Attachment_J.18_Standards_Tajik_Lang_Grade_2.pdf
PDF 3 MB Posted
- Attached to
- USAID Read With Me project in Tajikistan Federal contract opportunity
- Solicitation number
- SOL-176-16-000002
About this file
Attachment J.18 Standards for Tajik Language Grade 2
View the file
Other files for this federal contract opportunity
Show all 20
On GovTribe
Work with this file on GovTribe
- Download the original file
- Contacts named in this file
- Similar government files
- Ask GovTribe AI about this file
Text version
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
СТАНДАРТИ
ФАННИ «ЗАБОНИ МОДАРӢ»
барои синфи 2
ББК
УДК
Бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз __________ тасдиқ гардидааст.
Дастрасӣ ва таъмини омӯзгорон ба стандарт ва барномаи таълим.
Ҳар як омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд як нусхаи ҳуҷҷати мазкурро дошта бошад. Стандарт ва барномаи фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм тавассути сохтор ва сарчашмаҳои зерин паҳн ва дастраси ҳамагон карда мешаванд:
− нусхаи электронӣ дар шаклҳои PDF ё EPUB дар сомонаи Вазорати маориф ва илм (http://maorif.tj);
− нусхаи электронӣ аз идора ва шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо;
− нусхаи чопӣ дар шакли китобчаҳои алоҳида аз идора ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо;
− салоҳиятҳо ва нишондиҳандаҳои онҳо дар плакатҳои чоп шуда, ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод мегарданд.
Агар шумо смартфон ё планшет дошта бошед, метавонед ҳуҷҷати мазкурро дар шакли электронӣ истифода баред.
http://maorif.tj/
Мундариҷа Муқаддима
Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
I. Мазмун ва мундариҷаи стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
1.1. Мафҳумҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
1.2. Заминаи меъёрии ҳуқуқии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
1.3. Соҳаи истифодаи стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
1.4. Принсипҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
1.5. Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
II. Салоҳиятҳои фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
2.1. Салоҳиятҳои хондан, навиштан, гуфтану шунидан
2.2. Баҳодиҳии салоҳиятҳои хондан, навиштан, шунидан ва гуфтан
2.3. Салоҳиятҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ
2.4. Нишондиҳандаҳои хислатҳо
2.5. Салоҳиятнокии омӯзгорон
III. Ташкили раванди таълими салоҳиятнокӣ аз фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
3.1. Ба хусусиятҳои фардии хонанда диққат додан
3.2. Принсипҳои таълими самаранок
3.3. Ташаккули малакаҳои фикрононии дараҷаи баланд
3.4. Алоқамандии байнифаннӣ
3.5. Стратегияҳои таълими фанни «Забони модарӣ» барои синфи дуюм
3.5.1. Таълими малакаҳои гӯш кардану гуфтан
3.5.2. Таълими луғат
3.5.3. Таълими хониши равон ва бурро
3.5.4. Таълими хониши бошуурона
3.5.5. Таълими малакаи навиштан
IV. Арзёбӣ
4.1. Арзёбӣ ва баҳодиҳии салоҳиятҳои хондан
4.2. Воситаҳои арзёбии ташаккулидиҳандаи малакаҳои хондан
4.2.1. Санҷидани хондани калимаҳои шинос
4.2.2. Ба тарзи хондани хонандагон гӯш додан
4.2.3. Саволҳо барои санҷидани дарки маънии матни хонда
4.3. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии малакаҳои хондан
5.3.1. Санҷидани суръати хониш
4.3.2. Санҷиши дарки маънӣ
4.4. Арзёбӣ ва баҳодиҳии малакаи навиштан
4.4.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи навиштан
4.4.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии навиштан
4.5. Арзёбӣ ва баҳодиҳии малакаи шунидан
4.5.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи малакаи шунидан
4.5.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии шунидан
4.6. Арзёбӣ ва баҳодиҳии салоҳиятҳои гуфтан
4.6.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи салоҳиятҳои шунидан
4.6.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии салоҳиятҳои гуфтан
Барномаи таълими фанни “Забони модарӣ” дар синфи дуюм
Нақшаи тақвими корӣ барои фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
ФАСЛИ I. Нимсолаи якум
Боби 1. Фурӯғи субҳи доноӣ
§ 1. Дарси сулҳ – 2 соат
§ 2. Китобу қалам – рафиқи ҳамдам – 2 соат
§ 3. Рафтор дар синф, мактаб ва хона – 2 соат
§ 4. Ман хонда метавонам – 2 соат
§ 5. Ман навишта метавонам – 2 соат
§ 6. Таълим ба мо чӣ медиҳад – 2 соат
§ 7. Дониш андар дил чароғи равшан аст – 2 соат
§ 8. Вазифаҳои ман ҳамчун хонандаи синфи 2 – 2 соат
§ 9. Дар синфи дуюм чиро меомӯзам? – 2 соат
Боби 2. Дар олами афсона
§ 1. Ҳайвоноти сухангӯ – 2 соат
§ 2. Зирак будан – 2 соат
§ 3. Афсонаҳои кайҳонӣ – 2 соат
§ 4. Китобчаи афсона – Оғоз – 2 соат
§ 5. Китобчаи афсона – Асос – 2 соат
§ 6. Таҳрир ва такмил – 2 соат
§ 7. Нақли афсона – 2 соат
Боби 3. Ман кистам
§ 1. Ман 8 солаам! – 2 соат
§ 2. Оилаи мо
§3. Ман ва атрофиён
§ 4. Дӯсти беҳтарин кист?
§ 5. Масъулияти ман дар хона ва мактаб - 4 соат
§ 6. Фарқи неку бад – 2 соат
§7. Кирдори ман, гуфтори ман, рафтори ман, пиндори ман – 2 соат
Боби 4. Мавсими ҳосил
§ 1. Ҳосил аз дониш – хониш 2 соат
§ 2. Тирамоҳ - 2 соат
§ 3. Тирамоҳи Тоҷикистон - 2 соат
§ 4. Идҳои тирамоҳ – Рӯзи истиқлолият - 2 соат
§ 5. Рӯзи забон - 2 соат
§ 6. Устоди меҳрубонам! - 2 соат
§ 7. Сарқонун (Конститутсия) - 2 соат
§ 8. Парчами Тоҷикистон - 2 соат
Боби 5. Меҳнат шараф аст
§ 1. Кори имрӯзро ба фардо магузор – 2 соат
§ 2. Мурғ, мурғобӣ ва мӯш – 2 соат
§ 3. Тозаву озода нигоҳ доштани хона – 2 соат
§ 4. Тозаву озода нигоҳ доштани мактаб ва синф – 2 соат
§ 5. Либоспӯши низ ҳунар аст – 2 соат
§ 6. Падару модарам хурсанд – 2 соат
§ 7. Мошинча қаламдон шуд – 2 соат
§ 8. Фарзанди хуб, боғи падар! – 2 соат
Боби 6. Шуғли дӯстдоштаи ман
§ 1. Офарин – 2 соат
§ 2. Овози тиллоӣ – 2 соат
§ 3. Худ бисоз! – 2 соат
§ 4. Китоби дӯстдоштаи ман – 2 соат
§ 5. Профессори хурдсол! Дарс экскурсия – 2 соат
§ 6. Набераҳои Беҳзод – 2 соат
§ 7. Коллексияи беҳтарин! – 2 соат
§ 8. Осорхонаи синфи мо – 2 соат
Боби 7. Баҳористони сухан
§ 1. Бӯр ё бур? – 2 соат
§ 2. Оштӣ – 2 соат
§ 3. Ба Рустам ёрӣ расонед! – 2 соат
§ 4. Майдони мӯъҷизот! – 2 соат
§ 5. Сабзаи хандон – 2 соат
§ 6. Ҳалиму меҳрубон – 2 соат
§ 7. Рангикамон – 2 соат
§ 8. Полвонро ёбед – 2 соат
§ 9. Ҳодисае дар бозор – 2 соат
§ 10. Китобчаи синфи мо – 2 соат
Боби 8. Барои чӣ?
§ 1. Рӯз равшан ва шаб торик аст? – 2 соат
§ 2. Офтоб куҷо шуд? Қисми 1 – 2 соат
§ 3. Офтоб куҷо шуд? Қисми 2 – 2 соат
§ 4. Борон меборад? – 2 соат
§ 5. Барги дарахт сабз аст? – 2 соат
§ 6. Зимистон хунук ва тобистон гарм аст? – 2 соат
§ 7. Ба ҳайвонот дум лозим аст? – 2 соат
§ 8. Ман савол таҳия карда метавонам – 2 соат
§ 9. Ҳазору як саволу ҷавоб – Викторина – 2 соат
Боби 9. Афсона ё ҳақиқат?
