Attachment_J.19_Standards_Tajik_Lang_Grade_3.pdf
PDF 5 MB Posted
- Attached to
- USAID Read With Me project in Tajikistan Federal contract opportunity
- Solicitation number
- SOL-176-16-000002
About this file
Attachment J.19 Standards for Tajik Language Grade 3
View the file
Other files for this federal contract opportunity
Show all 20
On GovTribe
Work with this file on GovTribe
- Download the original file
- Contacts named in this file
- Similar government files
- Ask GovTribe AI about this file
Text version
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
НУСХАИ ОЗМОИШӢ
СТАНДАРТИ
ФАННИ «ЗАБОНИ МОДАРӢ»
Барои синфи 3
Душанбе - 2015
ББК
УДК
Бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз __________ тасдиқ шудааст.
Дастрасӣ ва таъмини омӯзгорон ба стандарт ва барномаи таълим.
Ҳар як омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд як нусхаи ҳуҷҷати мазкурро дошта бошад.
Стандарт ва барномаи фанни “Забони модарӣ” тавассути сохтор ва сарчашмаҳои зерин паҳн ва дастраси ҳамагон карда мешаванд:
− нусхаи электронӣ дар шаклҳои PDF ё EPUB дар сомонаи Вазорати маориф ва илм (http://maorif.tj);
− нусхаи электронӣ аз идора ва шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо;
− нусхаи чопӣ дар шакли китобчаҳои алоҳида аз идора ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо;
− салоҳиятҳо ва нишондиҳандаҳои онҳо дар плакатҳои махсус ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз чоп ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод мегарданд.
Агар шумо смартфон ё планшет дошта бошед, метавонед ҳуҷҷати мазкурро дар шакли электронӣ истифода баред.
http://maorif.tj/
Мундариҷа Муқаддима
I. Мазмун ва мундариҷаи стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм . 12
1.1. Мафҳумҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм . 12
1.2. Заминаи меъёрии ҳуқуқии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм
1.3. Соҳаи истифодаи стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм
1.4. Принсипҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм 14
1.5. Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм
II. Салоҳиятҳои фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм
2.1. Салоҳиятҳои хондан, навиштан, гуфтану шунидан
2.2. Баҳодиҳии салоҳиятҳои хондан, навиштан, шунидан ва гуфтан
2.3. Салоҳиятҳои тарбиявӣ
2.4. Нишондиҳандаҳои хислатҳо
2.5. Салоҳиятнокии омӯзгорон
III. Ташкили раванди таълими салоҳиятнокӣ аз фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм
3.1. Ба хусусиятҳои фардии хонанда диққат додан
3.2. Принсипҳои таълими самаранок
3.3. Ташаккули малакаҳои фикрононии дараҷаи баланд
3.4. Алоқамандии байнифаннӣ
3.5. Стратегияҳои таълими фанни «Забони модарӣ» барои синфи дуюм
3.5.1. Таълими малакаҳои гӯш кардану гуфтан
3.5.2. Таълими луғат
3.5.3. Таълими хониши равон ва бурро
3.5.4. Таълими хониши бошуурона
3.5.5. Таълими малакаи навиштан
IV. Арзёбӣ
4.1. Арзёбӣ ва баҳодиҳии салоҳиятҳои хондан
4.2. Воситаҳои арзёбии ташаккулидиҳандаи малакаҳои хондан
4.2.1. Санҷидани хондани калимаҳои шинос
4.2.2. Гӯш додан ба тарзи хондани хонандагон
4.2.3. Саволҳо барои санҷидани дарки маънии матни хонда
4.3. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии малакаҳои хондан
5.3.1. Санҷидани суръати хониш
4.3.2. Санҷиши дарки маънӣ
4.4. Арзёбӣ ва баҳодиҳии малакаи навиштан
4.4.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи навиштан
4.4.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии навиштан
4.5. Арзёбӣ ва баҳодиҳии малакаи шунидан
4.5.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи малакаи шунидан
4.5.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии шунидан
4.6. Арзёбӣ ва баҳодиҳии салоҳиятҳои гуфтан
4.6.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи салоҳиятҳои шунидан
4.6.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии салоҳиятҳои гуфтан
Барномаи таълими фанни “Забони модарӣ” дар синфи сеюм
Нақшаи тақвими корӣ барои фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм
ФАСЛИ I. Нимсолаи якум
Боби 1. Салом, мактаб!
§ 1. Дарси сулҳ – 2 соат
§ 2. Қоидаҳои тиллоии дарс! – 2 соат
§ 3. Таътили тобистона – 2 соат
§ 4. Як рӯзи фаромӯшнашавандаи тобистон – 2 соат
§ 5. Аз А то Я – Чиро дар хотир дорам? – 4 соат
§ 6. Оғози сафар ба “Дунёи дониш” – 8 соат
§ 7. Номи матн ба мо чӣ мегӯяд? – 2 соат
§ 8. Симоҳои матнро ёбед – 2 соат
§ 9. Муайян кардани фикри асосии матн – 4 соат
§ 10. Кӣ? Чӣ? Кай? Дар куҷо? – 2 соат
§ 11. Чӣ тавр? Ба кадом мақсад? Барои чӣ? – 2 соат
§ 12. Ман масъулиятшиносам – 2 соат
Боби 2. Зинда бош, эй Ватан!
§ 1. Бо Тоҷикистон мефахрам! – 2 соат
§ 2. Мо соҳибистиқлолем – 2 соат
§ 3. Нишон ва парчами давлатии Тоҷикистон – 2 соат
§ 4. Диёри арҷманди мо! – 2 соат
§ 5. Хуш омадед ба Душанбе! – 2 соат
§ 6. Ҳисори бостонӣ! - 2 соат
§ 7. Суғд, Хатлон, Бадахшон – 8 соат
§ 8. Хуш омадед ба деҳаи мо! 2 соат
§ 9. Тоҷикистони азизам – Кори лоиҳавӣ – 2 соат
§ 10. Санҷиши дониш ва кор бо ғалатҳо – 2 соат
Боби 3. Устоди меҳрубонам
§ 1. Бе пир марав дар амонӣ... 2 соат
§ 2. Мактаби кӯҳна – 4 соат
§ 3. Устодони одамони машҳур – 2 соат
§ 4. Табрикнома ба устод – 2 соат
§ 5. Санҷиши дониш ва кор бо ғалатҳо – 4 соат
Боби 4. Забон донӣ – ҷаҳон донӣ!
