)-ро риоя мекунад.

Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:

− овозҳои маъмули забони тоҷикиро дуруст талаффуз кунад;

− ҳангоми гуфтор калимаҳоро тибқи қоидаҳои забони тоҷикӣ баён кунад;

− ибора ва ҷумлаҳои шифоҳиро дар қолаби дурусти синтаксисӣ (наҳвӣ)-и забони тоҷикӣ баён кунад;

− калимаҳои маъмулро бамавқеъ истифода барад;

− оҳанги муносиби гуфторро дар вазъиятҳои маҳдуд риоя кунад;

− аксар вақт оҳанг ва суръати мувофиқро риоя кунад;

− калимаҳои маъмулро дуруст талаффуз кунад;

− мувофиқи вазъият андозаро нигаҳ дорад;

− дар суҳбатҳо бонавбат сухан гӯяд;

− ҳангоми муошират дар синф, мактаб ва берун аз ондигаронро эҳтиром кунад;

− наҳаросида, бо боварӣ сухан гӯяд.

Саволҳои одӣ медиҳад ва дар вазъиятҳои маҳдуд дастурҳои одитарин (шифоҳӣ) дода метавонад.

Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:

− барои аниқ кардани мазмун ва қонеъ кардани ҳисси кунҷкобии худ ба омӯзгор ва ҳамсинфон саволҳои одии навъи «Кӣ?», «Чӣ?» «Кай?» «Дар куҷо?» диҳад;

− оид ба тартиби иҷрои амалҳо (бозиҳо) дастури одӣ дода тавонад.

Фикру мулоҳизаҳои одиро ба мақсадҳои маҳдуд дар шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ баён мекунад.

Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:

− хусусиятҳои одӣ (шакл, ранг, андоза, миқдор)-и ашёро тасвир ва муқоиса карда тавонанд;

− дар бораи расмҳо ё ҳикояҳо ба саволҳо ҷавоб дода тавонанд;

− ба ҳамсинфон дар бораи ашёи дӯстдоштааш (бозичаҳо, бозиҳо, ҳайвонҳои хонагӣ) саволу ҷавоб кунад;

− дар бораи ашёҳои дӯстдоштааш, ба монанди бозичаҳо ё ҳайвоноти хонагӣ ба ҳамсинфон нақл кунад;

− симоҳои ҳикояву афсонаҳои гӯш карда, дида ва ба ӯ хондашударо муҳокима кунад;

− дар бораи таҷрибаи худ суҳбат кунад;

− симоҳои афсона ё ҳикояҳоеро ба ӯ нақл кардаанд, ё хондаанд, дар нақши бозӣ кунад;

− дар бораи расми кашидааш, ё матни хондааш ба дигарон нақл кунад;

− дар бораи китобҳо ва афсонаҳои дӯстдоштааш нақл кунад;

− дар тартиб додани қоидаҳои талабагӣ дар синф иштирок ва риоя кунад.

2.3.Салоҳиятҳои тарбиявӣ Таълиму тарбия дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ. Азбаски хонандагон қобилиятҳои гуногун доранд, мо бояд пешрафти хонандаро берун аз салоҳиятҳои фаннӣ низ эътироф намоем. Кӯшишу ғайрат ҳам бо низоми 6 (10, 20, 100) балла баҳогузорӣ карда мешавад.

Барои қайди муносибати хонанда ба омӯзиш корти ҳисоботи хонанда истифода карда мешавад, ки қисмҳои зеринро дарбар мегирад.

Дар омӯзиши ҳар фан хислатҳои зерин нақши асосиро мебозанд.

Худро идора карда тавонистан м о б Мунтазам одатан баъзан

Мустақилиятнишонмедиҳад Интизориҳои баланд дорад Барои таваккал кардан омода аст Тобовар аст Муносибат бо дигарон Аҳамият медиҳад Таҳаммулпазир аст Ҳамкорӣ менамояд Иштирок ва саҳмгузорӣ Эътимод нишон медиҳад Масъулиятро ба дӯш мегирад Фаъол аст Мақсаднок ба коре ҷалб мегардад Андешаронӣ Фикрронии дараҷаи баланд дорад Эҷодкор аст

2.4. Нишондиҳандаҳои хислатҳо

Дар ҷадвали зер нишондиҳандаҳое оварда шудаанд, ки хонандагони болаёқатро тавсиф менамояд. Ин нишондиҳандаҳо то андозаи муайяне хусусияти инфиродӣ доранд.

