Attachment_J.17_Standards_Tajik_Lang_Grade_1.pdf
PDF 2 MB Posted
- Attached to
- USAID Read With Me project in Tajikistan Federal contract opportunity
- Solicitation number
- SOL-176-16-000002
About this file
Attachment J.17 Standards for Tajik Language Grade 1
View the file
Other files for this federal contract opportunity
Show all 20
On GovTribe
Work with this file on GovTribe
- Download the original file
- Contacts named in this file
- Similar government files
- Ask GovTribe AI about this file
Text version
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
СТАНДАРТИ
ФАННИ «ЗАБОНИ МОДАРӢ»
Барои синфи 1
ББК
УДК
Бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз __________ тасдиқ гардидааст.
Дастрасӣ ва таъмини омӯзгорон ба стандарт ва барномаи таълим.
Ҳар як омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд як нусхаи ҳуҷҷати мазкурро дошта бошад. Стандарт ва барномаи фанни “Забони модарӣ” тавассути сохтор ва сарчашмаҳои зерин паҳн ва дастраси ҳамагон карда мешаванд:
− нусхаи электронӣ дар шаклҳои PDF ё EPUB дар сомонаи Вазорати маориф ва илм (http://maorif.tj);
− нусхаи электронӣ аз идора ва шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо;
− нусхаи чопӣ дар шакли китобчаҳои алоҳида аз идора ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо;
− салоҳиятҳо ва нишондиҳандаҳои онҳо дар плакатҳои махсус ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз чоп ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод мегарданд.
Агар шумо смартфон ё планшет дошта бошед, метавонед ҳуҷҷати мазкурро дар шакли электронӣ истифода баред.
http://maorif.tj/
Мундариҷа Муқаддима
I. Мазмун ва мундариҷаи стандарти фанни «Забони модарӣ» барои синфи якум
1.1. Мафҳумҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум
1.2. Заминаи меъёрии ҳуқуқии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум
1.3. Соҳаи истифодаи стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум
1.4. Принсипҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум
1.5. Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум
II. Салоҳиятҳои фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум
2.1. Салоҳиятҳои хондан, навиштан, гуфтану шунидан
2.2. Баҳодиҳии салоҳиятҳои хондан, навиштан, шунидан ва гуфтан
2.3. Салоҳиятҳои тарбиявӣ
2.4. Нишондиҳандаҳои хислатҳо
2.5. Салоҳиятнокии омӯзгорон
III. Ташкили раванди таълими салоҳиятнокӣ аз фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум
3.1. Ба хусусиятҳои фардии хонанда диққат додан
3.2. Принсипҳои таълими самаранок
3.3. Ташаккули малакаҳои фикрононии дараҷаи баланд
3.4. Алоқамандии байнифаннӣ
3.5. Стратегияҳои таълими фанни «Забони модарӣ» дар синфи якум
3.5.1. Таълими малакаҳои гӯш кардану гуфтан
3.5.2. Таълими луғат
3.5.3. Таълими хониши равон ва бурро
3.5.4. Таълими хониши бошуурона
3.5.5. Таълими малакаи навиштан
IV. Арзёбӣ
4.1. Арзёбӣ ва баҳодиҳии салоҳиятҳои хондан
4.2. Воситаҳои арзёбии ташаккулидиҳандаи малакаҳои хондан
4.2.1. Санҷидани хондани калимаҳои шинос
4.2.2. Ба тарзи хондани хонандагон гӯш додан
4.2.3. Саволҳо барои санҷидани дарки маънии матни хонда
4.3. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии малакаҳои хондан
4.3.1. Санҷидани суръати хониш
4.3.2. Санҷиши дарки маънӣ
4.4. Арзёбӣ ва баҳодиҳии малакаи навиштан
4.4.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи навиштан
4.4.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии навиштан
4.5. Арзёбӣ ва баҳодиҳии малакаи шунидан
4.5.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи малакаи шунидан
4.5.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии шунидан
4.6. Арзёбӣ ва баҳодиҳии салоҳиятҳои гуфтан
4.6.1. Воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаи салоҳиятҳои шунидан
4.6.2. Воситаҳои арзёбии ҷамъбастии салоҳиятҳои гуфтан
Барномаи таълими фанни «Забони модарӣ» барои синфи якум
Нақшаи корӣ аз фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум
Боби 1. Фасли зимистон омад!
§ 2. Алифбои забони тоҷикӣ - 2 соат
§ 3. Таътили зимистона чӣ тавр гузашт? 2 соат
§ 4. Бозиҳои зимистона - 2 соат
§ 5. Як сол аз чанд моҳ иборат аст? 2 соат
§ 6. Як пиразан - 2 соат
§ 7. Чаро кӯза кафид? 2 соат
§ 8. Дарси ҷамъбаст ва арзёбии боби 1 - 2 соат
Боби 2. Мактабам, нури дидагонам – ту!
§ 1. Мактаби мо 2 соат
§ 2. Мактабам, нури дидагонам, ту! 2 соат
§ 3. Дарсхонаи мо - 2 соат
§ 4. Одоби беадаб 2 соат
§ 5. Омӯзгораи меҳрубон - 2 соат
§ 6. Ҳамсинфони ман - 2 соат
§ 7. Маънии номи мо чист? - 2 соат
§ 8. Чаро дар китобхонаи мактаб китоби бисёр аст? - 2 соат
§ 9. Мо ҳомии ватанем - 2 соат
§ 10. Ман ҳам, китоб мехонам! - 2 соат
§ 11. Дар толор ва майдони варзишӣ чӣ кор мекунанд? 2 соат
§ 12. Шуғли дӯстдоштаи ман - 2 соат
§ 13. Дарси ҷамъбаст ва арзёбии боби 2 - 2 соат
БОБИ 3 «ОИЛАИ МО»
§ 1. Оилаи мо - 2 соат
§ 2. Модари меҳрубон - 2 соат
§ 3. Гулдаста ба модар - 2 соат
§ 4. Падари ғамхор - 2 соат
§ 5. Ҷашни зодрӯз - 2 соат
§ 6. Хоҳарону бародарон - 2 соат
§ 7. Мо ба корҳои хона ёрӣ медиҳем - 2 соат
§ 8. Бобо ва бибӣ - 2 соат
§ 9. Ҳамдигарфаҳмии аҳли оила - 2 соат
§ 10. Мо оинаи нилгун тамошо мекунем 2 соат
§ 11. Яку дую сею чор …… - 2 соат
§ 12. Хешу табор - 2 соат
§ 13. Баҳор омад, баҳор омад! - 2 соат
§ 14. Ҷашни наврӯз - 2 соат
§ 15. Наврӯз муборак! - 2 соат
§ 16. Дарси ҷамъбаст ва ва натиҷагирӣ - 2 соат
БОБИ 4. ДАР ХОНАИ МО
§ 1. Хонаи мо дар куҷост? Суроға – 2 соат
§ 2. Дар хонаи мо чиҳо ҳаст? - 2 соат
§ 3. Мо хӯрокро дар чӣ мехӯрем? - 2 соат
§ 4. Дар сари дастархон - 2 соат
§ 5. Тозагӣ-гарави саломатист! 2 соат
БОБИ 5. ДӮСТӢ
§ 1. Дар бораи дӯстӣ - 2 соат
§ 2. Дӯсти ҳақиқӣ - 2 соат
§ 3. Некӣ - 2 соат
§ 4. Дар меҳмонии дӯст - 2 соат
§ 5. Ҳоли нодон дар азоб - 2 соат
§ 6. Бузичаҳо - 2 соат
§ 7. Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст - 2 соат
БОБИ 6. ВАТАН
§ 1. Ватан -2 соат
§ 2. Ватан - 2 соат
§ 3. Забони модарии мо - 2 соат
§ 4. Иттифоқ - 2 соат
§ 5. Дарси ҷамъбаст ва натиҷагирӣ - 2 соат
БОБИ 7. ШАҲРУ ДЕҲОТИ ВАТАН
§ 1. Пойтахти мо - 2 соат
§ 2. Шаҳри азизам -2 соат
§ 3. Саёҳат дар хиёбони Устод Рӯдакӣ - 2 соат
§ 4. Марказҳои дилхушии кӯдакон ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ - 2 соат
§ 5. Театри лӯхтак - 2 соат
§ 6. Боғи ҳайвонот - 2 соат
§ 7. Бозор ва маркази савдо 2 соат
§ 8. Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст 2 соат
§ 9. Деҳаи мо 2 соат
§ 10. Меваҳои мо 2 соат
§ 11. Гулҳои тоҷикистон 2 соат
§ 12. ПАРАНДАГОН- ДӮСТОНИ МО (2 СОАТ
§ 13. Кадомаш хубтар аст? 2 соат
§ 14. Баҳси ҳайвонот 2 соат
§ 15. Дарси арзёбии салоҳиятнокӣ - 2 соат
БОБИ 8. ДАР РӮЗАКИ ТОБИСТОН (18 соат)
§ 1. Тобистон 2 соат
§ 2. Дар рӯзаки тобистон 4 соат
§ 3. Саховати фаслҳои сол 4 соат
§ 4. Имлои санҷишӣ 1 соат
§ 5. Дарси ҷамъбаст ва натиҷагирии соли таҳсил 3 соат
§ 6. Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст 2 соат
§ 7. Хайр, мактаб! 2 соат
Хулоса
Адабиёт
Муқаддима Соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат эътироф гардида, дар ин самт ҳамасола тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Илова ба бунёди муассисаҳои таълимии нав, таҷдиди инфрасохтор, инчунин ба сифат, мазмуну самарабахшии мундариҷа ва ҷараёни таълим низ таваҷҷуҳи қобили назар зоҳир мегардад. Таҳияи стандарт ва барномаҳои нави таълимӣ метавонанд сатҳу сифати таҳсилоти миёнаи умумиро баланд бардоранд.
Дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф омӯзгорон нақши калидӣ мебозанд.
Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (2015) хеле мушаххас баён гардидааст: “... калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим-омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.
Барои мо – олимон, кормандони соҳаи маориф, мутахассисон ва омӯзгорон ин суханон беҳтарин дастури амаланд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва натиҷабахшии раванди он таҳияи стандартҳои фанниро ба роҳ мондааст, ки Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум ҷумлаи онҳост. Вазорати маориф ва илм натиҷа ва дастовардҳои ислоҳоти соҳаро, ки тайи солҳои охир татбиқ гаштаанд, эътироф карда, дар асоси ба эътибор гирифтани таҷрибаи ҷаҳонӣ стандарт ва барномаҳои навро ҳамчун як ҷузъи таркибии ислоҳоти пурраи мундариҷаи таҳсилот таҳия намудааст.
Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум ҷузъи таркибии силсилаи стандартҳои фанни “Забони модарӣ” дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ аст. Стандарти мазкур дар асоси салоҳият таҳия шуда, талаботи Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумиро ба эътибор мегирад.
Сохтор ва услуби пешниҳоди стандарт тарзе интихоб шудааст, ки паҳлуҳои гуногуни раванди таълими фанни “Забони модарӣ”-ро дар синфи якум фаро мегирад ва ба ин васила фаъолияти омӯзгорро дар ҷараёни банақшагирӣ ва таълиму арзёбӣ осон мегардонад.
Тавре ки таҷрибаи байналмилалӣ ва шароити кунунии Тоҷикистон нишон медиҳад, вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарогирии ҳар чӣ бештари воситаҳои иттилоот (интернет, телевизион ва ғайра) имрӯз танҳо бо дониш мусаллаҳ будан кифоя набуда, дар амал истифода бурдани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи иҷтимоишавии ҷавонон ва дастёбӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ба шумор меравад. Ин нуктаи муҳим санги маҳаки стандарти мазкурро ташкил медиҳад.
Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, амалигардонӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию бунёдкориро дошта бошанд. Онҳо бояд шахсони бомаърифати аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ устувор ва кордоне бошанд, ки роҳҳои дастрас кардани ахбор (маълумот)-ро тавассути воситаҳои гуногун интихоб намуда, онро таҳлилу таркиб ва арзёбӣ карда, масъалаҳои мураккаби олами атрофро дарк кунанд, мушкилиҳои гуногуни таълимию ҳаётиро пешгӯйӣ ва ҳал карда тавонанд, масъулияти худро дар назди оила, аҳли ҷомеа ва кишвар дарк намоянд. Тавре ҳамагон медонанд, барои ташаккули ин сифатҳо маҳз дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.
Барои ноил гаштан ба ин вазифаҳо Вазорати маориф ва илм низоми нави таълимро дар амал татбиқ менамояд, ки он ба ташаккули рушди салоҳиятнокии хонандагон дар истифодаи амалии дониш, малака ва маҳорат мусоидат хоҳад кард.
Натиҷаҳои салоҳиятнокии хонандагон тавассути низоми миллии арзёбӣ санҷида шуда, натиҷаҳои он барои дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим истифода мешавад.
Стандарти мазкур мазмуну мундариҷа, салоҳиятҳо, нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ ва воситаҳои арзёбиро муайян мекунад. Бо татбиқи низоми нави таълим натиҷаҳои таълимии хонанда (салоҳиятнокии ӯ) мақсади асосии санҷишу назорати сифати таҳсилот мегардад.
Бо татбиқи стандартҳои нав на танҳо малакаву маҳорати касбии омӯзгор, балки натиҷаи таълимии хонандагон низ ҳамчун нишондиҳандаи самаранокии раванди таълим шинохта мешавад. Дар низоми нави таълим масъулиятнокии омӯзгорон барои беҳтар гаштани натиҷаҳои таълимии хонандагон ба маротиб зиёд мегардад.
Дар ҷараёни татбиқи маҷмӯи стандартҳо ва барномаҳои фаннӣ омӯзгор шахси калидӣ аст. Аз ин рӯ, самаранокии татбиқи стандартҳои нав ва ҷараёнҳои ислоҳот маҳз ба дарки масъулият, ташаббусу эҷодкорӣ ва маҳорату малакаи омӯзгорон вобаста аст.
Масъулияти омӯзгор дар ин ҷараён хеле зиёд буда, ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирад:
− Ба роҳ мондани таълим дар асоси стандартҳои нав ва барномаи фаннӣ;
− Муҳокимаи масъалаҳои умдатарини татбиқи ислоҳот бо ҳамкорон;
− Муҳокимаи мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар ҳамкорӣ бо мудирияти муассисаи таълимӣ ва идораву шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия;
− Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кормандони Барномаи глобалии ҳамкорӣ баҳри рушди маорифи Вазорати маориф ва илм (мо ба тавсия ва маслиҳатҳои Шумо ниёз дорем);
− Таҳияи маводи иловагии таълимӣ ва истифодаи онҳо дар раванди таълим бо ҳамкорон.
Табиист, ки дар марҳалаи ибтидоӣ масъалаҳои зиёд пайдо мегарданд, ки ба истифодаи стандартҳо, барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии нав алоқаманданд. Аммо мо бовар дорем, ки батадриҷ, бо роҳи фароҳам сохтани имкониятҳои хуби иштирок дар марҳалаи татбиқи ин ислоҳот дар сатҳи мамлакат омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ пурра омода хоҳанд шуд.
Вазорати маориф ва илм ҳамаи омӯзгорон, сарварони муассисаҳои таълимӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои маориф ва тамоми кормандони соҳаи маорифи ҷумҳуриро барои татбиқи ислоҳоти мазкур, ки самаранокӣ ва сифати таълимро барои хонандагон – фарзандони мо таъмин мекунад, даъват менамояд.
I.Мазмун ва мундариҷаи стандарти фанни «Забони модарӣ» барои синфи якум
1.1. Мафҳумҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум Арзёбӣ – ҷараёни ҷамъоварии маълумот барои баҳодиҳӣ. Навъ ва воситаҳои гуногуни ташкили ҷараёни арзёбӣ вуҷуд доранд. Он барои муайян кардани дараҷаи дастовардҳои таълимии хонандагон имкон медиҳад. Маълумоте, ки тавассути арзёбӣ ҷамъ оварда мешавад ҳам ба шахсони алоҳида ва ҳам ба муассисаҳои соҳа зарур аст.
Маълумоти аз арзёбӣ ба даст омадаро ба тарзи мухталиф ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ, шахсони алоҳида, волидон, хонандагон ва омӯзгорон истифода бурда метавонанд.
Баҳодиҳӣ–ҷараёни натиҷагирӣ оид ба дараҷаи мувофиқати дониш, салоҳият, малака ва маҳорати хонанда ба талаботи муқараркардаи стандарти фаннӣ. Баҳодиҳӣ имкон медиҳад, ки дараҷаи азхудкунии салоҳиятҳо муайян карда шавад.
Дидактика – соҳаи илми педагогика, ки ба омӯхтани асосҳои назариявии таҳсилот, муайян намудани қонуният, принсипҳои таълим, мазмуни таҳсилот, шаклу усули таълим ва назорати раванди таълим машғул аст
Иттиҳодияи методӣ – яке аз шаклҳои ташкили кори методӣ, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва такмили ихтисоси муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
Кори лоиҳавӣ – машғулияти мустақилонаи гурӯҳи хонандагон буда, берун аз дарс таҳия карда мешавад. Он дар асоси маълумот ва донишу малакаи ҳосилкардаи хонандагон дар марҳилаи муайяни таълим гузаронида мешавад.
