Attachment_J.20_Pilot_Stds_Tajik_Lang_Grade_4.pdf
PDF 3 MB Posted
- Attached to
- USAID Read With Me project in Tajikistan Federal contract opportunity
- Solicitation number
- SOL-176-16-000002
About this file
Attachment J.20 Pilot Standards for Tajik Language Grade 4
View the file
Other files for this federal contract opportunity
Show all 20
On GovTribe
Work with this file on GovTribe
- Download the original file
- Contacts named in this file
- Similar government files
- Ask GovTribe AI about this file
Text version
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
СТАНДАРТИ
ФАННИ «ЗАБОНИ МОДАРӢ»
Барои синфи 4
ББК
УДК
Бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз __________ тасдиқ гардидааст.
Дастрасӣ ва таъмини омӯзгорон ба стандарт ва барномаи таълим.
Ҳар як омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд як нусхаи ҳуҷҷати мазкурро дошта бошад. Стандарт ва барномаи фанни “Забони модарӣ” барои синфи чорум тавассути сохтор ва сарчашмаҳои зерин паҳн ва дастраси ҳамагон карда мешаванд:
− нусхаи электронӣ дар шаклҳои PDF ё EPUB дар сомонаи Вазорати маориф ва илм (http://maorif.tj);
− нусхаи электронӣ аз идора ва шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо;
− нусхаи чопӣ дар шакли китобчаҳои алоҳида аз идора ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо;
− салоҳиятҳо ва нишондиҳандаҳои онҳо дар плакатҳои махсус ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз чоп ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод мегарданд.
Агар шумо смартфон ё планшет дошта бошед, метавонед ҳуҷҷати мазкурро дар шакли электронӣ истифода баред.
http://maorif.tj/
МУНДАРИҶА
МУҚАДДИМА 8
СТАНДАРТИ ФАННИ “ЗАБОНИ МОДАРӢ” БАРОИ СИНФИ ЧОРУМ 10
I. МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ СТАНДАРТИ ФАННИ “ЗАБОНИ МОДАРӢ” БАРОИ СИНФИ
ЧОРУМ 10
1.1. Мафҳумҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи чорум 10
1.2. Заминаи меъёрии ҳуқуқии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи чорум 12
1.3. Соҳаи истифодаи стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи чорум 12
1.4. Принсипҳои асосии стандарти фанни “забони модарӣ” барои синфи чорум 12
1.5. Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи чорум 14
II. САЛОҲИЯТҲОИ ФАННИ “ЗАБОНИ МОДАРӢ” БАРОИ СИНФИ ЧОРУМ 15
2.1. Салоҳиятҳои хондан, навиштан, гуфтану шунидан 16
2.2. Баҳодиҳии салоҳиятҳои хондан, навиштан, шунидан ва гуфтан 17
2.3. Салоҳиятҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ 21
2.4. Нишондиҳандаҳои хислатҳо 21
2.5. Салоҳиятнокии омӯзгорон 23
III. ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМИ САЛОҲИЯТНОКӢ АЗ ФАННИ “ЗАБОНИ МОДАРӢ” БАРОИ
СИНФИ ЧОРУМ 23
3.1.Ба хусусиятҳои фардии хонанда диққат додан 24
3.2. Принсипҳои таълими самаранок 24
3.3. Ташаккули малакаҳои фикрононии дараҷаи баланд 25
3.4. Алоқамандии байнифаннӣ 26
3.5. Стратегияҳои таълими фанни «Забони модарӣ» барои синфи чорум 26
3.5.1. Таълими малакаҳои гӯш кардану гуфтан 26
3.5.2. Таълими луғат 27
3.5.3. Таълими хониши равон ва бурро 29
3.5.4. Таълими хониши бошуурона 31
3.5.5. Таълими малакаи навиштан 37
IV. АРЗЁБӢ 41
4.1. Арзёбӣ ва баҳодиҳии салоҳиятҳои хондан 41
4.2. Воситаҳои арзёбии ташаккулидиҳандаи малакаҳои хондан 41
4.2.1. Санҷидани хондани калимаҳои шинос 41
4.2.2. Ба тарзи хондани хонандагон гӯш додан 41
4.2.3. Саволҳо барои санҷидани дарки маънии матни хонда 42
4.3. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии малакаҳои хондан 42
5.3.1. Санҷидани суръати хониш 42
4.3.2. Санҷиши дарки маънӣ 43
4.4. Арзёбӣ ва баҳодиҳии малакаи навиштан 43
4.4.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи навиштан 43
4.4.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии навиштан 45
4.5. Арзёбӣ ва баҳодиҳии малакаи шунидан 46
4.5.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи малакаи шунидан 46
4.5.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии шунидан 47
4.6. Арзёбӣ ва баҳодиҳии салоҳиятҳои гуфтан 47
4.6.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи салоҳиятҳои шунидан 47
4.6.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии салоҳиятҳои гуфтан 47
БАРНОМАИ ФАННИ «ЗАБОНИ МОДАРӢ» БАРОИ СИНФИ ЧОРУМ 49
БОБИ 1. САЛОМ, МАКТАБ! (12 соат) 50 §1. Дарси сулҳ-2 соат 50 §2. Китоби «Забони модарӣ»-и мо-2 соат 51 §3. Таътили тобистона чӣ тавр гузашт? -2 соат 52 §4. Биёед, эй рафиқон дарс хонем! (2 соат) 54 §5. Дарси арзёбии салоҳиятнокии хонандагон дар аввали соли таҳсил-4 соат 56
БОБИ 2. ВАТАН САР МЕШАВАД … (22 СОАТ) 61
§1. Ватан сар мешавад аз гоҳвора-2 соат 61 §2. Ёди ватан-2 соат 63 §3. Чаро Тоҷикистонро соҳибистқлол мегӯем?-2 соат 65 §4. Нақли хаттӣ навиштанро ёд мегирем!-2 соат 67 §5. Шаҳри азизу дилбарам - (2 соат) 69 §6. Шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон-2 соат 70 §7. Сайру саёҳат ба шаҳру ноҳияҳои дигар-2 соат 73 §8. Суруди Ваҳдат-2 соат 76 §9. Низоъ бадбахтӣ меораду дӯстӣ - муъҷиза-2 соат 78 §10. Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест(муҳокимаи хониши беруназсинфӣ)-2 соат 80 §11. Имлои санҷишӣ-1 соат 83 §12 Дарси ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз боби дуюм-1 соат 83
БОБИ 3. ЗАБОНИ МОДАРИИ МО (34 СОАТ) 85
§1. Ташаккур, бар ту бодо, устодам! -2 соат 85 §2. Васфи забони тоҷикӣ-2 соат 86 §3. Забонгумкарда -2 соат 88 §4. Ҷашни меҳргон-2 соат 89 §5. Нақли хаттӣ навиштанро ёд мегирем!-2 соат 92 §6. Ширин асту талх аст он-2 соат 92 §7. Сухани хуш морро аз хонааш берун барорад-2 соат 93 §8. Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст!-2 соат 96 §9. Сухан дониста гӯй!-2 соат 98 §10. Таъриф ва дурӯғ-2 соат 100 §11.Одоби сухан гуфтану сухан шунидан-4 соат 102 §12. Васфи тирамоҳ аз нигоҳи шоир-2 соат 108 §13. Нависанда тирамоҳро чӣ гуна тасвир мекунад?-2 соат 110 §14. Тирамоҳ кай оғоз меёбад ва чаро баргҳо зард мешаванд?-2 соат 112 §15. Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст! (хониши беруназсинфӣ)-2 соат 114 §16. Нақли хатии санҷишӣ-1 соат 114 §17. Дарси ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз боби сеюм-1 соат 115 БОБИ 4. Фарҳанги мо (34 СОАТ) 116 §1. Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек-2 соат 116 §2. Эҳтироми падару модар ва калонсолон-2 соат 118 §3. Зодрӯз, муборак!-2 соат 120 §4. Марҳамат, меҳмон шавед!-2 соат 121
§5. Ҳар касеро баҳри коре зодаанд…-2 соат 123 §6. Ҳунарҳои мардумӣ-2 соат 125 §7. Шуғли дӯстдошта-2 соат 127 §8. Иншо навиштанро ёд мегирем! -2 соат 127 §9. Мо ва оинаи нилгун - 2 соат 128 §10. Варзиши ниёгон-2 соат 130 §11. «Шашмақом» чист?-2 соат 131 §12. Биё, ба осорхона биравем!-2 соат 133 §13. Театр-2 соат 135 §14. Китобхона-2 соат 137 §15. Муаррифии корҳои лоиҳавӣ-2 соат 139 §16. Имлои санҷишӣ-1 соат 139 §17 Дарси ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз боби чорум-1 соат 140 §18. Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст! (хониши беруназсинфӣ)-2 соат 140