§ 1. Забони гуворои тоҷикӣ! – 2 соат
§ 2. Забонҳои гуногуни Тоҷикистон – 2 соат
§ 3. Забони давлатӣ – 2 соат
§ 4. Забони русӣ – забони муоширати байни миллатҳо – 2 соат
§ 5. Алифбои гуногуни ҷаҳон – 2 соат
§ 6. Сухани нек морро аз хонааш баровардааст - 2 соат
§ 7. Сухани “сеҳрнок” – 2 соат
§ 8. Суҳбати дӯстон – 2 соат
§ 9. Эълон! Эълон! – 4 соат
§ 10. Захми сухан – 2 соат
Боби 5. Тирамоҳи зарринмӯ
§ 1. Тирамоҳ ба чӣ монанд? – 2 соат
§ 2. Рангҳои гуногуни тирамоҳ – 2 cоат
§ 3. Меваҳои тирамоҳ – 2 соат
§ 4. Сабзавот аз витамин бой – 2 соат
§ 5. Чӣ тавр ҳайвоноти гуногун ба зимистон тайёрӣ мебинанд – 2 соат
§ 6. Мо ба зимистон омода мешавем – 2 соат
§ 7. Тирамоҳи Суғд – 2 соат
§ 8. Тирамоҳи Бадахшон – 2 соат
§ 9. Тасвири тирамоҳ – 2 соат
§ 10. Санҷиши салоҳиятҳо ва кор бо ғалатҳо – 4 соат
Боби 6. Дар олами афсона
§ 1. Будаст набудаст як... 1 соат
§ 2. Афсонаи “Ҳафтдодарон” – 2 соат
§ 3. Афсонаи “Рӯбоҳи маккор ва гурги нодон” – 1 соат
§ 4. Ғоя, мақсад ва мавзӯъ – 2 соат
§ 5. Афсонаи “Рӯбоҳ ва лаклак” – 1 соат
§ 6. Афсонаи “Деҳқон ва хирс”- 1 соат
§ 7. Афсонаи “Мӯрчаяк”-и Пулод Толис – 2 соат
§ 8. Кӣ донотар аст? – 1 соат
§ 9. Афсонаи солинавӣ - 2 соат
§ 10. Соли нав омад! - 1 соат
§ 11. Арзёбии нимсолаи дуюм – 4 соат
Нимсолаи дуюм
Боби 7. Маҳсули дасти инсон
§ 1. Сафари пахта аз саҳро то мағоза – 4 соат
§ 2. Сафари гандум аз саҳро то дастархон – 2 соат
§ 3. Барқ аз куҷо меояд? – 2 соат
§ 4. Мошин чӣ тавр ҳаракат мекунад? – 2 соат
§ 5. Чӣ тавр ҳавопайпо парвоз мекунад? – 2 соат
§ 6. Таърихи телефон – 2 соат
§ 7. Эҳтиёт ними ҳаёт! – тарзи кор бо асбобҳои рӯзгор – 2 соат
§ 8. Мо ихтироъкорем! – 2 соат
§ 9. Меҳмони таърихӣ - 2 соат
Боби 8. Идҳои баҳорӣ
§ 1. Рӯзи модар – 8 соат
§ 2. Наврӯзи оламафрӯз! – 16 соат
§ 2.1. Таърихи Наврӯз - 2 соат
§ 2.2. Дастурхони наврӯзӣ - 2 соат
§ 2.3. Анъанаҳои наврӯзӣ - 4 соат
§ 2.4. Бозиҳои варзишии наврӯзӣ - 4 соат
§ 2.4. Наврӯзнома - 4 соат
Боби 9. Матнофарӣ
§ 1. Тасвири инсон – 6 соат
§ 2. Тасвири табиат – 6 соат
§ 3. Навиштани ҳикоя: тасвир, сабаб ва натиҷа - 4 соат
§ 4. Навиштани ҳикоя: тасвири макон ва замон - 4 соат
§ 5. Навиштани ҳикоя: сабаби сар задани ҳодиса - 4 соат
§ 6. Навиштани ҳикоя: инкишофи ҳодиса дар ҳикоя - 4 соат
§ 7. Навиштани ҳикоя: ҷамъбасти ҳикоя - 4 соат
§ 8. Такмил ва муаррифии ҳикоя - 4 соат
§ 9. Арзёбии малакаи навиштан – 4 соат
Боби 10. Хониши адабӣ
§ 1. Ҳикояҳо – 6 соат
§ 2. Шеър – 6 соат
§ 3. Ривоят – 6 соат
§ 4. Адабиёти ҷаҳон – 8 соат
Боби 11. Ҳаёти солим
§ 1. Бактерияҳо хуб ва бад мешванд - 2 соат
§ 2. Дастшӯйӣ шахсро аз бактерияҳои зарарасон эмин медорад! - 2 соат
§ 3. Дандонҳои тоза – гаравӣ саломатӣ! - 2 соат
§ 4. Одоби либоспӯшӣ - 2 соат
§ 5. Гигиенаи шахсӣ - 2 соат
§ 6. Реҷаи рӯз - 2 соат
§ 7. Ҳама ба варзиш! - 2 соат
§ 8. Кори лоиҳавӣ - 4 соат
§ 10. Санҷиши дониш ва кор бо ғалатҳо – 4 соат
Боби 12. Тоҷи сар
§ 1. Одоби салому алейк – 2 соат
§ 2. Одоби хӯрокхӯрӣ – 2 соат
§ 3. Одоби муошират – 2 соат
§ 4. Одоби ба меҳмонӣ рафтан – 2 соат
§ 5. Ҳурмати калонсолон – 2 соат
§ 6. Одоби дӯстӣ – 2 соат
§ 7. Арзёбии ҷамъбастӣ – 4 соат
Хулоса
Адабиёт
Сарчашмаҳои интернетии истифодашуда
Муқаддима Соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат эътироф гардида, дар ин самт ҳамасола тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Илова ба бунёди муассисаҳои таълимии нав, таҷдиди инфрасохтор, инчунин ба сифат, мазмуну самарабахшии мундариҷа ва ҷараёни таълим низ таваҷҷуҳи қобили назар зоҳир мешавад. Таҳияи стандарт ва барномаҳои нави таълимӣ метавонанд сатҳу сифати таҳсилоти миёнаи умумиро баланд бардоранд.
Дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф омӯзгорон нақши калидӣ мебозанд. Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (2015) хеле мушаххас баён гардидааст: “... калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим-омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.
Барои мо – олимон, кормандони соҳаи маориф, мутахассисон ва омӯзгорон ин суханон беҳтарин дастури амаланд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва натиҷабахшии раванди он таҳияи стандартҳои фанниро ба роҳ мондааст, ки Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум аз ҷумлаи онҳост. Вазорати маориф ва илм натиҷа ва дастовардҳои ислоҳоти соҳаро, ки тайи солҳои охир татбиқ шудаанд, эътироф карда, дар асоси ба эътибор гирифтани таҷрибаи ҷаҳонӣ стандарт ва барномаҳои навро ҳамчун як ҷузъи таркибии ислоҳоти пурраи мундариҷаи таҳсилот таҳия кардааст.
Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум ҷузъи таркибии силсилаи стандартҳои фанни “Забони модарӣ” дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ аст.
Стандарти мазкур дар асоси салоҳият таҳия шуда, талаботи Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумиро ба эътибор мегирад.
Сохтор ва услуби пешниҳоди стандарт тарзе интихоб шудааст, ки паҳлуҳои гуногуни раванди таълими фанни “Забони модарӣ”-ро дар синфи якум фаро мегирад ва ба ин васила фаъолияти омӯзгорро дар ҷараёни банақшагирӣ ва таълиму арзёбӣ осон мекунад.
Тавре ки таҷрибаи байналмилалӣ ва шароити кунунии Тоҷикистон нишон медиҳад, вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарогирии ҳар чӣ бештари воситаҳои иттилоот (интернет, телевизион ва ғайра) имрӯз танҳо бо дониш мусаллаҳ будан кифоя набуда, дар амал истифода бурдани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи иҷтимоишавии ҷавонон ва дастёбӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ба шумор меравад. Ин нуктаи муҳим санги маҳаки стандарти мазкурро ташкил медиҳад.
Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, амалигардонӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию бунёдкориро дошта бошанд. Онҳо бояд шахсони бомаърифати аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ устувор ва кордоне бошанд, ки роҳҳои дастрас кардани ахбор (маълумот)-ро тавассути воситаҳои гуногун интихоб кунанд, онро таҳлилу таркиб ва арзёбӣ карда, масъалаҳои мураккаби олами атрофро дарк кунанд, мушкилиҳои гуногуни таълимию ҳаётиро пешгӯйӣ ва ҳал карда тавонанд, масъулияти худро дар назди оила, аҳли ҷомеа ва кишвар дарк кунанд. Тавре ҳамагон медонанд, барои ташаккули ин сифатҳо маҳз дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.
Барои ноил гаштан ба ин вазифаҳо Вазорати маориф ва илм низоми нави таълимро дар амал татбиқ мекунад, ки он ба ташаккули рушди салоҳиятнокии хонандагон дар истифодаи амалии дониш, малака ва маҳорат мусоидат хоҳад кард.
Натиҷаҳои салоҳиятнокии хонандагон тавассути низоми миллии арзёбӣ санҷида шуда, натиҷаҳои он барои дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим истифода мешавад.
Стандарти мазкур мазмуну мундариҷа, салоҳиятҳо, нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ ва воситаҳои арзёбиро муайян мекунад. Бо татбиқи низоми нави таълим натиҷаҳои таълимии хонанда (салоҳиятнокии ӯ) мақсади асосии санҷишу назорати сифати таҳсилот мешавад.
Бо татбиқи стандартҳои нав на танҳо малакаву маҳорати касбии омӯзгор, балки натиҷаи таълимии хонандагон низ ҳамчун нишондиҳандаи самаранокии раванди таълим шинохта мешавад. Дар низоми нави таълим масъулиятнокии омӯзгорон барои беҳтар шудани натиҷаҳои таълимии хонандагон ба маротиб зиёд мемешавад.
Дар ҷараёни татбиқи маҷмӯи стандартҳо ва барномаҳои фаннӣ омӯзгор шахси калидӣ аст. Аз ин рӯ, самаранокии татбиқи стандартҳои нав ва ҷараёнҳои ислоҳот маҳз ба дарки масъулият, ташаббусу эҷодкорӣ ва маҳорату малакаи омӯзгорон вобаста аст. Масъулияти омӯзгор дар ин ҷараён хеле зиёд буда, ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирад:
− Ба роҳ мондани таълим дар асоси стандартҳои нав ва барномаи фаннӣ;
− Муҳокимаи масъалаҳои умдатарини татбиқи ислоҳот бо ҳамкорон;
− Муҳокимаи мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар ҳамкорӣ бо мудирияти муассисаи таълимӣ ва идораву шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия;
− Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кормандони Барномаи глобалии ҳамкорӣ баҳри рушди маорифи Вазорати маориф ва илм (мо ба тавсия ва маслиҳатҳои Шумо ниёз дорем);
− Таҳияи маводи иловагии таълимӣ ва истифодаи онҳо дар раванди таълим бо ҳамкорон.