Лавҳи дарсхона – «тахтаи синф»; лавҳ –ҳар чизи сатҳаш паҳни сангӣ, чӯбӣ ва филизӣ ва ғайра, ки ба рӯйи он хат менавиштанд ё нақшу нигор мекашанд, фаҳмида мешавад;
Мақсади таълим– мақсади таълимии дарс дар асоси натиҷаҳои таълими дарс таҳия карда мешавад. Натиҷаҳои таълим ба қисмҳои хурдтар (мақсади таълим) ҷудо мешаванд, ки ҳамчун зина барои расидан ба натиҷаҳои таълим хизмат мекунанд.
Малака – қудрат ва тавоноӣ дар иҷрои коре, ки дар натиҷаи машқу тамрин дар табиати инсон пайдо мешавад.
Маҳорат – фаъолияте, ки дар инсон дар натиҷаи таълим ва такрори бисёркарата ҳосил шуда, баъд ба раванди бошуурона табдил меёбад ва инсон минбаъд ҳар як кори худро дониста иҷро мекунад; моҳирӣ, устодӣ, забардастӣ, ҳунармандӣ ва ғайра маҳорат аст.
Машқ – барои ба даст овардани малака ва маҳорат пай дар пай иҷрои ин ё он фаъолият аст.
Метод (юн. methodos-роҳ, тapз, усул, восита, назария, таълимот) - усули назариявӣ ва амалии донистани воқеият; маҷмӯи амалиёт; ташкили бонизоми фаъолияти одамон дар ҳалли масъалаҳои гузошташуда аст.
Меъёр – нишонае, ки дар асоси он баҳодиҳӣ, муайянкунӣ ё таснифи чизе анҷом дода мешавад.
Нақшаи таълим – ҳуҷҷатест, ки омӯзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд.
Низоми таълими ба ташаккули шахсияти хонанда нигаронидашуда – низоми таълиме, ки дар он қобилияти фардӣ ва таҷрибаи қаблии хонанда ҳамчун меҳвар (тири асосӣ) барои омӯзиши минбаъда заминаи асосӣ нигаронидашудааст.
Нишондиҳанда –нишодиҳандаҳо маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳое мебошанд, ки аз ноил шудан ба салоҳиятҳо дарак медиҳанд.
Портфолио – аз калимаи итолиёӣ, маънояш ҳуҷҷатҳо, ҳуҷҷатҳои мутахассис аст.
Портфолиои хонанда – ҷамъоварии мақсадноки корҳои хонанда, ки саъю кӯшиши ӯро ҳангоми иҷрои корҳо, пешрафт ва дастовардҳои (муваффақиятҳо)-и ӯро аз рӯи як ё якчанд фан нишон медиҳанд.
Принсип – қоидаҳои асосии таълим, ки мазмун, шаклҳои ташкилӣ ва усули таълимро дар алоқамандӣ бо мақсадҳои умумии тарбия ва меъёрҳои раванди таълим муайян менамояд.
Раванди таълим – раванди мaқcaднок ва муташаккилонаи ҳосил намудани дониш, маҳорат ва малакаҳо аст.
Роҳнамои фаннӣ барои татбиқи стандартҳо – роҳнамои омӯзгор оид ба татбиқи стандартҳо маводи иловагии методӣ мебошад. Он тавсияҳо ва намунаҳоро оид ба тарзи ташкили ҷараёни таълим фаро гирифта, ба омӯзгор дар самти ташаккули салоҳиятнокии хонандагон ёрӣ мерасонад.
Савод – маҳорати кор кардан бо маълумот, аз ҷумла маҳорати иҷрои амалҳои зарурии риёзӣ, дарки иттилоотии маводи чопӣ, адабиёти илмӣ, инчунин маҳорату малакаи навиштан, дониш омӯхтан аз матни шифоҳию хаттӣ.
Саводнокӣ – яке аз нишонаҳои саводнокии шахс. Мувофиқи шарҳи ЮНЕСКО шахсе, ки хондан, навиштан ва мазмуни ягон матни одиро баён карда метавонад, саводнок аст.
Салоҳият – маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде, ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешаванд.
Стандарти фаннӣ – санадест, ки дар он меъёри дониш, малака, маҳорати хонандагон, мазмуну муҳтавои фаннӣ, методикаи таълими фан, роҳу усули самаранок истифода бурдани вақти ба омӯзиши фан ҷудогардида, ва талабот ба тарзи санҷиши дониш аз фанни мазкур ифода гардидааст.
Стратегия – роҳу усули ноил гардидан ба мақсад. Роҳ (усул)-и алтернативӣ (ҷойгузин), интихоб, таҳия ва татбиқи барномаро дар назар дорад.
Таҳлил – яке аз усули таълим, ки тавассути он омӯзгору хонандагон маводи омӯхташавандаро ба қисмҳои асосӣ ҷудо карда, хусусиятҳои ҳар яки онро дар алоҳидагӣ баррасӣ мекунанд.
1.2. Заминаи меъёрии ҳуқуқии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум Стандарти мазкур бо назардошти талаботи ҳуҷҷатҳои зерин, ки самтҳои стратегии рушди маорифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, таҳия шудааст:
Стандарти фанни «Забони модарӣ» барои хонадагони синфи якум дар асоси
Конститутсия (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва сархати 6, банди 7-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдик шудааст, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷӣкистон дар соҳаи маориф таҳия гардида минбаъд барои расонидани ёрии таълимию методӣ барои омузгорон ва хонандагогни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст.
1.3. Соҳаи истифодаи стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум Доираи татбиқи стандарти фанни “Забони модарӣ” дар синфи якум хеле васеъ аст.
Истифодабарандагони бевоситаи стандартҳо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ буда, дар марҳалаи банақшагирӣ, таълим ва арзёбии салоҳиятнокии хонандагон онро ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ истифода мебаранд. Инчунин, мутахассисони зинаи таҳсилоти ибтидоии муассисаҳои дахлдори соҳаи маориф, ки барои расонидани ёрии таълимию методӣ масъуланд, дар банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо дар самти расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони зинаи таҳсилоти ибтидоӣ стандарти мазкурро истифода мебаранд.
Стандарти мазкур дар донишгоҳ ва коллеҷҳои омӯзгорӣ ҳамчун ҳуҷҷати асосии муайянкунандаи мундариҷаи барномаи таълимии курси методикаи таълими фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ истифода мешавад.
Донишкада ва марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф, махсусан шуъба - кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ омӯзиши стандарти мазкурро дар курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ташкил мекунанд.
Минбаъд арзёбии салоҳиятҳои (дониш, малака ва маҳорати) хонандагони синфи сеюм дар асоси талаботи стандарти мазкур ба роҳ монда мешавад. Саволу масъалаҳои санҷишии нимсола, солона ва аз синф ба синф гузаронӣ дар асоси салоҳиятҳои дар стандарт ва барномаи таълим муқарраршуда таҳия карда мешаванд.
1.4. Принсипҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум
Стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум дар асоси принсипҳои таълимии зерин таҳия шудааст:
− баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;
− қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
− ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ;
− дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун;
− бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс;
− муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;
− ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ;
− ягонагии фазои маърифатию фарҳангӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ;
− ҷанбаи инсондӯстӣ, демократӣ ва давлатию ҷамъиятии идоракунии соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;
− раванди муттасили таҳсил;
− ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;
− пайдарҳамии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;
− ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот.
− ба қобилияти фардии хонанда диққат додан.Равандитаълим дар асоси дониш, малака ва маҳорати базавӣ (асосӣ)-и хонанда ба роҳ монда шуда, бояд талаботи маърифатии ӯро қонеъ намояд. Ба эътибор гирифтани қобилияти хонандагон дар иҷрои фаъолиятҳои таълимӣ ва дар заминаи он такмил додани малакаву маҳорати онҳо.
Ҳар як хонанда ба дарс бо дараҷаҳои гуногуни салоҳият меояд. Аз ин лиҳоз, омӯзгор бояд қобилияти муайян кардани сатҳи салоҳиятнокии хонандаро дошта бошад.
Омӯзгор барои ташаккули натиҷаҳои таълими ҳар як хонанда аз лиҳози касбӣ ва ахлоқӣ низ масъул аст.