БОБИ 5. ДӮСТӢ (16 СОАТ) 140
§1. Дӯстони ҷонӣ, нонӣ, забонӣ-2 соат 140 §2. Дӯстони ҷонӣ-2 соат 142 §3. Дӯстон оинаи якдигаранд -2 соат 143 §4. Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст(2 соат) 145 §5. Дӯстро кас дар сафар бояд шинохт!-2 соат 147 §6. Агар дӯстат туро нафаҳмад...-2 соат 149 §7. Иншо навиштанро ёд мегирем!-2 соат 150 §8. Кори лоиҳавӣ-2 соат 151 БОБИ 6. Зимистони нуқрарез- 18 соат 152 §1. Васфи зимистон да эҷодиёти шоир-2 соат 152 §2. Манзараҳои зимистон аз нигоҳи нависанда-2 соат 153 §3. Чаро зимистон мешавад? - 2 соат 154 §4. Ҷашни Сада - 2 соат 156 §5. Шӯхиҳои зимистона-2 соат 158 §6. Муҳокимаи китобҳои хонда -2 соат 159 §7. Дарси арзёбии салоҳиятнокии хонандагон дар нимсолаи аввали соли таҳсил-4 соат 160 §8. Соли нави мелодӣ-2 соат 161
НИМСОЛАИ 2 162
БОБИ 6. МО ҲАМ, ҚАҲРАМОН МЕШАВЕМ!- 32СОАТ 162
§1. Таътили зимистона чӣ тавр гузашт?-2 соат 162 §2. Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст-2 соат 163 §3. Чӣ хел машҳур шавем?-2 соат 163 §4. Китоби аввалини Садриддин чӣ ном дошт?-2 соат 165 §5. «Тоҷикон» дар бораи чист?-2 соат 168 §6. Дарахти дӯстӣ биншон...-2 соат 169 §7. Нусратулло дар овони кӯдакӣ чӣ мехонд? (2 соат) 171 §8. Шириншоҳи зирак-2 соат 173 §9. Нақли хаттӣ навиштанро ёд мегирем!-2 соат 174 §10. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ-2 соат 175 §11. Абулқосим Фирдавсӣ (2 соат) 177
§12. Табиб, олим ва шоири тавоно-2 соат 178 §13. Гурдофарид ва Зебуннисо-2 соат 180 §14. Орзуи Малика -2 соат 181 §15. Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест (муҳокимаи китобҳои хонда) -2 соат 183 §16. Имлои санҷишӣ-1 соат 183 §17. Дарси ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз боби 6-1 соат 184
БОБИ 8. ҚАДАМИ НЕКИ БАҲОР (28 СОАТ) 184
§1. Баҳор омад! Баҳор омад!-2 соат 184 §2. Чӣ манзараи зебо! -2 соат 185 §3. Мо китоб менависем! -2 соат 187 §4. Чаро раъду барқ мешавад, жола меборад ва рангинкамон мебарояд?-2 соат 188 §5. Чаро борон наборид?-2 соат 190 §6. Модари меҳрубони ман!-2 соат 192 §7. Дӯстрӯякони модар-2 соат 193 §8. Нақли хаттӣ навиштанро ёд мегирем! (2 соат) 194 §9. Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!- 2 соат 195 §10. Дастархони наврӯзӣ-2 соат 196 §11. Гулгардонӣ -2 соат 198 §12. Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз-2 соат 200 §13. Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст! (Муҳокимаи китобҳои хонда)-2 соат 200 §14. Нақли хатии санҷишӣ (1 соат) 201 §15. Дарси ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз боби шашум-1 соат 201 Боби 9. МО ВА ДУНЁ (16 соат) 202 §1. Мо ва мардумони ҷаҳон-2 соат 202 §2. Варзиш- қосиди сулҳ- 2 соат 203 §3. Ҳамдилиюҳамзабонӣ-2 соат 204 §4. Аҳамияти забономӯзӣ-2 соат 206 §5. Намунаи адабиёти ҷаҳонӣ. Расул Ғамзатов “Сайёди бекалла”-2 соат 207 §6. Намунаи адабиёти ҷаҳонӣ. Шарл Перро «Кулоҳсурхак»-2 соат 209 §7. Намуни адабиёти ҷаҳонӣ. “Моҳии заррин”(қиссаи мардуми Ҳиндустон)-2 соат 211 §8. Иншо навиштанро ёд мегирем!-2 соат 213 Боби 10. РАҲМУ ШАФҚАТ (18 соат) 214 §1. Раҳму шафқат чист? -2 соат 214 §2. Орзуҳои ширин-2 соат 215 §3. Мардӣ набувад фитодаро пой задан-2 соат 217 §4. Ҳайвонҳо ҳам раҳму шафқат доранд?-2 соат 219 §5. Макун, коре, ки оқибат орад пушаймонӣ-2 соат 221 §6. Муносибати мо ба табиат-2 соат 222 §7. Кори лоиҳавӣ-2 соат 224 §8. Имлои санҷишӣ – 1 соат 225 §9. Дарси ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз боби 10-1 соат 225 §10. Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст (Муҳокимаи китобҳои хонда)-2 соат 226
БОБИ 11. БУЗУРГИИ ИНСОН (40 СОАТ) 227
§1. Дониш талабу бузургӣ омӯз-2 соат 227 §2. «Донишнома»-ҳо 2 соат 228
§3. Муъҷизаҳои офаридаи инсон: «Аҳромҳои Миср»-2 соат 230 §4. Муъҷизаҳои офаридаи инсон: «Тоҷмаҳал»-2 соат 230 §5. Муъҷизаҳои офаридаи инсон: «Девори бузурги Чин»-2 соат 231 §6. Иншо навиштанро ёд мегирем! (2 соат) 232 §7. Ақл ё қувваи бозу?-2 соат 233 §8. Ақлу тамиз - роҳи наҷот аз фалокат-2 соат 234 §9. Ақлу хирад васитаи пешгирӣ аз тарс-2 соат 235 §10. Одамон чӣ тавр кори худро осон мекунанд?-2 соат 236 §11. Дастовардҳои илму техника. Аз “Гилеми паррон” то фатҳи коинот-2 соат 238 §12. Роботҳо – одамони оҳанин - 2 соат 239 §13. Кори лоиҳавӣ-2 соат 240 §14. Васфи тобистон-2 соат 241 §15. Нависанда тобистонро чӣ гуна тасвир мекунад? – 2соат 243 §16. Олим ҳодисаҳои табии фасли тобистонро чӣ гуна тасвир мекунад? (2 соат) 244 §17. Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст (Муҳокимаи китобҳои хонда (2 соат) 247 §18. Дарси арзёбии салоҳиятнокии хонандагон дар нимсолаи аввали соли таҳсил-4 соат 247 §19. Дарси ҷамъбаст ва хатми синфи 4-ум. 248 Хулоса 248
МУҚАДДИМА
Соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат эътироф гардида, дар ин самт ҳамасола тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Илова ба бунёди муассисаҳои таълимии нав, таҷдиди инфрасохтор, инчунин ба сифат, мазмуну самарабахшии мундариҷа ва ҷараёни таълим низ таваҷҷуҳи қобили назар зоҳир мегардад. Таҳияи стандарт ва барномаҳои нави таълимӣ метавонанд сатҳу сифати таҳсилоти миёнаи умумиро баланд бардоранд.
Дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф омӯзгорон нақши калидӣ мебозанд.
Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (2015) хеле мушаххас баён гардидааст: “... калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим-омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.
Барои мо – олимон, кормандони соҳаи маориф, мутахассисон ва омӯзгорон ин суханон беҳтарин дастури амаланд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва натиҷабахшии раванди он таҳияи стандартҳои фанниро ба роҳ мондааст, ки Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи чорум ҷумлаи онҳост. Вазорати маориф ва илм натиҷа ва дастовардҳои ислоҳоти соҳаро, ки тайи солҳои охир татбиқ гаштаанд, эътироф карда, дар асоси ба эътибор гирифтани таҷрибаи ҷаҳонӣ стандарт ва барномаҳои навро ҳамчун як ҷузъи таркибии ислоҳоти пурраи мундариҷаи таҳсилот таҳия намудааст.
Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи чорум ҷузъи таркибии силсилаи стандартҳои фанни “Забони модарӣ” дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ аст. Стандарти мазкур дар асоси салоҳият таҳия шуда, талаботи Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумиро ба эътибор мегирад.
Сохтор ва услуби пешниҳоди стандарт тарзе интихоб шудааст, ки паҳлуҳои гуногуни раванди таълими фанни “Забони модарӣ”-ро дар синфи чорум фаро мегирад ва ба ин васила фаъолияти омӯзгорро дар ҷараёни банақшагирӣ ва таълиму арзёбӣ осон мегардонад.