Табиист, ки дар марҳалаи ибтидоӣ масъалаҳои зиёд пайдо мегарданд, ки ба истифодаи стандартҳо, барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии нав алоқаманданд.
Аммо мо бовар дорем, ки батадриҷ, бо роҳи фароҳам сохтани имкониятҳои хуби иштирок дар марҳалаи татбиқи ин ислоҳот дар сатҳи мамлакат омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ пурра омода хоҳанд шуд.
Вазорати маориф ва илм ҳамаи омӯзгорон, сарварони муассисаҳои таълимӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои маориф ва тамоми кормандони соҳаи маорифи ҷумҳуриро барои татбиқи ислоҳоти мазкур, ки самаранокӣ ва сифати таълимро барои хонандагон – фарзандони мо таъмин мекунад, даъват мекунад.
Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм I. Мазмун ва мундариҷаи стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм
1.1. Мафҳумҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои
синфи сеюм
Арзёбӣ – ҷараёни ҷамъоварии маълумот барои баҳодиҳӣ. Навъ ва воситаҳои гуногуни ташкили ҷараёни арзёбӣ вуҷуд доранд. Онҳо барои муайян кардани дараҷаи дастовардҳои таълимии хонандагон имкон медиҳанд.
Маълумоте, ки тавассути арзёбӣ ҷамъ оварда мешавад ҳам ба шахсони алоҳида ва ҳам ба муассисаҳои соҳа зарур аст. Маълумоти аз арзёбӣ бадастомадаро ба тарзи мухталиф ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ, шахсони алоҳида, волидон, хонандагон ва омӯзгорон истифода бурда метавонанд.
Баҳодиҳӣ – ҷараёни натиҷагирӣ доир ба дараҷаи мувофиқати дониш, салоҳият, малака ва маҳорати хонанда ба талаботи муқараркардаи стандарти фаннӣ.
Баҳодиҳӣ имкон медиҳад, ки дараҷаи азхудкунии салоҳиятҳо муайян карда шавад.
Дидактика – соҳаи илми педагогика, ки ба омӯхтани асосҳои назариявии таҳсилот, муайян кардани қонуният, принсипҳои таълим, мазмуни таҳсилот, шаклу усули таълим ва назорати раванди таълим машғул аст
Иттиҳодияи методӣ – яке аз шаклҳои ташкили кори методӣ, паҳн кардани таҷрибаи пешқадам ва такмили ихтисоси муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
Кори лоиҳавӣ – машғулияти мустақилонаи гурӯҳи хонандагон буда, берун аз дарс таҳия карда мешавад. Он дар асоси маълумот ва донишу малакаи ҳосилкардаи хонандагон дар марҳилаи муайяни таълим гузаронида мешавад.
Лавҳи дарсхона – «тахтаи синф»; лавҳ – ҳар чизи сатҳаш паҳни сангӣ, чӯбӣ ва филизӣ ва ғайра, ки ба рӯйи он хат менависанд ё нақшу нигор мекашанд, фаҳмида мешавад;
Мақсади таълим – мақсади таълимии дарс дар асоси натиҷаҳои таълими дарс таҳия карда мешавад. Натиҷаҳои таълим ба қисмҳои хурдтар (мақсади таълим) ҷудо мешаванд, ки ҳамчун зина барои расидан ба натиҷаҳои таълим хизмат мекунанд.
Малака – қудрат ва тавоноӣ дар иҷрои коре, ки дар натиҷаи машқу тамрин дар табиати инсон пайдо мешавад.
Маҳорат – фаъолияте, ки дар инсон дар натиҷаи таълим ва такрори бисёркарата ҳосил шуда, баъд ба раванди бошуурона табдил меёбад ва инсон минбаъд ҳар як кори худро дониста иҷро мекунад; моҳирӣ, устодӣ, забардастӣ, ҳунармандӣва ғайра маҳорат аст.
Машқ – барои ба даст овардани малака ва маҳорат пайдарпай иҷрои ин ё он фаъолият аст.
Метод (юн. methodos-роҳ, тapз, усул, восита, назария, таълимот) усули назариявӣ ва амалии донистани воқеият; маҷмӯи амалиёт; ташкили бонизоми фаъолияти одамон дар ҳалли масъалаҳои гузошташуда аст.
Меъёр – нишонае, ки дар асоси он баҳодиҳӣ, муайянкунӣ ё таснифи чизе анҷом дода мешавад.
Нақшаи таълим – ҳуҷҷатест, ки омӯзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян мекунад.
Низоми таълими ба ташаккули шахсияти хонанда нигаронидашуда – низоми таълиме, ки дар он қобилияти фардӣ ва таҷрибаи қаблии хонанда ҳамчун меҳвар (тири асосӣ) барои омӯзиши минбаъда заминаи асосӣ нигаронида шудааст.
Нишондиҳанда – нишодиҳандаҳо маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳое мебошанд, ки аз ноил шудан ба салоҳиятҳо дарак медиҳанд.
Портфолио – аз калимаи итолиёӣ, маънояш ҳуҷҷатҳо, ҳуҷҷатҳои мутахассис аст.
Портфолиои хонанда – ҷамъоварии мақсадноки корҳои хонанда, ки саъю кӯшиши ӯро ҳангоми иҷрои корҳо, пешрафт ва дастовардҳои (муваффақиятҳо)-и ӯро аз рӯйи як ё чанд фан нишон медиҳанд.
Принсип – қоидаҳои асосии таълим, ки мазмун, шаклҳои ташкилӣ ва усули таълимро дар алоқамандӣ бо мақсадҳои умумии тарбия ва меъёрҳои раванди таълим муайян мекунад.
Раванди таълим – раванди мaқcaднок ва муташаккилонаи ҳосил кардани дониш, маҳорат ва малакаҳо аст.
Роҳнамои фаннӣ барои татбиқи стандартҳо – роҳнамои омӯзгор доир ба татбиқи стандартҳо маводи иловагии методӣ мебошад. Он тавсияҳо ва намунаҳоро доир ба тарзи ташкили ҷараёни таълим фаро гирифта, ба омӯзгор дар самти ташаккули салоҳиятнокии хонандагон ёрӣ мерасонад.
Савод – маҳорати кор кардан бо маълумот, аз ҷумла маҳорати иҷрои амалҳои зарурии риёзӣ, дарки иттилоотии маводи чопӣ, адабиёти илмӣ, инчунин маҳорату малакаи навиштан, дониш омӯхтан аз матни шифоҳию хаттӣ.
Саводнокӣ – яке аз нишонаҳои саводнокии шахс. Мувофиқи шарҳи ЮНЕСКО шахсе, ки хондан, навиштан ва мазмуни ягон матни одиро баён карда метавонад, саводнок аст.
Салоҳият – маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде, ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешаванд.
Стандарти фаннӣ – санадест, ки дар он меъёри дониш, малака, маҳорати хонандагон, мазмуну муҳтавои фаннӣ, методикаи таълими фан, роҳу усули самаранок истифода бурдани вақти ба омӯзиши фан ҷудошуда, ва талабот ба тарзи санҷиши дониш аз фанни мазкур ифода шудааст.
Стратегия – роҳу усули ноил шудан ба мақсад. Роҳ (усул)-и алтернативӣ (ҷойгузин), интихоб, таҳия ва татбиқи барномаро дар назар дорад.
Таҳлил – яке аз усулҳои таълим, ки тавассути он омӯзгору хонандагон маводи омӯхташавандаро ба қисмҳои асосӣ ҷудо карда, хусусиятҳои ҳар яки онро дар алоҳидагӣ барасӣ мекунанд.
1.2. Заминаи меъёрии ҳуқуқии стандарти фанни “Забони модарӣ”
барои синфи сеюм
Стандарти фанни «Забони модарӣ» барои хонадагони синфи сеюм дар асоси Конститутсия (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва сархати 6, банди 7-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдик шудааст, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таҳия гардида минбаъд барои расонидани ёрии таълимию методӣ барои омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
1.3. Соҳаи истифодаи стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм
Доираи татбиқи стандарти фанни “Забони модарӣ” дар синфи сеюм хеле васеъ аст. Истифодабарандагони бевоситаи стандартҳо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ буда, дар марҳалаи банақшагирӣ, таълим ва арзёбии салоҳиятнокии хонандагон онро ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ истифода мебаранд. Инчунин мутахассисони зинаи таҳсилоти ибтидоии муассисаҳои дахлдори соҳаи маориф, ки барои расонидани ёрии таълимию методӣ масъуланд, дар банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо дар самти расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони зинаи таҳсилоти ибтидоӣ стандарти мазкурро истифода мебаранд.