Таълим ҳамеша самаранок мегардад, агар:
o хонандагон дар заминаи дониш ва малакаи базавиашон таълим гиранд;
o хонандагон мақсаду вазифаҳои таълимии гузошташударо дарк кунанд ва онҳоро иҷро карда тавонанд;
o раванди азхудкунии маводи таълим барои хонандагон шавқовар ва ҷолиб бошад;
o барои азхудкунии маводи нави таълим ё малакаи нав ба хонандагон имконияти мувофиқи машқ кардан дода шавад;
o ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда барои таълим масъуланд;
o омӯзгорон усулҳои гуногуни таълимро ба мақсади таҳким ва мустаҳкам гардонидани донишу малакаи нав истифода баранд;
o ба хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои таълимӣ ва ташаккули малака имконияти ҳамкорӣ дода шавад;
o раванди таълим ба “чӣ тавр фикр кардан” равона гардад, на ба “оид ба чӣ фикр кардан”;
o ҳама оид ба ҷиҳатҳои суст ва қавии донишу малакаашон ростқавл бошанд;
o нокоми дар ҷараёни таълим ҳамчун қисми таркибии он шинохта шавад.
− ба эътибор гирифтани гуногунзеҳнии хонандагон.Баъзе хонандагон тавассути амалан иҷро намудан кореро аз худ мекунанд ва баъзеи онҳо тавассути мушоҳида дониш мегиранд. Ба баъзеи хонандагон машғулияти серҳаракат, ба дигарон бошад, баръакс, оромӣ барои таълим гирифтан мусоидат мекунад.
Омӯзгорон бояд ба ҳама баробар диққат диҳанд, ёрӣ расонанд ва мувофиқи шавқу завқашон фаъолият таҳия намоянд.
− ҷанбаи башардӯстӣ доштани раванди таълим.Вазифаи омӯзгор танҳо аз додани дониш ва аз бар кунонидани салоҳиятҳо иборат нест. Ӯ барои фароҳам овардани фазои мусоиди таълим, барои ҳамкорию ҳамдигарфаҳмӣ низ масъул аст.
− инкишофи арзишҳо. Стандарти мазкур дар баробари салоҳиятҳои таълимӣ инкишофи арзишҳоро ба роҳ мемонад. Ин арзишҳо на танҳо барои аз худ кардани салоҳиятҳои таълимӣ, балки барои тарбияи шаъну шарафи шаҳрвандӣ низ заруранд.
− алоқамандии таълим бо ҳаёт.Стандартҳои нав ташаккули дониш, малакаву маҳоратҳои барои имрӯз ва ояндаи Тоҷикистон заруриро таъмин намуда, таълимро ҳамчун раванди омӯзиш дар тӯли ҳаёт таъкид мекунанд. Низоми нави таълим низ ба мақсади мутобиқ сохтани натиҷаҳои таълим ба талаботи ҳаёт равона мегардад. Яъне дар натиҷаи таълим хонанда дониш, малака ва маҳораташро дар амал барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ истифода мебарад.
− омӯзиш дар тули ҳаёт. Раванди таълим ва инкишоф беохир аст. Шояд барои пурра аз худ кардани баъзе салоҳиятҳо як умр сарф карда шавад ва баъзеашон мумкин аст тамоман аз худ карда нашаванд. Аз ин лиҳоз Низоми таълими салоҳиятнокии хонандагон раванди омӯзишро дар тули ҳаёт тақозо мекунад.
− ташаккули малакаи баланди фикрронӣ.Ҳадафи ниҳоии раванди таълим ташаккули малакаи баланди фикрронӣ мебошад. Равандитаълим мувофиқи тартиби зерин сурат мегирад.
o таҳияи ақида дар асоси унсурҳои санҷидашуда ва боваринок, арзёбӣ ва ҷавоб додан ба ақидаҳои дигарон;
o санҷидани ақидаҳо ё вазъиятҳо аз нигоҳҳои гуногун, аз ҷумла таҳлили назарҳои фарҳангҳои мухталиф;
o таҳқиқи омилҳо ва ақидаҳо ба мақсади дарёфти хулосаи мувофиқ;
o истифодаи усулҳои мухталифи тахаюлотӣ барои ҳалли масъалаҳо, махсусан масъалаҳои ношинос ва мураккаб;
o таҳия ва пурсидани саволҳои мантиқӣ ва таҳлилӣ.
− арзёбӣ ба мақсади таълим. Мо бояд мунтазам натиҷаҳои таълимии хонандагонро арзёбӣ намоем, то тавонем усули таълимро тағйир дода, раванди таълимро самараноктар гардонем.
1.5. Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум Стандарти мазкур ба мақсади татбиқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 таҳия шудаанд.
Мақсад ва вазифаҳои стандарти фанни “Забони модарӣ” дар синфи якум:
− муайян ва муқаррар кардани маҷмӯи салоҳият (меъёри дониш, малака ва маҳорат)-и хонандагони синфи якумаз фанни “Забони модарӣ”;
− ба низом даровардани мазмун, мундариҷа ва раванди банақшагирӣ, таълим ва арзёбии фанни “Забони модарӣ” дар синфи якум;
− муқаррар намудани доираи мавзӯъҳои бобҳои таълими фанни “Забони модарӣ” мувофиқи талаботи забономӯзӣ ва мувофиқат ба инкишофи синну солии хонандагони синфи якум.
− мазмун, мундариҷа ва фаъолиятҳои таълим барои аз ташаккули салоҳиятнокии равона шуда, байни онҳо робитаи қавӣ барқарор гардонида шавад;
− бояд малакаҳои гуногуни фаннӣ ба таври мушаххас ва фарогир пешниҳод гардад. Нишондиҳандаҳои азхудкунии ҳар як салоҳият оварда мешаванд;
− бо вуҷуди фаро гирифтани самтҳои гуногуни таълими фанни “Забони модарӣ”, стандарти мазкур фаъолияти эҷодии омӯзгорро маҳдуд накарда, бояд ӯро барои дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим ҳидоят намояд;
− мазмуну мундариҷа ва миқдори салоҳиятҳо бояд мувофиқи сарбории фан, ки нақшаи таълим муқаррар кардааст, пешниҳод гарданд.
Фанни «Забони модарӣ» барои синфи1 дар нақшаи таълими асосӣ ҳамчун фанни ҳатмии таълим дар таркиби маҷмуи фанҳои «Филологӣ» ҷойгир шуда, ҳаҷми сарбориихонандагон дар давоми соли таҳсили зинаи ибтидоӣ 160 соатро ташкил медиҳад:
Синф Миқдори ҳафтаҳои соли таҳсил
Миқдори соатҳои ҳафтаина
Миқдори соатҳо дар давоми соли таҳсил
1 16 10 160
Забон маҳсули тафаккур ва падидаи иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, инсонро тарбиямекунад. Он воситаи ифодаи ақидаҳо ва арзишҳо буда, василаи асосии интиқоли фарҳангу маданият аз як насл ба насли дигар мебошад. Забон барои рушди тафаккур, баёни андешаи шахсӣ, ташаккули муоширату муносибати иҷтимоӣ, тасаввурот дар бораи ҷаҳон ва табодули фарҳанг ҳамчун восита хидмат мекунад.
Қобилияти хондану гӯш кардан ва сипас, шифоҳиву хаттӣ баён кардани фикр малакаҳои мураккаб буда, самтҳои асосии стандарти фанни “Забони модарӣ” ба шумор мераванд.
Забони модарӣ дар байни фанҳои таълим нақши махсус дошта, вазифаҳои гуногунро иҷро менамояд. Ин фан хонандагонро ба малакаҳои муомилаю муоширати зарурии омӯхтани фанҳои дигар мусаллаҳ месозад. Забони модарӣ дар ҳамаи зинаҳои таълим фанни асосӣ буда, ҳамчунин барои ҳамгироии фанҳои гуногун нақши бузург дорад.
Аксари малакаҳое, ки тавассути Стандарти фанни“Забони модарӣ” барои синфиякумтаълим дода мешаванд, ба монанди навиштани матнҳо ва амсоли онро метавон дар барномаҳои таълими фанҳои дигар (забони русӣ ва англисӣ) истифода бурд.
II. Салоҳиятҳои фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум Фасли мазкури стандарти фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум хеле муҳим аст.
Дар фасли мазкур салоҳиятҳои фани “Забони модарӣ” мувофиқи самтҳои таълим оварда мешаванд. Салоҳиятҳои ҳамаи фанҳо дорои хусусиятҳои зеринанд:
- аз рӯйи принсипи аз сода ба мураккаб тартиб дода шудаанд. Омӯзгорон метавонанд салоҳиятҳои синфи пешина ва баъдинаро мушоҳида карда, мутаносибан раванди таълимро аз оғоз то анҷом ба нақша гиранд. Ин муносибати спиралии татбиқи барномаи таълим мебошад, яъне салоҳиятҳое, ки дар як синф муаррифӣ шудаанд, дар синфҳои минбаъда такмил дода мешаванд. Дар сатҳи ҳар як синф талабот ба салоҳиятнокӣ мураккабтар мегардад.