Ҳангоми арзёбӣ омӯзгор нишондиҳандаҳои зеринро ба эътибор мегирад.

Хислат Нишондиҳанда ( муайянкунанда) – Хонанда Худро идора намудан Мустақилият нишон додан

Бе ёрии дигарон кор мекунад ва агар ёрӣ лозим шавад, пеш аз кӯмак пурсидан барои ҳалли ҳама гуна мушкилӣ аввал худ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ба таваккал (дар омӯзиш) кардан омода аст.

Зарурати таҷриба намудани ашёро эътироф менамояд, ҳарчанд он қисман ба нокомӣ ё танқид мебарад. Аммо ин хавфҳохавфҳои асосноке бошанд, ки ба бехатариишахсӣ мушкилӣ эҷод накунанд.

Тобовар аст Бо вуҷудимушкилот, ноумеднамешавад ва кӯшиш мекунад, кивазифаҳоро ба анҷом расонад.

Бовиҷдон аст Арзишҳои худро ҳамеша, новобаста аз вазъият ҳифз менамояд.

Арзишҳо инҳоянд:

− дар амалҳояш ростқавл аст;

− меҳрубонӣ зоҳир мекунад;

− адолатро риоя мекунад;

− ҳақгӯст;

− дар рафтору амал масъулиятшинос аст;

− дар амалҳояш шаффофиро риоя мекунад (ба истиснои ҳолатҳои номутобиқ);

− дар сахтиҳо далерӣ нишон медиҳад;

− фарҳанги худ ва дигаронро эҳтиром мекунад.

Муносибат бо дигарон Аҳамият медиҳад Вақте бо дигарон кор мекунад ба ниёзҳои онҳо аҳамият медиҳад (масалан дигаронро гӯш мекунад, сухани онҳоро намебурад).

Таҳамалпазир аст Ақидава фарҳанги шахсонигуногунроқабулмекунад. (Ин маънои онро надорад, ки мо аз ин сӯиистифодакунем).

Ҳамкорӣ менамояд Хамкорӣ мекунад, ба дигарон барои саҳмгузоштандар иҷрои супоришҳо имконмедиҳад.

Иштирок ва саҳмгузорӣ Эътимод нишон медиҳад

Ҳангоми пурсиш ақидаашро иброз медорад ва барои иҷрои супориш на ҳамеша аз дигаронмеҷӯяд.

Масъулиятро ба дӯш мегирад

Ҳангоми иҷрои фаъолиятҳо оқибатҳои онро базиммамегирад.

Агараз ӯ хоҳиш кунанд, масъулиятро ба дӯш мегирад.

Фаъол аст Ғайрифаъол нест, баръакс кӯшиш мекунад саҳми худро гузорад.

Мақсаднок ба коре ҷалб мегардад

Пеш аз ҳар гуна фаъолият мақсаде мегузорад, ки ба ҳалли вазифаи додашуда марбут аст.

Андешаронӣ Фикрронии дараҷаи баланд

Барои анҷом додани вазифаҳо малакаҳои фикрронии баландро истифода мебарад .

Эҷодкор аст Фикрҳои тоза пешниҳод мекунад.

2.5. Салоҳиятнокии омӯзгорон

Барои татбиқи стандарт ва барномаи нави фанни “Алифбо” омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд дониш, малака ва маҳорати зеринро дошта бошад:

− назария ва принсипҳои низоми таълими салоҳиятнокиро донад ва ҷанбаҳои татбиқи амалии онро дар раванди таълим шарҳ дода тавонанд;

− тарзи банақшагирӣ ва арзёбии салоҳиятнокии хонандагонро донад ва ҳангоми раванди таълим истифода барад;

− усулҳои таълимие, ки барои ташаккули салоҳиятнокии хонанда мусоидат мекунанд, донад ва усули мувофиқро интихоб карда тавонанд;

− усул ва воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро барои муайян кардани сатҳи азхудкунии салоҳиятҳо истифода бурда тавонанд;

− натиҷаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро ба мақсади қабули қарори мувофиқ истифода бурда тавонанд;

− роҳу воситаҳои самараноки ба хонандагон барои салоҳиятнок шудан ёрӣ расониданро донад ва дар раванди таълим истифода барад.