Тавре ки таҷрибаи байналмилалӣ ва шароити кунунии Тоҷикистон нишон медиҳад, вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарогирии ҳар чӣ бештари воситаҳои иттилоот (интернет, телевизион ва ғайра) имрӯз танҳо бо дониш мусаллаҳ будан кифоя набуда, дар амал истифода бурдани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи иҷтимоишавии ҷавонон ва дастёбӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ба шумор меравад. Ин нуктаи муҳим санги маҳаки стандарти мазкурро ташкил медиҳад.
Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, амалигардонӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию бунёдкориро дошта бошанд. Онҳо бояд шахсони бомаърифати аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ устувор ва кордоне бошанд, ки роҳҳои дастрас кардани ахбор (маълумот)-ро тавассути воситаҳои гуногун интихоб намуда, онро таҳлилу таркиб ва арзёбӣ карда, масъалаҳои мураккаби олами атрофро дарк кунанд, мушкилиҳои гуногуни таълимию ҳаётиро пешгӯйӣ ва ҳал карда тавонанд, масъулияти худро дар назди оила, аҳли ҷомеа ва кишвар дарк намоянд. Тавре ҳамагон медонанд, барои ташаккули ин сифатҳо маҳз дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.
Барои ноил гаштан ба ин вазифаҳо Вазорати маориф ва илм низоми нави таълимро дар амал татбиқ менамояд, ки он ба ташаккули рушди салоҳиятнокии хонандагон дар истифодаи амалии дониш, малака ва маҳорат мусоидат хоҳад кард.
Натиҷаҳои салоҳиятнокии хонандагон тавассути низоми миллии арзёбӣ санҷида шуда, натиҷаҳои он барои дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим истифода мешавад.
Стандарти мазкур мазмуну мундариҷа, салоҳиятҳо, нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ ва воситаҳои арзёбиро муайян мекунад. Бо татбиқи низоми нави таълим натиҷаҳои таълимии хонанда (салоҳиятнокии ӯ) мақсади асосии санҷишу назорати сифати таҳсилот мегардад.
Бо татбиқи стандартҳои нав на танҳо малакаву маҳорати касбии омӯзгор, балки натиҷаи таълимии хонандагон низ ҳамчун нишондиҳандаи самаранокии раванди таълим шинохта мешавад. Дар низоми нави таълим масъулиятнокии омӯзгорон барои беҳтар гаштани натиҷаҳои таълимии хонандагон ба маротиб зиёд мегардад.
Дар ҷараёни татбиқи маҷмӯи стандартҳо ва барномаҳои фаннӣ омӯзгор шахси калидӣ аст. Аз ин рӯ, самаранокии татбиқи стандартҳои нав ва ҷараёнҳои ислоҳот маҳз ба дарки масъулият, ташаббусу эҷодкорӣ ва маҳорату малакаи омӯзгорон вобаста аст. Масъулияти омӯзгор дар ин ҷараён хеле зиёд буда, ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирад:
− Ба роҳ мондани таълим дар асоси стандартҳои нав ва барномаи фаннӣ;
− Муҳокимаи масъалаҳои умдатарини татбиқи ислоҳот бо ҳамкорон;
− Муҳокимаи мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар ҳамкорӣ бо мудирияти муассисаи таълимӣ ва идораву шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия;
− Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кормандони Барномаи глобалии ҳамкорӣ баҳри рушди маорифи Вазорати маориф ва илм(мо ба тавсия ва маслиҳатҳои Шумо ниёз дорем);
− Таҳияи маводи иловагии таълимӣ ва истифодаи онҳо дар раванди таълим бо ҳамкорон.
Табиист, ки дар марҳалаи ибтидоӣ масъалаҳои зиёд пайдо мегарданд, ки ба истифодаи стандартҳо, барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии нав алоқаманданд. Аммо мо бовар дорем, ки батадриҷ, бо роҳи фароҳам сохтани имкониятҳои хуби иштирок дар марҳалаи татбиқи ин ислоҳот дар сатҳи мамлакат омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ пурра омода хоҳанд шуд.
Вазорати маориф ва илм ҳамаи омӯзгорон, сарварони муассисаҳои таълимӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои маориф ва тамоми кормандони соҳаи маорифи ҷумҳуриро барои татбиқи ислоҳоти мазкур, ки самаранокӣ ва сифати таълимро барои хонандагон – фарзандони мо таъмин мекунад, даъват менамояд.
СТАНДАРТИ ФАННИ “ЗАБОНИ МОДАРӢ” БАРОИ СИНФИ ЧОРУМ
I. МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ СТАНДАРТИ ФАННИ “ЗАБОНИ МОДАРӢ” БАРОИ СИНФИ
ЧОРУМ
1.1. МАФҲУМҲОИ АСОСИИ СТАНДАРТИ ФАННИ “ЗАБОНИ МОДАРӢ” БАРОИ СИНФИ ЧОРУМ
Арзёбӣ – ҷараёни ҷамъоварии маълумот барои баҳодиҳӣ. Навъ ва воситаҳои гуногуни ташкили ҷараёни арзёбӣ вуҷуд доранд. Он барои муайян кардани дараҷаи дастовардҳои таълимии хонандагон имкон медиҳад. Маълумоте, ки тавассути арзёбӣ ҷамъ оварда мешавад ҳам ба шахсони алоҳида ва ҳам ба муассисаҳои соҳа зарур аст.
Маълумоти аз арзёбӣ ба даст омадаро ба тарзи мухталиф ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ, шахсони алоҳида, волидон, хонандагон ва омӯзгорон истифода бурда метавонанд.
Баҳодиҳӣ–ҷараёни натиҷагирӣ оид ба дараҷаи мувофиқати дониш, салоҳият, малака ва маҳорати хонанда ба талаботи муқараркардаи стандарти фаннӣ. Баҳодиҳӣ имкон медиҳад, ки дараҷаи азхудкунии салоҳиятҳо муайян карда шавад.
Дидактика – соҳаи илми педагогика, ки ба омӯхтани асосҳои назариявии таҳсилот, муайян намудани қонуният, принсипҳои таълим, мазмуни таҳсилот, шаклу усули таълим ва назорати раванди таълим машғул аст
Иттиҳодияи методӣ – яке аз шаклҳои ташкили кори методӣ, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва такмили ихтисоси муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
Кори лоиҳавӣ – машғулияти мустақилонаи гурӯҳи хонандагон буда, берун аз дарс таҳия карда мешавад. Он дар асоси маълумот ва донишу малакаи ҳосилкардаи хонандагон дар марҳилаи муайяни таълим гузаронида мешавад.
Лавҳи дарсхона – «тахтаи синф»; лавҳ –ҳар чизи сатҳаш паҳни сангӣ, чӯбӣ, филизӣ ва ғайра, ки ба рӯйи он хат менавиштанд ё нақшу нигор мекашанд, фаҳмида мешавад;
Мақсади таълим– мақсади таълимии дарс дар асоси натиҷаҳои таълими дарс таҳия карда мешавад. Натиҷаҳои таълим ба қисмҳои хурдтар (мақсади таълим) ҷудо мешаванд, ки ҳамчун зина барои расидан ба натиҷаҳои таълим хизмат мекунанд.
Малака – қудрат ва тавоноӣ дар иҷрои коре, ки дар натиҷаи машқу тамрин дар табиати инсон пайдо мешавад.
Маҳорат – фаъолияте, ки дар инсон дар натиҷаи таълим ва такрори бисёркарата ҳосил шуда, баъд ба раванди бошуурона табдил меёбад ва инсон минбаъд ҳар як кори худро дониста иҷро мекунад; моҳирӣ, устодӣ, забардастӣ, ҳунармандӣ ва ғайра маҳорат аст.
Машқ – барои ба даст овардани малака ва маҳорат пай дар пай иҷрои ин ё он фаъолият аст.
Метод (юн. methodos-роҳ, тapз, усул, восита, назария, таълимот) - усули назариявӣ ва амалии донистани воқеият; маҷмӯи амалиёт; ташкили бонизоми фаъолияти одамон дар ҳалли масъалаҳои гузошташуда аст.
Меъёр – нишонае, ки дар асоси он баҳодиҳӣ, муайянкунӣ ё таснифи чизе анҷом дода мешавад.
Нақшаи таълим – ҳуҷҷатест, ки омӯзиши фанҳои таълим ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд.
Низоми таълими ба ташаккули шахсияти хонанда нигаронидашуда – низоми таълиме, ки дар он қобилияти фардӣ ва таҷрибаи қаблии хонанда ҳамчун меҳвар (тири асосӣ) барои омӯзиши минбаъда заминаи асосӣ нигаронида шудааст.