§ 1. Буд набуд ... - 2 соат
§ 2. Саги раҳнамо – 2 соат
§ 3. Рӯзи 27 апрели соли ... 2 соат
§ 4. Паяфкандам аз назм кохе баланд ... 2 соат
§ 5. 100 грам орд, 50 грам равған – 2 соат
§ 6. Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва тахаюлот – 2 соат
§ 7. Диққат! – 2 соат
Боби 10. Омад фасли зимистон
§ 1. Зимистон барои чӣ даркор аст? – 2 соат
§ 2. Афсонаи зимистона – 2 соат
§ 3. Тайёрӣ ба пешвози соли нав – 2 соат
§ 4. Орзуи солинавӣ – 2 соат
§ 5. Табрикоти солинавӣ – 2 соат
§ 6. Тасвири зимистон - 2 соат
§ 7. Оё хирсак соли навро ҷашн мегирад? - 2 соат
§ 8. Зимистон хуб аст ё бад? - 2 соат
§ 9. Рӯзномаи девории солинавӣ - 2 соат
§ 10. Худро месанҷем – 3 соат
Фасли II. Нимсолаи дуюм
Боби 1. Тоҷикистон - ватанам, ифтихорам
§ 1. Ватан – 2 соат
§ 2. Тоҷикистон – 2 соат
§ 3. Муқаддасоти миллӣ – 4 соат
§ 4. Сайри кӯҳистони Ватан – 2 соат
§ 5. Як рӯз дар Искардаркӯл – 2 соат
§ 6. Бешаи палангон – 2 соат
§ 7. Қуллаи Исмоили Сомонӣ – 2 соат
§ 8. Кӯли Сарез – 2 соат
§ 9. Деҳаи ман, шаҳри ман, кӯчаи ман – 2 соат
§ 10. Хуш омадед ба Тоҷикистон – 4 соат
Боби 2. Омад баҳори хуррам
§ 1. Тасвири баҳор - 2 соат
§ 2. Модар – баҳори умри инсон - 2 соат
§ 3. Модарнома - 2 соат
§ 4. Баҳория - 2 соат
§ 5. Сайри гул - 2 соат
§ 6. Бойчечак - 2 соат
§ 7. Ҳафт сину ҳафт шин - 2 соат
§ 8. Суманак - 2 соат
§ 9. Табрикоти Наврӯзи - 2 соат
§ 10. Хуш омадӣ Наврӯзи мо - 2 соат
§ 11. Як рӯзи баҳор пур кунад анбор - 2 соат
§ 12. Табиат зинда шуд - 2 соат
Боби 3. Беҳдошти шахс
§ 1. Эҳтиёт микробҳо - 2 соат
§ 2. Фоидаи дастшӯйӣ - 2 соат
§ 3. Сапеду симрада нигоҳ доштани дандонҳо - 2 соат
§ 4. Тоза нигоҳ доштани либос - 2 соат
§ 5. Қоидаҳои гигиена - 2 соат
§ 6. Реҷаи рӯз - 2 соат
§ 7. Варзиш гаравӣ саломатӣ! - 2 соат
§ 8. Эҳтиёт ними ҳаёт! – тарзи кор бо асбобҳои рӯзгор – 2 соат
§ 9. Кори лоиҳавӣ - 4 соат
§ 10. Санҷиши дониш ва кор бо ғалатҳо - 4 соат
Боби 4. Ҳикояи аввалини ман
§ 1. Тасвир, сабаб ва натиҷа - 6 соат
§ 2. Навиштани қисми якуми ҳикоя - 6 соат
§ 3. Навиштани қисми дуюми ҳикоя - 6 соат
§ 4. Навиштани қисми сеюми ҳикоя - 6 соат
§ 5. Навиштани қисми чоруми ҳикоя - 6 соат
§ 6. Такмил ва муаррифии ҳикоя - 4 соат
Боби 5. Калиди ганҷҳо
§ 1. Интихоб ва таҳқиқи мавзӯъ - 6 соат
§ 2. Омода намудани гузориш - 6 соат
§ 3. Такмил ва муаррифии гузориш - 4 соат
§ 4. Озмуни мушоира - 4 соат
Боби 6. Аниси кунҷи танҳои китоб аст
§ 1. Интихоби китоб ва хониши аввал - 3 соат
§ 2. Маҳфили китобдӯстон - 6 соат
Боби 7. Арзёбӣ ва ҷамъбаст
§ 1. Арзёбии ҷамъбастӣ – 4 соат
Хулоса
Адабиёт
Сарчашмаҳои интернетии истифодашуда
Муқаддима Соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат эътироф гардида, дар ин самт ҳамасола тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Илова ба бунёди муассисаҳои таълимии нав, таҷдиди инфрасохтор, инчунин ба сифат, мазмуну самарабахшии мундариҷа ва ҷараёни таълим низ таваҷҷуҳи қобили назар зоҳир мегардад. Таҳияи стандарт ва барномаҳои нави таълимӣ метавонанд сатҳу сифати таҳсилоти миёнаи умумиро баланд бардоранд.
Дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф омӯзгорон нақши калидӣ мебозанд. Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (2015) хеле мушаххас баён гардидааст: “... калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ омӯзгор-омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.
Барои мо – олимон, кормандони соҳаи маориф, мутахассисон ва омӯзгорон ин суханон беҳтарин дастури амаланд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва натиҷабахшии раванди он таҳияи стандартҳои фанниро ба роҳ мондааст, ки Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм аз ҷумлаи онҳост.
Вазорати маориф ва илм натиҷа ва дастовардҳои ислоҳоти соҳаро, ки тайи солҳои охир татбиқ гаштаанд, эътироф карда, дар асоси ба эътибор гирифтани таҷрибаи ҷаҳонӣ стандарт ва барномаҳои навро ҳамчун як ҷузъи таркибии ислоҳоти пурраи мундариҷаи таҳсилот таҳия намудааст.
Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм ҷузъи таркибии силсилаи стандартҳои фанни “Забони модарӣ” дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ аст. Стандарти мазкур дар асоси салоҳият таҳия шуда, талаботи Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумиро ба эътибор мегирад.
Сохтор ва услуби пешниҳоди стандарт тарзе интихоб шудааст, ки паҳлуҳои гуногуни раванди таълими фанни “Забони модарӣ”-ро дар синфи дуюм фаро мегирад ва ба ин васила фаъолияти омӯзгорро дар ҷараёни банақшагирӣ ва таълиму арзёбӣ осон мегардонад.
Тавре ки таҷрибаи байналмилалӣ ва шароити кунунии Тоҷикистон нишон медиҳад, вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарогирии ҳар чӣ бештари воситаҳои иттилоот (интернет, телевизион ва ғайра) имрӯз танҳо бо дониш мусаллаҳ будан кифоя набуда, дар амал истифода бурдани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи иҷтимоишавии ҷавонон ва дастёбӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ба шумор меравад. Ин нуктаи муҳим санги маҳаки стандарти мазкурро ташкил медиҳад.
Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию бунёдкориро дошта бошанд. Онҳо бояд шахсони бомаърифати аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ устувор ва кордоне бошанд, ки роҳҳои дастрас кардани ахбор (маълумот)-ро тавассути воситаҳои гуногун интихоб намуда, онро таҳлилу таҷзия ва арзёбӣ карда, масъалаҳои мураккаби олами атрофро дарк кунанд, мушкилиҳои гуногуни таълимию ҳаётиро пешгӯйӣ ва ҳал карда тавонанд, масъулияти худро дар назди оила, аҳли ҷомеа ва кишвар дарк намоянд. Тавре ҳама медонанд, барои ташаккули ин сифатҳо маҳз дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.
Барои ноил гаштан ба ин ҳадафҳо Вазорати маориф ва илм низоми нави таълимро дар амал татбиқ менамояд, ки он ба ташаккули рушди салоҳиятнокии хонандагон дар истифодаи амалии дониш, малака ва маҳорат мусоидат хоҳад кард.
Натиҷаҳои салоҳиятнокии хонандагон тавассути низоми миллии арзёбӣ санҷида шуда, натиҷаҳои он барои дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим истифода мешавад.
Стандарти мазкур мазмуну мундариҷа, салоҳиятҳо, нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ ва воситаҳои арзёбиро муайян мекунад. Бо татбиқи низоми нав натиҷаҳои таълимӣ (салоҳиятнокии ӯ) мақсади асосии санҷишу назорати сифати таҳсилот мегардад.