- мувофиқи самтҳои асосии таълимии фанҳо гурӯҳбандӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз тартиби пешниҳоди салоҳиятҳо (малака ва маҳоратҳо) ба тартиби маводи китобҳои дарсӣ мувофиқат мекунад.
- хусусияти арзёбӣ дошта, мушоҳида мешаванд ва азхудкунии салоҳиятҳо тавассути нишондиҳандаҳо муайян мегарданд.
- дар таҳияи салоҳиятҳо усули спиралӣ истифода шудааст, яъне омӯзгор барои хонандагон имконияти салоҳиятнок шуданро фароҳам оварда, дар сатҳи синфҳои мибаъда ба хонанда имконияти ташаккули бештар дода мешавад. Ҳамин тавр хонанда дараҷаи баландтари салоҳиянокиро аз худ карда ташаккул медиҳад.
2.1. Салоҳиятҳои хондан, навиштан, гуфтану шунидан
Салоҳиятҳои хондан а)Унсурҳои одии матнро мешиносад ва истифода мебарад.
б) Миқдори ками усулҳоро истифода бурда, матнҳои хурд, ки баъзе калимаҳои ношинос доранд, мехонад.
в) Мазмуни матнҳои ҳикоягии ба осонӣ пешгӯйишавандаро, ки миқдори хеле ками калимаҳои ношинос доранд, дарк карда метавонад.
г) Хондан ва навиштанро қадр карда, матнҳои хурди содаро мехонад ва менависад.
Салоҳиятҳои навиштан а)Қоидаҳои хатро риоя карда, нисбатан тезтар ва дар асоси намуна менависад.
б) Фикр (ақида, андеша)-и худро тавассути ду-се ҷумлаи содаи аз рӯйи мазмун алоқаманд менависад.
Салоҳиятҳои шунидан а) Қоидаҳои одии шуниданро дар доираи васеи вазъиятҳо риоя мекунад.
б)Мазмуни сода ва мақсади асосии навъҳои маъмули нутқи шифоҳии каме мураккаби ба синну сол мувофиқро муайян мекунад.
Ҳамгироии салоҳиятҳои гуфтану шунидан а)Имконияти баробари шунидану гуфтанро дар шаклҳои содаи нутқи шифоҳӣ истифода мебарад.
Салоҳиятҳои гуфтан а) Дар вазъиятҳои нисбатан васеъ қоидаҳои одии сухангӯӣ (маданияти нутқ)-ро риоя мекунад.
б) Саволҳои одии маниқӣ медиҳад ва дар вазъиятҳои гуногун дастурҳои осон медиҳад.
в) Фикру мулоҳизаҳои асосиро ба мақсадҳои маҳдуд дар шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ баён мекунад.
2.2. Баҳодиҳии салоҳиятҳои хондан, навиштан, шунидан ва гуфтан
Шунидан
Қоидаҳои одии шуниданро дар доираи васеи вазъиятҳо риоя мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− оҳанги хониши ҷумлаҳо (ҳикоягӣ ва савол)-и содаи шунидаро муайян карда тавонад;
− суханони омӯзгор ва ҳамсинфон ва сабти овозиро то охир бодиққат гӯш кунад;
− суханони омӯзгор ва ҳамсинфонро набурад.
Мазмуни сода ва мақсади асосии навъҳои маъмули нутқи шифоҳии каме мураккаби ба синну сол мувофиқро муайян мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− мазмуни нақли сода ва сабти овозии шунидаро муайян кунад;
− мавзӯи суханони гӯяндаро муайян созад;
− шеър, чистон, тезгӯякҳоро аз баёни омӯзгор гӯш ва фарқ карда тавонад;
− мазмуни чистонҳои ба синну сол мувофиқро фаҳмад;
− хониши ифоданоки матнҳои хурдро гӯш карда, мазмуни хурсандӣ ва ғаму андӯҳ доштани онро муайян карда тавонад;
− суханони симоҳои алоҳидаро аз байни гӯяндагон (саҳначаю нақшофариҳои сода аз рӯйи афсонаҳо) ҷудо ва фарқ карда мазмуни асосии онҳоро муайян кардатавонад;
− дастур (вазифа ва супоришҳои сода)-и шифоҳии омӯзгорро дарк кунад ва иҷро намояд;
− калимаҳои ба синфи якум мувофиқе, ки тарзи навишт аз талаффуз фарқ надоранд, дуруст нависад;
− аз баён (дикта)-и омӯзгор имло (18-20 калима) навишта тавонад.
Ҳамгироии салоҳиятҳои гуфтану шунидан
Имконияти баробари шунидану гуфтанро дар шаклҳои содаи нутқи шифоҳӣ истифода мебарад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− дарк намояд, ки ҳамаи одамон ҳуқуқи баробари сухан гуфтан доранд ва бояд қоидаҳои маслиҳату машварат (аз қатъият дар гуфтор даст кашидан, бовар кунондан, эҳтиром ва қабул кардани фикри дигарон, бонавбат сухан рондан, ба як хулоса омадан)-ро риоя намояд;
− гуфтугӯйи як ба як ва гурӯҳиро фарқ карда, қоидаҳои онҳоро риоя намояд;
− аз рӯйи намуна дар мавзӯъҳои таълимӣ ва ҳаётии ба синну сол мувофиқ муколамаи хурд (саволу ҷавоб) карда тавонад;
− хурсанд ё ғамгин будани гӯяндаро муайян карда, оҳанги мувофиқи гуфторро интихоб намояд.
Гуфтан
Дар вазъиятҳои нисбатан васеъ қоидаҳои одии сухангӯӣ (маданияти нутқ)-ро риоя мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− меъёрҳои одии забони адабии тоҷикиро риоя намояд;
− бо боварӣ сухан гӯяд;
− оҳанги мувофиқи нутқро истифода барад;
− баланду дағал гап назанад, дашном ва суханҳои қабеҳро истифода набарад;
− дар суҳбатҳо бонавбат сухан гӯяд;
− одоби салом ва хайрухушро дар синф, мактаб ва кӯча риоя кунад;
− ба падару модар, омӯзгор ва дигар шахсони калонсол «Шумо» гуфта муроҷиат кунад;
− дар вазъиятҳои маҳдуд хоҳишашро дуруст баён карда тавонад;
− дар вазъиятҳои шинос тарзи одии узр пурсиданро риоя кунад;
− одоби одии миннатдориро риоя карда тавонад;
− барои алоқаи дӯстӣ пайдо кардан бо ҳамсинфон аз воситаҳои нутқи шифоҳӣ истифода барад;
− дар вазъиятҳои шинос бо риояи қоидаҳои одитарини муошират барои аниқ кардани самт ва макони муайян алоқа барқарор карда тавонад.
Саволҳои одии маниқӣ медиҳад ва дар вазъиятҳои гуногун дастурҳои осон медиҳад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− аз пурсидан шарм надорад;
− барои аниқ кардани мазмун ва қонеъ кардани ҳисси кунҷкобии худ ба омӯзгор ва ҳамсинфон саволҳои одии мантиқӣ («Барои чӣ?», «Чӣ тавр?») диҳад;
− тарзи иҷрои вазифа(супориш)-и содаро фаҳмонда тавонад;
− барои иҷрои вазифаҳои омӯзгор ба ҳамсинфон дастурҳои содаи як-дуамала дода тавонад;
− барои иҷрои вазифаи таълимӣ (тарзи навиштан, хондан) ба ҳамсинфон ёрӣ расонад;
− барои самаранокии кори гурӯҳ фикри худро гуфта тавонад;
− қоидаҳои бозиҳои кӯдаконаро фаҳмонда тавонад.