Стандарти мазкур дар донишгоҳ ва коллеҷҳои омӯзгорӣ ҳамчун ҳуҷҷати асосии муайянкунандаи мундариҷаи барномаи таълимии курси методикаи таълими фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ истифода мешавад.
Донишкада ва марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф, махсусан кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ омӯзиши стандарти мазкурро дар курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ташкил мекунанд.
Минбаъд арзёбии салоҳиятҳои (дониш, малака ва маҳорати) хонандагони синфи сеюм дар асоси талаботи стандарти мазкур ба роҳ монда мешавад. Саволу масъалаҳои санҷишии нимсола, солона ва аз синф ба синф гузаронӣ дар асоси салоҳиятҳои дар стандарт ва барномаи таълим муқарраршуда таҳия карда мешаванд.
1.4. Принсипҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои
синфи сеюм
Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм дар асоси принсипҳои таълимии зерин таҳия шудааст:
− баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;
− қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
− ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ;
− дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун;
− бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс;
− муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;
− ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ;
− ягонагии фазои маърифатию фарҳангӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ;
− ҷанбаи инсондӯстӣ, демократӣ ва давлатию ҷамъиятии идоракунии соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;
− раванди муттасили таҳсил;
− ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;
− пайдарҳамии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;
− ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот.
− ба қобилияти фардии хонанда диққат додан. Раванди таълим дар асоси дониш, малака ва маҳорати базавӣ (асосӣ)-и хонанда ба роҳ монда шуда, бояд талаботи маърифатии ӯро қонеъ кунад. Ба эътибор гирифтани қобилияти хонандагон дар иҷрои фаъолиятҳои таълимӣ ва дар заминаи он такмил додани малакаву маҳорати онҳо. Ҳар як хонанда ба дарс бо дараҷаҳои гуногуни салоҳият меояд. Аз ин лиҳоз, омӯзгор бояд қобилияти муайян кардани сатҳи салоҳиятнокии хонандаро дошта бошад. Омӯзгор барои ташаккули натиҷаҳои таълими ҳар як хонанда аз лиҳози касбӣ ва ахлоқӣ низ масъул аст.
Таълим ҳамеша самаранок мешавад, агар:
o хонандагон дар заминаи дониш ва малакаи базавиашон таълим гиранд;
o хонандагон мақсаду вазифаҳои таълимии гузошташударо дарк кунанд ва онҳоро иҷро карда тавонанд;
o раванди азхудкунии маводи таълим барои хонандагон шавқовар ва ҷолиб бошад;
o барои азхудкунии маводи нави таълим ё малакаи нав ба хонандагон имконияти мувофиқи машқ кардан дода шавад;
o ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда барои таълим масъуланд;
o омӯзгорон усулҳои гуногуни таълимро ба мақсади таҳким ва мустаҳкам гардонидани донишу малакаи нав истифода баранд;
o ба хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои таълимӣ ва ташаккули малака имконияти ҳамкорӣ дода шавад;
o раванди таълим ба “чӣ тавр фикр кардан” равона гардад, на ба “доир ба чӣ фикр кардан”;
o ҳама доир ба ҷиҳатҳои суст ва қавии донишу малакаашон ростқавл бошанд;
o нокомӣ дар ҷараёни таълим ҳамчун қисми таркибии он шинохта шавад.
− ба эътибор гирифтани гуногунзеҳнии хонандагон. Баъзе хонандагон тавассути амалан иҷро кардан кореро аз худ мекунанд ва баъзеи онҳо тавассути мушоҳида дониш мегиранд. Ба баъзеи хонандагон машғулияти серҳаракат, ба дигарон бошад, баръакс, оромӣ барои таълим гирифтан мусоидат мекунад. Омӯзгорон бояд ба ҳама баробар диққат диҳанд, ёрӣ расонанд ва мувофиқи шавқу завқашон имконият фароҳам кунанд.
− ҷанбаи башардӯстӣ доштани раванди таълим. Вазифаи омӯзгор танҳо аз додани дониш ва аз бар кунонидани салоҳиятҳо иборат нест. Ӯ барои фароҳам овардани фазои мусоиди таълим, барои ҳамкорию ҳамдигарфаҳмӣ низ масъул аст.
− инкишофи арзишҳо. Стандарти мазкур дар баробари салоҳиятҳои таълимӣ инкишофи арзишҳоро ба роҳ мемонад. Ин арзишҳо на танҳо барои аз худ кардани салоҳиятҳои таълимӣ, балки барои тарбияи шаъну шарафи шаҳрвандӣ низ заруранд.
− алоқамандии таълим бо ҳаёт. Стандартҳои нав ташаккули дониш, малакаву маҳоратҳои барои имрӯз ва ояндаи Тоҷикистон заруриро таъмин намуда, таълимро ҳамчун раванди омӯзиш дар тӯли ҳаёт таъкид мекунанд. Низоми нави таълим низ ба мақсади мутобиқ сохтани натиҷаҳои таълим ба талаботи ҳаёт равона мешавад. Яъне дар натиҷаи таълим хонанда дониш, малака ва маҳораташро дар амал барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ истифода мебарад.
− омӯзиш дар тули ҳаёт. Раванди таълим ва инкишоф беохир аст. Шояд барои пурра аз худ кардани баъзе салоҳиятҳо як умр сарф карда шавад ва баъзеашон мумкин аст тамоман аз худ карда нашаванд. Аз ин лиҳоз, Низоми таълими салоҳиятнокии хонандагон раванди омӯзишро дар тули ҳаёт тақозо мекунад.
− ташаккули малакаи баланди фикрронӣ. Ҳадафи ниҳоии раванди таълим ташаккули малакаи баланди фикрронӣ мебошад. Раванди таълим мувофиқи тартиби зерин сурат мегирад.
o таҳияи ақида дар асоси унсурҳои санҷидашуда ва боваринок, арзёбӣ ва ҷавоб додан ба ақидаҳои дигарон;
o санҷидани ақидаҳо ё вазъиятҳо аз нигоҳҳои гуногун, аз ҷумла таҳлили назарҳои фарҳангҳои мухталиф;
o таҳқиқи омилҳо ва ақидаҳо ба мақсади дарёфти хулосаи мувофиқ;
o истифодаи усулҳои мухталифи тахаюлотӣ барои ҳалли масъалаҳо, махсусан масъалаҳои ношинос ва мураккаб;
o таҳия ва пурсидани саволҳои мантиқӣ ва таҳлилӣ.
− арзёбӣ ба мақсади таълим. Мо бояд мунтазам натиҷаҳои таълимии хонандагонро арзёбӣ кунем, то тавонем усули таълимро тағйир дода, раванди таълимро самараноктар гардонем.
1.5. Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм
Стандарти мазкур ба мақсади татбиқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 таҳия шудааст.
Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Забони модарӣ” дар синфи сеюм:
− муайян ва муқаррар кардани маҷмӯи салоҳият (меъёри дониш, малака ва маҳорат)-и хонандагони синфи сеюм аз фанни “Забони модарӣ”;
− ба низом даровардани мазмун, мундариҷа ва раванди банақшагирӣ, таълим ва арзёбии фанни “Забони модарӣ” дар синфи сеюм;
− муқаррар кардани доираи мавзӯъҳои бобҳои таълими фанни “Забони модарӣ” мувофиқи талаботи забономӯзӣ ва мувофиқат ба инкишофи синну солии хонандагони синфи дуюм.
− мазмун, мундариҷа ва фаъолиятҳои таълим барои ташаккули салоҳиятнокӣ байни онҳо робитаи қавӣ барқарор карда шавад;
− бояд малакаҳои гуногуни фаннӣ ба таври мушаххас ва фарогир пешниҳод гардад. Нишондиҳандаҳои азхудкунии ҳар як салоҳият оварда мешаванд;
− бо вуҷуди фаро гирифтани самтҳои гуногуни таълими фанни “Забони модарӣ”, стандарти мазкур фаъолияти эҷодии омӯзгорро маҳдуд накарда, бояд ӯро барои дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим ҳидоят кунад;
− мазмуну мундариҷа ва миқдори салоҳиятҳо бояд мувофиқи сарбории фан, ки нақшаи таълим муқаррар кардааст, пешниҳод шаванд.