Бо татбиқи стандартҳои нав на танҳо малакаву маҳорати касбии омӯзгор, балки натиҷаи таълимӣ низ ҳамчун нишондиҳандаи самаранокии раванди таълим шинохта мешавад. Дар низоми нави таълим масъулиятнокии омӯзгорон барои беҳтар гаштани натиҷаҳои таълимии хонандагон ба маротиб зиёд мегардад.
Дар ҷараёни татбиқи маҷмӯи стандартҳо ва барномаҳои фаннӣ омӯзгор шахси асосӣ аст. Аз ин рӯ, самаранокии татбиқи стандартҳои нав ва ҷараёнҳои ислоҳот маҳз ба дарки масъулият, ташаббусу эҷодкорӣ ва маҳорату малакаи омӯзгорон вобаста аст.
Масъулияти омӯзгор дар ин ҷараён хеле зиёд буда, ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирад:
− Ба роҳ мондани таълим дар асоси стандартҳои нав ва барномаи фаннӣ;
− Муҳокимаи масъалаҳои умдатарини татбиқи ислоҳот бо ҳамкорон;
− Муҳокимаи мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар ҳамкорӣ бо мудирияти муассисаи таълимӣ ва идораву шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия;
− Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кормандони Барномаи глобалии ҳамкорӣ баҳри рушди маорифи Вазорати маориф ва илм (мо ба тавсия ва маслиҳатҳои Шумо ниёз дорем);
− Таҳияи маводи иловагии таълимӣ ва истифодаи онҳо дар раванди таълим бо ҳамкорон.
Табиист, ки дар марҳалаи ибтидоӣ масъалаҳои зиёд пайдо мегарданд, ки ба истифодаи стандартҳо, барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии нав алоқаманданд. Аммо мо бовар дорем, ки батадриҷ, бо роҳи фароҳам сохтани имкониятҳои хуби иштирок дар марҳалаи татбиқи ин ислоҳот дар сатҳи мамлакат омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ пурра омода хоҳанд шуд.
Вазорати маориф ва илм ҳамаи омӯзгорон, сарварони муассисаҳои таълимӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои маориф ва тамоми кормандони соҳаи маорифи ҷумҳуриро барои татбиқи ислоҳоти мазкур, ки самаранокӣ ва сифати таълимро барои хонандагон – фарзандони мо таъмин мекунад, даъват менамояд.
Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
I. Мазмун ва мундариҷаи стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
1.1. Мафҳумҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
Арзёбӣ – ҷараёни ҷамъоварии маълумот барои баҳодиҳӣ. Навъ ва воситаҳои гуногуни ташкили ҷараёни арзёбӣ вуҷуд доранд. Он барои муайян кардани дараҷаи дастовардҳои таълимии хонандагон имкон медиҳад. Маълумоте, ки тавассути арзёбӣ ҷамъ оварда мешавад, ҳам ба шахсони алоҳида ва ҳам ба муассисаҳои соҳа зарур аст. Маълумоти аз арзёбӣ ба даст омадаро ба таври гуногун ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ, шахсони алоҳида, волидон, хонандагон ва омӯзгорон истифода бурда метавонанд.
Баҳодиҳӣ–ҷараёни натиҷагирӣ оид ба дараҷаи мувофиқати дониш, салоҳият, малака ва маҳорати хонанда ба талаботи муқарраркардаи стандарти фаннӣ. Баҳодиҳӣ имкон медиҳад, ки дараҷаи азхудкунии салоҳиятҳо муайян карда шавад.
Дидактика – соҳаи илми педагогика, ки ба омӯхтани асосҳои назариявии таҳсилот, муайян намудани қонуният, принсипҳои таълим, мазмуни таҳсилот, шаклу усули таълим ва назорати раванди таълим машғул аст
Иттиҳодияи методӣ – яке аз шаклҳои ташкили кори методӣ, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
Кори лоиҳавӣ – машғулияти мустақилонаи гурӯҳи хонандагон буда, берун аз дарс таҳия карда мешавад. Он дар асоси маълумот ва донишу малакаи ҳосилкардаи хонандагон дар марҳилаи муайяни таълим гузаронида мешавад.
Лавҳи дарсхона – «тахтаи синф»; лавҳ – ҳар чизи сатҳаш паҳни сангӣ, чӯбӣ, филизӣ ва ғайра, ки ба рӯйи он хат менавиштанд ё нақшу нигор мекашанд, фаҳмида мешавад;
Мақсади таълим – мақсади таълимии дарс дар асоси натиҷаҳои таълими дарс таҳия карда мешавад. Натиҷаҳои таълим ба қисмҳои хурдтар (мақсади таълим) ҷудо мешаванд, ки ҳамчун зина барои расидан ба натиҷаҳои таълим хизмат мекунанд.
Малака – қудрат ва тавоноӣ дар иҷрои коре, ки дар натиҷаи машқу тамрин дар табиати инсон пайдо мешавад.
Маҳорат – фаъолияте, ки дар инсон дар натиҷаи таълим ва такрори бисёркарата ҳосил шуда, баъд ба раванди бошуурона табдил меёбад ва инсон минбаъд ҳар як кори худро дониста иҷро мекунад; моҳирӣ, устодӣ, забардастӣ, ҳунармандӣ ва ғайра маҳорат аст.
Машқ – барои ба даст овардани малака ва маҳорат пай дар пай иҷрои ин ё он фаъолият аст.
Метод (юн. methodos-роҳ, тapз, усул, восита, назария, таълимот) - усули назариявӣ ва амалии донистани воқеият; маҷмӯи амалиёт; ташкили бонизоми фаъолияти одамон дар ҳалли масъалаҳои гузошташуда аст.
Меъёр – нишонае, ки дар асоси он баҳодиҳӣ, муайянкунӣ ё таснифи чизе анҷом дода мешавад.
Нақшаи таълим – ҳуҷҷатест, ки омӯзиши фанҳои таълимӣ ва таққаҳрамонти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд.
Низоми таълими ба ташаккули шахсияти хонанда нигаронидашуда – низоми таълиме, ки дар он қобилияти фардӣ ва таҷрибаи қаблии хонанда ҳамчун меҳвар (тири асосӣ) барои омӯзиши минбаъда заминаи асосӣ нигаронида шудааст.
Нишондиҳанда –нишодиҳандаҳо маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳое мебошанд, ки аз ноил шудан ба салоҳиятҳо дарак медиҳанд.
Портфолио – аз калимаи итолиёӣ, маънояш ҳуҷҷатҳо, ҳуҷҷатҳои мутахассис аст.
Портфолиои хонанда – ҷамъоварии мақсадноки корҳои хонанда, ки саъю кӯшиши ӯро ҳангоми иҷрои корҳо, пешрафт ва дастовардҳои ӯро аз рӯйи як ё якчанд фан нишон медиҳанд.
Принсип – қоидаҳои асосии таълим, ки мазмун, шаклҳои ташкилӣ ва усули таълимро дар алоқамандӣ бо мақсадҳои умумии тарбия ва меъёрҳои раванди таълим муайян менамояд.
Раванди таълим – раванди мaқcaднок ва муташаккилонаи ҳосил намудани дониш, маҳорат ва малакаҳо аст.
Роҳнамои фаннӣ барои татбиқи стандартҳо – роҳнамои омӯзгор оид ба татбиқи стандартҳо маводи иловагии методӣ мебошад. Он тавсияҳо ва намунаҳоро оид ба тарзи ташкили ҷараёни таълим фаро гирифта, ба омӯзгор дар самти ташаккули салоҳиятнокии хонандагон ёрӣ мерасонад.
Савод – маҳорати кор кардан бо маълумот, аз ҷумла маҳорати иҷрои амалҳои зарурии риёзӣ, дарки иттилоотии маводи чопӣ, адабиёти илмӣ, инчунин маҳорату малакаи навиштан, дониш омӯхтан аз матни шифоҳию хаттӣ.
Саводнокӣ – яке аз нишонаҳои саводнокии шахс. Мувофиқи шарҳи ЮНЕСКО шахсе, ки хондан, навиштан ва мазмуни ягон матни одиро баён карда метавонад, саводнок аст.
Салоҳият – маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде, ки ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешаванд.
Стандарти фаннӣ – санадест, ки дар он меъёри дониш, малака, маҳорати хонандагон, мазмуну муҳтавои фаннӣ, методикаи таълими фан, роҳу усули самаранок истифода бурдани вақти ба омӯзиши фан ҷудогардида ва талабот ба тарзи санҷиши дониш аз фанни мазкур ифода гардидааст.