Фикру мулоҳизаҳои асосиро ба мақсадҳои маҳдуд дар шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ баён мекунад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− дар бораи худ маълумоти хурд (ному насаб, синф, мактаб, оила, нишонии мактаб ва хона) дода тавонад;
− доир ба масъалаҳои таълим, маънавӣ-ахлоқӣ фикру андешаҳои худро ба таври кӯтоҳ баён карда тавонад;
− суханони шунидаашро бозгӯйӣ карда тавонад;
− воқеаҳои дидаю шунидаашро батартиб ҳикоя карда тавонад;
− ҳангоми гуфтор аз воситаҳои ғайринутқии одитарин (имову ишора)-и мувофиқ истифода барад;
− ба оҳанги гуфтори симоҳо риоя намуда, аз рӯйи мазмуни афсонаҳои хурд нақшофарӣ карда тавонад;
− фаъолияти таълимии худ ва ҳамсинфонро арзёбӣ карда тавонад;
− аз рӯйи мазмуни расмҳои каме мураккаб ба саволҳо ҷавоб дода тавонад;
− ба ҳамсинфонаш дар бораи ашёи дӯстдоштааш (бозичаҳо, бозиҳо, ҳайвонҳои хонагӣ) ҳикоя кунад;
− дар бораи сафари худ ба хонаи хешовандон ҳикоя кунад;
− натиҷаи кори худро муаррифӣ карда тавонад;
− ба ҳамсинфон чистонҳои ба синну сол мувофиқ гӯяд;
− шеър, чистон ва тезгӯякҳои хурди ба синну сол мувофиқро аз ёд гуфта тавонад;
− муқаддасоти миллиро бо мисолҳои ба синну сол шарҳ дода тавонад;
− анъана ва ҷашнҳои миллиро номбар карда тавонад.
Хондан Унсурҳои одии матнро мешиносад ва истифода мебарад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− ном (унвон)-и матн (асар)-ро гуфта тавонад;
− муаллифи матн (асар)-ро гуфта тавонад;
− дарк кунад, ки матн мазмуни муайян дорад;
− ба мазмуни матн алоқаманд будани расмҳоро муайян кунад;
− дар матнҳои ҳикоягӣ ва афсонаҳо симо (ҳо)-ро муайян кунад;
− ҳикоя, афсона, шеър ва матнҳои илмӣ-оммавии содаи ба як мавзӯъ бахшидаро хонда тавонад;
− шеър ва ҳикоя (афсонаро) фарқ карда тавонад.
Миқдори ками усулҳоро истифода бурда, матнҳои хурд, ки баъзе калимаҳои ношинос доранд, мехонад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− равону бурро хонда тавонад;
− бо овози баланд хонда тавонад;
− дунафарӣ ва гурӯҳӣ хонда тавонад;
− матнҳои диалогии хеле содаро аз рӯйи нақшҳои на он қадар мураккаб хонда тавонад;
− матнҳо (то 100 калима)-ро бо риояи аломатҳои китобат, равону бурро хонда тавонад;
− дар як дақиқа 20-25 калимаро дуруст хонда тавонад;
− нақша ва ҷадвалҳои содаро хонда тавонад;
− калимаҳоро ба расмҳо мувофиқ гузошта тавонад.
Мазмуни матнҳои ҳикоягии ба осонӣ пешгӯйишавандаро, ки миқдори хеле ками калимаҳои ношинос доранд, дарк карда метавонад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− усулҳои гуногуни таҳлил ва хулосабарориро барои дарки мазмуни матнҳои хеле хурд истифода барад;
− доир ба мазмуни матнҳои сода саволу ҷавоб карда тавонад;
− мазмуни матнҳои хурди ҳикоягиро бо суханони худ гуфта тавонад;
− симо (ҳо)-и матни хурдро муайян созад;
− хуб ё бад будани гуфтору рафтори симоҳои матнҳои хурдро муайян кунад;
− макон ва замони баргузории воқеаҳоро дар матнҳои хурд муайян кунад;
− давоми ҷумларо пешгӯйӣ карда тавонад;
− ҷойи ҷумлаҳои матни хеле хурдро муайян карда тавонад;
− муайян карда тавонад, ки дар ҷумла сухан дар бораи чӣ меравад;
− рафтори ду симоро тавассути саволҳо муқоиса карда тавонад;
− монанди мазмуни матни сода аз ҳаёт мисол орад;
− тахайюлот ва воқеият будани мазмуни матнҳои хурди содаро муайян карда тавонад.
Хондан ва навиштанро қадр карда, матнҳои хурди соддаро мехонад ва менависад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− аз рӯйи майлу хоҳиш ва шавқу ҳавас хонад;
− мунтазам китобчаҳои хурди бачагонаро мутолиа кунад;
− мустақилона малакаи навиштани худро такмил диҳад, дафтар ва варақаҳои гуногуни навиштанро истифода барад;
− ба ҷойи нуқтаҳо ҳарфҳои мувофиқ гузошта тавонад.
Навиштан Қоидаҳои хатро риоя карда, нисбатан тезтар ва дар асоси намуна менависад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− бо риояи тартиби унсурҳо ҳарфҳои хурду калонро нависад;
− мавзун нависад;
− моил (ба рост таҳти кунҷи 65°) нависад;
− қоидаи васлшавии ҳарфҳоро риоя кунад;
− масофаи байни калимаҳоро риоя кунад;
− аз ҳиҷоҳои додашуда калима тартиб диҳад ва нависад;
− калимаҳои як, ду ва сеҳиҷодори ба синфи якум мувофиқро дуруст нависад;
− ҷумлаҳоро аз рӯйи лавҳи дарсхона ва китоб тоза, хоно ва беғалат рӯйнавис кунад;
− ҳарфи аввали номи одамон ва шаҳру деҳаҳоро бо ҳарфи калон нависад;
− аввали ҷумларо бо ҳарфи калон навишта, дар охир аломати нуқта гузорад;
− дар як дақиқа 10-15 ҳарф навишта тавонад.
Фикр (ақида, андеша)-и худро тавассути ду-се ҷумлаи содаи аз рӯйи мазмун алоқаманд менависад.
Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:
− матни хурд (ду- се ҷумлаи аз рӯйи мазмун алоқаманди 3-4 калимадор) нависад.
− навиштаҳои худро муқоиса карда, ғалатҳоро аниқ сохта, ислоҳ кунад.
2.3.Салоҳиятҳои тарбиявӣ Таълиму тарбия дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ. Азбаски хонандагон қобилиятҳои гуногун доранд, мо бояд пешрафти хонандаро берун аз салоҳиятҳои фаннӣ низ эътироф намоем. Дар намунаи ҳисоботи дар боло омада сутуне барои нишон додани кӯшишу ғайрати хонанда омадааст. Кӯшишу ғайрат ҳам бо низоми 6 (10, 20, 100) балла баҳогузорӣ карда мешавад.
Барои қайди муносибати хонанда ба омӯзиш корти ҳисоботи хонанда истифода карда мешавад, ки қисмҳои зеринро дарбар мегирад.
Дар омӯзиши ҳар фан хислатҳои зерин нақши асосиро мебозанд.
Худро идора карда тавонистан м о б Мунтазам одатан баъзан
Мустақилиятнишонмедиҳад Интизориҳои баланд дорад Барои таваккал кардан омода аст Тобовар аст Муносибат бо дигарон Аҳамият медиҳад Таҳаммулпазир аст Ҳамкорӣ менамояд Иштирок ва саҳмгузорӣ Эътимод нишон медиҳад
Масъулиятро ба дӯш мегирад Фаъол аст Мақсаднок ба коре ҷалб мегардад Андешаронӣ Фикрронии дараҷаи баланд дорад Эҷодкорӣ
2.4. Нишондиҳандаҳои хислатҳо
Дар ҷадвали зер нишондиҳандаҳое оварда шудаанд, ки хонандагони болаёқатро тавсиф менамояд. Ин нишондиҳандаҳо то андозаи муайяне хусусияти инфиродӣ доранд.
Ҳангоми арзёбӣ омӯзгор нишондиҳандаҳои зеринро ба эътибор мегирад.
Хислат Нишондиҳанда (ё муайянкунанда) – Хонанда Худро идора намудан Мустақилият нишон додан
Бе ёрии дигарон кор мекунад ва агар ёрӣ лозим шавад, пеш аз кумак пурсидан барои ҳалли ҳама гуна мушкилӣ аввал худ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Интизориҳои баланд дорад.
Ҳангоми иҷрои супорише ҳадаф мегузорад, ки натиҷааш босифат бошад бо интизории он, ки меъёрҳои баҳодиҳиро аз худ менамояд ва аз он ҳам болотар ноил мешавад. Агар вазифа ё супориш аз тарафи омӯзгор арзёбӣ нашавад ҳам, хонанда дар пеши худ меъёрҳои баланд мегузорад, то кори ӯ ҳамчун як муваффақият арзёбӣ шавад.
Ба таваккал (дар омӯзиш) кардан омода аст.
Зарурати таҷриба намудани ашёро эътироф менамояд, ҳарчанд он қисман ба нокомӣ ё танқид мебарад. Аммо ин хавфҳои асосноке бошанд, ки ба бехатарии шахсӣ мушкилӣ эҷод накунанд.
Тобовар аст Бо вуҷудимушкилот, ноумеднамешавад ва кӯшиш мекунад, кивазифаҳоро ба анҷом расонад.
Бовиҷдон аст Арзишҳои худро ҳамеша, новобаста аз вазъият хифз менамояд.