III. Ташкили раванди таълими салоҳиятнокӣ аз фанни “Алифбо” Аксари низомҳои таълими анъанавӣ ба азхудкунии мавзӯъ нигаронида шудаанд, яъне омӯзгорон хонандагонро ба аз худ кардани мавзӯъ ва азёд кардани маълумот водор менамоянд. Чунин муносибат ба таълим дар гузашта мутобиқ буд, аммо дар замони ҳозира, ки андозаи дониш босуръат зиёд мегардад, дар раванди таълим диққати асосӣ бояд ба ташаккули малакаҳои омӯзишии хонандагон равона гардад, то онҳо тавонанд дониши зарурӣ ва маълумоти мушаххасро интихоб ва истифода баранд. Дар стандартҳои фанни “Алифбо” ба истифодаи дуруст ва моҳиронаи забони тоҷикӣ ба мақсади муошират ва ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим диққати махсус дода мешавад.

Акнун барои омӯзгорон “Хонандагон чиро меомӯзанд?” ва “Чӣ тавр меомӯзанд?” аз “Ба хонандагон чиҳоро меомӯзонанд?” муҳимтар аст. Барои баъзеҳо омӯзондан ва омӯхтан (аз худ кардан) як маъно дорад, аммо бояд дар хотир дошт, ки агар омӯзгор нодуруст дарс диҳад, ҳатто дар ҳолати дарси зиёд додан ҳам, азхудкунӣ наметавонад самарабахш бошад Дар низоми таълим ва арзёбии салоҳиятнокӣ ба дониш, малака ва маҳоратҳои воқеии хонандагон диққати махсус дода мешавад. Салоҳиятҳо фаъолиятҳоеро, ки хонандагон дар натиҷаи омӯхтан аз худ мекунанд, нишон медиҳанд.

Барои муайян кардани он ки оё хонанда салоҳиятҳоро аз худ кардааст ё не, барои ҳар салоҳият нишондиҳандаҳои он оварда мешавад. Нишодиҳандаҳо маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳое мебошанд, ки аз ноил шудан ба салоҳиятҳо дарак медиҳанд. Онҳо ба Шумо имкони мушоҳида ва арзёбӣ карданро фароҳам оварда, нишон медиҳанд, ки то кадом андоза хонанда салоҳиятро аз худ кардааст. Тартиб додани рӯйхати пурраи нишондиҳандаҳо барои баъзе салоҳиятҳо имконнопазир аст, шояд шумораи онҳо ба садҳо нишондиҳанда расад ва микдори онҳо вобаста ба нуктаи оғози инкишофи салоҳиятнокӣ ва вобаста ба сатҳи синф фарқ кунад.

Дар гузашта самтҳои гуногуни раванди таълим (таҳия ва татбиқи нақшаи тақвим) бештар назорат ва мушоҳида карда мешуд. Акнун натиҷаҳои таълимии хонандагон ва раванди омӯзиши онҳо бештар назорат карда мешаванд. Аз байн бурдани навъҳои дигари назорат дар ҳолате амалӣ мегардад, ки агар:

1) муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон самаранок ба низоми таълими салоҳиятнокии хонандагон гузаранд.

2) тартиби ҷамъоварии маълумоти дуруст, ки дараҷаи азхудкунии салоҳиятҳоро нишон медиҳад, ба роҳ монда шавад.

Ба омӯзгорон озодии бештар дода, ҳамзамон масъулияти онҳо барои беҳтар шудани дастовардҳои таълимии хонандагон зиёд мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки арзёбии салоҳиятҳо қисми асосии ислоҳот маҳсуб меёбад.

Акнун барои омӯзгор танҳо донистани мундариҷаи фан кифоя нест. Омӯзгорон бояд дар асоси таҷриба, омӯзиши методикаи таълим, азхудкунии назарияи таълим ва маълумот оид ба ҳар як хонандаи синф барои инкишоф додани салоҳиятҳои онҳо ва таъмини пешравӣ ҷараёни таълимро ба роҳ монанд.