Нишондиҳанда –нишодиҳандаҳо маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳое мебошанд, ки аз ноил шудан ба салоҳиятҳо дарак медиҳанд.
Портфолио – аз калимаи итолиёӣ, маънояш ҳуҷҷатҳо, ҳуҷҷатҳои мутахассис аст.
Портфолиои хонанда – ҷамъоварии мақсадноки корҳои хонанда, ки саъю кӯшиши ӯро ҳангоми иҷрои корҳо, пешрафт ва дастовардҳои (муваффақиятҳо)-и ӯро аз рӯи як ё якчанд фан нишон медиҳанд.
Принсип – қоидаҳои асосии таълим, ки мазмун, шаклҳои ташкилӣ ва усули таълимро дар алоқамандӣ бо мақсадҳои умумии тарбия ва меъёрҳои раванди таълим муайян менамояд.
Раванди таълим – раванди мaқcaднок ва муташаккилонаи ҳосил намудани дониш, маҳорат ва малакаҳо аст.
Роҳнамои фаннӣ барои татбиқи стандартҳо – роҳнамои омӯзгор оид ба татбиқи стандартҳо маводи иловагии методӣ мебошад. Он тавсияҳо ва намунаҳоро оид ба тарзи ташкили ҷараёни таълим фаро гирифта, ба омӯзгор дар самти ташаккули салоҳиятнокии хонандагон ёрӣ мерасонад.
Савод – маҳорати кор кардан бо маълумот, аз ҷумла маҳорати иҷрои амалҳои зарурии риёзӣ, дарки иттилоотии маводи чопӣ, адабиёти илмӣ, инчунин маҳорату малакаи навиштан, дониш омӯхтан аз матни шифоҳию хаттӣ.
Саводнокӣ – яке аз нишонаҳои саводнокии шахс. Мувофиқи шарҳи ЮНЕСКО шахсе, ки хондан, навиштан ва мазмуни ягон матни одиро баён карда метавонад, саводнок аст.
Салоҳият – маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде, ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешаванд.
Стандарти фаннӣ – санадест, ки дар он меъёри дониш, малака, маҳорати хонандагон, мазмуну муҳтавои фаннӣ, методикаи таълими фан, роҳу усули самаранок истифода бурдани вақти ба омӯзиши фан ҷудогардида, ва талабот ба тарзи санҷиши дониш аз фанни мазкур ифода гардидааст.
Стратегия – роҳу усули ноил гардидан ба мақсад. Роҳ (усул)-и алтернативӣ (ҷойгузин), интихоб, таҳия ва татбиқи барномаро дар назар дорад.
Таҳлил – яке аз усули таълим, ки тавассути он омӯзгору хонандагон маводи омӯхташавандаро ба қисмҳои асосӣ ҷудо карда, хусусиятҳои ҳар яки онро дар алоҳидагӣ баррасӣ мекунанд.
1.2. ЗАМИНАИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ СТАНДАРТИ ФАННИ “ЗАБОНИ МОДАРӢ” БАРОИ СИНФИ
ЧОРУМ
Стандарти фанни «Забони модарӣ» барои хонадагони синфи чорум дар асоси Конститутсия (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва сархати 6, банди 7 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таҳия гардида, минбаъд барои расонидани ёрии таълимию методӣ барои омўзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст.
1.3. СОҲАИ ИСТИФОДАИ СТАНДАРТИ ФАННИ “ЗАБОНИ МОДАРӢ” БАРОИ СИНФИ ЧОРУМ
Доираи татбиқи стандарти фанни “Забони модарӣ” дар синфи чорум хеле васеъ аст.
Истифодабарандагони бевоситаи стандартҳо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ буда, дар марҳалаи банақшагирӣ, таълим ва арзёбии салоҳиятнокии хонандагон онро ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ истифода мебаранд. Инчунин, мутахассисони зинаи таҳсилоти ибтидоии муассисаҳои дахлдори соҳаи маориф, ки барои расонидани ёрии таълимию методӣ масъуланд, дар банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо дар самти расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони зинаи таҳсилоти ибтидоӣ стандарти мазкурро истифода мебаранд.
Стандарти мазкур дар донишгоҳ ва коллеҷҳои омӯзгорӣ ҳамчун ҳуҷҷати асосии муайянкунандаи мундариҷаи барномаи таълимии курси методикаи таълими фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ истифода мешавад.
Донишкада ва марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф, махсусан шуъба - кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ омӯзиши стандарти мазкурро дар курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ташкил мекунанд.
Минбаъд арзёбии салоҳиятҳо (дониш, малака ва маҳорат)-и хонандагони синфи чорум дар асоси талаботи стандарти мазкур ба роҳ монда мешавад. Саволу масъалаҳои санҷишии нимсола, солона ва аз синф ба синфгузаронӣ дар асоси салоҳиятҳои дар стандарт ва барномаи таълим муқарраршуда таҳия карда мешаванд.
1.4. ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ СТАНДАРТИ ФАННИ “ЗАБОНИ МОДАРӢ” БАРОИ СИНФИ ЧОРУМ
Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи чорум дар асоси принсипҳои таълимии зерин таҳия шудааст:
− баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;
− қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
− ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ;
− дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун;
− бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс;
− муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;
− ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ;
− ягонагии фазои маърифатию фарҳангӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ;
− ҷанбаи инсондӯстӣ, демократӣ ва давлатию ҷамъиятии идоракунии соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;
− раванди муттасили таҳсил;
− ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;
− пайдарҳамии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;
− ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот.
− ба қобилияти фардии хонанда диққат додан.Раванди таълим дар асоси дониш, малака ва маҳорати базавӣ (асосӣ)-и хонанда ба роҳ монда шуда, бояд талаботи маърифатии ӯро қонеъ намояд. Ба эътибор гирифтани қобилияти хонандагон дар иҷрои фаъолиятҳои таълимӣ ва дар заминаи он такмил додани малакаву маҳорати онҳо. Ҳар як хонанда ба дарс бо дараҷаҳои гуногуни салоҳият меояд. Аз ин лиҳоз, омӯзгор бояд қобилияти муайян кардани сатҳи салоҳиятнокии хонандаро дошта бошад. Омӯзгор барои ташаккули натиҷаҳои таълими ҳар як хонанда аз лиҳози касбӣ ва ахлоқӣ низ масъул аст.
Таълим ҳамеша самаранок мегардад, агар:
o хонандагон дар заминаи дониш ва малакаи базавиашон таълим гиранд;
o хонандагон мақсаду вазифаҳои таълимии гузошташударо дарк кунанд ва онҳоро иҷро карда тавонанд;
o раванди азхудкунии маводи таълим барои хонандагон шавқовар ва ҷолиб бошад;
o барои азхудкунии маводи нави таълим ё малакаи нав ба хонандагон имконияти мувофиқи машқ кардан дода шавад;
o ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда барои таълим масъуланд;
o омӯзгорон усулҳои гуногуни таълимро ба мақсади таҳким ва мустаҳкам гардонидани донишу малакаи нав истифода баранд;
o ба хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои таълимӣ ва ташаккули малака имконияти ҳамкорӣ дода шавад;
o раванди таълим ба “чӣ тавр фикр кардан” равона гардад, на ба “оид ба чӣ фикр кардан”;
o ҳама оид ба ҷиҳатҳои суст ва қавии донишу малакаашон ростқавл бошанд;
o нокоми дар ҷараёни таълим ҳамчун қисми таркибии он шинохта шавад.
− ба эътибор гирифтани гуногунзеҳнии хонандагон. Баъзе хонандагон тавассути амалан иҷро намудан кореро аз худ мекунанд ва баъзеи онҳо тавассути мушоҳида дониш мегиранд. Ба баъзеи хонандагон машғулияти серҳаракат, ба дигарон бошад, баръакс, оромӣ барои таълим гирифтан мусоидат мекунад.
Омӯзгорон бояд ба ҳама баробар диққат диҳанд, ёрӣ расонанд ва мувофиқи шавқу завқашон фаъолият таҳия намоянд.
− ҷанбаи башардӯстӣ доштани раванди таълим. Вазифаи омӯзгор танҳо аз додани дониш ва аз бар кунонидани салоҳиятҳо иборат нест. Ӯ барои фароҳам овардани фазои мусоиди таълим, барои ҳамкорию ҳамдигарфаҳмӣ низ масъул аст.
− инкишофи арзишҳо. Стандарти мазкур дар баробари салоҳиятҳои таълимӣ инкишофи арзишҳоро ба роҳ мемонад. Ин арзишҳо на танҳо барои аз худ кардани салоҳиятҳои таълимӣ, балки барои тарбияи шаъну шарафи шаҳрвандӣ низ заруранд.