Фанни «Забони модарӣ» барои синфи сеюм дар нақшаи таълими асосӣ ҳамчун фанни ҳатмии таълим дар таркиби маҷмуи фанҳои «Филологӣ» ҷойгир шуда, ҳаҷми сарбории хонандагон дар давоми соли таҳсили зинаи ибтидоӣ 272 соатро ташкил медиҳад:
Синф Миқдори ҳафтаҳои соли таҳсил
Миқдори соатҳои ҳафтаина
Миқдори соатҳо дар давоми соли таҳсил
3 34 8 272 Забон маҳсули тафаккур ва падидаи иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, инсонро тарбия мекунад. Он воситаи ифодаи ақидаҳо ва арзишҳо буда, василаи асосии интиқоли фарҳангу маданият аз як насл ба насли дигар мебошад. Забон барои рушди тафаккур, баёни андешаи шахсӣ, ташаккули муоширату муносибати иҷтимоӣ, тасаввурот дар бораи ҷаҳон ва табодули фарҳанг ҳамчун восита хидмат мекунад.
Қобилияти хондану гӯш кардан ва сипас шифоҳиву хаттӣ баён кардани фикр малакаҳои мураккаб буда, самтҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” ба шумор мераванд.
Забони модарӣ дар байни фанҳои таълим нақши махсус дошта, вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Ин фан хонандагонро ба малакаҳои муомилаю муоширати зарурии омӯхтани фанҳои дигар мусаллаҳ месозад. Забони тоҷикӣ дар ҳамаи зинаҳои таълим фанни асосӣ буда, ҳамчунин барои ҳамгироии фанҳои гуногун нақши бузург дорад.
Аксари малакаҳоеро, ки тавассути Стандарти фанни“Забони модарӣ” барои синфи сеюм таълим дода мешаванд, ба монанди навиштани матнҳо ва амсоли онро метавон дар барномаҳои таълими фанҳои дигар (забони русӣ ва англисӣ) истифода бурд.
II. Салоҳиятҳои фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм Фасли мазкури стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм хеле муҳим аст. Дар фасли мазкур салоҳиятҳои фани “Забони модарӣ” мувофиқи самтҳои таълим оварда мешаванд. Салоҳиятҳои ҳамаи фанҳо дорои хусусиятҳои зеринанд:
- аз рӯйи принсипи аз сода ба мураккаб тартиб дода шудаанд. Омӯзгорон метавонанд салоҳиятҳои синфи пешина ва баъдинаро мушоҳида карда, мутаносибан раванди таълимро аз оғоз то анҷом ба нақша гиранд. Ин муносибати спиралии татбиқи барномаи таълим мебошад, яъне салоҳиятҳое, ки дар як синф муаррифӣ шудаанд, дар синфҳои минбаъда такмил дода мешаванд. Дар сатҳи ҳар як синф талабот ба салоҳиятнокӣ мураккабтар мешавад.
- мувофиқи самтҳои асосии таълимии фанҳо гурӯҳбандӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз, тартиби пешниҳоди салоҳиятҳо (малака ва маҳоратҳо) ба тартиби маводи китобҳои дарсӣ мувофиқат мекунад.
- хусусияти арзёбӣ дошта, мушоҳида мешаванд ва азхудкунии салоҳиятҳо тавассути нишондиҳандаҳо муайян мегарданд.
- дар таҳияи салоҳиятҳо усули спиралӣ истифода шудааст, яъне омӯзгор барои хонандагон имконияти салоҳиятнок шуданро фароҳам оварда, дар сатҳи синфҳои минбаъда ба хонанда имконияти ташаккули бештар дода мешавад. Ҳамин тавр, хонанда дараҷаи баландтари салоҳиянокиро аз худ карда ташаккул медиҳад.
2.1. Салоҳиятҳои хондан, навиштан, гуфтану шунидан
Шунидан а) Қоидаҳои умумии шуниданро дар доираи вазъиятҳои гуногун риоя намуда, аҳамияти риоя кардани ин қоидаҳоро дарк мекунад.
б) Мазмун ва мақсади асосии навъҳои маъмули нутқи шифоҳии ба синну сол мувофиқро муайян мекунад.
Гуфтан а) Дар вазъиятҳои гуногун қоидаҳои маъмули сухангӯӣ (маданияти нутқ)-ро риоя мекунад ва аҳамияти риоя кардани ин қоидаҳоро дарк мекунад.
б) Саволҳои навъи гуногун медиҳад ва дар вазъиятҳои гуногун дастурҳои иборат аз чанд амалро дода метавонад.
в) Фикру мулоҳизаҳои мураккабро бо мақсадҳои васеътар дар шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ (ҳаҷм калон) баён мекунад.
г) Имконияти баробари шунидану гуфтанро дар як қатор шаклҳои нутқи шифоҳӣ истифода мебарад.
Хондан а) Унсурҳои бештари матнро мешиносад ва истифода мебарад.
б) Ҳар чӣ бештар усулҳои гуногунро истифода бурда, матнҳои ношиносро мехонад.
в) Мазмуни матнҳои гуногуни ношиноси миёнаҳаҷмро, ки миқдори ками калимаҳои ношинос доранд, дарк карда, фикри асосии онро муайян мекунад.
г) Хондан ва навиштанро қадр карда, баъзе навъҳои дигари матнро аз сарчашмаҳои гуногун мехонад ва менависад.
Навиштан а) Як қатор қоидаҳои хатро дуруст истифода мебарад. Зиёдтар, дуруст, хоно, бо суръати баландтар навишта, ба намунаҳо камтар такя мекунад.
б) Андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калони сохторашон гуногун менависад.
2.2. Баҳодиҳии салоҳиятҳои хондан, навиштан, шунидан ва гуфтан
Дар фасли мазкур мо тартиб ва воситаҳои арзёбии салоҳиятҳои забономӯзиро пешниҳод мекунем.
Синфи 3 Шунидан Хонанда қоидаҳои умумии шуниданро дар доираи вазъиятҳои гуногун риоя намуда, аҳамияти риоя кардани ин қоидаҳоро дарк мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− суханони омӯзгор, ҳамсинфон (ҳамгурӯҳон) ва сабти овозиро то охир бодиққат гӯш кунад;
− андешаҳои дигаронро эҳтиром (таҳаммул) кунад;
− аҳамияти риоя кардани қоидаҳоро бо мисолҳои ба синну сол мувофиқ шарҳ дода тавонад.
Мазмун ва мақсади асосии навъҳои маъмули нутқи шифоҳии ба синну сол мувофиқро муайян мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− мазмуни ахбор (нақли омӯзгору ҳамсинфон, барномаҳои телевизиону радио, суҳбат, муҳокима)-и шунидаро муайян кунад;
− мавзӯъ ва фикри асосии суханони гӯянда(гон)-ро муайян созад;
− оҳанги хониши ҷумлаҳо (ҳикоягӣ, саволӣ, амрӣ, хитобӣ)-и шунидаашро муайян карда тавонад;
− шеър, афсона, ҳикоя, матнҳои илмӣ-оммавиро бодиққат гӯш карда, онҳоро фарқ кунад;
− мазмуни чистон, латифа ва зарбулмасалу мақолҳои ба синну сол мувофиқро фаҳмад;
− хониши ифоданокро гӯш карда, мазмуни хурсандӣ ва ғаму андӯҳ доштани онро муайян карда тавонад;
− суханони шахсони алоҳидаро аз байни гӯяндагон (саҳначаю нақшофариҳо) ҷудо ва фарқ карда мазмун ва мақсади асосии онҳоро муайян карда тавонад;
− дастур (вазифа ва супоришҳои мураккаб)-и шифоҳии омӯзгорро дарк кунад;
− калимаҳои ба синфи сеюм мувофиқе, ки бо тарзи навишт аз талаффуз фарқ доранд, дуруст нависад;
− аз баён (дикта)-и омӯзгор дар ҳаҷми 55-60 калима матн навишта тавонад.
Ҳамгироии салоҳиятҳои гуфтану шунидан
Имконияти баробари шунидану гуфтанро дар як қатор шаклҳои нутқи шифоҳӣ истифода мебарад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− қоидаҳои маслиҳату машварат (аз қатъият дар гуфтор даст кашидан, бовар кунондан, эҳтиром ва қабул кардани фикри дигарон, бонавбат сухан рондан, ба як хулоса омадан)-ро дар гурӯҳ риоя кунад;
− гуфтугӯйи як ба як ва гурӯҳиро фарқ карда, қоидаҳои онҳоро риоя кунад;
− дар мавзӯъҳои таълимӣ ва ҳаётии ба синну сол мувофиқ муколама (саволу ҷавоб) карда тавонад;
− табъи гӯяндаро пай бурда, оҳанги мувофиқи гуфторро истифода барад;
− бо ҳамсинфон байтбарака кунад.