Стратегия – роҳу усули ноил гардидан ба мақсад. Роҳ (усул)-и алтернативӣ (ҷойгузин), интихоб, таҳия ва татбиқи барномаро дар назар дорад.
Таҳлил – яке аз усули таълим, ки тавассути он омӯзгору хонандагон маводи омӯхташавандаро ба қисмҳои асосӣ ҷудо карда, хусусиятҳои ҳар яки онро дар алоҳидагӣ баррасӣ мекунанд.
1.2. Заминаи меъёрии ҳуқуқии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
Стандарти фанни «Забони модарӣ» барои синфи 2 дар асоси Конститутсия (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва сархати 6 банди 7 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷӣкистон дар соҳаи маориф таҳия гардида минбаъд барои расонидани ёрии таълимию методӣ барои омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст.
1.3. Соҳаи истифодаи стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм Доираи татбиқи Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм хеле васеъ аст. Истифодабарандагони бевоситаи стандартҳо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ буда, дар марҳалаи банақшагирӣ, таълим ва арзёбии салоҳиятнокии хонандагон онро ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ истифода мебаранд. Инчунин, мутахассисони зинаи таҳсилоти ибтидоии муассисаҳои дахлдори соҳаи маориф, ки барои расонидани ёрии таълимию методӣ масъуланд, ҳангоми банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо дар самти расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони зинаи таҳсилоти ибтидоӣ стандарти мазкурро истифода мебаранд.
Стандарти мазкур дар донишгоҳ ва коллеҷҳои омӯзгорӣ ҳамчун ҳуҷҷати асосии муайянкунандаи мундариҷаи барномаи таълимии курси методикаи таълими фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ истифода мешавад.
Донишкада ва марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф, махсусан шуъба - кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ омӯзиши стандарти мазкурро дар курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ташкил мекунанд.
Минбаъд арзёбии салоҳиятҳо (дониш, малака ва маҳорат)-и хонандагони синфи дуюм дар асоси талаботи стандарти мазкур ба роҳ монда мешавад. Саволу масъалаҳои санҷишии нимсола, солона ва аз синф ба синфгузаронӣ дар асоси салоҳиятҳои дар стандарт ва барномаи таълим муқарраршуда таҳия карда мешаванд.
1.4. Принсипҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм дар асоси принсипҳои таълимии зерин таҳия шудааст:
− баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;
− қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
− ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ;
− дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун;
− бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс;
− муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;
− ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ;
− ягонагии фазои маърифатию фарҳангӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ;
− ҷанбаи инсондӯстӣ, демократӣ ва давлатию ҷамъиятии идоракунии соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;
− раванди муттасили таҳсил;
− ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;
− пайдарҳамии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;
− ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот.
− ба қобилияти фардии хонанда диққат додан. Раванди таълим дар асоси дониш, малака ва маҳорати базавӣ (асосӣ)-и хонанда ба роҳ монда шуда, бояд талаботи маърифатии ӯро қонеъ намояд. Ба эътибор гирифтани қобилияти хонандагон дар иҷрои фаъолиятҳои таълимӣ ва дар заминаи он такмил додани малакаву маҳорати онҳо. Ҳар як хонанда ба дарс бо дараҷаҳои гуногуни салоҳият меояд. Аз ин лиҳоз,, омӯзгор бояд қобилияти муайян кардани сатҳи салоҳиятнокии хонандаро дошта бошад. Омӯзгор барои ташаккули натиҷаҳои таълими ҳар як хонанда аз лиҳози касбӣ ва ахлоқӣ низ масъул аст.
Таълим ҳамеша самаранок мегардад, агар:
o хонандагон дар заминаи дониш ва малакаи базавиашон таълим гиранд;
o хонандагон мақсаду вазифаҳои таълимии гузошташударо дарк кунанд ва онҳоро иҷро карда тавонанд;
o раванди азхудкунии маводи таълим барои хонандагон шавқовар ва ҷолиб бошад;
o барои азхудкунии маводи нави таълим ё малакаи нав ба хонандагон имконияти мувофиқи машқ кардан дода шавад;
o ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда барои таълим масъуланд;
o омӯзгорон усули гуногуни таълимро ба мақсади таҳким ва мустаҳкам гардонидани донишу малакаи нав истифода баранд;
o ба хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои таълимӣ ва ташаккули малака имконияти ҳамкорӣ дода шавад;
o раванди таълим ба “чӣ тавр фикр кардан” равона гардад, на ба “оид ба чӣ фикр кардан”;
o ҳама оид ба ҷиҳатҳои суст ва қавии донишу малакаашон ростқавл бошанд;
o нокомӣ дар ҷараёни таълим ҳамчун қисми таркибии он шинохта шавад.
− ба эътибор гирифтани гуногунзеҳнии хонандагон. Баъзе хонандагон тавассути фаъолияти амалӣ кореро аз худ мекунанд ва баъзеи онҳо тавассути мушоҳида дониш мегиранд. Ба баъзеи хонандагон машғулияти серҳаракат, ба дигарон бошад, баръакс, оромӣ барои таълим гирифтан мусоидат мекунад. Омӯзгорон бояд ба ҳама баробар диққат диҳанд, ёрӣ расонанд ва мувофиқи шавқу завқашон супориш таҳия намоянд.
− ҷанбаи башардӯстӣ доштани раванди таълим. Вазифаи омӯзгор танҳо аз додани дониш ва аз бар кунонидани салоҳиятҳо иборат нест. Ӯ барои фароҳам овардани фазои мусоиди таълим, барои ҳамкорию ҳамдигарфаҳмӣ низ масъул аст.
− инкишофи арзишҳо. Стандарти мазкур дар баробари салоҳиятҳои таълимӣ инкишофи арзишҳоро ба роҳ мемонад. Ин арзишҳо на танҳо барои аз худ кардани салоҳиятҳои таълимӣ, балки барои тарбияи шаъну шарафи шаҳрвандӣ низ заруранд.
− алоқамандии таълим бо ҳаёт. Стандартҳои нав ташаккули дониш, малакаву маҳоратҳои барои имрӯз ва ояндаи Тоҷикистон заруриро таъмин намуда, таълимро ҳамчун раванди омӯзиш дар тӯли ҳаёт таъкид мекунанд. Низоми нави таълим низ ба мақсади мутобиқ сохтани натиҷаҳои таълим ба талаботи ҳаёт равона мегардад. Яъне дар натиҷаи таълим хонанда дониш, малака ва маҳораташро дар амал барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ истифода мебарад.
− омӯзиш дар тӯли ҳаёт. Раванди таълим ва инкишоф беохир аст. Шояд барои пурра аз худ кардани баъзе салоҳиятҳо як умр сарф карда шавад ва баъзеашон мумкин аст тамоман аз худ карда нашаванд. Аз ин лиҳоз,, “Низоми таълими салоҳиятнокии хонандагон” раванди омӯзишро дар тӯли ҳаёт тақозо мекунад.
− ташаккули малакаи баланди фикрронӣ. Ҳадафи ниҳоии раванди таълим ташаккули малакаи баланди фикрронӣ мебошад. Раванди таълим мувофиқи тартиби зерин сурат мегирад:
o таҳияи ақида дар асоси унсурҳои санҷидашуда ва боваринок, арзёбӣ ва ҷавоб додан ба ақидаҳои дигарон;
o санҷидани ақидаҳо ё вазъиятҳо аз нигоҳҳои гуногун, аз ҷумла таҳлили назарҳои фарҳангҳои мухталиф;
o таҳқиқи омилҳо ва ақидаҳо ба мақсади дарёфти хулосаи мувофиқ;
o истифодаи усули мухталифи тахаюлотӣ барои ҳалли масъалаҳо, махсусан масъалаҳои ношинос ва мураккаб;
o таҳия ва пурсидани саволҳои мантиқӣ ва таҳлилӣ.
− арзёбӣ ба мақсади таълим. Мо бояд мунтазам натиҷаҳои таълимии хонандагонро арзёбӣ намоем, то тавонем усули таълимро тағйир дода, раванди онро самараноктар гардонем.
1.5. Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи 2-юм
Стандарти мазкур ба мақсади татбиқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 таҳия шудаанд.
Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм:
− муайян ва муқаррар кардани маҷмӯи салоҳият (меъёри дониш, малака ва маҳорат)-и хонандагони синфи дуюм аз фанни “Забони модарӣ”;
− ба низом даровардани мазмун, мундариҷа ва раванди банақшагирӣ, таълим ва арзёбии фанни “Забони модарӣ” дар синфи дуюм;
− муқаррар намудани доираи мавзӯъҳои бобҳои таълими фанни “Забони модарӣ” мувофиқи талаботи забономӯзӣ ва мувофиқат ба инкишофи синну солии хонандагони синфи дуюм.