3.1. Ба хусусиятҳои фардии хонанда диққат додан

Стандарту барномаҳои нави таълим ташаккули натиҷаҳои таълимии ҳамаи хонандагонро новобаста аз қобилият ва вазъи иҷтимоӣ дастгирӣ менамоянд. Стандарт ва барномаи мазкур ақидае, ки тибқи онба ҳамаи хонандагон талаботи ягона гузошта мешавад дастгирӣ намекунад. Он ақидаеро дастгирӣ менамояд, ки дар он ҳар як хонанда дорои маҷмӯи таҷрибаи мушаххас, инчунин дараҷаҳои гуногуни салоҳият аст. Омӯзгорон барои ташаккули натиҷаҳои таълими ҳар як хонанда аз лиҳози касбӣ ва ахлоқӣ масъуланд.

Самаранокии таълим тавассути ташаккули натиҷаҳои таълимии тамоми аҳли синф муайян карда мешавад, на дастовардҳои таълимии якчанд хонанда. Барои амалӣ сохтани мақсади мазкур омӯзгорон бояд тарзи муайян намудани сатҳи дониши мавҷудаи хонанда ва сатҳи ниҳоии азхудкунии салоҳиятҳои ҳар як хонандаро истифода бурда тавонанд.

3.2. Асосҳои таълими самаранок

Таълим ҳамеша самаранок мегардад, агар хонандагон:

− дар заминаи дониш ва малакаи базавиашон инкишоф ёбанд;

− мақсади вазифаҳои таълимии гузошташударо дарк кунанд;

− мақсади таълим барои хонандагон фаҳмо бошад;

− вазифаҳои таълим мувфоқи қобилияти хонандагон таҳия шаванд;

− раванди азхудкунии маводи таълим барои хонандагон шавқовар ва ҷолиб бошад;

− барои азхудкунии маводи нави таълим ё малакаи нав ба хонандагон имконияти мувофиқи машқ кардан дода шавад;

− омӯзгорон усулҳои гуногуни таълимро ба мақсади таҳким ва мустаҳкам гардонидани донишу малакаи нав истифода баранд;

− ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда барои таълим масъулият дошта бошанд;

− омӯзгорон усулҳои гуногунро ба мақсади такрор ва дар хотир нигоҳ доштани донишу малака истифода баранд;

− ба хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои таълимӣ ва ташаккули малака имконияти ҳамкорӣ кардан диҳанд;

− раванди таълим ба “чӣ тавр фикр кардан” равона гардад, на ба “оид ба чӣ фикр кардан”;

− ҳама оид ба ҳаҷми донишу малакаашон ростқавл бошанд;

− нокомӣҳамчун қисми таркибии ҷараёни таълим шинохта шавад;

− омӯзгор раванди омӯзишро дарк кунад ва донад, ки таълим чӣ тавр бояд ба роҳ монда шавад ва онро доимо назорат кунад.

3.3. Ташаккули малакаҳои фикрронии дараҷаи баланд

Дар низоми анъанавии таълим диққати асосӣ ба бозгӯйии дониш равона гардида, ба дарку таҳлили он вақти кам ҷудо мешуд.

Низоми нави таълим диққати асосиро ба ташаккули фикрронии дараҷаи баланд, равона мекунад.

Мо дараҷабандии қобилиятҳои маърифатиро дар диаграммаи зерин мушоҳида карда метавонем.

Фикронии дараҷаи баланд тафаккурро пурра фаро мегирад, ки аз инҳо иборатанд:

− таҳияи ақида дар асоси унсурҳои санҷидашуда ва боваринок, арзёбӣ ва ҷавоб додан ба ақидаҳои дигарон;

− санҷидани ақидаҳо ё вазъиятҳо аз нигоҳи гуногун, аз ҷумла таҳлили назарҳои фарҳангҳои мухталиф;

− таҳқиқи омилҳо ва ақидаҳо ба мақсади дарёфти хулосаи мувофиқ;

− истифодаи усулҳои мухталифи тахайюлотӣ барои ҳалли масъалаҳо, махсусан масъалаҳои ношинос ва мураккаб;