Гуфтан
Дар вазъиятҳои гуногун қоидаҳои маъмули сухангӯӣ (маданияти нутқ)-ро риоя мекунад ва аҳамияти риоя кардани ин қоидаҳоро дарк мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− бо забони адабӣ сухан ронад;
− фикрашро озод баён кунад;
− оҳанги мувофиқи нутқро истифода барад;
− баланду дағал гап назанад, дашном ва суханҳои қабеҳро истифода набарад;
− дар муҳокимаҳои гурӯҳӣ бонавбат сухан гӯяд;
− одоби салом ва хайрухушро дар вазъиятҳои ношинос риоя кунад;
− ба омӯзгор, падару модар ва калонсолон «Шумо» гуфта муроҷиат кунад;
− дар мавридҳои гуногун хоҳишашро дуруст баён карда тавонад;
− дар мавридҳои гуногун тарзи узр пурсиданро риоя кунад;
− дар мавридҳои гуногун изҳори миннатдорӣ карда тавонад;
− барои алоқаи дӯстӣ пайдо кардан дар вазъиятҳои ношинос аз воситаҳои нутқи шифоҳӣ истифода барад;
− дар вазъиятҳои шинос бо риояи қоидаҳои муошират барои аниқ кардани самт ва макони муайян алоқа барқарор карда тавонад;
− аҳамияти риоя кардани қоидаҳои сухангӯйиро шарҳ дода тавонад.
Саволҳои навъи гуногун медиҳад ва дар вазъиятҳои гуногун дастурҳои иборат аз чанд амалро дода метавонад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− аз пурсидан шарм надорад;
− барои аниқ кардани мазмун ва қонеъ кардани ҳисси кунҷкобии худ ба омӯзгор ва ҳамсинфон саволҳои гуногун (одӣ ва мантиқӣ) диҳад;
− тарзи иҷрои вазифа (супориш)-и содаро фаҳмонда тавонад;
− барои иҷрои вазифаҳои омӯзгор ва супориши китоб ба ҳамсинфон дастурҳои ду-сеамала дода тавонад;
− барои иҷрои фаъолиятҳои таълим ба ҳамсинфон маслиҳату тавсия пешниҳод кунад;
− барои самаранокии кори гурӯҳ ақидаҳои гуногун пешниҳод кунад;
− қоидаҳои гуфтор ва рафторро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гуфта тавонад.
Фикру мулоҳизаҳои мураккабро бо мақсадҳои васеътар дар шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ (ҳаҷми калон) баён мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− дар бораи худ маълумоти калонтар (ному насаб, синф, мактаб, оила, нишонии мактаб ва хона, шуғли дӯстдошта) дода тавонад;
− дар доир ба мавзӯъҳои ба синну сол мувофиқ (ёрӣ расондан, аҳамияти таҳсил, одобу ахлоқ, тарзи ҳаёти солим ва раҳму шафқат) шифоҳӣ матни ҳаҷман калон тартиб дода тавонад;
− суханони шунидаашро айнан ва мазмунан нақл карда тавонад;
− воқеаҳои дидаю шунидаашро муфассал, мухтасар ва интихобӣ ҳикоя карда тавонад;
− ҳангоми гуфтор аз воситаҳои ғайринутқӣ (имову ишора, мимика пантомимика)-и мувофиқ истифода барад;
− оҳанги гуфтори қаҳрамонҳоро риоя карда, аз рӯйи мазмуни матни каме мураккаб нақшофарӣ карда тавонад;
− фаъолияти таълимии худ ва ҳамсинфонро арзёбӣ карда тавонад;
− аз рӯйи мазмуни расмҳои нисбатан мураккабтар шифоҳӣ ҳикоя тартиб дода тавонад;
− дар бораи китоб, бозиҳои варзишӣ ва барномаи дӯстдоштаи радио ва телевизион ҳикоя кунад;
− дар бораи сайру саёҳат ба осорхона, боғи ҳайвонот, деҳа ва шаҳру ноҳияҳои дигар муфассал нақл кунад;
− натиҷаи кори худ ва гурӯҳро муфассал муаррифӣ карда тавонад;
− ба ҳамсинфон латифа ва чистонҳоиба синну сол мувофиқ гӯяд;
− дар мавзӯъҳои маънавӣ-ахлоқӣ, ватан, модар, забони модарӣ, Наврӯз зарбулмасалу мақол ва шеърҳои ба синну сол мувофиқро аз ёд гуфта тавонад;
− муқаддасоти миллиро бо мисолҳои ба синну солаш мувофиқ шарҳ дода тавонад;
− дар бораи анъана ва ҷашнҳои миллӣ маълумоти муфассал дода тавонад.
Хондан Унсурҳои бештари матнро мешиносад ва истифода мебарад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− ном (унвон)-и матн (асар)-ро гуфта тавонад;
− муаллифи матн (асар)-ро гуфта тавонад;
− қисмҳои аввал, мобайн ва охири матнҳои нисбатан калонҳаҷм ва мураккабро муайян карда тавонад;
− аз унсурҳои гуногун (қаҳрамонҳо), тасвири замон ва макони баргузории воқеаҳо) иборат будани матнҳои ҳикоягиро шарҳ дода тавонад;
− тавассути сархат (банд) ҷудо шудани қисмҳои ҷудогонаи мазмуни матнро шарҳ диҳад;
− дар мисоли матнҳои на он қадар мураккаб гуфта тавонад, ки ҳамон як қаҳрамон, манзара ё воқеа (ҳодиса)-ро шоирон, нависандагон ва олимон ба таври худ тасвир мекунанд;
− афсона, ҳикоя, шеър ва матнҳои илмӣ-оммавиро фарқ карда тавонад.
Ҳар чӣ бештар стратегияҳои гуногуни хонданро истифода бурда, матнҳои ношиносро мехонад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− ифоданок хонда тавонад;
− хомӯшона ва бо овози баланд хонда тавонад;
− дунафарӣ ва гурӯҳӣ хонда тавонад;
− матнҳои диалогии каме мураккабро аз рӯйи нақшҳо хонда тавонад;
− матнҳои назмӣ ва насрӣ (200-300 калима)-ро ифоданок хонда тавонад;
− дар як дақиқа 60-70 калимаро дуруст хонда тавонад;
− нақша, ҷадвал ва диаграммаҳои мураккабро хонда тавонад;
− матнҳои каме мураккабро бо мақсадҳои гуногун (шиносоӣ, дарки маънӣ, дарёфти ахбори мушаххас) хонда тавонад;
− маънои калимаҳоро аз сарчашмаҳои гуногун (луғат, ҳамсинф, омӯзгор, волидон) ҷустуҷӯ кунад.
Мазмуни матнҳои гуногуни ношиноси миёнаҳаҷмро, ки миқдори ками калимаҳои ношинос доранд, дарк карда, фикри асосии онро муайян мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− усулҳои гуногуни таҳлил, таркиб, муқоиса ва хулосабарориро барои дарки мазмуни матнҳои калну мураккаб истифода барад;
− доир ба мазмуни матнҳои ношинос саволу ҷавоб (одӣ, мантиқӣ, эҷодӣ) кунад;
− мазмуни матн (асарҳои бачагонаи хурд)-ро муфассал, мухтасар ва интихобӣ нақл карда тавонад;
− симо (ҳо)-и матн, амал ва гуфтори онҳоро муайян созад;
− ба хислат, гуфтору кирдори симоҳои матн баҳо диҳад;
− макон ва замони баргузории воқеаҳоро дар матнҳои ношинос муайян кунад;
− мазмуни матнҳои на он қадар калонро аз рӯйи калимаҳои асосӣ пешгӯйӣ карда тавонад;
− пайдарҳамии мантиқии матнҳои ҳикоягии на он қадар калонро муайян карда тавонад;
− мавзӯъ ва фикри асосии матнро, ки ошкоро ифода шудааст, муайян карда тавонад;
− мазмуни матнҳои гуногунро муқоиса карда тавонад;
− мазмуни матнҳои гуногунро бо ҳаёт алоқаманд карда тавонад;
− тахайюлот ва воқеият будани мазмуни матнҳои на он қадар муракабро муайян карда тавонад.