− мазмун, мундариҷа ва фаъолиятҳои таълим барои ташаккули салоҳиятнокӣ равона шуда, байни онҳо робитаи қавӣ барқарор гардонида шавад;
− бояд малакаҳои гуногуни фаннӣ ба таври мушаххас ва фарогир пешниҳод гарданд. Нишондиҳандаҳои азхудкунии ҳар як салоҳият оварда мешаванд;
− бо вуҷуди фаро гирифтани самтҳои гуногуни таълими фанни “Забони модарӣ”, стандарти мазкур фаъолияти эҷодии омӯзгорро маҳдуд накарда, бояд ӯро барои дуруст ва самаранок ташкил намудани раванди таълим ҳидоят намояд;
− мазмуну мундариҷа ва миқдори салоҳиятҳо бояд мувофиқи сарбории фан, ки нақшаи таълим муқаррар кардааст, пешниҳод гарданд.
Фанни «Забони модарӣ» барои синфи 2 дар нақшаи таълими асосӣ ҳамчун фанни ҳатмии таълим дар таркиби маҷмуи фанҳои «Филологӣ» ҷойгир шуда, ҳаҷми сарбории хонандагон дар давоми соли таҳсили зинаи ибтидоӣ 306 соатро ташкил медиҳад:
Синф Миқдори ҳафтаҳои соли таҳсил
Миқдори соатҳои ҳафтаина
Миқдори соатҳо дар давоми соли таҳсил
2 34 9 306
Забон маҳсули тафаккур ва падидаи иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, инсонро тарбия мекунад. Он воситаи ифодаи ақидаҳо ва арзишҳо буда, василаи асосии интиқоли фарҳангу маданият аз як насл ба насли дигар мебошад. Забон барои рушди тафаккур, баёни андешаи шахсӣ, ташаккули муоширату муносибати иҷтимоӣ, тасаввурот дар бораи ҷаҳон ва табодули фарҳанг ҳамчун восита хидмат мекунад.
Қобилияти хондану гӯш кардан ва сипас,, шифоҳиву хаттӣ баён кардани фикр малакаҳои мураккаб буда, самтҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” ба шумор мераванд.
Забони модарӣ дар байни фанҳои таълим нақши махсус дошта, вазифаҳои гуногунро иҷро менамояд. Ин фан хонандагонро ба малакаҳои муомилаю муоширати зарурии омӯхтани фанҳои дигар мусаллаҳ месозад. Забони тоҷикӣ дар ҳамаи зинаҳои таълим фанни асосӣ буда, ҳамчунин барои ҳамгироии фанҳои гуногун нақши бузург дорад.
Аксари малакаҳое, ки тавассути Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм таълим дода мешаванд, ба монанди навиштани матнҳо ва амсоли онро метавон дар барномаҳои таълими фанҳои дигар (забони русӣ ва англисӣ) истифода бурд.
II. Салоҳиятҳои фанни “Забони модарӣ” барои синфи 2-юм Фасли мазкури стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм хеле муҳим аст. Дар фасли мазкур салоҳиятҳои фанyи “Забони модарӣ” мувофиқи самтҳои таълим оварда мешаванд. Салоҳиятҳои ҳамаи фанҳо дорои хусусиятҳои зеринанд:
- аз рӯйи принсипи аз сода ба мураккаб тартиб дода шудаанд. Омӯзгорон метавонанд салоҳиятҳои синфи пешина ва баъдинаро мушоҳида карда, мутаносибан раванди таълимро аз оғоз то анҷом ба нақша гиранд. Ин муносибати печдори татбиқи барномаи таълим мебошад. Яъне салоҳиятҳое, ки дар як синф муаррифӣ шудаанд, дар синфҳои минбаъда такмил дода мешаванд. Дар сатҳи ҳар як синф талабот ба салоҳиятнокӣ мураккабтар мегардад.
- мувофиқи самтҳои асосии таълимии фанҳо гурӯҳбандӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз, тартиби пешниҳоди салоҳиятҳо (малака ва маҳоратҳо) ба тартиби маводи китобҳои дарсӣ мувофиқат мекунад.
- хусусияти арзёбӣ дошта, мушоҳида мешаванд ва азхудкунии салоҳиятҳо тавассути нишондиҳандаҳо муайян мегарданд.
- дар таҳияи салоҳиятҳо усули печдор истифода шудааст, яъне омӯзгор барои хонандагон имконияти салоҳиятнок шуданро фароҳам оварда, дар сатҳи синфҳои мибаъда ба хонанда имконияти ташаккули бештар дода мешавад. Ҳамин тавр хонанда дараҷаи баландтари салоҳиянокиро аз худ карда ташаккул медиҳад.
2.1. Салоҳиятҳои хондан, навиштан, гуфтану шунидан
Салоҳиятҳои хондан а) Унсурҳои маъмули матнро мешиносад ва истифода мебарад.
б) Миқдори зиёдтари стратегияҳоро истифода бурда, матнҳои хурдро, ки калимаҳои бештари ношинос доранд, мехонад.
в) Мазмуни матнҳои ҳикоягии на он қадар калонро, ки миқдори ками калимаҳои ношинос доранд, дарк карда, хулоса мебарорад.
Салоҳиятҳои навиштан а) Қоидаҳои дигари хат (навиштан)-ро риоя карда, асосан дуруст, бо суръати баланд ва вобастагии камтар аз намуна менависад.
в) Андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калони сохторашон гуногун менависад.
Салоҳиятҳои ҳамгирои хондану навиштан а) Хондан ва навиштанро қадр карда, баъзе навъҳои матнро аз сарчашмаҳои гуногун мехонад ва менависад.
Салоҳиятҳои шунидан а) Қоидаҳои одии шуниданро дар доираи васеътари вазъиятҳо риоя мекунад.
б) Мазмун ва мақсади асосии навъҳои маъмули нутқи шифоҳии мураккабтари ба синну сол мувофиқро муайян мекунад.
Салоҳиятҳои гуфтан а) Дар вазъиятҳои васеътар қоидаҳои асосии сухангӯӣ, маданияти нутқро риоя мекунад.
б) Саволҳои таҳлилӣ медиҳад ва дар вазъиятҳои гуногун дастурҳои аз лиҳози амал мураккабтар медиҳад.
в) Фикру мулоҳизаҳои асосиро бо мақсадҳои васеъ дар шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ баён мекунад.
Салоҳиятҳои ҳамгироии гуфтану шунидан а) Имконияти баробари шунидану гуфтанро дар шаклҳои маъмули нутқи шифоҳӣ истифода мебарад.
2.2. Баҳодиҳии салоҳиятҳои хондан, навиштан, шунидан ва гуфтан Дар фасли мазкур мо тартиб ва воситаҳои арзёбии салоҳиятҳои забономӯзиро пешниҳод мекунем.
Салоҳиятҳои хондан а) Унсурҳои маъмули матнро мешиносад ва истифода мебарад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− муаллиф, сарлавҳа (ном), банд (сархат), луғат, расм, қаҳрамон (ҳо), замон ва макони баргузори воқеаҳои матнҳои ҳикоягии ба синфи дуюм мувофиқро муайян карда тавонад;
− оғоз, қисми асосӣ ва анҷомиматнҳои ба синфи дуюм мувофиқро муайян карда тавонад;
− ҳикоя, шеър ва матнҳои илмӣ-оммавии содаи ба синфи дуюм мувофиқро муқоиса карда тавонад.
б) Миқдори зиёдтари стратегияҳои хонданро истифода бурда, матнҳои хурдро, ки калимаҳои бештари ношинос доранд, мехонад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− қоидаҳои хондан (бодиққат хондан, такроран хондан тасаввур кардан, аз луғат истифода кардан)-ро истифода карда тавонад;
− калимаҳои серҳиҷоро дуруст хонда тавонад;
− дар як дақиқа 40-50 калимаро дуруст хонда, аз рӯйи мазмуни он ба саволҳо ҷавоб дода тавонад;
− хомӯшона ва бо овози баланд хонда, мазмуни матнро муайян карда тавонад;
− матнҳои диалогии содаро аз рӯйи нақшҳо хонда тавонад;
− нақша, ҷадвал ва диаграммаҳои содаро хонда тавонад;
− матнҳои ба синфи дуюм мувофиқро ба мақсадҳои шиносоӣ ва дарёфти ахбори мушаххас истифода карда тавонад;
− мазмуни матнҳои хурдро аз рӯйи расм ва калимаҳои асосӣ пешгӯйӣ карда тавонад;
− шарҳи маънои калимаҳои душворро аз луғати зери матн ёфта тавонад.