Арзишҳо инҳоянд:
− дар амалҳояш ростқавл аст;
− меҳрубонӣ зоҳир мекунад;
− адолатро риоя мекунад;
− ҳақгӯ аст;
− дар рафтору амал масъулиятшинос аст;
− дар амалҳояш шаффофиро риоя мекунад (ба истиснои ҳолатҳои номутобиқ);
− дар сахтиҳо далерӣ нишон медиҳад;
− фарҳанги худ ва дигаронро эҳтиром мекунад.
Муносибат бо дигарон Аҳамият медиҳад Вақте бо дигарон кор мекунад ба ниёзҳои онҳо аҳамият медиҳад (масалан дигаронро гӯш мекунад, сухани онҳоро намебурад).
Таҳамалпазир аст Ақидава фарҳанги шахсони гуногунро қабул мекунад (ин маънои онро надорад, ки мо аз ин сӯиистифода кунем).
Ҳамкорӣ менамояд Ҳамкорӣ мекунад, ба дигарон барои саҳмгузоштандар иҷрои супоришҳо имконмедиҳад.
Иштирок ва саҳмгузорӣ Эътимод нишон медиҳад
Ҳангоми пурсиш ақидаашро иброз медорад ва барои иҷрои супориш на ҳамеша аз дигаронмеҷӯяд.
Масъулиятро ба дӯш мегирад
Ҳангоми иҷрои фаъолиятҳо оқибатҳои онро базиммамегирад.
Агараз ӯ хоҳиш кунанд, масъулиятро ба дӯш мегирад.
Фаъол аст Ғайрифаъол нест, баръакс кӯшиш мекунад саҳми худро гузорад.
Мақсаднок ба коре ҷалб мегардад
Пеш аз ҳар гуна фаъолият мақсаде мегузорад, ки ба ҳалли вазифаи додашуда марбут аст.
Андешаронӣ Фикрронии дараҷаи баланд
Барои анҷом додани вазифаҳо малакаҳои фикрронии баландро истифода мебарад (нигаред Блум) .
Эҷодкорӣ Фикрҳои тоза пешниҳод мекунад.
2.5. Салоҳиятнокии омӯзгорон
Барои татбиқи стандарт ва барномаи нави фанни “Забони модарӣ” омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд дониш, малака ва маҳорати зеринро дошта бошад:
− назария ва принсипҳои низоми таълими салоҳиятнокиро донад ва ҷанбаҳои татбиқи амалии онро дар раванди таълим шарҳ дода тавонад;
− тарзи банақшагирӣ ва арзёбии салоҳиятнокии хонандагонро донад ва ҳангоми раванди таълим истифода барад;
− усулҳои таълимие, ки барои ташаккули салоҳиятнокии хонанда мусоидат мекунанд донад ва усули мувофиқро интихоб карда тавонад;
− усул ва воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро барои муайян кардани сатҳи азхудкунии салоҳиятҳо истифода бурда тавонад;
− натиҷаҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро ба мақсади қабули қарори мувофиқ истифода бурда тавонад;
− роҳу воситаҳои самараноки ба хонандагон барои салоҳиятнок шудан ёрӣ расониданро донад ва дар раванди таълим истифода барад.
III. Ташкили раванди таълими салоҳиятнокӣ аз фанни “Забони модарӣ” барои синфи якум
Аксари низомҳои таълими анъанавӣ ба азхудкунии мавзӯъ нигаронида шудаанд, яъне омӯзгорон хонандагонро ба аз худ кардани мавзӯъ ва азёд кардани маълумот водор менамоянд. Чунин муносибат ба таълим дар гузашта мутобиқ буд, аммо дар замони ҳозира, ки андозаи дониш босуръат зиёд мегардад, дар раванди таълим диққати асосӣ бояд ба ташаккули малакаҳои омӯзишии хонандагон равона гардад, то онҳо тавонанд дониши зарурӣ ва маълумоти мушаххасро интихоб ва истифода баранд. Дар стандартҳои фанни “Забони модарӣ” ба истифодаи дуруст ва моҳиронаи забони тоҷикӣ ба мақсади муошират ва ҳалли масъалаҳои ҳаётан зарур, диққати махсус дода мешавад.
Акнун барои омӯзгорон “хонандагон чиро меомӯзанд?” ва “чӣ тавр меомӯзанд?” аз “ба хонандагон чиҳоро меомӯзонанд?” муҳимтар аст. Барои баъзеҳо омӯзондан ва омӯхтан (аз худ кардан) як маъно дорад, аммо бояд дар хотир дошт, ки агар омӯзгор нодуруст дарс диҳад, ҳатто дар ҳолати дарси зиёд додан ҳам, азхудкунӣ наметавонад самарабахш бошад
Дар низоми таълим ва арзёбии салоҳиятнокӣ ба дониш, малака ва маҳоратҳои воқеии хонандагон диққати махсус дода мешавад. Салоҳиятҳо фаъолиятҳоеро, ки хонандагон дар натиҷаи омӯхтан аз худ мекунанд нишон медиҳанд. Масалан, дар синфи якум салоҳияти “Фикр (ақида, андеша)-и худро тавассути ду-се ҷумлаи содаи аз рӯйи мазмун алоқаманд менависад.”натиҷаи омӯхтани хонанда аст. Муҳим он аст, ки хонанда барои ифодаи андешаҳои худ ба мақсадҳои гуногун матнҳои сохторашон гуногун таҳия кунад.
Агар ин амалро хонанда иҷро карда тавонад, ӯ метавонад мавзӯъҳои гуногунро нависад.
Масалан, дар мавзӯъҳои “Ватан”, “Сулҳу дӯстӣ” ҷумлаҳо нависад. Ин маънои онро надорад, ки мавзӯъҳо муҳим нестанд. Мавзӯъҳо ҳамчун восита барои ноил шудан ба салоҳият хизмат мекунанд.
Барои муайян кардани он ки оё хонанда салоҳиятҳоро аз худ кардааст ё не, барои ҳар салоҳият нишондиҳандаҳои он оварда мешавад. Нишодиҳандаҳо маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳое мебошанд, ки аз ноил шудан ба салоҳиятҳо дарак медиҳанд. Онҳо ба Шумо имкони мушоҳида ва арзёбӣ карданро фароҳам оварда, нишон медиҳанд, ки то кадом андоза хонанда салоҳиятро аз худ кардааст. Тартиб додани рӯйхати пурраи нишондиҳандаҳо барои баъзе салоҳиятҳо имконнопазир аст, шояд шумораи онҳо ба садҳо нишондиҳанда расад ва микдори онҳо вобаста ба нуктаи оғози инкишофи салоҳиятнокӣ ва вобаста ба сатҳи синф фарқ кунад.
Дар гузашта самтҳои гуногуни раванди таълим (таҳия ва татбиқи нақшаи тақвим) бештар назорат ва мушоҳида карда мешуд. Акнун натиҷаҳои таълимии хонандагон ва раванди омӯзиши онҳо бештар назорат карда мешаванд. Аз байн бурдани навъҳои дигари назорат дар ҳолате амалӣ мегардад, ки агар:
1) муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон самаранок ба низоми таълими салоҳиятнокии хонандагон гузаранд.
2) тартиби ҷамъоварии маълумоти дуруст, ки дараҷаи азхудкунии салоҳиятҳоро нишон медиҳад, ба роҳ монда шавад.
Ба омӯзгорон озодии бештар дода, ҳамзамон масъулияти онҳо барои беҳтар шудани дастовардҳои таълимии хонандагон зиёд мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки арзёбии салоҳиятҳо қисми асосии ислоҳот маҳсуб меёбад.
Акнун барои омӯзгор танҳо донистани мундариҷаи фан кифоя нест. Омӯзгорон бояд дар асоси таҷриба, омӯзиши методикаи таълим, азхудкунии назарияи таълим ва маълумот оид ба ҳар як хонандаи синф барои инкишоф додани салоҳиятҳои онҳо ва таъмини пешравӣ ҷараёни таълимро ба роҳ монанд.
3.1. Ба хусусиятҳои фардии хонанда диққат додан
Стандарту барномаҳои нави таълим ташаккули натиҷаҳои таълимии ҳамаи хонандагонро новобаста аз қобилият ва вазъи иҷтимоӣ дастгирӣ менамоянд. Стандарт ва барномаи мазкур ақидае, ки тибқи онба ҳамаи хонандагон талаботи ягона гузошта шавадро дастгирӣ намекунад. Он ақидаеро дастгирӣ менамояд, ки дар он ҳар як хонанда дорои маҷмӯи таҷрибаи мушаххас, инчунин дараҷаҳои гуногуни салоҳият аст. Омӯзгорон барои ташаккули натиҷаҳои таълими ҳар як хонанда аз лиҳозӣ касбӣ ва ахлоқӣ масъуланд.