Хондан ва навиштанро қадр карда, баъзе навъҳои дигари матнро аз сарчашмаҳои гуногун мехонад ва менависад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− аз рӯйи майлу хоҳиш ва шавқу ҳавас хонад;
− мунтазам рӯзномаву маҷалла ва китобҳои бачагонаро мутолиа кунад;
− мустақилона малака ва маҳорати навиштани худро такмил медиҳад, дафтар ва варақҳои гуногуни навиштанро истифода барад (дафтарчаи “Имло”, “Луғати аввалини ман”);
− ҳикоя, афсона, шеърҳои хурд нависад;
− кроссвордҳо ва анаграммаҳои содаро пур кунад;
− кори лоиҳавии хурд таҳия карда тавонад.
Навиштан
Як қатор қоидаҳои хатро дуруст истифода мебарад. Зиёдтар, дуруст, хоно, бо суръати баландтар навишта, ба намунаҳо камтар такя мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− хоно, зебо ва тоза нависад;
− калимаҳои ба синфи сеюм мувофиқро тибқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ навишта тавонад;
− қоидаҳои аз сатр ба сатр гузарондани ҳиссаи калимаҳои серҳиҷоро риоя карда тавонад;
− ҳарфи аввали ҷумла, исмҳои хос ва мисраъҳои шеърро бо ҳарфи калон нависад;
− ҳиссаҳои нутқ (исм, феъл, сифат, пешояндҳо)-ро фарқ карда, бамаврид истифода барад;
− пас аз калимаҳои пайиҳамомада (исм, феъл, сифат) аломати вергул мегузорад;
− барои ифодаи фикр, пурсидан, касеро ба амале водор кардан ҷумлаҳои ҳикоягӣ, саволӣ, амрӣ ва хитобӣ навишта, дар охир аломати нуқта, савол ва хитоб гузорад;
− ҳангоми навиштани матн сархатро дуруст гузорад;
− дар як дақиқа 35-40 ҳарф навишта тавонад.
Андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калони сохторашон гуногун менависад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− дар доираи мавзӯъ нақли хаттӣ (50-60 калима) навишта тавонад;
− дар доираи мавзӯъ иншо ва ҳикоя (50-60 калима) навишта тавонад;
− таасуроти худро аз мавзеъҳои дида ва китоби хонда (50-60 калима) навишта тавонад;
− бахшида ба ид ва чорабиниҳои гуногун табрикнома ва эълони хурд нависад;
− ба дӯсти худ мактуби хурд навишта тавонад;
− натиҷаи кори гурӯҳро навишта тавонад;
− ғалатҳоро дар навиштаи худ ва дигарон муайян сохта, ислоҳ кунад.
2.3. Салоҳиятҳои тарбиявӣ
Таълиму тарбия дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ. Азбаски хонандагон қобилиятҳои гуногун доранд, мо бояд пешрафти хонандаро берун аз салоҳиятҳои фаннӣ низ эътироф кунем. Дар намунаи ҳисоботи дар боло омада сутуне барои нишон додани кӯшишу ғайрати хонанда омадааст. Кӯшишу ғайрат ҳам бо низоми 6 (10, 20, 100) балла баҳогузорӣ карда мешавад.
Барои қайди муносибати хонанда ба омӯзиш корти ҳисоботи хонанда истифода карда мешавад, ки қисмҳои зеринро дарбар мегирад.
Дар омӯзиши ҳар фан хислатҳои зерин нақши асосиро мебозанд.
Худро идора карда тавонистан м о б Мунтазам одатан баъзан
Мустақилият нишон медиҳад Интизориҳои баланд дорад Барои таваккал кардан омода аст Тобовар аст
Муносибат бо дигарон
Аҳамият медиҳад Таҳаммулпазир аст Ҳамкорӣ мекунад Иштирок ва саҳмгузорӣ Эътимод нишон медиҳад Масъулиятро ба дӯш мегирад Фаъол аст Мақсаднок ба коре ҷалб мешавад
Андешаронӣ Фикрронии дараҷаи баланд дорад Эҷодкорӣ
2.4. Нишондиҳандаҳои хислатҳо
Дар ҷадвали зер нишондиҳандаҳое оварда шудаанд, ки андозаи лаёқати хонандаро нишон медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо то андозаи муайяне хусусияти инфиродӣ доранд. Ҳангоми арзёбӣ омӯзгор нишондиҳандаҳои зеринро ба эътибор мегирад.
Хислат Нишондиҳанда (ё муайянкунанда) – Хонанда Худро идора кардан Мустақилият нишон додан
Бе ёрии дигарон кор мекунад ва агар ёрӣ лозим шавад, пеш аз кумак пурсидан барои ҳалли ҳама гуна мушкилӣ аввал худ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Интизориҳои баланд дорад.
Ҳангоми иҷрои супорише ҳадаф мегузорад, ки натиҷааш босифат бошад бо интизории он, ки меъёрҳои баҳодиҳиро аз худ мекунад ва аз он ҳам болотар ноил мешавад. Агар вазифа ё супориш аз тарафи омӯзгор арзёбӣ нашавад ҳам, хонанда дар пеши худ меъёрҳои баланд мегузорад, то кори ӯ ҳамчун як муваффақият арзёбӣ шавад.
Ба таваккал (дар омӯзиш) кардан омода аст.
Зарурати таҷриба кардани ашёро эътироф мекунад, ҳарчанд он қисман ба нокомӣ ё танқид мебарад. Аммо ин хавфҳо хавфҳои асосноке бошанд, ки барои бехатарии шахсӣ мушкил эҷод накунанд.
Тобовар аст Бо вуҷуди мушкилот, ноумед намешавад ва кӯшиш мекунад, ки вазифаҳоро ба анҷом расонад.
Бовиҷдон аст Арзишҳои худро ҳамеша, новобаста аз вазъият хифз мекунад. Арзишҳо инҳоянд:
− дар амалҳояш ростқавл аст;
− меҳрубонӣ зоҳир мекунад;
− адолатро риоя мекунад;
− ҳақгӯ аст;
− дар рафтору амал масъулиятшинос аст;
− дар амалҳояш шаффофиро риоя мекунад (ба истиснои ҳолатҳои номутобиқ);
− дар сахтиҳо далерӣ нишон медиҳад;
− фарҳанги худ ва дигаронро эҳтиром мекунад.
Муносибат бо дигарон Аҳамият медиҳад Вақте бо дигарон кор мекунад, ба ниёзҳои онҳо аҳамият медиҳад (масалан дигаронро гӯш мекунад, сухани онҳоро намебурад).
Таҳамулпазир аст Ақидава фарҳанги шахсони гуногунро қабул мекунад. (ин маънои онро надорад, ки мо аз ин сӯиистифода кунем).
Ҳамкорӣ мекунад Хамкорӣ мекунад, ба дигарон барои саҳм гузоштан дар иҷрои супоришҳо имкон медиҳад.
Иштирок ва саҳмгузорӣ Эътимод нишон медиҳад
Ҳангоми пурсиш ақидаашро иброз медорад ва барои иҷрои супориш на ҳамеша аз дигарон мадад меҷӯяд.
Масъулиятро ба дӯш мегирад
Ҳангоми иҷрои фаъолиятҳо оқибатҳои онро ба зимма мегирад. Агар аз ӯ хоҳиш кунанд, масъулиятро ба дӯш мегирад.
Фаъол аст Ғайрифаъол нест, баръакс кӯшиш мекунад саҳми худро гузорад.
Мақсаднок ба коре ҷалб мешавад
Пеш аз ҳар гуна фаъолият мақсаде мегузорад, ки ба ҳалли вазифаи додашуда марбут аст.
Андешаронӣ Фикрронии дараҷаи баланд
Барои анҷом додани вазифаҳо малакаҳои фикрронии баландро истифода мебарад (нигаред ба «Блум») .
Эҷодкорӣ Фикрҳои тоза пешниҳод мекунад.
2.5. Салоҳиятнокии омӯзгорон
Барои татбиқи стандарт ва барномаи нави фанни “Забони модарӣ” омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд дониш, малака ва маҳорати зеринро дошта бошад:
− назария ва принсипҳои низоми таълими салоҳиятнокиро донад ва ҷанбаҳои татбиқи амалии онро дар раванди таълим шарҳ дода тавонад;
− тарзи банақшагирӣ ва арзёбии салоҳиятнокии хонандагонро донад ва ҳангоми раванди таълим истифода барад;
− усулҳои таълимиеро, ки барои ташаккули салоҳиятнокии хонанда мусоидат мекунанд, донад ва усули мувофиқро интихоб карда тавонад;
− усул ва воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро барои муайян кардани сатҳи азхудкунии салоҳиятҳо истифода бурда тавонад;
− натиҷаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро ба мақсади қабули қарори мувофиқ истифода бурда тавонад;
− роҳу воситаҳои самараноки ба хонандагон барои салоҳиятнок шудан ёрӣ расониданро донад ва дар раванди таълим истифода барад.