− алоқамандии таълим бо ҳаёт. Стандартҳои нав ташаккули дониш, малакаву маҳоратҳои барои имрӯз ва ояндаи Тоҷикистон заруриро таъмин намуда, таълимро ҳамчун раванди омӯзиш дар тӯли ҳаёт таъкид мекунанд. Низоми нави таълим низ ба мақсади мутобиқ сохтани натиҷаҳои таълим ба талаботи ҳаёт равона мегардад. Яъне дар натиҷаи таълим хонанда дониш, малака ва маҳораташро дар амал барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ истифода мебарад.
− омӯзиш дар тули ҳаёт. Раванди таълим ва инкишоф беохир аст. Шояд барои пурра аз худ кардани баъзе салоҳиятҳо як умр сарф карда шавад ва баъзеашон мумкин аст тамоман аз худ карда нашаванд. Аз ин лиҳоз,“Низоми таълими салоҳиятнокии хонандагон” раванди омӯзишро дар тули ҳаёт тақозо мекунад.
− ташаккули малакаи баланди фикрронӣ. Ҳадафи ниҳоии раванди таълим ташаккули малакаи баланди фикрронӣ мебошад. Раванди таълим мувофиқи тартиби зерин сурат мегирад:
o таҳияи ақида дар асоси унсурҳои санҷидашуда ва боваринок, арзёбӣ ва ҷавоб додан ба ақидаҳои дигарон;
o санҷидани ақидаҳо ё вазъиятҳо аз нигоҳҳои гуногун, аз ҷумла таҳлили назарҳои фарҳангҳои мухталиф;
o таҳқиқи омилҳо ва ақидаҳо ба мақсади дарёфти хулосаи мувофиқ;
o истифодаи усулҳои мухталифи тахаюлотӣ барои ҳалли масъалаҳо, махсусан масъалаҳои ношинос ва мураккаб;
o таҳия ва пурсидани саволҳои мантиқӣ ва таҳлилӣ.
− арзёбӣ ба мақсади таълим. Мо бояд мунтазам натиҷаҳои таълимии хонандагонро арзёбӣ намоем, то тавонем усули таълимро тағйир дода, раванди таълимро самараноктар гардонем.
1.5. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СТАНДАРТИ ФАННИ “ЗАБОНИ МОДАРӢ” БАРОИ СИНФИ ЧОРУМ
Стандарти мазкур ба мақсади татбиқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 таҳия шудааст.
Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Забони модарӣ” дар синфи чорум:
− муайян ва муқаррар кардани маҷмӯи салоҳият (меъёри дониш, малака ва маҳорат)-и хонандагони синфи чорум аз фанни “Забони модарӣ”;
− ба низом даровардани мазмун, мундариҷа ва раванди банақшагирӣ, таълим ва арзёбии фанни “Забони модарӣ” дар синфи чорум;
− муқаррар намудани доираи мавзӯъҳои бобҳои таълими фанни “Забони модарӣ” мувофиқи талаботи забономӯзӣ ва мувофиқат ба инкишофи синну солии хонандагони синфи чорум.
− мазмун, мундариҷа ва фаъолиятҳои таълим барои аз ташаккули салоҳиятнокии равона шуда, байни онҳо робитаи қавӣ барқарор гардонида шавад;
− бояд малакаҳои гуногуни фаннӣ ба таври мушаххас ва фарогир пешниҳод гардад.
Нишондиҳандаҳои азхудкунии ҳар як салоҳият оварда мешаванд;
− бо вуҷуди фаро гирифтани самтҳои гуногуни таълими фанни “Забони модарӣ”, стандарти мазкур фаъолияти эҷодии омӯзгорро маҳдуд накарда, бояд ӯро барои дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим ҳидоят намояд;
− мазмуну мундариҷа ва миқдори салоҳиятҳо бояд мувофиқи сарбории фан, ки нақшаи таълим муқаррар кардааст, пешниҳод гарданд.
Фанни «Забони модарӣ» барои синфи чорум дар нақшаи таълими асосӣ ҳамчун фанни ҳатмии таълим дар таркиби маҷмуи фанҳои «Филологӣ» ҷойгир шуда, ҳаҷми сарбории хонандагон дар давоми соли таҳсили зинаи ибтидоӣ 272 соатро ташкил медиҳад:
Синф Миқдори ҳафтаҳои соли таҳсил
Миқдори соатҳои ҳафтаина
Миқдори соатҳо дар давоми соли таҳсил
4 34 8 272
Забон маҳсули тафаккур ва падидаи иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, инсонро тарбия мекунад. Он воситаи ифодаи ақидаҳо ва арзишҳо буда, василаи асосии интиқоли фарҳангу маданият аз як насл ба насли дигар мебошад. Забон барои рушди тафаккур, баёни андешаи шахсӣ, ташаккули муоширату муносибати иҷтимоӣ, тасаввурот дар бораи ҷаҳон ва табодули фарҳанг ҳамчун восита хидмат мекунад.
Қобилияти хондану гӯш кардан ва сипас, шифоҳиву хаттӣ баён кардани фикр малакаҳои мураккаб буда, самтҳои асосии стандартифанни “Забони модарӣ” ба шумор мераванд.
Забони модарӣ дар байни фанҳои таълим нақши махсус дошта, вазифаҳои гуногунро иҷро менамояд. Ин фан хонандагонро ба малакаҳои муомилаю муоширати зарурии омӯхтани фанҳои дигар мусаллаҳ месозад. Забони тоҷикӣ дар ҳамаи зинаҳои таълим фанни асосӣ буда, ҳамчунин барои ҳамгироии фанҳои гуногун нақши бузург дорад.
Аксари малакаҳое, ки тавассути Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи чорум таълим дода мешаванд, ба монанди навиштани матнҳо ва амсоли онро метавон дар барномаҳои таълими фанҳои дигар (забони русӣ ва англисӣ) истифода бурд.
II. САЛОҲИЯТҲОИ ФАННИ “ЗАБОНИ МОДАРӢ” БАРОИ СИНФИ ЧОРУМ
Фасли мазкури стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи чорум хеле муҳим аст.
Дар фасли мазкур салоҳиятҳои фани “Забони модарӣ” мувофиқи самтҳои таълим оварда мешаванд. Салоҳиятҳои ҳамаи фанҳо дорои хусусиятҳои зеринанд:
- аз рӯйи принсипи аз сода ба мураккаб тартиб дода шудаанд. Омӯзгорон метавонанд салоҳиятҳои синфи пешина ва баъдинаро мушоҳида карда, мутаносибан раванди таълимро аз оғоз то анҷом ба нақша гиранд. Ин муносибати спиралии татбиқи барномаи таълим мебошад, яъне салоҳиятҳое, ки дар як синф муаррифӣ шудаанд, дар синфҳои минбаъда такмил дода мешаванд. Дар сатҳи ҳар як синф талабот ба салоҳиятнокӣ мураккабтар мегардад.
- мувофиқи самтҳои асосии таълимии фанҳо гурӯҳбандӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз тартиби пешниҳоди салоҳиятҳо (малака ва маҳоратҳо) ба тартиби маводи китобҳои дарсӣ мувофиқат мекунад.
- хусусияти арзёбӣ дошта, мушоҳида мешаванд ва азхудкунии салоҳиятҳо тавассути нишондиҳандаҳо муайян мегарданд.
- дар таҳияи салоҳиятҳо усули спиралӣ истифода шудааст, яъне омӯзгор барои хонандагон имконияти салоҳиятнок шуданро фароҳам оварда, дар сатҳи синфҳои мибаъда ба хонанда имконияти ташаккули бештар дода мешавад. Ҳамин тавр, хонанда дараҷаи баландтари салоҳиянокиро аз худ карда, ташаккул медиҳад.
2.1. САЛОҲИЯТҲОИ ХОНДАН, НАВИШТАН, ГУФТАНУ ШУНИДАН
Салоҳиятҳои шунидан а) Қоидаҳои мушаххаси шуниданро дар вазъиятҳои гуногун риоя карда, дигаронро ба риояи ин қоидаҳо даъват менамояд.
б) Мазмун ва мақсади асосии навъҳои маъмули нутқи шифоҳии ба синну сол мувофиқро муайян, таҳлил ва арзёбӣ мекунад.
Салоҳиятҳои ҳамгирои гуфтану шунидан а) Имконияти баробари шунидану гуфтанро дар шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ истифода мебарад.
Салоҳиятҳои гуфтан а) Дар вазъиятҳои гуногун қоидаҳои маъмули сухангӯӣ (маданияти нутқ)-ро риоя мекунад ва аҳамияти риоя кардани ин қоидаҳоро шарҳ дода, дигаронро ба риояи онҳо даъват мекунад.
б) Саволҳои навъи гуногун медиҳад, дар вазъиятҳои шинос ва ношинос дастурҳои мураккаби бисёрамала медиҳад.