в) Мазмуни матнҳои ҳикоягии на он қадар калонро, ки миқдори ками калимаҳои ношинос доранд, дарк карда, хулоса мебарорад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− усули гуногуни хонишро барои дарки мазмуни матнҳои хурд истифода барад;
− доир ба мазмуни матнҳои нисбатан мураккаб ва калонҳаҷм саволу ҷавоб кунад;
− мазмуни матнҳои хурди ҳикоягиро муфассал ва интихобӣ нақл карда тавонад;
− пайдарҳамии мантиқии матнҳои ҳикоягии хурдро муайян карда тавонад;
− аз мазмуни матнҳои сода хулоса бароварда тавонад;
− мазмуни ду матни хурдро муқоиса кунад;
− мазмуни матнҳои мушаххасро бо ҳаёт алоқаманд кунад;
− тахайюлот ва воқеият будани мазмуни матнҳои содаро муайян карда тавонад.
Салоҳиятҳои навиштан а) Қоидаҳои дигари хат (навиштан)-ро риоя карда, асосан дуруст, бо суръати баланд ва вобастагии камтар аз намуна менависад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− хоно, зебо ва тоза нависад;
− калимаҳои ба синфи дуюм мувофиқро тибқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ навишта тавонад;
− калимаҳои ифодакунандаи ном, ҳаракат ва аломатро фарқ карда, бамаврид истифода барад;
− барои ифодаи фикр ва пурсидан ҷумлаҳои ҳикоягӣ ва саволӣ дар охир аломати нуқта ва савол гузорад;
− ҳангоми рӯйнавис сархатро дуруст гузорад;
− бо суръати мувофиқ (тахминан 15-20 ҳарф дар як дақиқа) навишта тавонад.
в) Андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калони сохторашон гуногун менависад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− дар доираи мавзӯъҳои барномаи таълим навиштани нақли хаттиро машқ кунад;
− дар доираи мавзӯъ иншо ва ҳикоя (40-50 калима) навишта тавонад;
− бахшида ба ид ва чорабиниҳои гуногун аз рӯйи намуна табрикнома ва эълони хурд нависад;
− натиҷаи кори гурӯҳро навишта тавонад;
− навиштаҳои худро муқоиса карда, ғалатҳоро аниқ сохта, ислоҳ кунад.
Салоҳиятҳоиҳамгирои хондану навиштан а) Хондан ва навиштанро қадр карда, баъзе навъҳои матнро аз сарчашмаҳои гуногун мехонад ва менависад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− аз рӯйи майлу хоҳиш ва шавқу ҳавас маҷалла ва китобҳои бачагонаро мунтазам мутолиа кунад;
− оид ба матнҳои хондааш суҳбат карда, муносибати худро тавассути қайдҳо ва расмҳои сода баён кунад;
− мустақилона малакаи навиштанро такмил дода, дафтар ва варақаҳои гуногунро истифода барад;
− дар доираи мавзӯъҳои муқарраркардаи барномаи таълим шеър, чистон ва пандҳоро гирд оварда тавонад.
Салоҳиятҳои шунидан а) Қоидаҳои одии шуниданро дар доираи васеътари вазъиятҳо риоя мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− суханони гӯянда ва ҳамсуҳбат(он)-ро бодиққат гӯш карда, ҷавоби мувофиқ диҳад;
− андешаҳои дигаронро эҳтиром (таҳаммул) кунад;
б) Мазмун ва мақсади асосии нутқи шифоҳии мураккабтари ба синну сол мувофиқро муайян мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− дастурҳои шифоҳии ду-сеамаларо иҷро кунад;
− ба саволҳои таҳлилӣ ҷавоб дода тавонад;
− мазмуни ахбор (суханони ҳамсуҳбат, матни хондашуда, сабти овозӣ)-и шунидаро муайян кунад;
− мавзӯъ ва фикри асосии суханони гӯяндаро муайян созад;
− хониши ифоданоки матнҳои хурдро гӯш карда, мазмуни хурсандӣ ва ғаму андӯҳ доштани онро муайян карда тавонад;
− мазмуни суханони шунидаашро нақл карда тавонад;
− калимаҳои ба синфи дуюм мувофиқеро, ки дар тарзи навишт аз талаффуз фарқ доранд, дуруст нависад;
− 35-40 калимаро дуруст навишта тавонад.
Салоҳиятҳои гуфтан а) Дар вазъиятҳои васеътар қоидаҳои асосии сухангӯӣ, маданияти нутқро риоя мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− ҳангоми гуфтор калимаҳоро тибқи қоидаҳои забони адабии тоҷикӣ баён кунад;
− дар вазъиятҳои васеътар суръат, пастиву баландӣ ва оҳанги овозашро идора карда тавонад;
− фикру андешаҳои худро дар қолаби ҷумлаҳои дуруст баён кунад;
− дар вазъиятҳои шинос одоби муносибат (салому хайрухуш, хоҳишу дархост, тарзи узр пурсидан ва изҳори миннатдорӣ)-ро риоя карда тавонад;
− калимаҳои ифодакунандаи ном, ҳаракат ва аломатро дар нутқи шифоҳӣ бамаврид истифода барад;
− дар суҳбатҳо бонавбат сухан гӯяд;
− ҳангоми муносибат дар синф, мактаб ва берун аз он дигаронро эҳтиром кунад;
− наҳаросида, бо боварӣ сухан гӯяд.
б) Саволҳои таҳлилӣ медиҳад ва дар вазъиятҳои гуногун дастурҳои аз лиҳози амал мураккабтар медиҳад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− барои аниқ кардани мазмун ва қонеъ кардани ҳисси кунҷкобии худ саволҳои одии таҳлилӣ диҳад;
− оид ба тартиби иҷрои амалҳо (фаъолиятҳои таълим) дастурҳои мураккабтар дода тавонад.
в) Фикру мулоҳизаҳои асосиро бо мақсадҳои васеъ дар шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ баён мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− дар бораи худ маълумоти умумӣ дода тавонад;
− дар доираи мавзӯъҳои барномаи таълим, шифоҳӣ матнҳои на он қадар калон тартиб дода тавонад;
− воқеаҳои дидаю шунидаашро муфассал ҳикоя карда тавонад;
− ба оҳанги гуфтори қаҳрамонҳо риоя намуда, аз рӯйи мазмуни матни ба синфи дуюм мувофиқ нақшофарӣ карда тавонад;
− натиҷаи кори худ ва гурӯҳро муаррифӣ карда тавонад;
− шеър, латифа ва чистонҳои ба синну сол мувофиқ гуфта тавонад.
Салоҳиятҳои ҳамгироии гуфтану шунидан а) Имконияти баробари шунидану гуфтанро дар шаклҳои маъмули нутқи шифоҳӣ истифода мебарад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− ба мақсадҳои гуногун (маслиҳату машварат нақли ҳикоя, афсона, воқеаҳои дидаю шунида, муҳокима) суҳбат кунад;
− дар доираи мавзӯъҳои таълимӣ ва ҳаётии ба синну сол мувофиқ муколама (саволу ҷавоб) карда тавонад;
− хурсанд ё ғамгин будани гӯяндаро муайян карда, оҳанги мувофиқи гуфторро интихоб намояд;
− барои беҳтар шудани нутқи дигарон шифоҳӣ тавсияҳои содаи шифоҳӣ диҳад (тарзи гуфтор, шеърхонӣ ва ғайра).
2.3. Салоҳиятҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ
Таълиму тарбия дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ. Азбаски хонандагон қобилиятҳои гуногун доранд, мо бояд пешрафти хонандаро берун аз салоҳиятҳои фаннӣ низ эътироф намоем. Дар намунаи ҳисоботи дар боло омада сутуне барои нишон додани кӯшишу ғайрати хонанда омадааст. Кӯшишу ғайрат ҳам бо низоми 6 (10, 20, 100) балла баҳогузорӣ карда мешавад.
Барои қайди муносибати хонанда ба омӯзиш корти ҳисоботи хонанда истифода карда мешавад, ки қисмҳои зеринро дарбар мегирад.
Дар омӯзиши ҳар фан хислатҳои зерин нақши асосиро мебозанд.