− таҳия ва пурсидани саволҳои мантиқӣ ва таҳлилӣ;

− муайян намудани мавзӯъҳо ё ҳодисаҳо ва алоқаманд намудани донишҳои фаннӣ.1 эҷод кардан арзёбӣ кардан

Таҳлил кардан истифода кардан фаҳмидан Дар хотир гирифтан

Оид ба фикрронии дараҷаи баланд якчанд нуктаро бояд дар хотир гирифт:

1. Бо вуҷуди барои хонандагон муҳим будани малакаҳои фикрронии дараҷаи баланд арзёбӣ ва санҷиши ин малакаҳо хеле мушкил аст. Аз ин лиҳоз, системаи арзёбии мо бояд пурра тағйир ёбад.

2. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки малакаи дараҷаи баланди фикрронӣ маънои дар хотир нигоҳ доштани маълумотро надорад. Мақсади асосӣ таҳқиқи амиқи маълумот аст.

3.4. Алоқаи байнифаннӣ

Ҳудудҳое, ки байни фанҳои синфҳои ибтидоӣ эҷод шудаанд, қисмансунъӣ буда, вале барои ташкили ҷараёни таълим заруранд. Дар асл шахс, дар ҳолате ки агар якчанд фанро дар як замон омӯзад таълими босифат мегирад. Бо назардошти ин ва фоидае, ки аз истифодаи алоқамандии фанҳо ба даст меояд (асосан алоқаи байнифаннӣ ном бурда мешавад) Вазорати маориф ва илм онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Дар асл ҳангоми таълими ҳамагуна мавзӯъ мо ҳамеша якчанд салоҳияти фанҳои мухталифро ташаккул медиҳем. Омӯзгори соҳибтаҷриба инро дарк карда, кӯшиш мекунад, ки мавзӯъҳоеро фаро гирад, ки салоҳиятҳои якчанд фанро дар як вақт машқ ва ташаккул диҳанд. Аммо чунин шакли таълим мавзӯъ ва усули мухталифи банақшагириро тақозо мекунад.

3.5. Стратегияҳои таълими «Алифбо»

3.5.1. Таълими малакаҳои гӯш кардану гуфтан

Гӯш кардан яке аз малакаҳои муҳимми шахс мебошад. Қобилияти хуб гӯш кардан ба дарк кардани ахбори шунида ва муошират бо дигарон таъсири калон мерасонад. Шахс ба мақсадҳои гуногун сухан, нақл ва дигар хелҳои матни шифоҳиро гӯш мекунад. Масалан:

1) Гӯш кардани ахбор;

2) Дарки маънӣ;

3) Завқ бурдан (суруд, мусиқӣ, шеър ва ғайра);

4) Омӯхтан.

Таҳқиқоти гуногун нишон медиҳанд, ки шахс аз 25 то 50 фоизи гӯш кардаашро дар хотир мегирад2. Аз ин лиҳоз, ташаккул додани малакаи гӯш кардан ба хонандагон имконият медиҳад, ки маълумотро пурра дарк кунанд ва дараҷаи азхудкунии маводи таълимро баланд бардоранд. Бо ташаккул додани малакаи гӯш кардан хонандагон метавонанд сатҳи маҳсулнокии омӯзишашонро баланд бардошта, инчунин қобилияти таъсир расондан, водор намудан ва ба созиш омаданро такмил диҳанд. Зиёда аз ин малакаи хуби гӯш кардан имконият медиҳад, ки нофаҳмӣ ва низоъ байни гӯянда ва шунаванда аз байн бурда шавад.

Барои ташаккули малакаи мазкур хонандагон бояд қоидаҳои умумии гӯш карданро донанд ва риоя кунанд:

1) Ба суханони гӯянда диққат додан, яъне:

− ҳангоми суҳбат ба гӯянда нигоҳ кардан;

− фикрҳое, ки гӯш карданро халал мерасонанд ба як тараф гузоштан;

− ҳангоми гӯш кардан хаёлан ихтилоф омода накардан;

− омилҳое, ки ҷараёни гӯш карданро халал мерасонанд, ба монанди садоҳои атроф, гуфтугӯи дигарон аҳамият надодан;

− ба имову ишораи гӯянда диққат додан.