в) Фикру мулоҳизаҳои мураккабтарро бо мақсадҳои зиёд дар шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ (ҳаҷман калонтар) баён мекунад.
Салоҳиятҳои хондан а) Унсурҳои гуногуни матнро мешиносад ва истифода карда метавонад.
б) Усулҳои гуногунро самаранок истифода бурда, матнҳои ношиносро мехонад.
в) Барои дарки мазмуни матнҳои гуногуни ношинос усулҳои баланди фикрронӣ (тафаккури интиқодӣ)-ро истифода мебарад.
г) Хондан ва навиштанро қадр карда, баъзе навъҳои гуногуни матнро аз сарчашмаҳои гуногун мехонад ва менависад.
Салоҳиятҳои навиштан а)Матнҳои калонтарро босуръат ва дуруст, ба намунаҳо такя накарда навишта метавонад.
б) Қоидаҳои зиёди хат(навиштан)-ро дуруст истифода мебарад.
в) Андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калонтари сохторашон гуногун менависад.
2.2. БАҲОДИҲИИ САЛОҲИЯТҲОИ ХОНДАН, НАВИШТАН, ШУНИДАН ВА ГУФТАН
Дар фасли мазкур мо тартиб ва воситаҳои арзёбии салоҳиятҳои забономӯзиро пешниҳод мекунем.
Салоҳиятҳои шунидан а) Қоидаҳои мушаххаси гӯш карданро дар вазъиятҳои гуногун риоя карда, дигаронро ба риояи ин қоидаҳо даъват менамояд.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− суханони гӯянда, ҳамсуҳбат(он), муаррифӣ, маърӯзаҳоро бодиққат гӯш карда, ҷавоби мувофиқ диҳад;
− андешаҳои дигаронро эҳтиром (таҳаммул) кунад;
− аҳамияти риоя кардани қоидаҳоро бо мисолҳои ба синну сол мувофиқ шарҳ дода, дигаронро барои бодиққат гӯш кардан даъват кунад.
б) Мазмун ва мақсади асосии навъҳои маъмули нутқи шифоҳии ба синну сол мувофиқро муайян, таҳлил ва арзёбӣ мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− дастур шифоҳии бисёрамаларо иҷро кунад;
− ба саволҳои одӣ, мантиқӣ ва эҷодӣ ҷавоб дода тавонад;
− мазмуни ахбор (суханони ҳамсуҳбат, матни хондашуда, сабти овозӣ, барномаҳои телевизиону радио, муҳокима)-и шунидаро муайян кунад;
− мавзӯъ ва фикри асосии суханони гӯянда (гон)-ро муайян созад;
− хониши ифоданокро гӯш карда, мазмуни хурсандӣ, ғаму андӯҳ, қаҳру ғазаб, доштани онро муайян карда тавонад;
− суханони шунидаашро айнан ва мазмунан нақл карда тавонад;
− калимаҳои ба синфи чорум мувофиқе, ки тарзи навишт аз талаффуз фарқ доранд, дуруст нависад;
− аз баён (дикта) 75-80 калимаро дуруст навишта тавонад.
Салоҳиятҳои ҳамгирои гуфтану шунидан а) Имконияти баробари шунидану гуфтанро дар шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ истифода мебарад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− ба мақсадҳои гуногун (маслиҳату машварат нақли ҳикоя, афсона, воқеаҳои дидаю шунида, муҳокима, мубоҳиса) суҳбат кунад;
− дар доираи мавзӯъҳои таълимӣ ва ҳаётии ба синну сол мувофиқ муколама (саволу ҷавоб) карда тавонад;
− табъи гӯяндаро пай бурда, оҳанги мувофиқи гуфторро истифода барад;
− барои беҳтаршуданинутқи дигарон шифоҳӣ тавсияҳои зиёд диҳад (тарзи гуфтор, нақл, ҳикоя, шеърхонӣ ва ғайра).
Салоҳиятҳои гуфтан а) Дар вазъиятҳои гуногун қоидаҳои маъмули сухангӯӣ (маданияти нутқ)-ро риоя мекунад ва аҳамияти риоя кардани ин қоидаҳоро шарҳ дода, дигаронро ба риояи онҳо даъват мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− ҳангоми гуфтор калимаҳоро тибқи қоидаҳои забони адабии тоҷикӣ баён кунад;
− дар вазъиятҳои гуногун суръат, пастиву баландӣ ва оҳанги овозашро идора карда тавонад;
− фикру андешаҳои худро дар қолаби ҷумлаҳои дуруст баён кунад;
− дар вазъиятҳои шинос ва ношинос одоби мошират (салому хайрухуш, хоҳишу дархост, тарзи узр пурсидан ва изҳори миннатдорӣ)-ро риоя карда тавонад;
− исм, феъл, сифат, ҷонишинҳои шахсӣ, пешоянду пайвандакҳоро дар нутқи шифоҳӣ бамаврид истифода барад;
− дар суҳбатҳо бо навбат сухан гӯяд;
− ҳангоми муошират дар синф, мактаб ва берун аз он дигаронро эҳтиром кунад;
− наҳаросида, бобоварӣ сухан гӯяд.
− аҳамияти риоя кардани қоидаҳои сухангӯйиро бо мисолҳои ба синну сол мувофиқ шарҳ дода, дигаронро низ ба риояи ин қоидаҳо даъват кунад;
б) Саволҳои навъи гуногун медиҳад ва дар вазъиятҳои шиносу ношинос дастурҳои мураккаби бисёрамала медиҳад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− барои аниқ кардани мазмун ва қонеъ кардани ҳисси кунҷкобии худ саволҳои гуногун
(одӣ, мантиқӣ ва эҷодӣ) диҳад;
− оид ба тартиби иҷрои амалҳо(фаъолиятҳои таълим) дастурҳои бисёрамала дода тавонад.
в) Фикру мулоҳизаҳои мураккабтарро бо мақсадҳои зиёд дар шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ (ҳаҷман калонтар) баён мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− дар бораи худ маълумоти пурра дода тавонад;
− дар доираи мавзӯъҳои барномаи таълим шифоҳӣ матнҳои ҳаҷман калонтар тартиб дода тавонад;
− воқеаҳои дидаю шунидаашро муфассал, мухтасар ва интихобӣҳикоя карда тавонад;
− ба оҳанги гуфтори симоҳо риоя намуда, аз рӯйи мазмуни матни ба синфи чорум мувофиқ нақшофарӣ карда тавонад;
− натиҷаи кори худ ва гурӯҳро муфассал ва мухтасар муаррифӣ карда тавонад;
− латифа, чистон, муаммо ва шеърҳои ба синну сол мувофиқ гуфта тавонад.
Салоҳиятҳои хондан а) Унсурҳои гуногуни матнро мешиносад ва истифода карда метавонад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− муаллиф, сарлавҳа(ном), банд (сархат), луғат, расм, симо(ҳо), замон ва макони баргузори воқеаҳои матнҳои ҳикоягии ба синфи чорум мувофиқро муайян карда тавонад;
− оғоз, қисми асосӣ ва анҷоми матнҳои ба синфи чорум мувофиқро муайян карда тавонад;
− дар мисоли матнҳои ба синфи чорум мувофиқ гуфта тавонад, ки ҳамон як симо, манзара ё воқеа (ҳодиса)-ро шоирон, нависандагон ва олимон ба таври худ тасвир мекунанд.
б) Стратегияҳои гуногунро самаранок истифода бурда, матнҳои ношиносро мехонад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− қоидаҳои хондан (бодиққат хондан, такроран хондан тасаввур кардан, аз луғат истифода кардан)-ро истифода карда тавонад;
− калимаҳои сохта ва мураккаби ба синфи чорум мувофиқро хонда тавонад;
− матнҳои ҳикоягӣ (300- 400 калима)-ро ифоданок хонда тавонад;
− дар як дақиқа 80-90 калимаро дуруст хонда аз рӯйи мазмуни он ба саволҳо ҷавоб дода тавонад;
− хомӯшона ва бо овози баланд хонда, мазмуни матнро муайян карда тавонад;
− матнҳои диалогии нисбатан мураккабтарро аз рӯйи нақшҳо хонда тавонад;
− нақша, ҷадвал ва диаграммаҳои мураккабтарро хонда тавонад;
− матнҳои ба синфи чорум мувофиқро бо мақсадҳои гуногун (шиносоӣ, дарки маънӣ, дарёфти ахбори мушаххасва ғайра) истифода карда тавонад;
− мазмуни матнҳои ҳикоягии гуногунро пешгӯйӣ карда, бо мазмуни матн муқоиса карда тавонад;
− маънои калимаҳоро аз сарчашмаҳои гуногун (луғат, фарҳанг, ҳамсинф, омӯзгор, волидон) ҷустуҷӯ кунад.