Худро идора карда тавонистан м о б Мунтазам одатан баъзан
Мустақилият нишон медиҳад Интизориҳои баланд дорад Барои таваккал кардан омода аст Тобовар аст
Муносибат бо дигарон Аҳамият медиҳад Таҳаммулпазир аст Ҳамкорӣ менамояд Иштирок ва саҳмгузорӣ Эътимод нишон медиҳад Масъулиятро ба дӯш мегирад Фаъол аст Мақсаднок ба коре ҷалб мегардад
Андешаронӣ Фикрронии дараҷаи баланд дорад Эҷодкорӣ
2.4. Нишондиҳандаҳои хислатҳо
Дар ҷадвали зер нишондиҳандаҳое оварда шудаанд, ки хонандагони болаёқатро тавсиф менамояд. Ин нишондиҳандаҳо то андозаи муайяне хусусияти инфиродӣ доранд.
Ҳангоми арзёбӣ омӯзгор нишондиҳандаҳои зеринро ба эътибор мегирад.
Хислат Нишондиҳанда (ё муайянкунанда) – Хонанда Худро идора намудан Мустақилият нишон додан
Бе ёрии дигарон кор мекунад ва агар ёрӣ лозим шавад, пеш аз кумак пурсидан барои ҳалли ҳама гуна мушкилӣ аввал худ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Интизориҳои баланд дорад.
Ҳангоми иҷрои супорише ҳадаф мегузорад, ки натиҷааш босифат бошад бо интизории он, ки меъёрҳои баҳодиҳиро аз худ менамояд ва аз он ҳам болотар ноил мешавад. Агар вазифа ё супориш аз тарафи омӯзгор арзёбӣ нашавад ҳам, хонанда дар пеши худ меъёрҳои баланд мегузорад, то кори ӯ ҳамчун як муваффақият арзёбӣ шавад.
Ба таваккал (дар омӯ зиш) кардан омода аст.
Зарурати таҷриба намудани ашёро эътироф менамояд, ҳарчанд он қисман ба нокомӣ ё танқид мебарад. Аммо ин хавфҳо хавфҳои асосноке бошанд, ки ба бехатарии шахсӣ мушкилӣ эҷод накунанд.
Тобовар аст Бо вуҷуди мушкилот, ноумед намешавад ва кӯшиш мекунад, ки вазифаҳоро ба анҷом расонад.
Бовиҷдон аст Арзишҳои худро ҳамеша, новобаста аз вазъият хифз менамояд.
Арзишҳо инҳоянд:
− дар амалҳояш ростқавл аст;
− меҳрубонӣ зоҳир мекунад;
− адолатро риоя мекунад;
− ҳақгӯ аст;
− дар рафтору амал масъулиятшинос аст;
− дар амалҳояш шаффофиро риоя мекунад (ба истиснои ҳолатҳои номутобиқ);
− дар сахтиҳо далерӣ нишон медиҳад;
− фарҳанги худ ва дигаронро эҳтиром мекунад.
Муносибат бо дигарон Аҳамият медиҳад Вақте бо дигарон кор мекунад ба ниёзҳои онҳо аҳамият медиҳад (масалан дигаронро гӯш мекунад, сухани онҳоро намебурад).
Таҳаммулпазир аст Ақида ва фарҳанги шахсони гуногунро қабул мекунад (ин маънои онро надорад, ки мо аз ин сӯиистифода кунем).
Ҳамкорӣ менамояд Хамкорӣ мекунад, ба дигарон барои саҳм гузоштан дар иҷрои супоришҳо имкон медиҳад.
Иштирок ва саҳмгузорӣ Эътимод нишон медиҳад
Ҳангоми пурсиш ақидаашро иброз медорад ва барои иҷрои супориш на ҳамеша аз дигарон меҷӯяд.
Масъулиятро ба дӯш мегирад
Ҳангоми иҷрои фаъолиятҳо оқибатҳои онро ба зимма мегирад. Агар аз ӯ хоҳиш кунанд, масъулиятро ба дӯш мегирад.
Фаъол аст Ғайрифаъол нест, баръакс кӯшиш мекунад саҳми худро гузорад.
Мақсаднок ба коре ҷалб мегардад
Пеш аз ҳар гуна фаъолият мақсаде мегузорад, ки ба ҳалли вазифаи додашуда марбут аст.
Андешаронӣ Фикрронии дараҷаи баланд
Барои анҷом додани вазифаҳо малакаҳои фикрронии баландро истифода мебарад.
Эҷодкорӣ Фикрҳои тоза пешниҳод мекунад.
2.5. Салоҳиятнокии омӯзгорон
Барои татбиқи стандарт ва барномаи нави фани “Забони модарӣ” омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд дониш, малака ва маҳорати зеринро дошта бошад:
− назария ва принсипҳои низоми таълими салоҳиятнокиро донад ва ҷанбаҳои татбиқи амалии онро дар раванди таълим шарҳ дода тавонад;
− тарзи банақшагирӣ ва арзёбии салоҳиятнокии хонандагонро донад ва ҳангоми раванди таълим истифода барад;
− усули таълимиеро, ки барои ташаккули салоҳиятнокии хонанда мусоидат мекунанд, донад ва усули мувофиқро интихоб карда тавонад;
− усул ва воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро барои муайян кардани сатҳи азхудкунии салоҳиятҳо истифода бурда тавонад;
− натиҷаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро ба мақсади қабули қарори мувофиқ истифода бурда тавонад;
− роҳу воситаҳои самараноки ба хонандагон барои салоҳиятнок шудан ёрӣ расониданро донад ва дар раванди таълим истифода барад.
III. Ташкили раванди таълими салоҳиятнокӣ аз фанни “Забони модарӣ” барои синфи дуюм
Аксари низомҳои таълими анъанавӣ ба азхудкунии мавзӯъ нигаронида шудаанд, яъне омӯзгорон хонандагонро ба аз худ кардани мавзӯъ ва азёд кардани маълумот водор менамоянд. Чунин муносибат ба таълим дар гузашта мутобиқ буд, аммо дар замони ҳозира, ки андозаи дониш босуръат зиёд мегардад, дар раванди таълим диққати асосӣ бояд ба ташаккули малакаҳои омӯзишии хонандагон равона гардад, то онҳо тавонанд дониши зарурӣ ва маълумоти мушаххасро интихоб кунанд ва истифода баранд. Дар стандартҳои фанни “Забони модарӣ” ба истифодаи дуруст ва моҳиронаи забони тоҷикӣ ба мақсади муошират ва ҳалли масъалаҳои ҳаётан зарур, диққати махсус дода мешавад.
Акнун барои омӯзгорон “хонандагон чиро меомӯзанд?” ва “чӣ тавр меомӯзанд?” аз “ба хонандагон чиҳоро меомӯзонанд?” муҳимтар аст. Барои баъзеҳо омӯзондан ва омӯхтан (аз худ кардан) як маъно дорад, аммо бояд дар хотир дошт, ки агар омӯзгор нодуруст дарс диҳад, ҳатто дар ҳолати дарси зиёд додан ҳам, азхудкунӣ наметавонад самарабахш бошад Дар низоми таълим ва арзёбии салоҳиятнокӣ ба дониш, малака ва маҳоратҳои воқеии хонандагон диққати махсус дода мешавад. Салоҳиятҳо фаъолиятҳоеро, ки хонандагон дар натиҷаи омӯхтан аз худ мекунанд, нишон медиҳанд. Масалан, дар синфи дуюм салоҳияти “Андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калонтари сохторашон гуногун менависад”, натиҷаи омӯхтани хонанда аст. Муҳим он аст, ки хонанда барои ифодаи андешаҳои худ ба мақсадҳои гуногун матнҳои сохторашон гуногун таҳия кунад. Агар ин амалро хонанда иҷро карда тавонад, ӯ метавонад мавзӯъҳои гуногунро нависад. Масалан, дар мавзӯъҳои “Ватан”, “Сулҳу дӯстӣ” иншо нависад. Ин маънои онро надорад, ки мавзӯъҳо муҳим нестанд.
Мавзӯъҳо ҳамчун восита барои ноил шудан ба салоҳият хизмат мекунанд.
Барои муайян кардани он ки оё хонанда салоҳиятҳоро аз худ кардааст ё не, барои ҳар салоҳият нишондиҳандаҳои он оварда мешавад. Нишодиҳандаҳо маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳое мебошанд, ки аз ноил шудан ба салоҳиятҳо дарак медиҳанд. Онҳо ба Шумо имкони мушоҳида ва арзёбӣ карданро фароҳам оварда, нишон медиҳанд, ки то кадом андоза хонанда салоҳиятро аз худ кардааст. Тартиб додани рӯйхати пурраи нишондиҳандаҳо барои баъзе салоҳиятҳо имконнопазир аст, шояд шумораи онҳо ба садҳо нишондиҳанда расад ва микдори онҳо вобаста ба нуктаи оғози инкишофи салоҳиятнокӣ ва вобаста ба сатҳи синф фарқ кунад.