III. Ташкили раванди таълими салоҳиятнокӣ аз фанни “Забони модарӣ” барои синфи сеюм
Аксари низомҳои таълими анъанавӣ ба азхудкунии мавзӯъ нигаронида шудаанд, яъне омӯзгорон хонандагонро ба аз худ кардани мавзӯъ ва азёд кардани маълумот водор мекунанд. Чунин муносибат ба таълим дар гузашта мутобиқ буд, аммо дар замони ҳозира, ки андозаи дониш босуръат зиёд мешавад, дар раванди таълим диққати асосӣ бояд ба ташаккули малакаҳои омӯзишии хонандагон равона шавад, то онҳо тавонанд дониши зарурӣ ва маълумоти мушаххасро интихоб ва истифода баранд. Дар стандартҳои фанни “Забони модарӣ” ба истифодаи дуруст ва моҳиронаи забони тоҷикӣ ба мақсади муошират ва ҳалли масъалаҳои ҳаётан зарур диққати махсус дода мешавад.
Акнун барои омӯзгорон масъалаҳои “хонандагон чиро меомӯзанд?” ва “чӣ тавр меомӯзанд?” аз пурсиши “ба хонандагон чиҳоро меомӯзонанд?” муҳимтар аст. Барои баъзеҳо омӯзондан ва омӯхтан (аз худ кардан) як маъно дорад, аммо бояд дар хотир дошт, ки агар омӯзгор нодуруст дарс диҳад, ҳатто дар ҳолати дарси зиёд додан ҳам, азхудкунӣ наметавонад самарабахш бошад Дар низоми таълим ва арзёбии салоҳиятнокӣ ба дониш, ба малака ва маҳоратҳои воқеии хонандагон диққати махсус дода мешавад. Салоҳиятҳо фаъолиятҳоеро, ки хонандагон дар натиҷаи омӯхтан аз худ мекунанд, нишон медиҳанд. Масалан, дар синфи сеюм салоҳияти Андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калони сохторашон гуногун менависад, натиҷаи омӯзиши хонанда аст. Муҳим он аст, ки хонанда барои ифодаи андешаҳои худ ба мақсадҳои гуногун матнҳои сохторашон гуногун таҳия кунад.
Агар ин амалро хонанда иҷро карда тавонад, ӯ метавонад мавзӯъҳои гуногунро нависад. Масалан, дар мавзӯъҳои “Тирамоҳи заррин”, “Наврӯзи бостонӣ” иншо нависад. Ин маънои онро надорад, ки мавзӯъҳо муҳим нестанд. Мавзӯъҳо ҳамчун восита барои ноил шудан ба салоҳият хизмат мекунанд.
Барои муайян кардани он ки оё хонанда салоҳиятҳоро аз худ кардааст ё не, барои ҳар салоҳият нишондиҳандаҳои он оварда мешавад. Нишодиҳандаҳо маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳое мебошанд, ки аз ноил шудан ба салоҳиятҳо дарак медиҳанд. Онҳо ба шумо имкони мушоҳида ва арзёбӣ карданро фароҳам оварда, нишон медиҳанд, ки то кадом андоза хонанда салоҳиятро аз худ кардааст.
Тартиб додани рӯйхати пурраи нишондиҳандаҳо барои баъзе салоҳиятҳо имконнопазир аст, шояд шумораи онҳо ба садҳо нишондиҳанда расад ва микдори онҳо вобаста ба нуктаи оғози инкишофи салоҳиятнокӣ ва вобаста ба сатҳи синф фарқ кунад.
Дар гузашта самтҳои гуногуни раванди таълим (таҳия ва татбиқи нақшаи тақвим) бештар назорат ва мушоҳида карда мешуд. Акнун натиҷаҳои таълимии хонандагон ва раванди омӯзиши онҳо бештар назорат карда мешаванд. Аз байн бурдани навъҳои дигари назорат дар ҳолате амалӣ мешавад, ки агар:
1) муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон самаранок ба низоми таълими салоҳиятнокии хонандагон гузаранд.
2) тартиби ҷамъоварии маълумоти дуруст, ки дараҷаи азхудкунии салоҳиятҳоро нишон медиҳад, ба роҳ монда шавад.
Ба омӯзгорон озодии бештар дода, ҳамзамон масъулияти онҳо барои беҳтар шудани дастовардҳои таълимии хонандагон зиёд мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки арзёбии салоҳиятҳо қисми асосии ислоҳот маҳсуб меёбад.
Акнун барои омӯзгор танҳо донистани мундариҷаи фан кифоя нест.
Омӯзгорон бояд дар асоси таҷриба, омӯзиши методикаи таълим, азхудкунии назарияи таълим ва маълумот доир ба ҳар як хонандаи синф барои инкишоф додани салоҳиятҳои онҳо ва таъмини пешравӣ ҷараёни таълимро ба роҳ монанд.
3.1. Ба хусусиятҳои фардии хонанда диққат додан
Стандарту барномаҳои нави таълим ташаккули натиҷаҳои таълимии ҳамаи хонандагонро новобаста аз қобилият ва вазъи иҷтимоӣ дастгирӣ мекунанд.
Стандарт ва барномаи мазкур ақидае, ки тибқи он ба ҳамаи хонандагон талаботи ягона гузошта шавадро дастгирӣ намекунад. Он ақидаеро дастгирӣ мекунад, ки дар он ҳар як хонанда дорои маҷмӯи таҷрибаи мушаххас, инчунин дараҷаҳои гуногуни салоҳият аст. Омӯзгорон барои ташаккули натиҷаҳои таълими ҳар як хонанда аз лиҳози касбӣ ва ахлоқӣ масъуланд.
Самаранокии таълим тавассути ташаккули натиҷаҳои таълимии тамоми аҳли синф муайян карда мешавад, на дастовардҳои таълимии чанд хонанда. Барои амалӣ кардани мақсади мазкур омӯзгорон бояд тарзи муайян кардани сатҳи дониши мавҷудаи хонанда ва сатҳи ниҳоии азхудкунии салоҳиятҳои ҳар як хонандаро истифода бурда тавонанд.
3.2. Принсипҳои таълими самаранок
Таълим ҳамеша самаранок мешавад, агар:
− хонандагон дар заминаи дониш ва малакаи базавиашон инкишоф ёбанд;
− хонандагон мақсади вазифаҳои таълимии гузошташударо дарк кунанд;
− мақсади таълим барои хонандагон фаҳмо бошад;
− вазифаҳои таълим мувфоқи қобилияти хонандагон таҳия шаванд;
− раванди азхудкунии маводи таълим барои хонандагон шавқовар ва ҷолиб бошад;
− барои азхудкунии маводи нави таълим ё малакаи нав ба хонандагон имконияти мувофиқи машқ кардан дода шавад;
− омӯзгорон усулҳои гуногуни таълимро ба мақсади таҳким ва мустаҳкам гардонидани донишу малакаи нав истифода баранд;
− ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда барои таълим масъулият дошта бошанд;
− омӯзгорон усулҳои гуногунро ба мақсади такрор ва дар хотир нигоҳ доштани донишу малака истифода баранд;
− ба хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои таълимӣ ва ташаккули малака имконияти ҳамкорӣ кардан диҳанд;
− раванди таълим ба “чӣ тавр фикр кардан” равона шавад, на ба “доир ба чӣ фикр кардан”;
− ҳама доир ба ҳаҷми донишу малакаашон ростқавл бошанд;
− нокомӣ дар ҷараёни таълим ҳамчун қисми таркибии он шинохта шавад;
− омӯзгор раванди омӯзишро дарк кунанд ва донанд, ки таълим чӣ тавр бояд ба роҳ монда шавад ва онро доимо назорат кунад.
3.3. Ташаккули малакаҳои фикрононии дараҷаи баланд
Дар низоми анъанавии таълим диққати асосӣ ба бозгӯйии дониш равона гардида, ба дарку таҳлили он вақти кам ҷудо мешуд.
Низоми нави таълим диққати асосиро ба ташаккули фикронии дараҷаи баланд, равона мекунад.
Мо дараҷабандии қобилиятҳои маърифатиро дар диаграммаи зерин мушоҳида карда метавонем.
Фикрронии дараҷаи баланд пурра тафаккурро фаро мегирад, аз ҷумлаи намунаҳои зерин:
− таҳияи ақида дар асоси унсурҳои санҷидашуда ва боваринок, арзёбӣ ва ҷавоб додан ба ақидаҳои дигарон;
− санҷидани ақидаҳо ё вазъиятҳо аз нигоҳҳои гуногун, аз ҷумла таҳлили…
This is the start of the file's text. The full file is on GovTribe.
File details come from the government source that posted it. Updated .