Самаранокии таълим тавассути ташаккули натиҷаҳои таълимии тамоми аҳли синф муайян карда мешавад, на дастовардҳои таълимии якчанд хонанда. Барои амали сохтани мақсади мазкур омӯзгорон бояд тарзи муайян намудани сатҳи дониши мавҷудаи хонанда ва сатҳи ниҳоии азхудкунии салоҳиятҳои ҳар як хонандаро истифода бурда тавонанд.
3.2. Принсипҳои таълими самаранок
Таълим ҳамеша самаранок мегардад, агар:
− хонандагон дар заминаи дониш ва малакаи базавиашон инкишоф ёбанд;
− хонандагон мақсадивазифаҳои таълимии гузошташударо дарк кунанд;
− мақсади таълим барои хонандагон фаҳмо бошад;
− вазифаҳои таълим мувфоқи қобилияти хонандагон таҳия шаванд;
− раванди азхудкунии маводи таълим барои хонандагон шавқовар ва ҷолиб бошад;
− барои азхудкунии маводи нави таълим ё малакаи нав ба хонандагон имконияти мувофиқи машқ кардан дода шавад;
− омӯзгорон усулҳои гуногуни таълимро ба мақсади таҳким ва мустаҳкам гардонидани донишу малакаи нав истифода баранд;
− ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда барои таълим масъулият дошта бошанд;
− омӯзгорон усулҳои гуногунро ба мақсади такрор ва дар хотир нигоҳ доштани донишу малака истифода баранд;
− ба хонандагон ҳангоми ҳалли масъалаҳои таълимӣ ва ташаккули малака имконияти ҳамкорӣ кардан диҳанд;
− раванди таълим ба “чӣ тавр фикр кардан” равона гардад, на ба “оид ба чӣ фикр кардан”;
− ҳама оид ба ҳаҷми донишу малакаашон ростқавл бошанд;
− нокоми дар ҷараёни таълим ҳамчун қисми таркибии он шинохта шавад;
− омӯзгор раванди омӯзишро дарк кунанд ва донанд, ки таълим чӣ тавр бояд ба роҳ монда шавад ва онро доимо назорат кунад.
3.3. Ташаккули малакаҳои фикрононии дараҷаи баланд
Дар низоми анъанавии таълим диққати асосӣ ба бозгӯйии дониш равона гардида, ба дарку таҳлили он вақти кам ҷудо мешуд.
Низоми нави таълим диққати асосиро ба ташаккули фикронии дараҷаи баланд, равона мекунад.
Мо дараҷабандии қобилиятҳои маърифатиро дар диаграммаи зерин мушоҳида карда метавонем.
Фикронии дараҷаи баланд пурра тафаккурро фаро мегирад, аз ҷумлаи намунаҳои зерин:
− таҳияи ақида дар асоси унсурҳои санҷидашуда ва боваринок, арзёбӣ ва ҷавоб додан ба ақидаҳои дигарон;
− санҷидани ақидаҳо ё вазъиятҳо аз нигоҳҳои гуногун, аз ҷумла таҳлили назарҳои фарҳангҳои мухталиф;
− таҳқиқи омилҳо ва ақидаҳо ба мақсади дарёфти хулосаи мувофиқ;
− истифодаи усулҳои мухталифи тахаюлотӣ барои ҳалли масъалаҳо, махсусан масъалаҳои ношинос ва мураккаб;
− таҳия ва пурсидани саволҳои мантиқӣ ва таҳлилӣ;
− муайян намудани мавзӯъҳо ё ҳодисаҳо ва алоқаманд намудани донишҳои фаннӣ.1
Оид ба фикронии дараҷаи баланд якчанд нуктаро бояд дар хотир гирифт:
1. Бо вуҷуди барои хонандагон муҳим будани малакаҳои фикронии дараҷаи баланд арзёбӣ ва санҷиши ин малакаҳо хеле мушкил аст. Аз ин лиҳоз, системаи арзёбии мо бояд пурра тағйир ёбад.
эҷод кардан
Арзёбӣ кардан
Таҳлил кардан
Истифода кардан фаҳмидан Дар хотир гирифтан
2. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки малакаи дараҷаи баланди фикрронӣ маънои дар хотир нигоҳ доштани маълумотро надорад. Мақсади асосӣ таҳқиқи амиқи маълумот аст.
3.4. Алоқамандии байнифаннӣ
Ҳудудҳое, ки байни фанҳои синфҳои ибтидоӣ эҷод шудаанд қисмансунъиянд, аммо барои ташкили ҷараёни таълим заруранд. Дар асл шахс дар ҳолате ки агар якчанд фанро дар як замон омӯзад таълими хубтар мегирад. Бо назардошти ин ва фоидае, ки аз истифодаи алоқамандии фанҳо ба даст меояд (асосан алоқамандии байнифаннӣ ном бурда мешавад) Вазорати маориф ва илм онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Намунаи алоқамандии байнифаннӣ дар синфҳои ибтидоӣ чунин аст, омӯзгор дар синф “дӯкони фурӯши маҳсулот” ташкил карда, аз хонандагон хоҳиш мекунад, ки бо “маблағи шартӣ” маҳсулот харанд. Онҳо бо навбат нақши фурӯшанда ва харидорро иҷро карда метавонанд. Аз хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки маблағи доштаашонро сарф карда маҳсулот харанд ва оид ба амали иҷрокардаашон иншо нависанд.
Хонандагон дар самтҳои зерин салоҳият пайдо мекунанд:
1) Истифодаи пул/маблағ (математика)
2) Ҳисоб кардани нарх ва бақия (математика)
3) Муқоисаи нарх ва андоза (математика)
4) Пурсидани маҳсулот (Забони тоҷикӣ – гуфтан)
5) Муайян кардани сифат ва макони истеҳсоли мол (табиатшиносӣ)
6) Оид ба маҳсулот пурра пайдо кунанд (Забони тоҷикӣ – гуфтан)
7) Оид ба вазъият навиштан (Забони тоҷикӣ – навиштан)
8) Навбати худро интизор шудан (Малакаи иҷтимоӣ) Дар асл ҳангоми таълими ҳамагуна мавзӯъ мо ҳамеша якчанд салоҳияти фанҳои мухталифро ташаккул медиҳем. Омӯзгори соҳибтаҷриба инро дарк карда, кӯшиш мекунад, ки мавзӯъҳоеро фаро гирад, ки салоҳиятҳои якчанд фанро дар як вақт машқ ва ташаккул диҳанд. Аммо чунин навъи таълим мавзӯъ ва усули мухталифи банақшагириро тақозо мекунад.
3.5. Стратегияҳои таълими фанни «Забони модарӣ» дар синфи якум
3.5.1. Таълими малакаҳои гӯш кардану гуфтан
Гӯш кардан яке аз малакаҳои муҳимми шахс мебошад. Қобилияти хуб гӯш кардан ба дарк кардани ахбори шунида ва муошират бо дигарон таъсири калон мерасонад. Шахс ба мақсадҳои гуногун суханон, нақл ва дигар навъҳои матни шифоҳиро гӯш мекунад. Масалан:
1) Гирифтани ахбор;
2) Дарки маънӣ;
3) Завқ бурдан (суруд, мусиқӣ, шеър ва ғайра);
4) Барои омӯхтан.
Таҳқиқоти гуногун нишон медиҳанд, ки шахс аз 25 то 50 фоизи чизи шунидаашро дар хотир мегирад2. Аз ин лиҳоз ташаккул додани малакаи гӯш кардан ба хонандагон имконият медиҳад, ки маълумотро пурра дарк кунанд ва дараҷаи азхудкунии маводи таълимро баланд бардоранд. Бо ташаккул додани малакаи гӯш кардан хонандагон метавонанд сатҳи
2 http://www.mindtools.com/CommSkll/ActiveListening.htm маҳсулнокии омӯзишашонро баланд бардошта, инчунин қобилияти таъсир расондан, водор намудан ва ба созиш омаданро такмил диҳанд. Зиёда аз ин малакаи хуби гӯш кардан имконият медиҳад, ки нофаҳмӣ ва низоъ байни гӯянда ва шунаванда аз байн бурда шавад.
Барои ташаккули малакаи мазкур хонандагон бояд қоидаҳои умумии гӯш карданро донанд ва риоя кунанд:
1) Ба суханони гӯянда диққат додан, яъне
− Ҳангоми суҳбат ба гӯянда…
This is the start of the file's text. The full file is on GovTribe.
File details come from the government source that posted it. Updated .