Дар гузашта самтҳои гуногуни раванди таълим (таҳия ва татбиқи нақшаи тақвим) бештар назорат ва мушоҳида карда мешуд. Акнун натиҷаҳои таълимии хонандагон ва раванди омӯзиши онҳо бештар назорат карда мешаванд. Аз байн бурдани навъҳои дигари назорат дар ҳолате амалӣ мегардад, ки агар:
1) муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон самаранок ба низоми таълими салоҳиятнокии хонандагон гузаранд.
2) тартиби ҷамъоварии маълумоти дуруст, ки дараҷаи азхудкунии салоҳиятҳоро нишон медиҳад, ба роҳ монда шавад.
Ба омӯзгорон озодии бештар дода мешавад ва ҳамзамон масъулияти онҳо барои беҳтар шудани дастовардҳои таълимии хонандагон зиёд мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки арзёбии салоҳиятҳо қисми асосии ислоҳот маҳсуб меёбад.
Акнун барои омӯзгор танҳо донистани мундариҷаи фан кифоя нест. Омӯзгорон бояд дар асоси таҷриба, омӯзиши методикаи таълим, азхудкунии назарияи таълим ва маълумот оид ба ҳар як хонандаи синф барои инкишоф додани салоҳиятҳои онҳо ва таъмини пешравӣ ҷараёни таълимро ба роҳ монанд.
3.1. Ба хусусиятҳои фардии хонанда диққат додан
Стандарту барномаҳои нави таълим ташаккули натиҷаҳои таълимии ҳамаи хонандагонро новобаста аз қобилият ва вазъи иҷтимоӣ дастгирӣ менамоянд. Стандарт ва барномаи мазкур ақидаеро, ки тибқи он ба ҳамаи хонандагон талаботи ягона гузошта шавадро дастгирӣ намекунад. Он ақидаеро дастгирӣ менамояд, ки дар он ҳар як хонанда дорои маҷмӯи таҷрибаи мушаххас, инчунин дараҷаҳои гуногуни салоҳият аст. Омӯзгорон барои ташаккули натиҷаҳои таълими ҳар як хонанда аз лиҳозӣ касбӣ ва ахлоқӣ масъуланд.
Самаранокии таълим тавассути ташаккули натиҷаҳои таълимии тамоми аҳли синф муайян карда мешавад, на дастовардҳои таълимии якчанд хонанда. Барои амалӣ сохтани мақсади мазкур омӯзгорон бояд тарзи муайян намудани сатҳи дониши мавҷудаи хонанда ва сатҳи ниҳоии азхудкунии салоҳиятҳои ҳар як хонандаро истифода бурда тавонанд.
3.2. Принсипҳои таълими самаранок
Таълим ҳамеша самаранок мегардад, агар:
− хонандагон дар заминаи дониш ва малакаи базавиашон инкишоф ёбанд;
− хонандагон мақсади вазифаҳои таълимии гузошташударо дарк кунанд;
− мақсади таълим барои хонандагон фаҳмо бошад;
− вазифаҳои таълим мувофиқи қобилияти хонандагон таҳия шаванд;
− раванди азхудкунии маводи таълим барои хонандагон шавқовар ва ҷолиб бошад;
− барои азхудкунии маводи нави таълим ё малакаи нав ба хонандагон имконияти мувофиқи машқ кардан дода шавад;
− омӯзгорон усули гуногуни таълимро ба мақсади таҳким ва мустаҳкам гардонидани донишу малакаи нав истифода баранд;
− ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда барои таълим масъулият дошта бошанд;
− омӯзгорон усули гуногунро ба мақсади такрор ва дар хотир нигоҳ доштани донишу малака истифода баранд;
− ба хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои таълимӣ ва ташаккули малака имконияти ҳамкорӣ кардан диҳанд;
− раванди таълим ба “чӣ тавр фикр кардан” равона гардад, на ба “оид ба чӣ фикр кардан”;
− ҳама оид ба ҳаҷми донишу малакаашон ростқавл бошанд;
− нокомӣ дар ҷараёни таълим ҳамчун қисми таркибии он шинохта шавад;
− омӯзгор раванди омӯзишро дарк кунад ва донад, ки таълим чӣ тавр бояд ба роҳ монда шавад ва онро доимо назорат кунад.
3.3. Ташаккули тафаккури сатҳи олӣ
Дар низоми анъанавии таълим диққати асосӣ ба бозгӯйии дониш равона гардида, ба дарку таҳлили он вақти кам ҷудо мешуд.
Низоми нави таълим диққати асосиро ба ташаккули фикронии дараҷаи баланд, равона мекунад.
Мо дараҷабандии қобилиятҳои маърифатиро дар диаграммаи зерин мушоҳида карда метавонем.
Ташаккули тафаккури сатҳи олӣ пурра ҷараёни фикркуниро фаро мегирад, аз ҷумлаи намунаҳои зерин:
− шаклгирии ақида дар асоси унсурҳои санҷидашуда ва боваринок, арзёбӣ ва ҷавоб додан ба ақидаҳои дигарон;
− санҷидани ақидаҳо ё вазъиятҳо аз нигоҳи гуногун, аз ҷумла таҳлили назари фарҳангҳои мухталиф;
− таҳқиқи омилҳо ва ақидаҳо ба мақсади дарёфти хулосаи мувофиқ;
− истифодаи усули мухталифи тахаюлотӣ барои ҳалли масъалаҳо, махсусан масъалаҳои ношинос ва мураккаб;
− таҳия ва пурсидани саволҳои мантиқӣ ва таҳлилӣ;
Эҷод кардан
Арзёбӣ
Таҳлил
Истифода
Фаҳмидан Дар хотир гирифтан
− муайян намудани мавзӯъҳо ё ҳодисаҳо ва алоқаманд намудани донишҳои фаннӣ.1
Оид ба тафаккури сатҳи олӣ якчанд нуктаро бояд дар хотир гирифт:
1. Бо вуҷуди барои хонандагон муҳим будани малакаҳои тафаккури сатҳи олӣ арзёбӣ ва санҷиши ин малакаҳо хеле мушкил аст. Аз ин лиҳоз,, системаи арзёбии мо бояд пурра тағйир ёбад.
2. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки малакаи тафаккури сатҳи олӣ маънои дар хотир нигоҳ доштани маълумотро надорад. Мақсади асосӣ таҳқиқи амиқи маълумот аст.
3.4. Алоқамандии байнифаннӣ
Ҳудудҳое, ки байни фанҳои синфҳои ибтидоӣ эҷод шудаанд, қисман сунъиянд, аммо барои ташкили ҷараёни таълим заруранд. Дар асл шахс дар ҳолате ки агар якчанд фанро дар як замон омӯзад, таълими хубтар мегирад. Бо назардошти ин ва фоидае, ки аз истифодаи алоқамандии фанҳо ба даст меояд (асосан алоқамандии байнифаннӣ ном бурда мешавад), Вазорати маориф ва илм онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Намунаи алоқамандии байнифаннӣ дар синфҳои ибтидоӣ чунин аст: Омӯзгор дар синф “дӯкони фурӯши маҳсулот” ташкил карда, аз хонандагон хоҳиш мекунад, ки бо “маблағи шартӣ” маҳсулот харанд. Онҳо бо навбат нақши фурӯшанда ва харидорро иҷро карда метавонанд. Аз хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки маблағи доштаашонро сарф карда маҳсулот харанд ва оид ба амали иҷрокардаашон иншо нависанд.
Хонандагон дар самтҳои зерин салоҳият пайдо мекунанд:
1) Истифодаи пул/маблағ (математика)
2) Ҳисоб кардани нарх ва бақия (математика)
3) Муқоисаи нарх ва андоза (математика)
4) Пурсидани маҳсулот (Забони тоҷикӣ – гуфтан)
5) Муайян кардани сифат ва макони истеҳсоли мол (табиатшиносӣ)
6) Оид ба маҳсулот маълумоти пурра пайдо кунанд (Забони тоҷикӣ – гуфтан)
7) Оид ба вазъият навиштан (Забони тоҷикӣ – навиштан)
8) Навбати худро интизор шудан (Малакаи иҷтимоӣ) Дар асл ҳангоми таълими ҳамагуна мавзӯъ мо ҳамеша якчанд салоҳияти фанҳои мухталифро ташаккул медиҳем.
This is the start of the file's text. The full file is on GovTribe.
File details come from the government source that posted it. Updated .