в) Барои дарки мазмуни матнҳои гуногуни ношинос усулҳои баланди фикррониро истифода мебарад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− усулҳои гуногуни хонишро барои дарки мазмуни матнҳоиба синфи чорум мувофиқ истифода барад;
− доир ба мазмуни матнҳои ношинос саволу ҷавоб (одӣ, мантиқӣ, эҷодӣ) карда тавонад;
− мазмуни матн (асарҳои бачагонаи хурд)-ро муфассал, мухтасар, интихобӣ ва эҷодӣ нақл карда тавонад;
− пайдарҳамии мантиқии матнҳои ҳикоягиро муайян карда тавонад;
− мавзӯъ ва фикри асосии матн, ки ошкоро ифода нашудааст, муайян кунад;
− мазмуни матнҳои гуногунро муқоиса карда тавонад;
− мазмуни матнҳои гуногунро бо ҳаёт ва фанҳои дигар алоқаманд карда тавонад;
− тахайюлот ва воқеият будани мазмуни матнҳои нисбатан муракабро муайян карда тавонад.
Салоҳиятҳои навиштан а) Матнҳои калонтарро босуръат ва дуруст, ба намунаҳо такя накарда навишта метавонад.
Қоидаҳои зиёди хат(навиштан)-ро дуруст истифода мебарад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− хоно, зебо ва тоза нависад;
− калимаҳои ба синфи чорум мувофиқро тибқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ навишта тавонад;
− ҳиссаҳои нутқ (исм, феъл, сифат, ҷонишин, пешояндҳо, пайвандак)-ро фарқ карда, бамаврид истифода барад;
− барои ифодаи фикр, пурсидан, касеро ба амале водор кардан ҷумлаҳои ҳикоягӣ, саволӣ, амрӣ ва хитобӣ навишта дар охир аломати нуқта, савол ва хитоб гузорад;
− ҳангоми навиштани матнҳои гуногун сархатро дуруст гузорад;
− бо суръати мувофиқ (тахминан 35-40 ҳарф дар як дақиқа) навишта тавонад.
б) Андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калонтари сохторашон гуногун менависад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− дар доираи мавзӯъҳои барномаи таълим нақли хаттӣ (60-70 калима) навишта тавонад;
− дар доираи мавзӯъҳои барномаи таълим иншо ва ҳикоя (60-70 калима) навишта тавонад;
− бахшида ба ид ва чорабиниҳои гуногун табрикнома ва эълон нависад;
− мактуб ва ҷавоби онро навишта тавонад;
− натиҷаи кори гурӯҳро навишта тавонад;
− ғалатҳоро дар навиштаи худ ва дигарон аниқ сохта, ислоҳ кунад.
Салоҳиятҳои хондану навиштан а) Хондан ва навиштанро қадр карда, баъзе навъҳои гуногуни матнро аз сарчашмаҳои гуногун мехонад ва менависад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− аз рӯйи майлу хоҳиш ва шавқу ҳавас рӯзномаву маҷалла ва китобҳои бачагонаро мунтазам мутолиа кунад;
− оид ба матнҳои хондааш суҳбат карда, муносибати худро тавассути қайдҳо ва расмҳои гуногун баён кунад;
− мустақилона малака ва маҳорати навиштани худро такмил дода, дафтар ва варақаҳои гуногуни навиштанро истифода барад (дафтарчаи “Имло”, “Луғати аввалини ман”);
− кроссворд, сканворд ва анаграммаҳои ба синну сол мувофиқро пур кунад;
− дар доираи мавзӯъҳои муқарраркардаи барномаи таълим кори лоиҳавӣ таҳия карда тавонад.
2.3. САЛОҲИЯТҲОИ ТАРБИЯВӢ-АХЛОҚӢ
Таълиму тарбия дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ. Азбаски хонандагон қобилиятҳои гуногун доранд, мо бояд пешрафти хонандаро берун аз салоҳиятҳои фаннӣ низ эътироф намоем. Дар намунаи ҳисоботи дар боло омада сутуне барои нишон додани кӯшишу ғайрати хонанда омадааст. Кӯшишу ғайрат ҳам бо низоми 6 (10, 20, 100) балла баҳогузорӣ карда мешавад.
Барои қайди муносибати хонанда ба омӯзиш корти ҳисоботи хонанда истифода карда мешавад, ки қисмҳои зеринро дарбар мегирад.
Дар омӯзиши ҳар фан хислатҳои зерин нақши асосиро мебозанд.
Худро идора карда тавонистан М о б Мунтазам одатан баъзан
Мустақилият нишон медиҳад
Интизориҳои баланд дорад
Барои таваккал кардан омода аст
Тобовар аст
Муносибат бо дигарон
Аҳамият медиҳад
Таҳаммулпазир аст
Ҳамкорӣ менамояд
Иштирок ва саҳмгузорӣ
Эътимод нишон медиҳад
Масъулиятро ба дӯш мегирад
Фаъол аст
Мақсаднок ба коре ҷалб мегардад
Андешаронӣ
Фикрронии дараҷаи баланд дорад
Эҷодкорӣ
2.4. НИШОНДИҲАНДАҲОИ ХИСЛАТҲО
Дар ҷадвали зер нишондиҳандаҳое оварда шудаанд, ки хонандагони болаёқатро тавсиф менамояд. Ин нишондиҳандаҳо то андозаи муайяне хусусияти инфиродӣ доранд.
Ҳангоми арзёбӣ омӯзгор нишондиҳандаҳои зеринро ба эътибор мегирад.
Хислат Нишондиҳанда (ё муайянкунанда) – Хонанда Худро идора намудан Мустақилият нишон додан
Бе ёрии дигарон кор мекунад ва агар ёрӣ лозим шавад, пеш аз кумак пурсидан барои ҳалли ҳама гуна мушкилӣ аввал худ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Интизориҳои баланд Ҳангоми иҷрои супорише ҳадаф мегузорад, ки натиҷааш дорад. босифат бошад бо интизории он, ки меъёрҳои баҳодиҳиро аз худ менамояд ва аз он ҳам болотар ноил мешавад. Агар вазифа ё супориш аз тарафи омӯзгор арзёбӣ нашавад ҳам, хонанда дар пеши худ меъёрҳои баланд мегузорад, то кори ӯҳамчун як муваффақият арзёбӣ шавад.
Ба таваккал (дар омӯзиш) кардан омода аст.
Зарурати таҷриба намудани ашёро эътироф менамояд, ҳарчанд он қисман ба нокомӣ ё танқид мебарад. Аммо ин хавфҳохавфҳои асосноке бошанд, ки ба бехатариишахсӣ мушкилӣ эҷод накунанд.
Тобовар аст Бо вуҷудимушкилот, ноумеднамешавад ва кӯшиш мекунад, кивазифаҳоро ба анҷом расонад.
Бовиҷдон аст Арзишҳои худро ҳамеша, новобаста аз вазъият хифз менамояд.
Арзишҳо инҳоянд:
− дар амалҳояш ростқавл аст;
− меҳрубонӣ зоҳир мекунад;
− адолатро риоя мекунад;
− ҳақгӯ аст;
− дар рафтору амал масъулиятшинос аст;
− дар амалҳояш шаффофиро риоя мекунад (ба истиснои ҳолатҳои номутобиқ);
− дар сахтиҳо далерӣ нишон медиҳад;
− фарҳанги худ ва дигаронро эҳтиром мекунад.
Муносибат бо дигарон Аҳамият медиҳад Вақте бо дигарон кор мекунад ба ниёзҳои онҳо аҳамият медиҳад (масалан дигаронро гӯш мекунад, сухани онҳоро намебурад).
Таҳамалпазир аст Ақида ва фарҳанги шахсонигуногунро қабул мекунад (ин маънои онро надорад, ки мо аз ин сӯиистифода кунем).
Ҳамкорӣ менамояд Хамкорӣ мекунад, ба дигарон барои саҳм гузоштан дар иҷрои супоришҳо имкон медиҳад.
Иштирок ва саҳмгузорӣ Эътимод нишон медиҳад
Ҳангоми пурсиш ақидаашро иброз медорад ва барои иҷрои супориш на ҳамеша аз дигарон меҷӯяд.
Масъулиятро ба дӯш мегирад
Ҳангоми иҷрои фаъолиятҳо оқибатҳои онро ба зимма мегирад. Агар аз ӯ хоҳиш кунанд, масъулиятро ба дӯш мегирад.
Фаъол аст Ғайрифаъол нест, баръакс кӯшиш мекунад саҳми худро гузорад.
Мақсаднок ба коре ҷалб мегардад
Пеш аз ҳар гуна фаъолият мақсаде мегузорад, ки ба ҳалли вазифаи додашуда марбут аст.