2 http://www.mindtools.com/CommSkll/ActiveListening.htm

2) Дар ҳақиқат гӯш карданро нишон додан, яъне:

− истифода бурдани воситаҳои ғайринутқӣ (имову ишора) барои ба гӯянда равона намудани диққат;

− ҳар сари вақт сар ҷунбондан;

− табассум кардан ва истифодаи имои мувофиқ;

− қоматро рост ва кушода нигоҳ доштан;

− барои идома додани суҳбат ба суханони гӯянда эзоҳи хурд пешниҳод кардан, ба монанди ҳа, наход ва амсоли ин.

3) Ҷавоби мувофиқ додан.

Фаъолона гӯш кардан эҳтиром ва дарк кардани масъаларо мефаҳмонад. Шахси шунаванда ахбор ва ақидаҳои навро қабул мекунад. Агар шунаванда ҳангоми суҳбат нияти ба гӯянда ҳамла кардан, ё ӯро таҳқир кардан дошта бошад, он гоҳ аз ин суҳбат чизе намегирад.

− Дар ҷавоб додан дақиқ ва одил будан;

− Ақидаро эҳтиромона пешниҳод кардан;

− Ба шахси мусоҳиб муносибати мувофиқ нишон додан.

3.5.2. Омӯзиши луғат

Дониши луғавӣ маънои захираи калимаҳое, ки тавассути он шахс ба таври самаранок муошират мекунад, дорад. Захираи луғавӣ аз ду самт: захираи луғавии нутқи шифоҳӣ ва нутқи хаттӣ иборат аст. Захираи луғавии нутқи шифоҳӣ маҷмӯи калимаҳое мебошад, ки шахс ҳангоми гуфтан истифода мебарад ва ҳангоми шунидан дарк мекунад. Захираи луғавии нутқи хаттӣ маҷмӯи калимаҳое мебошад, ки шахс ҳангоми хондани матн дарк мекунад, ё ҳангоми навиштан истифода мебарад3.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дониши (захираи) луғавӣ дар омӯхтани малакаи хондан нақши муҳим дорад. Масалан, хонандае, ки акнун малакаи хонданро аз худ мекунад, ҳангоми хондани калимаҳои матн онҳоро ба калимаҳои шунидааш (дониши заминавӣ) алоқаманд намуда, маънои онҳоро дарк мекунад. Масалан, ҳангоми хондани калимаи нон хонанда аввал овозҳои калимаро муайян карда онро мехонад ва онро бо дониши луғавии шифоҳиаш муқоиса карда, маънии онро муайян менамояд. Хонанда калимаи мазкурро хеле зиёд шунидааст ва дар нутқи шифоҳӣ истифода бурдааст. Ин тартиб бо калимаҳое, ки ба хонандагон шиносанд, осон ба роҳ монда мешавад. Аммо калимаҳое, ки ба хонандагон ношиносанд (эҳтимол, хонандагон ин калимаҳоро ягон маротиба дар нутқи шифоҳӣ истифода набурда ё нашунида бошанд) мураккабтар аст.

Ба омӯхтани луғат дар шароити Тоҷикистон бояд диққати махсус дода шавад, зеро:

− танҳо 10 фоизи кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд;

− на ҳамаи волидон бо фарзандонашон оид ба мавзӯъҳои гуногун суҳбат мекунанд;

− шумораи ками волидон ба фарзандонашон китоб мехонанд;

− захираи луғавии хонандагон хеле маҳдуд аст. Танҳо доираи маҳдуди мавзӯъҳоро фаро мегирад.

Қобили қайд аст, ки ақидаҳои “дар китобҳо калимаҳои мушкил ва нофаҳмо истифода мешаванд”, “хонандагон маънои матнро намефаҳманд, зеро калимаҳо мушкиланд” ва

3Аз Put the Reading First. Kidergarten Through Grade 3. National Institute for Literacy//Teaching Literacy, Unified Curriculum for Teacher Training in South Sudan// иқтибос ва мутобиқ гардонида…

This is the start of the file's text. The full file is on GovTribe.

File details come from the government source that posted it. Updated .