Андешаронӣ Фикрронии дараҷаи баланд
Барои анҷом додани вазифаҳо малакаҳои фикрронии баландро истифода мебарад.
Эҷодкорӣ Фикрҳои тоза пешниҳод мекунад.
2.5. САЛОҲИЯТНОКИИ ОМӮЗГОРОН
Барои татбиқи стандарт ва барномаи нави фанни “Забони модарӣ” омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд дониш, малака ва маҳорати зеринро дошта бошад:
− назария ва принсипҳои низоми таълими салоҳиятнокиро донад ва ҷанбаҳои татбиқи амалии онро дар раванди таълим шарҳ дода тавонад;
− тарзи банақшагирӣ ва арзёбии салоҳиятнокии хонандагонро донад ва ҳангоми раванди таълим истифода барад;
− усулҳои таълимие, ки барои ташаккули салоҳиятнокии хонанда мусоидат мекунанд донад ва усули мувофиқро интихоб карда тавонад;
− усул ва воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро барои муайян кардани сатҳи азхудкунии салоҳиятҳо истифода бурда тавонад;
− натиҷаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро ба мақсади қабули қарори мувофиқ истифода бурда тавонад;
− роҳу воситаҳои самараноки ба хонандагон барои салоҳиятнок шудан ёрӣ расониданро донад ва дар раванди таълим истифода барад.
III. ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМИ САЛОҲИЯТНОКӢ АЗ ФАННИ “ЗАБОНИ МОДАРӢ”
БАРОИ СИНФИ ЧОРУМ
Аксари низомҳои таълими анъанавӣ ба азхудкунии мавзӯъ нигаронида шудаанд, яъне омӯзгорон хонандагонро ба аз худ кардани мавзӯъ ва азёд кардани маълумот водор менамоянд. Чунин муносибат ба таълим дар гузашта мутобиқ буд, аммо дар замони ҳозира, ки андозаи дониш босуръат зиёд мегардад, дар раванди таълим диққати асосӣ бояд ба ташаккули малакаҳои омӯзишии хонандагон равона гардад, то онҳо тавонанд дониши зарурӣ ва маълумоти мушаххасро интихоб ва истифода баранд. Дар стандартҳои фанни “Забони модарӣ” ба истифодаи дуруст ва моҳиронаи забони тоҷикӣ ба мақсади муошират ва ҳалли масъалаҳои ҳаётан зарур, диққати махсус дода мешавад.
Акнун барои омӯзгорон “хонандагон чиро меомӯзанд?” ва “чӣ тавр меомӯзанд?” аз “ба хонандагон чиҳоро меомӯзонанд?” муҳимтар аст. Барои баъзеҳо омӯзондан ва омӯхтан (аз худ кардан) як маъно дорад, аммо бояд дар хотир дошт, ки агар омӯзгор нодуруст дарс диҳад, ҳатто дар ҳолати дарси зиёд додан ҳам, азхудкунӣ наметавонад самарабахш бошад
Дар низоми таълим ва арзёбии салоҳиятнокӣ ба дониш, малака ва маҳоратҳои воқеии хонандагон диққати махсус дода мешавад. Салоҳиятҳо фаъолиятҳоеро, ки хонандагон дар натиҷаи омӯхтан аз худ мекунанд нишон медиҳанд. Масалан, дар синфи чорум салоҳияти “Андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калонтари сохторашон гуногун менависад”, натиҷаи омӯхтани хонанда аст. Муҳим он аст, ки хонанда барои ифодаи андешаҳои худ ба мақсадҳои гуногун матнҳои сохторашон гуногун таҳия кунад. Агар ин амалро хонанда иҷро карда тавонад, ӯ метавонад мавзӯъҳои гуногунро нависад. Масалан, дар мавзӯъҳои “Ватан”, “Сулҳу дӯстӣ” иншо нависад. Ин маънои онро надорад, ки мавзӯъҳо муҳим нестанд. Мавзӯъҳо ҳамчун восита барои ноил шудан ба салоҳият хизмат мекунанд.
Барои муайян кардани он ки оё хонанда салоҳиятҳоро аз худ кардааст ё не, барои ҳар салоҳият нишондиҳандаҳои он оварда мешавад. Нишодиҳандаҳо маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳое мебошанд, ки аз ноил шудан ба салоҳиятҳо дарак медиҳанд. Онҳо ба Шумо имкони мушоҳида ва арзёбӣ карданро фароҳам оварда, нишон медиҳанд, ки то кадом андоза хонанда салоҳиятро аз худ кардааст. Тартиб додани рӯйхати пурраи нишондиҳандаҳо барои баъзе салоҳиятҳо имконнопазир аст, шояд шумораи онҳо ба садҳо нишондиҳанда расад ва микдори онҳо вобаста ба нуктаи оғози инкишофи салоҳиятнокӣ ва вобаста ба сатҳи синф фарқ кунад.
Дар гузашта самтҳои гуногуни раванди таълим (таҳия ва татбиқи нақшаи тақвим) бештар назорат ва мушоҳида карда мешуд. Акнун натиҷаҳои таълимии хонандагон ва раванди омӯзиши онҳо бештар назорат карда мешаванд. Аз байн бурдани навъҳои дигари назорат дар ҳолате амалӣ мегардад, ки агар:
1) муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон самаранок ба низоми таълими салоҳиятнокии хонандагон гузаранд.
2) тартиби ҷамъоварии маълумоти дуруст, ки дараҷаи азхудкунии салоҳиятҳоро нишон медиҳад, ба роҳ монда шавад.
Ба омӯзгорон озодии бештар дода, ҳамзамон масъулияти онҳо барои беҳтар шудани дастовардҳои таълимии хонандагон зиёд мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки арзёбии салоҳиятҳо қисми асосии ислоҳот маҳсуб меёбад.
Акнун барои омӯзгор танҳо донистани мундариҷаи фан кифоя нест. Омӯзгорон бояд дар асоси таҷриба, омӯзиши методикаи таълим, азхудкунии назарияи таълим ва маълумот оид ба ҳар як хонандаи синф барои инкишоф додани салоҳиятҳои онҳо ва таъмини пешравӣ ҷараёни таълимро ба роҳ монанд.
3.1.БА ХУСУСИЯТҲОИ ФАРДИИ ХОНАНДА ДИҚҚАТ ДОДАН
Стандарту барномаҳои нави таълим ташаккули натиҷаҳои таълимии ҳамаи хонандагонро новобаста аз қобилият ва вазъи иҷтимоӣ дастгирӣ менамоянд. Стандарт ва барномаи мазкур ақидае, ки тибқи он ба ҳамаи хонандагон талаботи ягона гузошта шавадро дастгирӣ намекунад. Он ақидаеро дастгирӣ менамояд, ки дар он ҳар як хонанда дорои маҷмӯи таҷрибаи мушаххас, инчунин дараҷаҳои гуногуни салоҳият аст. Омӯзгорон барои ташаккули натиҷаҳои таълими ҳар як хонанда аз лиҳозӣ касбӣ ва ахлоқӣ масъуланд.
Самаранокии таълим тавассути ташаккули натиҷаҳои таълимии тамоми аҳли синф муайян карда мешавад, на дастовардҳои таълимии якчанд хонанда. Барои амали сохтани мақсади мазкур омӯзгорон бояд тарзи муайян намудани сатҳи дониши мавҷудаи хонанда ва сатҳи ниҳоии азхудкунии салоҳиятҳои ҳар як хонандаро истифода бурда тавонанд.
3.2. ПРИНСИПҲОИ ТАЪЛИМИ САМАРАНОК
Таълим ҳамеша самаранок мегардад, агар:
− хонандагон дар заминаи дониш ва малакаи базавиашон инкишоф ёбанд;
− хонандагон мақсади вазифаҳои таълимии гузошташударо дарк кунанд;
− мақсади таълим барои хонандагон фаҳмо бошад;
− вазифаҳои таълим мувфоқи қобилияти хонандагон таҳия шаванд;
− раванди азхудкунии маводи таълим барои хонандагон шавқовар ва ҷолиб бошад;
− барои азхудкунии маводи нави таълим ё малакаи нав ба хонандагон имконияти мувофиқи машқ кардан дода шавад;
− омӯзгорон усулҳои гуногуни таълимро ба мақсади таҳким ва мустаҳкам гардонидани донишу малакаи нав истифода баранд;
− ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда барои таълим масъулият дошта бошанд;
− омӯзгорон усулҳои гуногунро ба мақсади такрор ва дар хотир нигоҳ доштани донишу малака истифода баранд;
− ба хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои таълимӣ ва…
This is the start of the file's text. The full file is on GovTribe.
File details come from the government source that posted it. Updated .